Нақши модар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон 1

Ҳамд ва сипос бар Худои Азза ва Ҷалла, ки муназзаҳ аз ҳама айбҳо ва бениёз аз ҷумлаи махлуқот, эҳтиёҷи ҳама ба Ӯ ва Ӯ ба ҳеҷ кас муҳтоҷ нест ва сад ҳазорон салавот ва таҳият бар ҷони пок ва мутаҳҳари Муҳаммади Мустафо(с) сайиди аввалину охирин ва беҳтарини оламу одам ва ҷамии анбиё ва мурсалин(а).

Масъалаи тарбияти ахлоқӣ аз муҳимтарин масоили фард ва ҷомеа ва аз баҳсангезтарин мавзӯоти ҳаёти миллатҳост, ки аз замони садри Ислом вуҷуд дошта, то ба имрӯз идома дорад. Тарбият амре аст, ки сарнавишти зиндагии имрӯз ва фардои башарият бадон вобаста аст. Тарбияти ахлоқӣ дар худи инсон ё дигарӣ аст. Пас дар аҳамият ва зарурати тарбияти ахлоқии кӯдакон ҳамин бас, ки дар партави он ҳама ниёзмандиҳои кӯдакон тақвият мегардад. Ва ҳадаф аз тарбияти ахлоқӣ, худшиносӣ, худсозӣ, таодули рӯҳӣ, қурб ва ишқи илоҳӣ аст, ки бо мутолиа ва баррасии оёт ва ривоёт ошкор мегардад, ки ҳадафи асосии ҳамаи паёмбарон махсусан Расули Акрам(с) итмоми макорими ахлоқ будааст.

Ҳадаф аз тарбияти ахлоқӣ:

Тарбият иборат аст аз интихоби рафтору гуфтори муносиб, эҷоди шароит ва авомили лозим ва кӯмак ба шахси мавриди тарбият, то битавонад истеъдодҳои нуҳуфтаашро дар тамоми абъоди вуҷуд ва ба таври ҳамоҳанг парвариш дода шукуфо бисозад ва ба сӯи ҳадаф ва камоли матлуб тадриҷан ҳаракат кунад.[1]

Ҳадафи тарбияти ахлоқӣ дар Ислом, сохтан ва пардохтани инсоне аст, ки ба камоли лоиқи худ дар ҷиҳоти моддӣ ва маънавӣ ноил гардад. Файзи Кошонӣ ҳам ҳадаф аз тарбияти ахлоқиро худшиносӣ, худсозӣ, таодули рӯҳӣ ва қурбу ишқи илоҳӣ медонад.[2]

[1]. Оштиёнӣ Муҳсин ва Фойизи Алӣ, Мабонии тарбият ва ахлоқи исломӣ, саҳ 31.

[2]. Ҳуҷҷатӣ, Муҳаммад Боқир, Ислом ва таълиму тарбият, саҳ 170.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...