Ошуро дар фарҳанги мардуми Тоҷик

Сулаймони Лутфуллоҳзода[1] Муқаддима:

 Бешак таърих ҳаргиз ҳодисаи ғамангези Ошуроро фаромӯш нахоҳад кард ва ҳарҷо сухан аз ҳақталабӣ ва озодагӣ ба миён ояд, аз  улгӯҳои комил ва саризабони ин арзишҳо Ҳусайни ибни Алӣ(рз) ва ҳамроҳонии Ӯ ҳастанд, ки барои арзишҳои зикршуда то ниҳоят роҳро паймуданд ва бо ранги сурхи қалами шаҳодат, арзиши ҳуррият ва озодагиро дар сафаҳоти таърих сабт карданд.

 Ин қиём шомили тамоми ҷанбаҳои зиндагии матлуб буд, лизо бар хилофи дигар қиёмҳо ҳар рӯз таваҷҷуҳ ба он афзуда мешавад.

Мардуми мусулмони Тоҷик дар тули таърих ба анвои мухталиф фарҳанги худро аз ин ҳодиса ғанӣ намудаанд, то арзишҳои ин қиёми озодихоҳонаро ҳифз кунанд, ки дар ин мақола, то ҳадди тавон ба баёни мавориди таъсири Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик пардохта мешавад, агарчӣ  ҷомеъ набуда мавориди дигар низ қатъан вуҷуд дорад, ки берун аз иттилои нигоранда мебошад.

Қабл аз пардохтан ба баҳс, шоиста аст нукоти зайл зикр шаванд:

1-  Фарҳанг яъне маҷмӯаи печидае аз донишҳо, боварҳо, ҳунарҳо, қавонин, ахлоқиёт, одот ва ҳарчи ки фард ба унвони узве аз ҷомеа, аз ҷомеаи хеш фаро мегирад[2].

2-  Дар миёни мардуми Тоҷик ба вежа мардуми Бадахшон ва низ Бухоро пайравони мактаби аҳли байт низ буда ва ҳастанд, ки дар ин мақола фарҳанги онҳо мадди назар нест, бакли фарҳанги аҳли суннати мардуми Тоҷик манзур аст.

3-  Доварӣ дар бораи сиҳҳат ё адами сиҳҳати мавориде, ки ба унвони таъсири Ошӯро дар фарҳанги мардуми Тоҷик зикр мешавад, ҳамчунин нақди адиллаи мухолифини ин маворид берун аз мавзуъ аст, лизо бадонҳо пардохта намешавад.

4-  Мавориде, ки ба унвони таъсири фарҳанги тоҷик аз Ошӯро зикр мешавад, бархе аз ин масодиқ махсуси бархе аз сарзаминҳо мебошад ва бархе миёни ҳамаи мардуми тоҷик ривоҷ дорад.

5-  Шаҳрҳои зайл, ки Тоҷикон дар онҳо мезистанд, маросими Ошӯроро баргузор мекунанд; Самарқанди бостонӣ, Бухорои Шариф, Хуҷанд, Истаравшан, Зарафшон, Қашқадарё, Сурхандарё, Водии Ҳисор, Хатлон, Рашт, тоҷикони Фарғона[3].

Ҳамакнун ба баёни мавориди таъсири Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик пардохта мешавад.

 1.   Маросими Ашурӣ

Яке аз мавориди таъсири Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик баргузории маросими ашурӣ мебошад, ки дар ин маросим (ки миёни занон баргузор мегардад) марсиясароӣ ва нақли қиссаи Карбало ба ӯҳдаи хонумҳое ба номи “Бибиотунҳо” (Бибихотунҳо) мебошад.[4]

“Бибиотун” ба хонуме мегӯянд, ки дар ҳадди лозим аз илми дин бохабар бошад, яъне илова бар рӯхонӣ ва равонхонии Қуръони Карим, битавонад китобҳои исломиеро, ки ба хатти порсӣ навишта шудааст бихонад ва таълим диҳад, ҳамчунин битавонад бо садо ва лаҳни махсусе, кутуби марсияро бихонад ва дигаронро ба гиря дароварад.

