Осори имон дар ҷомеа 2

namazezan

namazezanИмон умедворӣ меоварад

Дунё дар назари инсони боимон ва беимон фарқ дорад. Инсони беимон дар ҷомеа ҳангоми гирифторӣ ва мушкилоти пеш омада ноумед аст ва тамоми дарҳоро ба рӯяш баста мебинад ва роҳи ҳалле барои онҳо дар назар надорад. Ва барои бартараф намудани он ҳеҷ кӯшиш намекунад.

Аммо аз назари инсони боимон, дар дунё ҳар чи бар сараш биёяд, на танҳо қобили ҳал аст, балки онро бо чеҳраи боз қабул мекунад ва дар пайи ин мебарояд, ки аз чи роҳҳое бояд ин мушкилро бартараф намуд. Инсони боимон, ҳаргиз дучори ноумедӣ намешавад, зеро ӯ имон ба Худо дорад ва тамоми мушкилоти пеш омадаро қобили бартараф шудан медонад, зеро ӯ ба ин оят имон дорад: إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ

Агар Худоро ёрӣ кунед (дар роҳи ҳақ бошед) Худо шуморо ёрӣ мекунад. “ (Сураи Муҳаммад, ояти 7).

Аз ин рӯ инсони боимон ҳаргиз аз зиндагӣ ва мушкилоти пеш омада ноумед намешавад ва ҳамеша ба дунболи ин аст, ки чигуна ин мушкилро ҳал кунад. Умедвории афроди ҷомеа, он ҷомеаро месозад ва ҳамеша онро аз мушкилот мераҳонад. Дар ҷомеае, ки имон набошад умед нест ва агар умед набошад пешрафти ҳақиқӣ вуҷуд надорад.

Имон оромишовар аст

Яке аз осори имон дар ҷомеа ин мебошад, ки ба инсон оромиш мебахшад. Инсони боимон, вақте ки ба ёди Худо ҳаст оромиш дорад, зеро Худованд фармудааст, ки ҳар кас, ки ба ёди Худо бошад оромиш дорад.

أَلا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوب

Огоҳ бошед, ёди Худо оромбахши дилҳост. (Сураи Раъд, ояти 28).

Ва инро донишмандон имрӯз собит намудаанд, ки аксари бемориҳои равонӣ, ки маншаашон нороҳатиҳои рӯҳӣ ва талхиҳои зиндагист, дар миёни афроди беимон дида мешавад. (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Инсон ва имон,с. 46.)

Имон нороҳатиҳои инсонро кам мекунад ва ба ӯ мегуяд дар дунё ҳар чизе ҳисоби мушаххасе дорад. Ба ӯ мегуяд, ки низоми ҷаҳон бар пояи адл аст ва имкон надорад ба инсоне зулм шавад, вале ҳисобу китобе набошад.

Имон боиси пешрафти ҳақиқии ҷомеа мешавад

Аз назари Ислом илмомӯзӣ бар ҳамагон воҷиб ва зарурист. Илмомӯзӣ дар Ислом онқадар муҳим аст, ки аввалин ояте, ки ба Пайғамбар(с) нозил шуд дар робита бо илму илмомӯзӣ буд ва бо калимаи “бихон” шурӯъ шуд. ва Пайғамбар(с) фармудааст :   اطلبوا العلم من المهد الی اللحد

Фирдавсӣ мегӯяд:

                     Чунин гуфт Пайғамбари ростгӯй

                                 “Зи гаҳвора то гур дониш биҷуй”

