ЗИНАТИ ОШКОР

Ҳол ки маънои зинатро фаҳмидем бояд бубинем зинати ошкор кадом аст?

Хушбахтона муфассирини воқеии Қуръони Карим, яъне хонадони Паёмбар(с) масодиқи “зинати ошкорро” мушаххас намудаанд, ки ба баррасии онҳо мепардозем.

Аби басир мегӯяд: Аз Имом Содиқ(а) дар мавриди ин оят <وَ لاَ يُبدِينَ زِينَتَهُنَّ إلاّ مَاظَهَرَ مِنه >Савол кардам. Ҳазрат фармуд: «الخاتم والمسکة وهي القلب»Ангуштар ва дастмона мебошад.

Мусъида мегӯяд: Аз Имом Содиқ(а) савол шуд: Зинати зоҳирии зан чист? Ҳазрат фармуд: «الوجه و الکفين» Сурат ва дастҳо.

Имом Боқир(а) дар тафсири ин оят

  <وَ لاَ يُبدِينَ زِينَتَهُنَّ إلاّ مَاظَهَرَ مِنها>Мефармояд: Зинати зоҳирӣ либосу  сурма, ангуштар ва ранги дастон ва дастмона мебошад ва зинат дар се қисм аст: зинат барои умум, зинат барои маҳрам ва зинат барои шавҳар. Зинат барои умум ҳамон аст, ки гуфтем (либос ва сурма, ранги даст ва дастмона) ва зинат барои маҳрам (падар, бародар ва …) маҳали гарданбанд ба болост ва маҳалли бозубанд ва халхол ба поин аст, аммо зинат барои шавҳар ҳамаи аъзои бадани зан мебошад.[1]

Вале ончи дар инҷо лозим ба тазаккур аст ин аст, ки асли ҳиҷоб ва пӯшиши бадан ва мӯй тибқи ояти фавқ мавриди қабули ҳама аст.

Аз тарафи фуқаҳое, ки дар ин аср ҳастанд ҳамагӣ усули ҳиҷоб ва пӯшиши занро аз заруриёти дин медонанд.[2]

Зимнан таваҷҷӯҳ ба ин нукта ба ҷо аст, ки Ибни Масъуд, ки аз ҷумла мувассақин ва аз асҳоби бузург ва маъруфи Паёмбар(с) аст, ҷумлаи <إلاّ مَاظَهَرَ مِنها>ояти фавқро ба маънои зоҳир (либоси рӯи) тафсир кардааст, монанди чодар ва кафш, ки табъан намоён аст.

Ибни Аббос, ки чеҳраи дигаре аз муфассирин ва саҳоба аст, ҷумлаи <إلاّ مَاظَهَرَ مِنها>ро ба чеҳра(рӯи) ва ду даст то муч(банди даст) тафсир кардааст.[3]

Пушиши сар ва гардан

(ояти пӯшиш) <وَليضرِبنَ بِخُمُورِهِنَّ عَلي جُيوبِهِنَّ>Занон муваззафанд рӯсариҳои худро рӯи синаи худ бияндозанд(афкананд)(то гардану сина бо он пӯшонида шавад).

Дар ин оят аввал бояд бубинем (хумор) чист? Ва иллати чунин дастуре чӣ буда аст?

Хумр ҷамъи Хумор ва дар луғат омада аст, ки

«الخمار ثوبٌ تغطّي به المرأة رأسها» [4]

(Химор либосе аст, ки зан бо он сарашро мепӯшонад. Ва ба истилоҳ химор  рӯсарӣ(рӯймол) мебошад.

