Мудоро ва мардумдорӣ дар сираи Набавӣ(с) 1

Дар китобҳои таърихӣ бо гузоришҳое аз рафторҳои иҷтимоии Пайғамбари Ислом(салому дуруди Худо бар ӯ ва олу асҳобаш) рӯ ба рӯ мешавем, ки намунаи комили як инсони ахлоқиро тарсим менамоянд. Гӯшае аз он гузоришот:

Расули гиромии Ислом(с) дорои хулқу хӯи зебо ва муомилаву муоширати некӯ буданд. Бо ҳар касе рӯ ба рӯ мешуданд, салом мекарданд, хоҳ тавонгар буду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон. Хушсухану хушчеҳра буданд ва бе ин ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бе ин ки чеҳраашро қаҳролуд ва хашмгин кунанд, андӯҳгин ба назар мерасиданд. Бе ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора мутавозеу хоксор буданд. Нармдил ва ба ҳамаи мусулмонон меҳрубон буданд. Чизе аз он ҳазрат дархост нашуд, ки ҷавоби рад диҳанд. Ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад накарданд. Агар барои ҳазрат мумкин буд, ҳоҷати дархосткунандаро бароварда мекарданд, вагарна бо забони нарму ширин ӯро розӣ менамуданд.

Расули Худо(с) агар се рӯз яке аз асҳоби худро намедиданд аз ҳоли вай ҷӯё мешуданд. Агар дар сафар буд дар ҳаққаш дуо мекарданд ва агар дар хона буд ба дидораш мерафтанд ва агар мариз буд ба аёдаташ мешитофтанд. Агар марде ворид мешуду дар хидмати он ҷаноб менишаст, ҳаргиз ҳазрат он маҷлисро тарк намекарданд, то вақте ки худи он шахс бармехост ва маҷлисро тарк мекард. Агар касе ба ҳузурашон мерасид, ӯро иззату икром мекарданд ва барои ӯ зерандоз паҳн мекарданд ва ё ӯро бар ҷои худ менишонданд.

Нигоҳашон ба дигарон кӯтоҳ буд ва ба чеҳраи ҳеҷ кас нигоҳи тунд намеандохтанд. Хашму ғазабашон фақат барои Худо буд ва ҳаргиз барои хештан ғазаб намекарданд. Дар ҳолати хашму ризоят фақат ҳаққу ҳақиқатро мегуфтанд.

Чи хуб буд агар ҳар инсоне аз он ҳазрат пайравӣ мекард.

Мудоро дар сираи Пайғамбар(с)

Яке аз сираи ахлоқӣ ва иҷтимоии Расули Худо(с) масъалаи “мудоро”, “мардумдорӣ” ва “таҳаммули дигарон” аст. Он ҳазрат дар ривоёти зиёде ба ин масъала таъкид кардаанд, ки ба чанд намуна аз онҳо ишора мешавад:

“Ба мудорою мардумдорӣ фармон дода шудам, ҳамон тавре ки ба намози фариза фармон дода шудаам”.[2]

“Сарманшаи ақл баъд аз имон ба Худо, мудоро кардан бо мардум аст”.[3]

“Мудоро бо мардум, садақа аст”.[4]

“Ҳар кас соҳиби ақле бошад, ки бо мардум мудоро кунад, тандуруст мемонад”.[5]

Дар ривояти дигаре аз он ҳазрат мехонем: “Мусулмоне, ки бо мардум муошират дорад ва бар озори онон сабру таҳаммул мекунад, беҳтар аст аз касе, ки бо мардум муошират надорад ва дар натиҷа, озори ононро таҳаммул намекунад”. [6]

Дар воқеъ мудорою мардумдорӣ ва таҳаммули дигарон яке аз қонунҳои муҳим дар беҳбуд ва рушди равобити инсонӣ дар ҷомеа аст. Ин қоида, дар ҳар ҳол ва ба таври умумӣ эҷоди равобити мутаодилро осонтар мекунад.

Он ҳазрат на танҳо дар гуфтор, балки бештар дар кирдору рафторҳои худ нишон додаанд, ки чигуна бояд бо мардум муошират ва бархӯрду мудоро намуд. Дар зер намунае аз онро пешкаши шумо менамоем.

идома дорад.

[2] Аҷалунӣ, Кашфулхифоъ, саҳ. 457

[3] Ибни Абиддунё, Мудоротуннос, саҳ. 22

[4] Ҳамон, саҳ. 23

[5] Ҳамон, саҳ. 25

[6] Ҳамон, саҳ. 22

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,