Мафҳумшиносии улуми қуръонӣ ва сайри таърихии он

5 6 1

Улуми қуръонӣ

5 6 1

Улумул қуръон, таркибе аст аз ду вожаи улум ва Қуръон ба маънои донишҳои марбут ба Қуръони Карим.

Истилоҳан ба маҷмӯае аз улум ва маобҳиси муқаддамотӣ итлоқ мешвад, ки барои шинохти Қуръон ва огоҳ шудан аз шууни мухталифи он фаро гирифта мешвад.

Пас, мақсуд аз улуми қуръонӣ, ҳамаи маорифе аст, ки аз як синх ва дар хидмати фаҳми беҳтари Қуръон қарор мегирад ва ё муртабит бо Қуръон аст ва чун Қуръон ҷанбаҳои мутааддиде дорад, талош барои фаҳми ҳар як аз онҳо аз оғоз то кунун, сабаби пайдоиши улуми гуногуне назири илми асбоби нузул, илми қироат, илми таҷвид, илми носих ва мансух ва таърихи ҷамъ ва тадвини Қуръон шудааст.

Аз сӯи дигар, ба лиҳози он ки ҳамаи ин улум, як ҳайсиятро, ки ҳамон Қуръон бошад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор додаанд, ба маҷмӯаи онҳо “улумул Қуръон” итлоқ шудааст.

Ин унвон, имрӯза алам барои ин илм аст ва бар асоси ин талаққи аз улуми қуръонӣ наметавон мабоҳиси онро дар ановини муайян ва собит маҳдуд кард. Пас ин илм дар мақоми муаррифии шууни мухталифи Қуръон ҳамонанди шиносномаи умуман нигоҳе аз берун ба Қуръон дорад на аз дарун; бар хилофи илми тафсир ва маорифи қуръонӣ, ки мустақиман ба муҳтаво ва фаҳм ва муроди Худованди Мутаол аз оёти Қуръони Карим мепардозад.

Зарқонӣ дар таърифи улуми Қуръон чунин оварда аст:

«انه مباحث تتعلق بالقرآن الکریم من ناحیة نزوله، و ترتیبه و جمعه و کتابه و قرائته و تفسیره، و اعجازه و ناسخه و منسوخه، و دفع الشبه عنه، و نحو ذلک».[1]

Улуми қуръонӣ, мабоҳисе аст марбут ба Қуръон ба лиҳози нузули Қуръон, тартиб, ҷамъ, китобат, қироат, тафсир, эъҷоз, носиху мансух, посух ба ишколот ва назоири инҳо.

Пешинаи улуми қуръонӣ

Бе тардид нахустин маҳфилҳои илмии мусалмонон ҳамон “Дорул қироат” буд, ки мусалмонони асри Паёмбар (с) бо иштиёқи имонӣ дар он гирд меомаданд ва оёти нав фурӯд омадаи Қуръонро мукаррар қироат мекарданд ва маонии онҳоро меомӯхтанд. Ин маъҳади илмӣ-имонӣ бо ҳузур ва ишрофи Паёмбари акрам (с) ташкил ва истимрор ёфт ва илова бар оммаи мусалмонон, ки оини эътиқодӣ ва рафтории хешро аз хилоли он фаро мегирифтанд, теъдоде аз саҳобиён ва ёрони Паёмбар (с) низ буданд, ки дар ин арса аз эҳтимом ва тавфиқоти хоссе бархурдор буданд ва дар қироати Қуръон ва баҳрамандӣ аз ифозоти қуръонӣ ва тафсири Паёмбари Худо (с) ҷойгоҳи мумтозе доштанд. Ин гурӯҳ ҳамон касоне буданд, ки пас аз риҳлати он ҳазрат қироат ва тафсирро истимрор бахшиданд, ки натиҷаи он шаклгирии мадориси тафсирӣ дар нуқоти мухталифи кишвари паҳновари исломӣ гардид.[2]