Дар маросимҳо, ки дар манзили афрод дар моҳи Муҳаррам ба навбат баргузор мегардад, ғизои качирӣ мепазанд ва вақте ки байтеро дар бораи Имом Ҳусайн(рз) мехонад, тамомии ҳозирон дар маҷлис бо оҳу фиғон ва аз сидқи дил гиря мекунанд ва ашк мерезанд [5].

Дар бархе аз ашъор занони ғайри Бибиотун ӯро бо ҷумалоте чун »Эй вой дод аз дасти золими хунхор« ҳамроҳӣ мекунанд. Бархе аз ин ашъорро гӯё аз забони модари Имом(рз) мегӯянд, бархеро аз забони хоҳари он Ҳазрат ва бархеро аз забони падар, ки ҳар қисм аз ашъор ба унвонҳои муносиб номгузорӣ шуда аст, монанди»нолаи хоҳар ба марги бародар«, ки чанд мисраъ аз он зикр мешавад.

Ҳусайно чун маҳи тобони хоҳар,

Ба хун оғушта, саргардони хоҳар.

Биё эй ҷони хоҳар то бубинам,

Ҷигарбирёну дидагирёни хоҳар

Ба ҳар дардам давои ман тӯ будӣ,

Давои дарди бедармон тӯ будӣ…

 Гоҳе дар ин маросимҳо барои тасвири беҳтари фоҷеаи Карбало Бибиотун ном ва насаби наздикони он Ҳазратро мегӯяд[6].

2.   Равза

Яке аз мавориди дигари таҷаллии Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик равзахонӣ ва зикри мусибат мебошад. Аз ҷумла китобҳои машҳур дар тули қарнҳо миёни мардуми тоҷик, китоби Равзатушшуҳадо-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошад, (ин асар аввалин китоб дар зикри шаҳодати шуҳадои Карбало мебошад) ки тарҷумаи он ба забониҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ҳокӣ аз алоқаи мардуми Осиёи миёна ба хусус тоҷикон нисбат ба ҳодисаи Ошӯро аст.

Илова бар ин асар, асари Маснавии Сайқалии Ҳисорӣ дар миёни мардум маъруф аст, ки ин китоб ба далели манзум будан аз шуҳрати бисёр бархурдор мебошад. Ин китоб дар қарни сездаҳум таълиф шудааст. Бахши аввали қасидаи ӯ шомили панҷ ҳазор байт, аз ҳаёти Одам(а) то Хотам(с) аст ва бахши дуюми он маснавӣ дорои чаҳор ҳазор байт, бо марги Муовия ва мухолифати Имом Ҳусайн(рз) бо вилоятаҳдии Язид оғоз мешавад ва инқилоби Карбало, шаҳодати Имом Ҳусайн(рз) ва рӯзи Ошӯроро дар бар дорад.

Ин маросимҳо, ки гоҳе марсияхонӣ гуфта мешавад махсуси моҳи Муҳаррам ҳам намешавад, балки дар тамомии фаслҳои сол анҷом мегирад.[7]

3.   Суханронӣ

Аз мавориди таҷаллии Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик баргузор намудани суханрониҳо мебошад, ки имрӯз ҳам анҷом мешавад. Тибқи нақли фарзанди худ, Эшони Тураҷон тақрибан аз панҷоҳ сол қабл дар яке аз ҷумъаҳои моҳи Муҳаррам  ба суханронӣ дар бораи ҳаводиси Карбало мепардохтанд[8], ки ин амр нишон аз собиқаи баргузории Ошӯро дар миёни мардуми тоҷик дорад.  Дар ин суханрониҳо гоҳе ба баёни фазилати яке аз қаҳрамонони Карбало пардохта мешавад,[9] ҳамчунин  гоҳе  пешгӯии Паёмбар(с) аз фоҷеаи Ошӯро ба мардум баён мегардад. Ба унвони мисол Домуллоҳ Муҳаммадуллоҳ аз Уламои машҳури ҷануби Тоҷикистон дар як суханронии худ ривоятеро нақл мекунад, ки Расули Акрам(с) Ошӯроро пешбинӣ карда буданд.[10]

Лозим ба зикр аст, ки равиши маъмул дар миёни мардуми Тоҷик дар баргузории Ошӯро ҳамин суханронӣ аст. Ин суханрониҳо маъмулан бо ашъор ва марсияҳое ҳамроҳ аст, ки таъсири зиёде дар мардум мегузорад ва мардум ашк мерезанд.

