ОДАМУШ-ШУАРО РӮДАКӢ

  Исм ва куня

Номи комилаш Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одами Рӯдакии Самарқандӣ мебошад.[1]  Ному куняи дигаре дар баъзе китобҳо зикр шудааст, ки ба баъзе ишора мешавад.

 

1- Фаридуддин Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Рӯдакӣ.[2]   2- Ҳаким Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ.[3]   3- Абулҳасан Рӯдакии Бухорӣ.[4]

Таваллуд

Дар ҳоле, ки амирони сомонӣ барои мустаҳкам кардани мавқеияти сиёсии худ мекӯшиданд ва ҷӯшу хӯруши миллӣ дар навоҳии шимоли шарқии кишвар оғоз шуда ва илму фарҳанг ривоҷ ёфта буд, Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруди ноҳияи Панҷакент ҳудуди соли 858 мелодӣ дида ба ҷаҳон кушод.

Дар мавриди даврони ҷавонӣ ва вазъияти зиндагии Рудакӣ то омаданаш ба дарбори Сомониён иттилое дар даст нест, ҳарчанд дар миёни шеърҳои боқимондаи ӯ байте аст, ки дар он аз вазъи номуносиби ӯ сухан мегӯяд:

Аз хару полик он ҷой расидам, ки ҳаме,   Мӯзаи  чинӣ   мехоҳаму   асби   тозӣ.[5]

Аз ин байт истифода мешавад, ки Рӯдакӣ дар даврони ҷавонӣ аз  зиндагии хубе бархурдор набудааст.

Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён

Рӯдакӣ пас аз он ки ба дарбори Сомониён роҳ меёбад, хеле мавриди муҳаббат ва эҳтироми подшоҳ ва дарбориён қарор мегирад. Чунонки Низомии Арӯзӣ менависад: «Аз надимони подшоҳ ҳеҷ кас мақбултар аз ӯ (Рӯдакӣ) набудааст».[6]  Рӯдакӣ дар дарбор ба неъмат ва сарват мерасад. Агар сухани Низомии Арузӣ дуруст бошад, дар сафаре, ки ҳамроҳи Наср ибни Аҳмад аз Ҳирот ба Бухоро мерафт, чаҳорсад шутур зербунаи ӯ будааст.[7]  Худи шоир ҳам ба сарват ва неъмати худ ишорае кардааст:

Куҷо ба гетӣ будааст номвар деҳқон,    

Ҳам ӯро ба хона  сим  буду,  ҳумлон буд.[8]

Киро бузургиву неъмат зи ину он бувад, 

Маро бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд.

Бидод мири Хуросон чиҳил ҳазор дирҳам,

 В-аз ӯ фузӯнӣ  як  панҷ,  мири  Мокон буд.

Зи авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор,    

Ба ман  расид,  бадон вақт ҳоли хуб он буд.[9]

Дар дарбори сомонӣ ба бузургоне чун вазир Абулфазли Балъамӣ ва Абӯтаиби Мусъабӣ соҳиби девон ошноӣ меёбад ва бо бузургони замони худ чун Шаҳидии Балхии шоир ва файласуф ва низ бо Абулҳасани Муродии шоир ва дигарон дӯстӣ меварзад. Аммо чунонки аз ашъори ӯ бармеояд дар охири умр бечиз ва тиҳидаст шудааст:

Тасвире, ки дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ»   аз рӯзҳои худ тарсим мекунад нишон медиҳад, ки шоир дар поёни умр, зиндагии ногуворе дошта ва аз он ҳама сарват чизе барояш боқӣ намондааст.

Илова бар нуфузи фаровон ба сарват нуфузи шеъру мусиқии Рудакӣ низ дар дарбори Наср ибни Аҳмад чандон буд, ки достони бозгашти подшоҳ аз Ҳирот ба Бухоро ба хубӣ баёнгари он аст. Ҳангоме ки Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба Ҳирот рафта ва замони зиёде дар онҷо монда буд, ҳеҷ касро тавоноии он набуд то аз подшоҳ бихоҳад, ки ба Бухоро бозгардад. Дарбориён аз Рӯдакӣ хостанд то ӯ ин вазифаи душворро бипазирад. Рудакӣ шеъри пуровозаи “Бӯи ҷӯи мулиён ояд ҳаме Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме”-ро суруд, ки ин шеър сабаби бозгашти шоҳ ба Бухоро шуд.