Улуми Қуръон аз ҳамон садри Ислом зойиш ёфт ва масоили марбут ба қироат ва тафсир, луғатшиносӣ ва эъроб, носиху мансух ва муҳкаму муташобеҳ… як-як по дар арсаи фарҳанги динӣ-қуръонии мусалмонон ниҳод. Онгоҳ ба мурури замон маҷмӯае аз ин донишҳо таҳти унвони “улуми қуръонӣ” дар авохири қарни саввум то авоили қарни панҷум аз тафсир ҷудо ва ба сурати мустақил шакл гирифт.[3]

Албата истилоҳи роиҷи “улуми қуръонӣ” бо ончи дар садаҳои нахустин мусталаҳ буд, мутафовит аст. Улуми қуръонӣ, дар гузашта бар мабоҳиси тафсирии Қуръон низ итлоқ мешуд. Дар воқеъ, илми тафсир, илме аз улуми қуръонӣ будааст; ҳамонанди илми эъҷози Қуръон, илми таърихи Қуръон, илми носиху мансух ва … , аммо ба тадриҷ касрат ва танавуи мабоҳис, сабаб шуд миёни мабҳаси улуми қуръонӣ ва илми тафсир навъе марзбандӣ ба вуҷуд ояд.[4]

Зарқонӣ мегӯяд:

Миёни нависандагони фани улуми қуръонӣ маъруф аст, ки нахустин замони зуҳури ин истилоҳ, қарни ҳафтум аст, вале дар Дорул кутубил мисрия ба китобе аз Алӣ ибни Иброҳим ибни Саид, машҳур ба Ҳуфӣ (м.430 қ.) бархурдам ба номи Ал бурҳон фи улумил қуръон дар си муҷаллад, ки понздаҳ муҷаллади он феълан мавҷуд аст. Бинбар ин мо метавонем таърихи ин фанро оғози қарни панҷум бидонем.[5] Вай пас аз бахше дар таъричаи улуми қуръонӣ чунин натиҷагирӣ мекунад, ки улуми қуръонӣ, ба сурати як фан, аз поёни қарни чорум, ба дасти Иброҳим ибни Саъиди Ҳуфӣ ба вуҷуд оамд ва дар қарни шашум ва ҳафтуми ҳиҷрӣ дар домони Ибни Ҷавзӣ (м.597 қ.) ва Саховӣ (м.641 қ.) ва Абушома (м.665 қ.) парвариш ёфт. Дар қарни ҳаштум ба ҳимати Заркашӣ ва дар қарни нуҳум бо талоши Кофиҷӣ ва Ҷалолиддини Балқини ба камоли хеш расид. Онгоҳ дар поёни қарни нуҳум ва оғози қарни даҳум, Суютӣ таксавори ин майдон, онро ба ҷунбиш ва эҳтизоз даровард.[6]

Тадвини ҷомеи анвои улуми қуръонӣ, аз қарни ҳаштум бо таълифи китоби Ал- бурҳон фи улумил қуръон асари Абуабдуллоҳи Заркашӣ оғоз шуд. Ҷомеияти китоби вай дар заминаи анвои улуми қуръонӣ, то он замон бесобиқа буд; ба гунае ки Суютӣ зимни интиқод аз пешиниёни худ дар тадвин накардани китоби ҷомеъ дар бораи анвои улуми қуръонӣ, пас аз мутолиаи Ал- бурҳон, изҳори сурур ва шодмонӣ карда, худ низ барои таълифи китоби Мабсут дар ин бора мусаммам мегардад.[7]

Китоби Ал- итқон фи улумил қуръон, навиштаи Ҷалолиддини Суютӣ (м. 911 қ.), аз ҷумла муҳимтарин манобеи улуми қуръонӣ аст. Яке аз манобеи муҳими Суюти дар ин асар, китоби Ал бурҳон будааст.

Пас аз Ал- итқон, рушду боландагии нигориш ва тадвини улуми қуръонӣ то муддатҳо мутавақиф шуд. Бештар нигоришҳои улуми қуръонӣ, танҳо дар заминаҳои хос сурат гирифт ва аз шиддати оҳанги гароиш ба улуми қуръонӣ коста шуд.