4.   Фазилатхонӣ

Аз мавориди дигари таъсири ҳодисаи Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик он аст, ки гоҳе бархе уламо дар ин рӯз ба хондани фазоили Аҳли Байт(рз) машғул мешудаанд. Ба унвони мисол Мавлавии Ҳиндустонӣ[11] чунин мекарданд. Чунончи Эшони Нуриддин нақл мекунад ин олими забардаст дар рӯзи Ошӯро Нурулабсор[12] мутолиа мекард, ашк мерехт ва ҳатто ёдовари  иштибоҳи падари Язид дар амри насби Язид ба хилофт мешуд[13]. Ҳамчунин равиши Эшони Нуриддин ҳам бар ин будааст, ки ҳар сол дар суханронии Ошӯрои худ як қаҳрамони Карбалоро муаррифӣ кунад ва фазоили онро бозгӯ кунад[14].

5.   Таърихнависӣ

Муаррихини тоҷик ҳам дар бозгӯ кардани масъалаи Ошӯро дар кутуби таърихии худ кутоҳӣ накардаанд, ки ин амр нишон аз таъсири Ошӯро дар фарҳанги илмии онҳост. Мавориди зайл дар таърихнигории тоҷикон дар масъалаи Ошӯро қобили мушоҳида аст; сабти таърихи дақиқи ҳодисаи Ошӯро, ин ки ин қиём бозтоби тавонмандии инсони огоҳ алайҳи беадолатӣ ва беинсофӣ,  марз байни дин ва бединӣ, шуҷоат ва тарс, авҷ ва пастӣ, Худо ва Шайтон, ҳамчунин суханони Имом Ҳусайн(рз) ва номаҳои он Ҳазрат дар Карбало, қаҳрамонии қаҳрамонон ва душмании душманони воқеии ҳаракати Ҳусайнӣ, дуо ва ниёиши Ҳазрат дар Карбало, ҳодисаи ҷонкоҳи шаҳодати сарвари ҷавонони биҳишт ва ончи ба ҷасади ӯ анҷом доданд, сарнавишти асирон, теъдоди шуҳадо ва ғ…[15].

Ҳамчунинтадвини фарҳанги Ошӯроии мардуми тоҷик аз мавориди таъсиргузории Ошӯро дар таърихнигории тоҷик аст[16].

6.   Шеърнависӣ

Шоирони тоҷик ҳамчун муҳиббони Аҳли Байт(рз) Ошӯроро дар эҷодиёти худ ҷойгоҳи боарзише додаанд ва фақат ба баёни хеле кулии зиндагӣ ва фазилат Имом Ҳусайн(рз) кифоят накардаанд ва ин амр дар тули таърих идома доштааст, ки ба зикр чанд намуна кифоят мешавад.

Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ мегӯяд:

Бо яке аз толибони илм онҷо бесабаб

Кардаанд ташҳири сайф он музиёни нобакор

Вай аҷаб аз ашри Ошурову аз шарҳҳои ӯ

Тоза месозад азо баръакси нур рӯзи баҳор

Аҷаб он дар ҷоҳилият дар Муҳаррам ҳарбро

Пур ҳаром медоштанд ин дам чаро шуд иштиҳор

Дар низоми шаръу қалби арш андозад халал

Он ки бо сар чашм дӯзад чун ашр беихтиёр

Боғ дар моҳи Муҳаррам шоху хунолуда шуд

Роғ дар фасли баҳорӣ пой то сар лолазор

Дар Муҳаррам наварусон сунбули мӯй пур зи хок

Дар баҳорон наврасонро ҷуъду сунбул тор-тор

Дар Муҳаррам шаҳсаворонро ҷигар беобу хушк

Дар баҳорон майгусоронро шароби хушгувор

Дар Муҳаррам оҳу дарду нола то авҷи фалак

Дар баҳорон қаҳ-қаҳи кабку навои сад ҳазор…[17]

Муҳаммадалии Аҷамӣ аз шуъарои муосири тоҷик мегӯяд:

Найзаро сарвари ман бистари роҳат кардӣ,

Шомро ғулғулаи субҳи қиёмат кардӣ.