Ислом имони бе илмро арҷ намедиҳад ва аз тарафи дигар ҳам илми бе имонро фоиданок намедонад. Ислом ҳар дуро дар паҳлуи ҳам қабул дорад ва ҳар дуро ба унвони ду боли як паранда ба ҳисоб меоварад. Паранда бо ду бол аст, ки метавонад парвоз кунад. Инсон ҳам бо илму имон аст, ки метавонад пешрафт намояд ва ба қуллаҳои баланди илмӣ ва инсонӣ бирасад, чунонки ҳеҷ парандае бо як бол ҳаргиз наметавонад парвоз кунад ва агар ҳам парвоз намояд оқибати хубе надорад. Илм ба мо рӯшноӣ ва тавоноӣ мебахшад ва имон ишқу умеду гармӣ. Илм тавонистан аст ва имон хуб хостан. Илм табиатро месозад ва имон инсонро. Ҳам илм зебоист ва ҳам имон, аммо илм ақлро зебо мекунад ва имон рӯҳро. Ҳарду ба инсон амният мебахшад, яке амнияти дарунӣ ва дигаре амнияти берунӣ. (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Инсон ва имон, с. 23.)

Илми бидуни имон, мисли ин мемонад, ки дар шаби торик чароғе ба дасти як дузд бидиҳанд, то битавонад хубтар дуздӣ кунад ва ашёи хубро бибарад.

Аммо аз тарафи дигар ҳам имони бидуни илм дар Ислом арзиши зиёде надорад. Ислом ҳамеша тарафдори касоне аст, ки ҳам имон доранду ҳам илм. Дар таърихи башар ин ду гурӯҳ зиёд будааст. Дар қарни аввали Ислом гурӯҳе ба вуҷуд омада буд ба номи “Хавориҷ”, ки ҳама қорӣ ва ҳофизи Қуръон буданд, ҳама намозхон ва аҳли рӯза буданд, вале аз назари илмию ақлӣ ва фикрӣ ақибмонда буданд. Ба ҳамин хотир, бо ҳазрати Али(а) ба мубориза бархостанд ва ӯро ба қатл расонданд. Ислом ингуна имонро қабул надорад ва ба шиддат бо он мубориза мекунад.

Аз тарафи дигар ҳам Ислом ҷомеаи бо илми бидуни имонро ба шиддат рад мекунад. Ҷомеаҳои пешрафтаи ғарбӣ имрӯза мисоли хубе аст дар ин маврид. Дар ҷомеаҳои пешрафтаи ғарбии имрӯза, чунки имон вуҷуд надорад, дуруст аст, ки аз назари пешрафт тараққӣ кардаанд, аммо аз назари таҷовуз дар ҳаққи дигарон ва ҳамлаи низомӣ ба кишварҳои дигарон ва ё куштани мардумони бедифоъ ва фақир ҳеҷ дареғ надорад. Инҳо ба хотири он аст, ки онҳо имон ба Худо надоранд агар имон доштанд, ҳаргиз чунин кори зидди ҳуқуқи башар анҷом намедоданд. Магар ғарб имрӯза дар соҳаи илм пешрафт накардааст? Магар ғарб имрӯза дар соҳаи илми сухани аввалро намегӯяд? Магар ғарб имрӯз дар соҳаи иқтисод дар дараҷаи аввал нест? Пас, барои чӣ ба Афғонистон ҳамлаи низомӣ карда ҳамаро мекушаду ҳатто ба кӯдакони хурдсол ҳам раҳм намекунад? Барои чӣ ба Ироқ ҳамла мекунад ва тамоми ободиҳоро вайрон мекунад? Барои чӣ ҳар рӯз ба Эрон ҳушдор ва таҳдид мекунад, ки ба онҷо ҳамлаи низомӣ мекунад ва ғайра.

Магар ин корҳои ғарбиҳо ғайр аз ин аст, ки мо ба ин нукта пай бибарем, ки илми бидуни имон фоидае надорад?

Аз ин рӯ аз назари мо ғарби пешрафта ба маънои ҳақиқии он нест. Ғарб дорои иқтисод, ки ҳамон ҳам дар ҳоли фурупошист мебошад, на ин ки ба инсонҳо эҳтиром бигузоранду ҳуқуқи башарро риоят намоянд.

Валиҷон М.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,