Нақши ҳазрати Зайнаб(рз) дар наҳзати Карбало

Сулаймони Лутфуллоҳзода[1]

Муқаддима:

Бешак таърихи Ислом пур аз қаҳрамониҳои заноне аст, ки нақши муҳимме дар ҳаводиси сарнавиштсоз доштаанд. То ҷое забонзад гашта, ки ба унвони улгӯ ва сармашқи дигарон аз онҳо ёд мешавад. Баёни нақши онҳо дар канори моҳияти ҳаводисе, ки ин занон дар онҳо қаҳрамонӣ кардаанд, беҳтарин равиши муаррифии улгӯ ва шохис ҷиҳати ҳаёти тайиба барои занони мусулмон баъд аз ин ки солҳо аз қуруни аввалияи Ислом фосила гирифтаанд, мебошад.

Ҳазрат Зайнаб(рз) аз ҷумлаи ҳамин занон аст, ки нақши муҳимме дар ҳодисаи ғамангези Карбало дошт. Ба баёни нақшҳои он бонӯ дар Карбало дар ин мақола ба унвони усваи ҳасана, баъди аз зикри мухтасаре аз ҳаёт ва вижагиҳои шахсиятии ӯ, пардохта хоҳад шуд.

Нигоҳе ба зиндагонӣ ва хусусиёти ҳазрати Зайнаб(рз)

Ҳазрати Зайнаб(рз) духтари ҳазрати Алӣ(а) аз ҳазрати Заҳро(а) дар замони Расули Акрам(с) ба соли шашуми ҳиҷрӣ мутавваллид шуд. Паёмбар(с) дар он ҳангом аз фавти духтари худ Зайнаб хеле нороҳат буд, ки Зайнаб духти Алӣ(а) ба дунё омад. Гӯянд Паёмбар(с) дар кудакӣ ҳаводисеро, ки барои Зайнаб(рз) дар Карбало бояд пеш меомад, бозгӯ карда буд. Ӯ панҷ сол Паёмбар(с)-ро дакр кард ва баъди вафоти он Ҳазрат (с) модари худро аз даст дод, ки ин ҳаводис ӯро хеле нороҳат сохта буд.[2] Ӯ дар сини  12 ё 13–солагӣ (соли 18 ё 19 ҳ.қ.) бо Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр издивоҷ кард. Дар 34–солагӣ (40 ҳ.қ.) шоҳиди шаҳодати падари бузургвораш буд. Сипас соли 49 ҳ.қ. шоҳиди шаҳодати бародари бузургаш имом Ҳасан(а) гашт. Дар 55–солагӣ (61 ҳ.қ.) дар Карбало ҳузур ёфт ва шоҳиди шаҳодати имом Ҳусайн(а) ва фарзандон ва ёронаш буд. Дар ниҳоят соли 62 ҳ.қ. ба ҷавори ҳақ шитофт[3]. Фарзандони ӯ ба номҳои Алӣ, Авни Акбар, Аббос, Муҳаммад ва Умми Кулсум буданд[4]

Ҳазрати Зайнаб (рз) зани оқил ва бахшанда буд ва суханони ӯ дар баробари Язид ҳангоми хостгории хоҳараш тавассути Язид барои як марди шомӣ, далолат ба ақл ва қуввати қалбии ӯ мекунад[5]. Ҳамчунин вай, чунончи хоҳад омад, шоира, шуҷоъ, басир, исоргар, олим ва дорои сифоти дигар буд[6].

Нақши ҳазрати Зайнаб (рз) дар ҳодисаи Ошӯро

  1. 1.   Ҳузур дар саҳнаи Ошӯро

Бешак шинохти ҳақиқат дар фазои олӯда хеле душвор мегардад ва дар он ҳангом танҳо басират корсоз аст. Шинохти воқеият ва ҳаракат бар асоси он аз тарафи афроди огоҳ ва бошахсият, таъсири муҳимме дар ошкор шудан ҳақиқат дорад. Ҳодисаи Ошӯро низ яке аз саҳнаҳое аст, ки гурӯҳҳои зиёде ба дунболи ботил буданд ва ҷуз Имом(рз) ва фаразандон ва иддае аз ёронаш касе дунбол ҳақ набуд ва дар миёни мухолифони Имом(а) афроди фиребхурда кам ба чашм намерасид. Ҳазрати Зайнаб(рз) бо ҳузур дар саҳнаи Карбало,[7] бо он вижагиҳои зикршуда ҳақ будани қиём Имомро ғайримустақим ба мардум нишон дод.