Ақл мехост бимонӣ ба ҳарам, аммо ишқ,

Гуфт: Бар найза бизан буса, иҷобат кардӣ

Чист дар ту? Ҳама имрӯз туро меҷӯянд,

Эй тани бесари сарвар чи қиёмат кардӣ

Боз ман мондаму сад Куфа ғарибӣ ҳайҳот,

Эй кош ман мебудаме дар он ғазоти Карбало

Гарчи озод маро ту зи асорат кардӣ[18]

 

Шоири дигар Эшони Шаҳдӣ аст, ки дар васфи Ошуро чунин сурудааст:

Ҷонро фидо мекардаме дар ҳар канори Карбало

Худро шаҳид мекардаме дар он ғазоти Карбало

Шоҳ Ҳусайн мегуфтаме, дар хок меғалтидаме

Ҳам ҷону дил мекардаме он ҷоннисори Карбало

Шамшерҳо мебастаме дар ҷанг мепайвастаме

Хунҳо равон мекардаме дар ҷӯйбори Карбало

Ҷанги Язид мекардаме, шукри Маҷид мекардаме

Худро шаҳид мекардаме дар он мазори Карбало

Ин фитнаҳо ангехтан, хуни шаҳидон рехтан

Бо хоку хун омехтан дар сангу хоки Карбало

З-ин дори дунё хез-хез, гар умматӣ з-ин ҷон гурез

Сад ҷӯи хун аз дида рез дар кӯҳсори Карбало

“Шаҳдӣ” биё афғон бикун, ҳам ҷону дил қурбон бикун

Ҳам чашми худ гирён бикун дар рӯзгори Карбало”[19]

Мавлавӣ Ҷунунӣ шоир ва орифи номдори ин сарзамин  мегӯяд:

Ҳеч донӣ, ки ба фарзанди Паёмбар(с) чӣ гузашт?

Нури ду дидаи Фотмаву Ҳайдар чӣ гузашт?

Яке дар заҳр шуда сабз яке сурх ба хун

Ки зи ошуби ҷаҳон бо ду бародар чӣ гузашт?

Сари шаҳзода ба зулм аз тани Ӯ гашт ҷудо

Ғарқи хун шуда олуда ба ахгар чӣ гузашт?

Хати сабзаш аз он водии бесабз чӣ дид

Ҳоли гесуи мушкини муанбар чӣ гузашт?…

Дар ғами мотами ӯ ҷумла азвоҷи ҳарам

Монда сарсони биёбон шуда бар сар чӣ гузашт?

Эй Ҷунун шуй зи-дунё кафи умеду вафо

Ки аз ин ғамкада бо зуррияи Сарвар чӣ гузашт?[20]

Ҳақиқатталабӣ, мазлумият, ҷойгоҳ ва қаҳрамонииИмом Ҳусайн(рз) нукоти барҷастаи ашъори шуарои тоҷик дар васфи Ошӯро мебошад, чунончӣ орзуи шаҳодат дар канори Имом Ҳусайн(рз), ки (ин эҳсос) сарчашма гирифта аз ҳақ донистани қиёми он Ҳазрат(рз) аст, аз дигар нукоти барҷастаи ин ашъор мебошад.

Бархе дигар аз шуарои тоҷик низ дар инъикоси ҷанбаҳои мухталиф ва омузандаи Ошӯро ашъоре ба назм даровардаанд, ки зикр ҳамаи онҳо ба тул меанҷомад, лизо аз он парҳез мешавад.

