Муҳкам ва муташобеҳ чист ва чӣ фарқе доранд?

A1083081

A1083081Муҳкам ва муташобеҳ чист ва чӣ фарқе доранд?

Муҳкам, яъне дорои истеҳком ва итқон. Муҳкам ба ин маъно дар форсӣ ҳам ба кор меравад монанди сохтмони муҳкам. Ба ин маъно, ҳамаи оятҳои Қуръон муҳкам ҳастанд.Худованд мефармояд: Ин китобе аст, ки оятҳояш истеҳком ёфта, сипас ташреҳ шуд ва аз назди Худованди Ҳаким ва огоҳ (нозил шуда) аст.[1]

Муташобеҳ, яъне мушобеҳ, шабеҳ ва ҳамонанди якдигар монанди ин гулҳо мушобеҳи ҳамдигаранд. Муташобеҳ ба ин маъно низ дар бораи ҳамаи оятҳои Қуръон ба кор меравад, ки дар хубӣ ва зебоӣ монанди якдигар мебошанд.

Чунонки Худованд мефармояд:

Худованд беҳтарин суханро нозил кардааст.Китобе, ки оятҳояш (дар лутф ва зебоӣ ва умқ ва муҳтаво) ҳамонанди якдигар аст, оятҳои мукаррар дорад, ки аз шунидани оятҳояш ларза дар андоми афроди худотарс меафтад…[2]

То кунун маънои аввалии муҳкам ва муташобеҳро ёд гирифтед, инак ба дувумин маънои муҳкам ва муташобеҳ таваҷҷӯҳ кунед.

Ояти ҳафти сураи Оли Имрон дар бораи муҳкам ва муташобеҳ сухан гуфтааст. Ибтидо тарҷумаи бахшҳое аз ин оятро бо ҳам мехонем.

Ӯ (Худо) касе аст, ки китоби (Қуръон)-ро бар ту нозил кардааст, ки қисмате аз он оятҳо муҳкам (сариҳ ва равшан) аст, ки асоси ин китоб мебошад ва қисмате аз он оятҳо муташобеҳ аст…

Бо таваҷҷӯҳ ба тарҷумаи ин оят мефаҳмем, ки оятҳои Қуръон ду дастаанд; оятҳои муҳкам ва оятҳои муташобеҳ. Мақсад аз муҳкам дар ин оят, оятҳое аст, ки далолати онҳо возеҳ ва равшан аст ва ба роҳатӣ маъно ва тафсири онҳо фаҳмида мешавад, монандиالحمد لله ربّ العالمينСитоиш махсуси Худованде аст, ки Парвардигори оламиён аст.

Мақсад аз муташобеҳ оятҳое аст, ки ба хотири амиқ будани матолиби он ва ҷиҳоти дигар, далолати онҳо возеҳ ва равшан нест, балки бояд бо таваҷҷӯҳ ба ояти муҳкам, он оятро тафсир кард. Равшан аст, ки тафсир ва тавзеҳи оятҳои муташобеҳ, бояд ба василаи Паёмбар (с), пешвоёни дин ё донишмандони ростин, ки ба Қуръон ва аҳкоми динӣ огоҳии комил доранд анҷом шавад.

 


[1]. Ҳуд, ояти 1.

[2]. Зумар, ояти 23.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.