  1. 2.   Фидокорӣ

Яке аз муҳимтарин нақшҳои ҳазрати Зайнаб дар саҳнаи Карбало фадокорӣ ва азхудгузаштагӣ дар дифоъ аз ормонҳо ва арзишҳои қиём буд. Ҳазрати Имом Зайналобидин (а) яке аз афроде буд, ки бақои ӯ нақши муҳимме дар расондани паёми Ошӯро дошт. Лизо вақте Ибни Зиёд тасмим ба қатли он Ҳазрат(а) мегирад Ҳазрат Зайнаб (рз) мефармоянд: Туро он чи аз хуни мо рехтӣ бас аст. Ба Худо, аз ту мехоҳам, ки агар ӯро бикушӣ маро ҳам ҳамроҳаш бикуш. Ибни Зиёд баъди ин сухан аз тасмими худ даст мекашад[8]. Ё мегӯянд вақте Ибни Зиёд амр кард, ки Имом Зайналобидин(а)-ро бикушанд, ҳазрати Зайнаб (рз) худро ба руй Имом афканд то аз қатл ҷилвагирӣ кунад, сипас ӯ мунсариф гашт[9]. Шояд агар ин исор набуд Ибни Зиёд тасмимашро амалӣ мекард.

  1. 3.   Парастории ниёзмандон

Яке аз нақшҳои ҳазрати Зайнаб (рз) парасторӣ аз кӯдакон ва ниёзмандон буд, ки дар он саҳна нақши муҳим барои оромиш ба шумор мерафт. Масалан вақте хаймаи Имом Ҳусайн (а)-ро душманон иҳота карданд ва касе ҳамроҳи ӯ набуд, кӯдаке аз хайма берун шуд ва ба гушҳояш дур овезон буд. Омада буд, то аз амӯяш дифоъ кунад. Ҳазрати Зайнаб(рз) ба хотири ҷилавгирии ӯ беруни хайма  омад вале марде монеи ӯ шуд ва кӯдакро зад[10] ё вақте Имом Саҷҷод(а)-ро дар канори ҷасади падараш дид, гуфт: Эй ёдгори ҷаду падару бародарам, чӣ шуда чаро худатро ҳалок мекунӣ?[11] Яъне Ҳазрат (рз) бо вуҷуди ғаму андӯҳи зиёде, ки дошт ниёзмандонро кӯмак мекард.

4. Талош ҷиҳатиҷилавгирӣазшаҳодати бародар

Яке аз нақшҳои ҳазрати Зайнаб (рз) кӯшиш ҷиҳати пешгирӣ аз қатли имом Ҳусайн (а) аст. Гарчи талоши ӯ дар амал бесамар буд, вале ӯ мухолифати худро, дар ҳаде, ки ба он муваззаф буд, яъне мухолифати лафзӣ на низомӣ, анҷом дод. Масалан вақте Имом (а) руй замин афтода буд ва лашкариёни Ибни Саъд барои куштан атрофи вай ҳалқа зада буданд, Ҳазрат Зайнаб (рз) фармуданд: Оё Абуабдуллоҳ кушта мешавад ва ту тамошо мекунӣ?[12] Яъне ӯ бо тарҳи ин суол мехост ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шаҳодати Имом (а) душманро ба тафаккур андозад.