7.   Номгузорӣ

Аз мавориди таъсири Ошӯро дар фарҳанги мардуми тоҷик номгузориҳои муртабит бо ҳодисаи Ошӯро мебошад. Мардуми тоҷик шахсиятҳои муҳимми ин ҳодиса (монанди афроди дорои нақши мусбат ва манфӣ,), шинохте дошта онро дар фарҳанги худ мунъакис кардаанд ва ин амр сабаб шудааст, ки гоҳе фарзандони худро ба исми ин ҳодиса номгузорӣ кунанд. Чунончӣ исмҳое монанди Ашӯр, Ашӯрмуҳаммад, Ашӯралӣ, Ашӯрмоҳ, Муҳаррама дар миёни мардум роиҷ аст, ҳамчунин номҳое монанди Ҳусайн, Бибизайнаб, Зайнаб ва Зайналобидин аз номҳои машҳури ин сарзамин аст, ки аз сабабҳои муҳимми шуҳрати ин номҳо ҳодисаи Ошӯро мебошад.

Дар муқобил чеҳраҳои манфии ин ҳодиса монанди Язид ва Шимр ҳамчун нишонаи баде дар миёни мардум шуҳрат доранд.

8.   Машруиятбахшии маросимҳо

Сираи Имом Ҳусайн дар масъалаи Ошӯро воқеан омузанда аст ва ин амр сабаб шуда аст, ки мардуми бохиради тоҷик бо анҷоми маросимҳои хосси худ ин масъаларо ба мардум бозгӯӣ кунанд, вале гоҳе ба номи дин ба ин маросимҳо  барчаспи бидъат ва пайравӣ аз мазҳаби дигар зада мешавад. Дар муқобили ин тарзи тафаккур бархе уламои муосири тоҷик монанди Домулло Маҳмудҷони Тураҷонзода талош кардаанд пояҳои шаръии ин маросимҳоро бар мабнои аҳли суннат исбот кунанд. Масалан эшон дар дифоъ аз  шаръӣ будани маросими Ошӯро ва адами мунофоташ бо мабонии аҳли суннат аз забони Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ фақеҳи машҳури ҳанафӣ мегӯяд: “Касе ин мусибати бузургро (дар моҳи Муҳаррам, дар рӯзи Ошӯро) ёд бикунад ва истирҷоъ бикунад (яъне “Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун” бигӯяд), ба мартабаи бузурге комёбу ноил мегардад.”[21]

Ё Бибиотун Саодатхон дар бораи машруияти гиря дар Ошӯро мегӯяд: Ҳазрати Бибӣ Фотима(рз) гуфтаанд: “Ҳар кас, ки дар ҳаққи фарзандони ман гиряву нола кунад, ман фардои қиёмат ӯро шафоат хоҳам кард.” Албатта мо мусулмонон аввал аз раҳмати Худо ва шафоати Расули Гиромиаш(с) умедвор ҳастем ва бо ҳамин нияти пок авлоди Паёмбар(с)-ро дӯст медорем.”[22]

9.   Мавориди дигар

Илова бар мавориди зикршуда мавориди дигаре ҳам пайдо мешавад, ки фарҳанги мардуми тоҷик аз Ошӯро таъсир пазируфта аст. Масалан гоҳе дар бархе манотиқ баъди намоз ояте аз Қуръон  тиловати мекунанд сипас савоби онро ба тамомии Анбиё(а) хусусан Расули Акарм(с), Имом Ҳасан(рз) ва Имом Ҳусайн(рз) ва шуҳадои Карбало мебахшанд, ки ин амр нишон аз шинохти ҷойгоҳи ин шуҳадо аст.

Ҳамчунин аз саҳнаҳо ва ҳатто аз вазъияти табиии он сарзамин ҳангоми вуқуи ҳодиса ин мардум огоҳанд, лизо гоҳе берхе аз афрод ҳангоми ба камбуди об мувоҷеҳ шудан ба унвони масал мегуянд, ки ин ҷо дашти Карбало шуд, ки ин ҳам нишон аз шинохт ва таъсир аз фарҳанги Ошӯро дар миёни тоҷикон аст.