Хушбахтона дар қарни ахир, бисёре аз донишмандон дар заминаҳои мухталифи улуми қуръонӣ, таълифоти гаронсанге арза кардаанд, ки ба баъзе аз онҳо ишора мешвад:

Китоби “Маноҳилул ирфон фи улумил қуръон” навиштаи Муҳаммад Абдулазим Зарқонӣ, мувассаътарин китоб дар улуми қуръонӣ дар асри охир аст ва маҷлиси аълои “Ал -азҳар” Миср ин китобро барои тадрис дар донишгоҳҳои “Ал- азҳар” муқарар намудааст.

Китоби “Ат- тамҳид фи улумил қуръон” низ аз ҷавомеи илмӣ дар улуми қуръон, ки дастоварди солиёни бисёр мумтади муҳақиқи арҷманд аллома устод Муҳаммадҳодӣ Маърифат дар асри ҳозир аст, ки дар мавзӯоти муҳими улуми қуръонӣ дар даҳ муҷаллад ба чоп расидааст.

Бархе аз манобеи муосир дар ин мавзӯъ иборатанд аз: Мабоҳис фи улумил Қуръон, Субҳи Солеҳ; Торихул Қуръон, Абуабдуллоҳи Занҷонӣ; Ал муъҷизатул холида, Муҳаммад Абузуҳра; Ат- тибён фи улумил Қуръон, Муҳаммадалӣ Собунӣ; Ал- баён фи тафсирил Қуръон, Сайид Абулқосим Хуӣ; Муҷизу улумил қуръон, Довуд Ал- аттор; Торихи Қуръон, Муҳаммад Ромиёд; Улумул Қуръон, Оятуллоҳ Ҳаким; Пажӯҳише дар улуми Қуръон, Ҳабибуллоҳ Аҳмадӣ; Қуръоншиносӣ, Абдуллоҳ Аҳмадиён ва Улуми қуръонӣ, Аллома Маърифат.[8]

Ибни Надим дар китоби Ал- феҳрести хеш номи бисёре аз донишмандон ва кутуби ононро, ки то замони ӯ (қарни чорум) дар заминаҳои қуръонӣ вуҷуд дошт, зикр карда ки гӯёи касрати таълифот дар заминаҳои мухталиф аст ва мо танҳо ба зикри теъдоди он иктифо мекунем: тафсир: ҳудуди 45 китоб. Маонил Қуръон: беш аз 20 китоб. Луғотул Қуръон: 6 китоб. Қироот: беш аз 20 китоб. Ан- нуқат ваш шакл лил Қуръон: 6 китоб. Муташобиҳул Қуръон: 10 китоб. Носихул Қуръон ва мансухуҳу: 18 китоб.[9]


[1] . Зарқонӣ, Абдулазим, Маноҳилул ирфон фи улумил Қуръон, ҷ. 1, с.31.

[2] . Бар асоси манобеи таърихӣ дар садри Ислом панҷ мадрасаи тафсирӣ дар шаҳрҳои Макка, Мадина, Куфа, Басра ва Шом таъсис гардид, ки сарпарастии ҳар кадом аз онҳоро яке аз асҳоби бузургвори Паёмабри акрам (с) ба уҳда доштанд.

[3] . Румӣ, Фаҳд ибни Абдураҳмон, Диросотун фи улумил Қуръон, с.45; Субҳи Солеҳ, Мабоҳис фи улумил Қуръон, с.122; Маноҳилул ирфон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.39.

[4] . Имрӯза илми таҷвид низ ки пеш аз ин дар шумори улуми қуръонӣ буд, ба сурати илми мустақил матраҳ аст.

[5] . Маноҳилул ирфон фи улумил қуръон, ҷ.1, с.35.

[6] . Ҳамон, с.39, бархе аз муҳақиқон бар ин боваранд, ки китоби Ҳуфӣ, китоби улуми қуръонӣ ба маънои мусталаҳ нест, балки китоби тафсирӣ, бо диққат, назм ва тафкики матолиб аст. Р.к: Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ, Сайре дар нигоришҳои қуръонӣ, фаслномаи Байинот, ш.5, с.3.

[7] . Суютӣ, Ҷалолиддин, Ал итқон фи улумил қуръон, ҷ.1, с.7 ва 16.

[8] . Барои огоҳии бештар дар бораи китобҳо ва нависандагони фавқ р.к: Хурамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ. 1ва 2.

[9]. Ибни Надим, Абулфараҷ, Ал феҳрест, с.54-59.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...