Панди мӯрча
Рӯзе ҳазрати Сулаймон(а) бо ҳамроҳи лашкараш бо қудрати бод ба сӯи мақсаде дар ҳаракат буд. Вақте ки ба сарзамини мӯрчагон наздик шуд, раиси мӯрчагон, ки аз дур лашкари Сулаймон(а)-ро дида ва шинохта буд, ба ҷои баланде баромад ва фарёд зад:
[1]يَا أَيُّهَا النَّمْلُ ادْخُلُوا مَسَاكِنَكُمْ لَا يَحْطِمَنَّكُمْ سُلَيْمَانُ وَجُنُودُهُ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
«Эй мӯрчагон! Ҳамаатон ба лонаҳои худ дароед то Сулаймон ва лашкараш нафаҳмида шуморо поймол накунанд «.
Бод ин суханро ба гӯши Сулаймон(а) расонд. Сулаймон(а) аз ин гуфтор табассуме намуд ва ба бод дастур дод то ӯ ва лашкарашро дар сарзамини мӯрчагон фуруд оварад ва он гоҳ пайке фиристод ва раиси мӯрчагонро ба ҳузур талабид ва ба ӯ гуфт: Оё намедонӣ, ки ман ва лашкарам ба ҳеҷ кас ситам намекунем?
Мӯрча: Медонам. Аммо ман раис ва бузурги мӯрчагонам ва барои бузургон дурандешӣ ва насиҳати кӯчактарон лозим аст. Аз ин рӯ узри шуморо хостам ва гуфтам, ки Сулаймон(а) ва лашкараш аз шумо хабар надоранд, ба лонаҳои худ равед то поймол нашавед.
Сулаймон(а): Магар надидӣ, ки ман ва лашкарам дар ҳаво ҳаракат мекунем, пас чӣ гуна тарсидӣ, ки қавматро поймол кунем?
Мӯрча: Мақсуди ман аз ин гуфтор чизи дигаре буд. Тарси ман аз он набуд, ки зери пои лашкари ту дарҳам шикаста ва поймол шаванд, балки тарси ман аз ин буд, ки лашкари туро бинанд ва аз ёди Худо ва тасбеҳе, ки ба он машғуланд, боз монанд. Тарсидам бо дидани шавкат ва дороии ту, дунё дар дилҳояшон ҷилва намояд ва дӯстдори дунё гарданд ва гирифтори ғафлат ва ҳубби дунё гарданд.
Сулаймон(а): Худованд ба ту фаҳми волое ато кардааст. Маро панде деҳ!
Мӯрча: Яке аз неъматҳоеро, ки Худованд ба ту додааст, бигӯй.
Сулаймон(а): Худованд бо фазлу карамаш, бодро дар ихтиёри ман даровардааст, ки мисли маркабе, ман ва лашкарамро дар як рӯз ба андозаи ду моҳ, роҳ мебарад.
Мӯрча: Оё медонӣ маънои ин ки Худованд бодро маркаби ту сохтааст, чист?
Сулаймон(а): Ту бароям бигӯй?
Мӯрча: Яъне мамлакати дунё ва ҳарчи ба ту дода шудааст, ҳамааш бар бод аст ва ҳарчи бинояш бар бод бошад, ҳаргиз напояд ва ҳар ончи напояд, дилбастагиро нашояд.
Сулаймон(а) баъд аз ин насиҳати мӯрча, рӯ ба Парвардигори оламиён карду гуфт:
رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَدْخِلْنِي بِرَحْمَتِكَ فِي عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ[2]
«Парвардигоро! Маро тавфиқи шукри неъматҳои худ, ки ба ман ва падару модарам ато фармудӣ, иноят фармо ва маро ба аъмоли солеҳе, ки худ меписандӣ муваффақ бидор ва маро ба лутф ва марҳамати худ дар сафи бандагони хос ва шоистаат дохил гардон».[3]
Иллати тавбаи ҷавон
Ҷавоне дар замони Расули Худо(с) корҳои нописанде анҷом медод. Чун хабар ёфт, ки Расули Худо(с) реҳлат кардааст тавба намуд ва ба ибодат машғул шуд. Аз ӯ пурсиданд: Чӣ шуд, ки тавба кардӣ ва пушаймон шудӣ? Ҷавон посух дод: То замоне ки Паёмбар(с) дар ҳаёт буд ба ин оят дилгарм будам, ки Худованд мефармояд:
وَمَا كَانَ اللّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ وَأَنتَ فِيهِمْ
«То ту дар миёни онҳо ҳастӣ Худо ононро азоб нахоҳад кард».[4]
Акнун он дар баста шудааст ва ба ин оят паноҳ овардам:
[5]وَمَا كَانَ اللّهُ مُعَذِّبَهُمْ وَهُمْ يَسْتَغْفِرُونَ
«Модоме ки аз нофармонии Худо истиғфор кунанд, Худо ононро азоб нахоҳад кард».[6]
Иллати зӯҳд[7]
Ба шайхе гуфтанд: Ба хотири чӣ зӯҳд ихтиёр намудӣ?
Гуфт: Ба се иллат: Аввал: Дидам қабр ваҳшатнок аст ва анисе надорам. Дуюм: Дидам роҳ дурудароз аст ва тӯшае надорам. Сеюм: Дидам қозии маҳкамаи қиёмат Худои Ҷаббор аст ва узре надорам.[8]