Ва низ гоҳе бархе пирамардон аз бозии футбол манъ мекарданд бадин сабаб, ки буррандагони сари Имом Ҳусайн(рз) бо сари муборак чунин карданд.

Агарчӣ истидлоли фавқ асоснок нест, вале нишондиҳандаи шинохти мардум нисбат ба бурида шудани сари он Ҳазрати (рз), ҳамчунин иродаи ин мардум ба Имом Ҳусайн (рз) мебошад.

Натиҷа: Дар поён бояд гуфт Ошӯро дар миёни мардуми тоҷик будааст ва уламои муҳими ин марзу бум бо равишҳои хосси худашон ё онро анҷом додаанд ё дар баробари анҷоми дигарон вокуниши манфӣ нишон надодаанд.

Ёсин



[1]. Донишпажӯҳи улуми сиёсӣ

[2]. Тайлор, Эдворд, донишномаи http://fa.wikipedia.org

[3]. Рузӣ, Аҳмад, Ҷойгоҳи маросим ва аъёди мазҳабӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик, интишороти Алҳудо, соли 1388, саҳ. 44.

[4] Ҳамон  саҳ. 44 ва Хайруллоҳи Файзуллоҳ, Ашӯрихонӣ дар Тоҷикистон, сомонаи Кимиёи Саодат

[5] Хайруллоҳи Файзуллоҳ, Ашӯрихонӣ дар Тоҷикистон, сомонаи Кимиёи Саодат

[6]. Рузӣ, Аҳмад, Ҷойгоҳи маросим ва аъёди мазҳабӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик, с. 44-57.

[7]. Носирӣ, Абдулмаҷид, Инқилоби Карбало аз дидгоҳи донишмандони аҳли суннат, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ(рҳ), соли 1385, с. 432-433.

[8]. Навори суханронии Эшони Нуриддин дар таърихи 09/12/2011.

[9]. Ҳамон.

[10]. Навори суханронии Домулло Муҳаммадулло

[11]. Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф ба Мавлавии Ҳиндӯстонӣ аз уламои барҷастаи Тоҷикистон аст, ки уламои муҳимми кишвар монанди Эшон Нуриддини Тураҷонзода, марҳум Сайид Абдуллои Нурӣ, Эшони Сайидқиёмуддини Ғозӣ,  марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ғ. аз шогирдонаш мебошанд ва аз ҷумалаи таълифоти Ӯ тафсири Қуръон ба забони узбекӣ аст.

[12]. Нурулабсор фи маноқиби оли байтин-набийилмухтор, асаре аст аз Мӯъмин ибни Ҳасан маъруф ба Шайхи Шиблинҷӣ, ки ба баёни ҷойгоҳ ва фазилати Аҳли Байт дар он пардохта аст.

[13]. Навори суханронӣ дар таърихи 09/12/2011.

[14]. Навори суханронии Эшони Нуриддин  моҳи Муҳаррам дар таърихи 02/12/2011.

[15]. Рузӣ, Аҳмад, Ҷойгоҳи маросим ва аъёди мазҳабӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик, саҳ. 25 — 42.

[16]. Ҳамон манбаъ, саҳ. 43 то 60

[17]. Куллиёти Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, виростор ва сомондиҳанда К. Чиллазодаи Теҳрайи ва Амирхуҷа Абдураҳим. Интишороти Ирфон, соли 1998, с. 409-410.

[18]. Имом Ҳусайн аз дидгоҳи донишмандони шарқ ва ғарб, Аҳмад Рагнӣ, Муассисаи фарҳангии интишороти Тубои муҳаббат, соли 1386, с. 171.

[19]. Хайруллоҳи Файзуллоҳ, Ашӯрихонӣ дар Тоҷикистон, сомонаи Кимиёи Саодат

[20] Сомонаи хабарии «Форснюз»

[21] Сомонаи Кимиёи Саодат

[22] Хайруллоҳи Файзуллоҳ, Ашурихонӣ дар Тоҷикистон, сомонаи Кимиёи Саодат

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.