 Нобиноии Рӯдакӣ

Оё Рӯдакӣ кӯри модарзод будааст ё баъдҳо бар асари заъфу пирӣ ё оризаи дигар нерӯи биноиро аз даст дода ё кӯраш кардаанд, чизе ба яқин намедонем. Абӯҳайёни Тавҳидӣ донишманди маъруф, ки ҳудуди соли 400 ҳ.қ. зимни яке аз пурсишҳо ба кӯрии Рӯдакӣ ишора мекунад ва мегӯяд: «Аз Рӯдакӣ, ки кӯри модарзод буд пурсиданд: Ранг дар назди ту чӣ гуна аст? Гуфт: Монанди шутур».[10]

Авфӣ соҳиби китоби «Лубоб-ул-албоб», низ ҳангоме ки аз ба назм даровардани «Калила ва Димна» тавассути Рӯдакӣ сухан мегӯяд ба кӯрии ӯ ишора дорад:

Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,      Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.[11]

Аммо баъзе эътиқод доранд, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод набудааст. Саиди Нафисӣ менависад: Маро мусаллам аст, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод набуда ва танҳо дар поёни умр кӯр шудааст» ва низ Нафисӣ гуфтааст: Шояд Рӯдакиро ба сабаби гаравидан ба мазҳаби исмоилӣ кӯр карда бошанд.[12]  М. Герасимов ҳангоми сохтани филми мустанад, қабри Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки дар ноҳияи Панҷрӯди кишвари Тоҷикистон аст, канда ва устухонҳои ӯро озмоиш намуда менависад: Дар скелет ҳеҷ нишонае, ки натиҷаи берун овардани чашми Рӯдакӣ бошад, мушоҳида нашудааст, ҳатто устухони девори косаи чашм вайрон нашудааст… чашмон фақат аз берун тавассути сӯзондан осеб дидаанд ва ӯ бо як тикка оҳани доғ кур карда шудааст…[13] Ҳамчунин баъзе ашъоре, ки аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ боқӣ мондааст далолат бар биноии ӯ мекунад:

Пупаке дидам ба ҳавлии Сарахс,          

                                                            Бочак бар бурда ба абр андаро.

Чодараки рангин дидам бару,  

                                                            Ранг басе гуна бар он чодаро.[14]

Зулфат дидам сар аз чаман печида,       

                                                            В-андар   гули   сурх»   арғувон   печида

Ҳамеша чашм зӣ зулфакони чобук буд, 

                                                Ҳамеша гушам зӣ мардуми сухандон буд.

 

Устод Рӯдакӣ

Дар осмони назми мо,                              Чун офтобӣ Рӯдакӣ.

Ман дӯстдори шеъри ту,                          Аз давраҳои кӯдакӣ.

Назми равонӣ Рӯдакӣ.                              Вирди забонӣ Рӯдакӣ.

Дар қалби миллат ҷовидон,                    Дар ҳар замонӣ Рӯдакӣ.

Ман пайрави шеъри дарӣ.                     Шеъри маро болу парӣ.

Устоди беҳамто ҳаме,                               Мо ворисонро сарварӣ.[15]

                                                                                    Саидхон Имомӣ

 

           



[1] . Рӯзгор ва асрори Рӯдакӣ, Абдураҳмон Тоҳирҷонов, тарҷумаи доктор, Мирзо Аҳмад, саҳ. 9.

[2] . Каффуз-зунун фи асомиил кутуби вал-фунун, Ҳаоҷӣ Халифа, ҷ. 4, саҳ. 94.

[3] . Риозуш-шуаро, Алӣ Қулихони Доғистонӣ, соли 1161.

[4] . Қомус – ул – аълом, Шамсуддини Сомӣ, ҷ. 3, саҳ. 2316.

[5] . Ҳамон, саҳ. 30.

[6] . аҳор мақола, Низомии Арӯзӣ, саҳ. 52.

[7] . Ҳамон, саҳ. 54.

[8] . Ҳумлон — шутури борбар-васила- чаҳорпо.

[9] . Гузидаи ашъори Рӯдакӣ, Ҷаъфари Шиор ва… саҳ. 112-113.

[10] . Алҳаволи ва шавоил, Қоҳила 1951, саҳ. 8 ба нақл аз гузидаи ашъори Рӯдакӣ ва… саҳ. 22.

[11] . Гузидаи ашъори Рӯдакӣ, доктор Ҷаъфари Шиор ва доктор Ҳасани Анварӣ, саҳ. 144.

[12] . Маҷаллаи донишкадаи адабиёт, донишгоҳи Теҳрон соли шашум, 1338, шумораи 3 ва 4, саҳ. 24.

[13] . Китоби Рӯзгор ва осори Рӯдакӣ, Абдураҳмон Тоҳирҷонов, тарҷумаи Мирзо Мулло Аҳмад, саҳ. 65.

[14] . Гузидаи ашъори Рӯдакӣ, Ҷаъфари Шиор ва Ҳасан Анварӣ, саҳ. 70.

[15] .Шаҳриддин.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...