“Ҷуюб ҷамъи(ҷайб) ба маънои яқаи курта аст, ки аз он таъбир ба гиребон меашавад ва гоҳ ба қисмати болои сина ба хотири наздик бо он низ гуфта мешавад.”[5]

“Аз ин ҷумла истифода мешавад, ки занон қабл аз нузули ин оят, дарозии рӯсарии худро ба шонаҳо ё пушти сар меафкандаанд, ба гунае ки гардан ва каме аз болои синаи онҳо намоён мешуд, Қуръони Карим дастур медиҳад, рӯсариҳои худро бар гиребони худ афкананд, то ҳам гардан ва ҳам он қисмат аз болои сина, ки намоён аст пӯшонида шавад.[6]

Дар ҷои дигар, Худованд ба занони мӯъмин хитоб карда мефармояд:

”ولیضربن بخمرهن علی جیوبهن “[7]

Бояд рӯсарии худро бар рӯи сина ва гиребони хеш қарор диҳанд. Дар ин оят чунин омадааст: Эй Пайғамбар! Ба занони мӯъмин бигӯ, ки ҷилбобҳои (рӯсари) хешро ба худ наздик созанд. Равшан аст, ки вақте ба зан бигӯянд: Рӯсариатро ба худ наздик кун мақсад ин аст, ки онро раҳо накун, онро ҷамъ кун ва худро бо он бипӯшон.

Аз шаъни нузули ояти қаблӣ низ, ин маъно ба хубӣ ба даст меояд.

2) Яке дигар аз оёте, ки дар Қуръони Карим далолат бар вуҷуби ҳиҷоб ва пӯшиш барои зан мекунад ояти 59 сураи муборакаи Аҳзоб аст, ки дар ин ҷо мавриди баҳс ва баррасӣ қарор медиҳем:

>يَا أَيُّهَا الْنَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلاَلبِيبِهِنَّ ذلِكَ أَدْنَى‏ أَن يُعْرَفْنَ فَلاَ يُؤْذَيْنَ.<. [8]

Эй Пайғамбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ: «Ҷилбобҳои (рӯсариҳои дарози) худро бар худ фурӯ афкананд, ин кор барои ин ки шинохта нашаванд ва мавриди озор қарор нагиранд, беҳтар аст…”

Ҷилбоб либоси кушодтар аз рӯсарӣ ва кӯчактар аз або ва ҷелак аст,  ки  занон бо он сар ва гардани худро мепӯшонанд.

Дар китоб ва луғатномаи Тоҷуларус омадааст:

“ Ҷилбоб порчае аст,  ки ҳамаи баданро мепӯшонад.”[9]

Дар тафсири Ибни Касир омадааст: Умми Салама ривоят карда, вақте ки ояти фавқ нозил шуд, занони тоифаи Ансор порчаи сиёҳ ба сар мекарданд ва дар сиёҳӣ монанди зоғҳо буданд ва бо ҳамин вазъ аз канори Расули Худо(с) мегузаштанд. Расули Худо(с) дар ин маврид ба онҳо эътироз накард ва ҳамин амал далели тақрир ва имзои он ҳазрат аст ва тақрири ӯ монанди сухани ӯ ҳуҷҷат мебошад.”[10] Ҳамин матлаб дар Сунани Абӯ довуд ҳам омадааст.[11]

Баъд аз инки пӯшидани ҷилбоб ташреъ мегардад Худованд сабаби ин ҳукмро чунин баён мекунад:        

>ذلِكَ أَدْنَى‏ أَن يُعْرَفْنَ<[12]

 Ин кор барои инки шинохта нашаванд ва мавриди озор қарор нагиранд беҳтар аст.

Чаро пӯшидани ҷилбоб сабаби ташаххуси зан ва маъруфияти вай мегардад? Барои посух гуфтан ба ин савол лозим аст ба шаъни нузули оят таваҷҷӯҳ намоем, то посухи онро равшантар дарёбем.

Алӣ ибни Иброҳим дар тафсири оят мефармояд:       “Занон дар намози ҷамоати Расули Худо(с) ширкат мекарданд. Вақтҳои намоз, ҳангоми шаб баъзе авбошҳо бар сари роҳи занон менишастанд ва музоҳими онҳо мешуданд ва онҳоро озор медоданд; сипас ин оят нозил шуд.

