Манъ аз шухӣ бо номаҳрам

Дар мавриди шухӣ ва мизоҳи зан бо номаҳрам дар ривояте аз Паёмабри Акрам(с) мехонем:

[1]«من فاکه امرأة لايملکها حبس بکل کلمة کلمها في الدنيا الف عامٍ»

Ҳар касе бо зане, ки мутааллиқ ба ӯ нест(маҳрам нест) шухӣ кунад, дар охират дар муқобили ҳар калимае, ки бо ӯ гуфтааст ҳазор сол дар банд кашида мешавад.”

[2]«روي عن ابي بصير قال: کنت أقري أمرأة القرآن بالکوفه فمازحتها بشي …» “Абӯбасир нақл кардааст, ки замоне дар Куфа будам ба яке аз бонувон дарси Қуръон медодам. Рӯзе ба муносибате бо ӯ шухӣ кардам. Муддате гузашт, то дар Мадина ҳузури Имоми Боқир(а) расидам. Он ҳазрат маро мавриди сарзаниш қарор доду фармуд: Касе, ки дар ҷои хилват гуноҳ кунад, назари Лутфи Худо аз ӯ бармегардад. Сипас фармуд: Ин чӣ сухане буд, ки ба он зан гуфтӣ !

Аз шиддати шарм, сар дар гиребон ва тавба кардам Имом Боқир(а) ба ман фармуд: Муроқиб бош, ки такрор накунӣ[3].

5- Манъ аз хилват бо номаҳрам(манъи аз будан бо зани бегона дар маконҳои бе рафтуомад)

Зану марди номаҳрам дар ҳар марҳилае аз сифоти ахлоқӣ ва ифоф ва покдомание, ки бошанд, дар танҳоӣ, сахт дар маърази васвасаҳои шайтонӣ қарор мегиранд. Хатари ин кор то андозаеаст, ки “Шайтон ба ҳазрати Мусо(а) гуфт: Эй Мусо бо зане, ки бар ту ҳалол нест, хилват макун, ки ҳар кас чунин кунад, ман худ барои гумроҳ кардан ва олуда сохтани ӯ ҳозир мешавам ва ин корро ба ёронам вогузор нахоҳам кард”[4] .

Паёмбар(с) фармуданд:

[5]«لايُخلّون رجلٌ بامرأةٍ الاَّ کانَ ثَالِثُهُمَا الشيطان»

“Зану марди номаҳрам бо ҳам хилват намекунанд, магар ин ки севвумини онҳо Шайтон аст.”

Ҳамчунин фармуд :

«اياک والخلوة بالنساء والذي نفسي بيده ما خلي رجل بامرئة الا دخل الشيطان بينهما و لان يزحم رجل خنزيرا متلطخاً بطين و حمئة خير له من ان يزحم منکبه امرئة لاتحل له[6

“Аз хилват кардан бо ҳар зани бегона бипарҳезед. Ба Худо қасам марде бо зани номаҳрам хилват накунад, ҷуз он ки Шайтон байни онҳо ворид шавад ва саранҷом он дуро гумроҳ созад, агар хуни олуда ба касофат ва лаҷанмол, ба инсон заҳмат расонад, беҳтар аст аз ин ки шонаи зани бегонае бо марде тамос пайдо кунад.”

Аҳаммияти масъала то ҳаддест, ки Паёмбар(с) дар зимни байъат бо занон мефармояд:

[7]«… علي النساء أن لايحتبين و لايقعدن مع الرجال في الخلا…»

“Аз занон паймон гирифт, ки дӯст надошта бошанд, дар хилват бо мардон биншинанд.”

6-Манъ аз ламси номаҳрам (ламс яъне расидани бадани номаҳрамон ба якдигар)

Ламси номаҳрам яке аз муҳаррамоти ҳатмӣ аст, ки тамомии уламо бар он фатво додаанд ва куллан онро ҳаром донистаанд. Дар миқдори он низ фарқе нест, расондани ҷои бисёр кӯчаке аз бадан монанди расондани сари ангуштон ё даст додан ва ё гардан ба гардан кардан, ҳамаи инҳо ҳаром ва гуноҳ ба ҳисоб меояд.

