Мабонии мудирият дар Қуръон(2)

Қисмати дуввум

Манобеъ ва имконот

Манобеи созмон умуман ба чор гурӯҳ тақсим мешавад:

А) Манобеи молӣ

Б) Манобеи физикӣ

В) Манобеи инсонӣ

Г) Равияҳои созмонӣ

Д) Манобеи инсонӣ

Манзур аз манобеи инсонӣ, потенсиали неруи кории фарҳехта ҷиҳати пешбурд ва ба анҷом расонии фарояндҳо ва фаъолиятҳои созмон ҷиҳати расидан ба аҳдоф ва стротегияҳо аст. Аз инрӯ дар аҳамияти он гуфта мешавад, ки агар афроди муносиб истихдом шаванд ва дар ҷои муносиб ба кор гирифта шаванд, ҳама чиз ба хубӣ пеш хоҳад рафт.

Зарурати вогузории мудирият ва раҳбарӣ ба афроди лоиқ

إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا

«Худованд фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонед» . (Сураи Нисо, 58)

Шоистасолорӣ ҳатто дар мавриди зердастон

إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ

Сарпарасти ман Худое аст, ки ин китоби осмониро нозил карда аст ва Ӯ ҳамаи солеҳонро сарпарастӣ ва ҳидоят мекунад. (Сураи Аъроф, 196)

Бартарӣ дар созмон бар асоси шоистагӣ

إِذْ قَالُوا لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَى أَبِينَا مِنَّا وَنَحْنُ عُصْبَةٌ

Бародарони Юсуф (а) гуфтанд: Юсуф ва Бинёмин назди падарамон аз мо маҳбубтаранд дар ҳоле ки мо гурӯҳи неруманде ҳастем. (Сураи Юсуф, 8)

Бакоргирии назари шахсии мудир дар интисобҳои муҳим

وَإِذْ غَدَوْتَ مِنْ أَهْلِكَ تُبَوِّئُ الْمُؤْمِنِينَ مَقَاعِدَ لِلْقِتَالِ

Худованд дар ёдоварии ҷанги Уҳуд хитоб ба Паёмбари Акрам(с) мефармояд: Он субҳе, ки аз хонаат хориҷ шудӣ ва мӯъминонро барои ҷанг дар ҷойгоҳи худашон қарор додӣ. (Сураи Оли Имрон, 121)

Иртиқои созмонӣ ва додани мақом ва мансаб бар асоси амалкард

وَلِكُلٍّ دَرَجَاتٌ مِمَّا عَمِلُوا

Дар қиёмат барои ҳар кас ба мизони амале, ки анҷом додааст, рутба ва дараҷа дода мешавад. (СураиАҳқоф, 19)

Иртиқои созмонӣ, пас аз муваффақият дар марҳалаи қабл

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ

Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро мавриди озмоиш қарор дод ва ӯ ҳамаи озмунҳоро бо муваффақият гузаронд.(Сураи Бақара, 124)

Мелок ва меъёри иртиқо, лаёқат ва собиқа

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ

«Ҳангоме, ки Худо ба малоика амр фармуд ба Одам (а) саҷда кунанд…» (Сураи Бақара, 34)

Мизони талош меъёре барои арзишгузорӣ

تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ

Онҳо уммате буданд, ки даргузаштанд ва дастоварди онҳо -ончи ки касб карданд- марбут ба худашон аст ва дастоварди шумо -ончи ки касб кардед- марбут ба худатон аст.(Сураи Бақара, 134)

Тарфеъи ба мавқеъ, на зудтар ва на дертар

وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُ آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَكَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ

Ва чун Юсуф (а) ба рушду қуввати худ расид ба ӯ ҳукм -нубувват ё ҳикмат- ва илм додем ва ин гуна подоши неконро медиҳем(Сураи Юсуф, 22)

Иртиқои тадриҷӣ ва марҳалаӣ

عَسَى أَنْ يَنْفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا

Азизи Миср ба ҳамсараш гуфт: Юсуфро ба чашми барда ва ғулом нигоҳ накун, умед аст дар оянда моро суд бирасонад -дар хона моро кӯмак кунад- ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем.(Сураи Юсуф, 21)

Гузиниш ва озмоиш барои мансуб кардани афрод ба мақом

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ

Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро мавриди озмоиш қарор дод ва ӯ ҳамаи озмунҳоро бо мувафақият гузаронд.(Сураи Бақара, 124)

Вогузории масъулият ба зердастон ва интизор аз онҳо бар асоси тавоноиҳои онҳо

لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا

«Ҳама ба андозаи тавонашон мукалаф мешаванд» (Сураи Бақара, 233).

Муаррифии афроди шойиста барои вогузории масъулият

وَيَضِيقُ صَدْرِي وَلَا يَنْطَلِقُ لِسَانِي فَأَرْسِلْ إِلَى هَارُونَ

Мусо (а) ба Худованд (ҷалла ҷалолуҳу) гуфт: Синаам танг мегардад ва забонам боз намешавад пас Ҳорунро низ рисолат бидеҳ то маро ёрӣ кунад”  (Сураи Шуаро, 13)

Интихоби афроди шойиста барои масъулиятҳои муҳимм

وَاخْتَارَ مُوسَى قَوْمَهُ سَبْعِينَ رَجُلًا

«Ҳазрати Мусо (а) барои рафтан ба ваъдагоҳи Худованд, ҳафтод нафарро интихоб кард» (Сураи Аъроф, 155).

Шарти вогузории масъулият: Аҳлият[1] ва Авлавият[2]

وَكَانُوا أَحَقَّ بِهَا وَأَهْلَهَا

Худованд оромиши худро бар дилҳои мӯъминин нозил фармуд ва эшонро ба тақво наздик намуд зеро ки эшон ба риояти тақво сазовортаранд ва аҳли он буданд.(Сураи Фатҳ, 26)

[1] Шойистагии умумӣ

[2] Имтиёзи вежа

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.