5. Ашк рехтан барои шуҳадо

Таҳрики эҳсосоти ҷангҷӯёни лашкари Имом(а) ҷиҳат муҷоҳидати бештар ва низ ба тафаккур водоштан ва таҳрики эҳсосоти мухолифон ҷиҳати баргаштан аз роҳи худ ва пушаймонӣ, яке аз муҳимтарин нақшҳое буд, ки як зан дар саҳнаи Ошӯро метавонист анҷом диҳад. Ҳазрати Зайнаб (рз) ин вазифаро ба хубӣ анҷом дод. Масалан вақте Алии Акбар (рз) кушта шуд, Ҳазрат (рз) гирякунон мегуфтанд; Эй бародарам! Эй фарзанди бародарам! Ӯ худро ба руй Алии Акбар (рз) ҷиҳати нигаҳдорӣ меафканд дар ҳоле ки вай ба замин уфтода буд[13]. Ё вақте аз канори шуҳадои Карбало мегузаранд ба сурати шеър мефармоянд: Во Муҳаммадо!  Ба ту малоикаи осмон дуруд фиристад. Ин Ҳусайн аст бо хун оғӯшта, бо аъзои қитъа-қитъа. Ин духтарони ту ҳастанд, ки асиранд, фарзандони ту кушта шуданд ва бод ба онҳо мевазад, ба тавре, ки дӯсту душман гиря мекунанд[14]. Ё баъди шаҳодати Имом (а) низ ҷиҳати ба тафаккур водоштани язидиён дар маҷлиси Ибни Зиёд вақте сари муқаддаси Имомро оварданд онро бӯсид ва дар домани хеш гузошт ва гуфт: Во Ҳусайно! Ман ҳаргиз фаромуш намекунам ва нахоҳам кард, ки лашкари куфр бо Ҳусайн (а) бо найзаҳо чӣ карданд ва аз ёд намебарам, ки ҷанозаашро дар Карбало рӯи хок раҳо карда дафн нанамуданд. Ӯро ташна куштанд. Худованд ҳеҷ вақт Карбалоро сероб накунад.[15]

Аз ин намунаҳо дар таърих зиёд аст, ки нишони он дорад, ки Ҳазрат (рз) талоши худро ҷиҳати ба тафаккур водоштани лашкари душман анҷом доданд.

6. Сарпарастии корвони бозмондагон

Аз нақшҳои дигар ҳазрати Зайнаб (рз) сарпарастии корвони асирон ва бозмондагон буд, зеро ягона мард Имом Зайналобидин буд, ки мариз буд. Суханронии ӯ ҳангоми вуруд ба Кӯфа, суханронӣ дар дорулимораи Кӯфа ва суханронӣ дар ҷамъи язидиён,[16] нишон аз сарпарастии ӯ дорад.  Албатта роҳбарии ин шерзан аз он ҷо ки дигар занон низ вуҷуд доштанд, нишон аз бартарии ӯ дорад.

7. Ҳифзи арзишҳо

Яке аз муҳимтарин нақшҳои ҳазрати Зайнаб (рз) ҳифзи арзишҳои исломӣ монанди пушиши исломӣ буд. Бо вуҷуди он ки саҳнаи Карбало саҳнаи ҳавлноке буд, вале Ҳазрат ҳадафи қиёмро, ки эҳёи арзишҳо буд, фаромӯш накард. Ба унвони мисол вақте ба кохи Ибни Зиёд ворид мешавад, либоси бебаҳо бар тан дошта бо ҷеҳраи ношинос гӯшае менишинад ва гирди ӯ канизонаш ҳалқа заданд[17]. Яъне Ҳазрат (рз) дар чунин фазо ҳаёи худро ҳифз карда, заминаи аъмоли палиди амсоли Ибни Зиёдро аз байн мебарад.

8. Баёну шарҳи қиём

Яке азнақшҳое, ки ҳазрати Зайнаб (рз) пиромуни ҳодисаи Ошӯро албатта баъди шаҳодати Имом доштанд шарҳ додани моҳияти қиём ва масоили мухталифи пиромуни он буд.

Вақте Язид ба ӯ мегӯяд падар ва бародарат аз дин хориҷ шуданд, ӯ ҷавоб медиҳад: Ту бо падару бобоят ба дини падар, бародар ва бобоям ҳидоят шудед. Ту подшоҳи мусаллат ҳастӣ, аз рӯи зулму ситам дашном медиҳӣ ва бо подшоҳии худ чира шудаӣ[18], яъне ҳукумати ту машруъ нест ва қиём кардан бар зидди ту ҷоиз аст.