>يَا أَيُّهَا الْنَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلاَلبِيبِهِنَّ ذلِكَ أَدْنَى‏ أَن يُعْرَفْنَ فَلاَ يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَّحِيماً<  [13]

Қавли дигареро дар тавҷеҳи ин таҳлил нақл мекунем: “Агар занон худро бипӯшонанд одамҳои  авбош ва фосиқ мефаҳманд, ки ин зани покдоман аст ва ноумед мешаванд ва музоҳимат намекунанд. Аммо агар занон худро ороста ва раҳо дар муқобили чашмони ҳарза ва тамаъкор қарор диҳанд авбошҳо ва чашмчаронҳо ба тамаъ меафтанд ва онҳоро дунбол мекунанд.”[14]

Худованд дар ояти дигаре, ба занони Паёмбар(с)мегӯяд, ки “Ишвагарона сухан нагӯед, ки мабодо бемордилон ба тамаъ биафтанд.”[15] Дар ин ояти мавриди баҳс ҳам ҳамон руҳ ва паёмро дунбол мекунад ва мефармояд: “Онгуна худро бипӯшонед ва осон аз манзил берун оед, ки сангинӣ ва вазонат сабаби ташаххуси шумо гардад ва ба покӣ ва виқор шинохта шавед. Ва вақте ингуна дар иҷтимоъ ворид шудед, чашми тамаъкоронро кур мекунед: «فلا يؤذينَ» натиҷааш ин мешавад, ки касе музоҳими шумо намешавад.”[16]

Иллат ва сабаби воҷиб шуданро аз ин ду оят ҳам метавон фаҳмид, ки ҳиҷоб ба ин ҷиҳат содир ва риояташ воҷиб шудааст, ки ибтидо дилҳои мардон ва сипас дилҳои занонро покиза нигаҳ дорад, то дар домани гуноҳ наафтанд. Дуввум инки занон аз хатари озори мардон (ки ба занон чашми тамаъ медузанд ва бо суханони ба зоҳир дилнишин, вале бо “нияти бад” ҳам худро ва ҳам занро гунаҳкор мекунанд ва ҳам занро мелағзонанд,) масун ва маҳфуз бимонад.[17]

Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он, Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ.

 

 

 



[1]. Тафсири Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ, Сайид Таиби Мусавӣ Алҷазоирӣ, ҷ. 2, саҳ. 101

[2]. Ал урватул вусқо, Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммад Козим, саҳ. 627

[3]. Фуруғи Кофӣ, Кулайнӣ, Аби ҷаъфари ибни Яъқуб, саҳ. 521

[4]. Роғиби Исфаҳони, Абил Қосим Ал-Ҳусайн ибни Муҳамад, Ал муфрадот фи ғарибил Қуръон, саҳ. 159

[5]. Лисонул араб, Ибни Манзур, Аҳмад, ҷ. 1, саҳ. 159

[6]. Тафсири Намуна, Макорими Шерозӣ, ҷ. 14, саҳ. 440

[7]. Сураи Аҳзоб, ояти, 59

[8]. Сураи Аҳзоб, ояти, 59

[9]. Тоҷуларус, Ҷавоҳирул қомус, Зубайдӣ, Сайд Муҳаммад Муртазо, ҷ. 1, саҳ. 174

[10]. Тафсири ибни Касир, ҷ. 1, саҳ. 175

[11]. Сунани абӯ довуд,  ҷ. 2

[12]. Сураи Аҳзоб ояти  59

[13]. Тафсири Алӣ ибни Иброҳими, ҷ. 2, саҳ. 196

[14]. Маҷмаъул баён фи тафсирил Қуръон, Табарсӣ, Абу Алӣ Фазл ибни Ҳасан, ҷ. 4, саҳ. 370

[15].  Сураи Аҳзоб, ояти 53

[16]. Ҳарими ифоф, Ҳусениён, Руҳуллоҳ саҳ. 64

[17]. http://www.porosojoo.com/fa/bank/41650.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...

Тарҷумаи СУРАИ НИСО

СУРАИ НИСО Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 176 оят дорад.   Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Зоте, ки...