Паёмбари Акрам(с) дар ҳадиси маноҳӣ мефармоянд:

[8]«…و من التزم امرأةً حراماً قرن في سلسلةٍ من نار مع شيطان فيقذ فان في النار»

“Ва касе, ки бо номаҳраме муониқа(гардан ба гардан) кунад ва вайро ба сина бичаспонад, бо Шайтон дар занҷире аз оташ баста шуда ва дар оташи чаҳаннам партоб хоҳад шуд.”

Даст додан бо номаҳрам(бо даст салом кардан бо номаҳрам)

Дар баҳси гузашта ишора шуд, даст додан ба номаҳрам яке аз муҳаррамот мебошад. Расули Худо(с) мефармоянд:

[9]«وَ مَن صافَحَ اِمرَأةً تَحرُمُ عَلَيهِ فَقَد باءَ بِسَخَطٍ مِنَ الله عَزَّوجلَّ…»

Ҳар касе бо зане, ки маҳрами ӯ нест бо даст салом кунад ғазаби Ҳақ Таолоро барои худ харидааст.”

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

«لايحل للرجل ان يصافح المرئة الا امرأئةً يحرم عليه ان يتزوجها اخت أو بنت أو عمة أو خالة أو بنةُ اختٍ أو نحوها فاما المرئة الَّتي يحل له ان يتزوجها فلا يصافحها الا من وراء ثيابٍ و لا يغمر کفه[10]ا»

“Даст додани мард ба зан ҷоиз нест, магар занҳои маҳрам монанди: хоҳар, духтар, амма, хола, бародарзодаву хоҳарзода ва бо зане, ки метавонад бо ӯ издивоҷ кунад даст надиҳад, магар аз пушти либос ва дасти ӯро ламс накунад.”

Абӯбасир аз Имом Содиқ(а) савол кард:

[11]«هل يصافح الرجل المرئةَ لَيسَت بذاتِ محرم؟»

“Оё мард метавонад бо зани номаҳрам бо даст салом кунад? Имом(а) дар ҷавоб фармуданд: Ҷоиз нест, магар аз пушти ҷома. ” Фуқаҳо низ тасреҳ кардаанд, ки даст додан аз зери либос бо номаҳрам монеъи надорад. Баъзе аз уламои замона мефармоянд:

[12]«فلا يجوز للرجل مصافحتها نعم لابأس بها من وراء الثوب لکن لايغمز کفها احتياطاً»

“Бо даст салом кардан бо номаҳрам ҷоиз нест, лекин зери либос ишкол ва монеъе надорад, аммо эҳтиётан дастро фишор надиҳед.” Бинобар ин занон метавонанд аз зери порчае ва ё дасткаш бо мардон салом кунанд.

А. Раҳматуллоҳӣ.

[1] . Савобул аъмол, Алӣ Дахил, Алӣ Муҳаммад, саҳ. 283.

[2] . Васоил, ҷ.20, саҳ. 198.

[3] . Биҳорул анвор, Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ҷ.46, саҳ. 247.

[4] . Биҳорул анвор, Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ҷ.76, саҳ.334.

[5] . Барои райҳона раҳнамудҳое баро духтарони ҷавон, Акбарӣ, Маҳмуд, саҳ 33. ва, Аттарғибу ваттарҳиб, Абдулазими Абдулқавӣ Алманзирӣ, ҷ.3, саҳ. 28.

[6] . Ҳамон, саҳ. 33.

[7] . Васоил, ҷ.14, саҳ. 174.

[8] . Ҳарими ифоф, Ҳусейниён, Руҳуллоҳ, саҳ. 172.

[9] . Васоил, ҷ.14, саҳ. 143.

[10] .Фуруъи Кофӣ, Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Саҳиҳаи Алӣ Акбар Ғафорӣ, ҷ.5, саҳ. 525.

[11] . Ҳамон, саҳ. 525.

[12] . Таҳрирул васила, Мусавӣ, Сайид Руҳулоҳ, ҷ.2 масъалаи 20, саҳ. 221.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.