 Ё вақте Ибни Зиёд ба ӯ гӯё аз бутлони машруияти қиёмашон мегӯяд: Ҳамд Худоеро, ки шуморо хор ва бидъататонро такзиб кард ва шуморо кушт. Ҳазрати Зайнаб (рз) мефармоянд: Ҳамд Худоеро, ки моро тавассути Муҳаммад (с) каромат бахшид. Моро пок гардонд. Ҳамоно фосиқ хор ва фоҷир такзиб мешавад. Сипас Ибни Зиёд мегӯяд пас чӣ гуна дидӣ он чи Худованд ба аҳли байтат раво дид? Ҳазрат (рз) мефармоянд: Марг бар онҳо муайян шуда буд, ба сӯи оромгоҳҳояшон берун омаданд. Ба зудӣ Худованд ту ва онҳоро ҷамъ мекунад ва муҳоҷҷа ва мухосима мекунед. Сипас Ибни Зиёд нороҳат шуд ва бар ӯ ғазаб кард[19].

Ҳазрат (рз) дар ин баён нисбат доштани худ ба Паёмбар (с), покӣ ва дурӣ аз фисқу фуҷур, ҳатмияти марг ва ҳақонияти он назди Худоро аз муҳимтарин вижагиҳои моҳияти қиёми Имом (а) муаррифӣ мекунанд.

Ёсин


[1]. Донишпажӯҳи улуми сиёсӣ

[2]. Бинтушшотӣ, Оиша бинти Абдурраҳмон, Ассайидату Зайнаб, Дорул кутубил арабӣ, Байрут, саҳ.23 ва 30.

[3]. Оқотеҳронӣ, Муртазо, Ёрони шайдои Ҳусайн (а), Боқиёт, саҳ.350.

[4]. Табақотул кубро, Ибни Саъд, ҷ.8, саҳ.465.

[5]. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Алисоба фи тамйизис саҳоба, Дорул ҷабал, Байрут, ҷ.7, саҳ.684.

[6]. Ин хусусиёт аз ончи пиромуни нақши ӯ дар Ошӯро зикр мешавад, ба даст меоянд.

[7]. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Алисоба фи тамйизис саҳоба, ҷ.7, саҳ.684; Ибни Асир, Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Абдулкарим, Усдулғоба, ҷ.3, саҳ.360; Ибни Асокир, Абулқосим Алӣ ибни Ҳасан ибни Ҳибатуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Таърихи мадинаи Димишқ, Дорул фикр, ҷ.69, саҳ.178 ва дигарон…

[8]. Ибни Асокир, Таърихи мадинаи Димишқ, ҷ.41, саҳ.367; Ибни Саъд,  Муҳаммад ибни Саъд ибни Муниъ, Табақотул кубро, Дорус содир, Байрут, ҷ.5, саҳ.212.

[9]. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таҳзибут таҳзиб, Дорул маорифи низомия,Ҳинд, ҷ.8, саҳ.228.

[10]. Ибни Касир, Исмоил ибни Умар ибни Касир, Албидояту ван ниҳоя, Мактабатул маориф, Байрут, ҷ.8, саҳ.187.

[11]. Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор, муассисаи Алвафо, Байрут, ҷ.28, саҳ.57.

[12]. Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, Дорул кутубул илмия, Байрут, ҷ.3, саҳ.334.

[13]. Ибни Касир, Исмоил ибни  Касир, ал-Бидояту ван ниҳоя,, ҷ.8, саҳ.201.

[14]. Ибни Касир, Исмоил ибни  Касир, ал-Бидояту ван ниҳоя,, ҷ.8, саҳ.193.

[15]. Алӣ ибни Ноиф, Машоҳирун нисоил муслимот, саҳ.179.

[16]. Бинтушшотӣ, Оиша бинти Абдурраҳмон, Ассайидату Зайнаб, саҳ.132–141.

[17]. Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, ҷ.3 саҳ.336.

[18]. Бинтушшотӣ, Оиша бинти Абдурраҳмон, Ассайидату Зайнаб, саҳ.140–141.

[19]. Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, ҷ.3 саҳ.336– 337.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...