Дуои фарзанд дар ҳаққи падару модар

بسم الله الرحمن الرحیم

«رَبِّ ارْحَمْهُما كَما رَبَّيانِي صَغِيرًا»[1]

Раббирҳамҳумо камо раббаёнӣ сағиро

Парвардигоро! Бар он ду (падару модар) раҳмат овар, ҳамонгуна ки маро дар кӯдакӣ тарбият карданд.

Ҳамеша пару боли лутфу хузӯъ

Бигустар ба даргоҳашон бо хушӯъ

Бикун рӯи худро ба Парвардигор

Бигӯ ин суханро ту бо Кирдигор

Ҳамон сон, ки онҳо дари лутфу ноз

Зи хурдӣ ба рӯям намуданд боз

Ту дар ҳаққи онҳо тараҳҳум намо

Бикун меҳрабонӣ бар эшон раво

Паёмҳо

  1. Фарзанд бояд нисбат ба падару модар ҳам мутавозеъ бошад ва ҳам барояшон аз Худованд раҳмат бихоҳад.
  2. Дуои фарзанд дар ҳаққи падару модар мустаҷоб аст, вагарна Худованд ба дуо дастур намедод.
  3. Дуо ба падару модар фармони Худо ва нишонаи шукргузорӣ аз онон аст.
  4. Дар дуо аз гуфтани “рабб” ғофил нашавем.
  5. Раҳмати илоҳӣ ҷуброни заҳамоти тарбияти падар ва модар аст. Гуё Худованд ба фарзанд мегӯяд: Ту раҳмти худро дареғ мадор ва аз Худо низ кӯмак бихоҳ, ки адои ҳаққи онон аз тавони ту берун аст.
  6. Гузаштаи худ, талхиҳо ва мушкилоти даврони кӯдакӣ ва хурдсолиро, ки бар волидайн таҳмил шудааст аз ёд набарем.
  7. Падару модар бояд фарзандонро бар асоси муҳаббат тарбият кунанд.
  8. Инсон бояд аз мураббиёни худ ташаккур ва қадрдонӣ кунад.

بسم الله الرحمن الرحیم

«رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ»[2]

Рабби авзиъни ан ашкура неъматакал лати анъамта алайя ва ало волидайя ва ан аъмала солиҳан тарзоҳу ва аслиҳ ли фи зуррийяти инни тубту илайка ва инни минал муслимин  

Парвардигоро! Маро тавфиқ деҳ, то неъматеро, ки бар ман ва бар волидайни ман лутф кардӣ шукргузорӣ кунам ва амали шоистае анҷом диҳам, ки ту онро биписандӣ ва фарзандонамро барои ман шоиста гардонӣ. Ҳамоно ман ба сӯи ту боз мегардам ва аз муслимин ва таслимшудагонам.

Пас онгаҳ сазад гӯяд ӯ бар Худо

Худоё ба ман неъмате кун ато

Ки бар хони неъмат, ки бикшодаӣ

Ману волидайни маро додаӣ

Шавам шокиру шукр гӯям мудом

Ба ҳамдат кушоям забон субҳу шом

Маро кун муваффақ ба кори гарон

Ки хушнудии туст дар он ниҳон

Худат фоли манро накӯкор соз

Ки бар ту маро ҳаст рӯи ниёз

Ки таслим гаштам ба оини ту

Мусулмон шудам дини ман дини ту

Паёмҳо

  1. Шукри илоҳӣ ба кӯмак ва тавфиқи Худованд ниёз дорад.
  2. Бахше аз неъматҳои инсон аз тариқи волидайн ва ниёкон аст.
  3. Ташаккури фарзанд аз неъматҳое, ки Худованд ба волидайни ӯ дода навъе эҳсон ба волидайн аст.
  4. Беҳтарин роҳи ташаккур аз неъматҳои Худованд кори нек кардан аст.
  5. Амали солеҳе арзишманд аст, ки холисона буда ва мавриди қабул ва ризои Худо қарор гирад.
  6. Насли солеҳ ифтихори волидайн аст.
  7. Беҳтарин дуо он аст, ки инсон ҳам ба волидайн ва ҳам ба фарзандон таваҷҷӯҳ дошта бошад.
  8. Дар баробари носипосиҳое, ки нисбат ба Худо ва волидайн доштаем тавба ва ҷуброн кунем.
  9. Мусулмон будан ва мусулмон мурдан аз дуои покон ва солеҳон аст.

 


[1]. Сураи Исро, ояти 24

[2]. Сураи Аҳқоф, ояти 15

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.