Инсон ва ҳайвон

инсон ва хайвон

инсон ва хайвонИнсон ва ҳайвон

     Инсон, худ навъе ҳайвон аст аз ин рӯ бо дигар ҷондорон муштаракоти бисёр дорад, аммо як силсила фарқҳо бо ҳамҷинсони худ дорад, ки ӯро аз ҷондорони дигар ҷудо ва бузургу бартар ва берақиб сохтааст

Фарқи асосии инсон бо дигар ҷондорон, ки меъёри “инсонияти” ӯст ва сарчашмаи чизе ба номи тамаддун ва фарҳанги инсонӣ гардидааст, дар ду ноҳияи бинишҳо ва гароишҳо аст.

Хусусияти умумии ҷондорон ин аст, ки худ ва ҷаҳони хориҷро дарк мекунанд ва ба он огоҳанд ва дар сояи ин огоҳӣ ва шинохт барои расидан ба хостаҳои худ талош менамоянд. Фарқи инсон бо дигар ҷондорон аз ду ҷиҳат: яке дар вусъат ва густардагии огоҳӣ ва шинохтҳо ва дигарӣ аз ҷиҳати сатҳи баланди хостаҳои ӯ аст.

Ин хусусият ба инсон имтиёз ва бартарӣ бахшида ӯро аз дигар ҷондорон ҷудо сохтааст.

Доираи огоҳӣ ва сатҳи хостаҳои ҳайвон

Огоҳии ҳайвон аз ҷаҳон танҳо ба василаи ҳавоси зоҳирӣ аст, аз ин рӯ 1) сатҳӣ ва зоҳирӣ аст ва ба равобити дарунии ашёъ нуфӯз намекунад; 2) фардӣ ва ҷузъӣ аст ва аз куллият ва умумият бархурдор нест; 3) минтақаӣ ва маҳдуд ба муҳити зисти ҳайвон аст ва ба хориҷи муҳити зисти ӯ роҳ пайдо намекунад; 4) ҳолӣ аст, яъне вобаста ба замони ҳол аст ва аз гузашта ва оянда буридааст.

Ҳайвон аз таърихи худ ва ҷаҳон огоҳ нест ва дар бораи оянда намеандешад ва талошаш ба оянда таъаллуқ надорад.

Ҳайвон аз назари огоҳӣ ҳаргиз аз чаҳорчуби зоҳир, фардият, ҷузъият, муҳити зист ва замони ҳол хориҷ намегардад. Дар ин чаҳор зиндон барои ҳамеша маҳбус аст ва агар аҳёнан хориҷ шавад, огоҳона ва аз рӯи шуъур ва интихоб нест, балки таҳти тасхири иҷбории табиат ва ба сурати ғаризӣ ва ноогоҳона аст.

Ҳайвон агар ҳадаферо дунбол кунад, ки аз ин доира берун бошад, масалан ба навъ тааллуқ дошта бошад на ба фард, ба оянда таъаллуқ дошта бошад на ба ҳол монанди ончи дар баъзе ҳайвоноти иҷтимоӣ аз қабили занбури асал дида мешавад ноогоҳона ва ба ҳукми ғариза ва фармони мустақими нерӯе аст, ки ӯро офарида ва ҷаҳонро тадбир мекунад.

Доираи огоҳӣ ва сатҳи хостаи инсон

Қаламрави инсон, чи дар заминаи огоҳиҳо, бинишҳо ва шинохтҳо ва чи дар заминаи хостаҳо хеле васеътар ва густардатар ва мутаолитар аст.

Огоҳӣ ва шинохти инсон аз зоҳири ашёъ ва падидаҳо мегузарад ва то даруни зоту моҳият, равобит ва вобастагиҳои онҳо ва заруратҳои ҳоким бар онҳо нуфӯз менамояд. Огоҳии инсон ба минтақа ва макон, маҳдуд намешавад ва занҷираи замон онро дар қайду банд нигаҳ намедорад, ҳам макон ва ҳам замонро тай мекунад. Аз ин рӯ фаротар аз муҳити зистии хешро мешиносад ва бар гузашта ва ояндаи хеш огоҳӣ меёбад. Ҳамчунин таърихи гузаштаи хеш ва ҷаҳон яъне таърихи замин, осмон, куҳҳо, дарёҳо, гиёҳон ва ҷондорони дигарро кашф мекунад ва дар бораи оянда то уфуқҳои дурдаст меандешад. Болотар ин ки инсон дар қаламрави бениҳоятҳо ва ҷовидонагиҳо меандешад ва бархе аз онҳоро мешиносад. Одамӣ аз шинохти фардият ва ҷузъият по фаротар мениҳад, қавонини куллӣ ва ҳақоиқи умумӣ ва фарогирандаи ҷаҳонро кашф мекунад ва бар табиат мусаллат мешавад.

Инсон аз назари хостаҳо низ метавонад сатҳи волое дошта бошад, чунки ӯ мавҷуди арзишҷӯ, ормонгаро ва камолхоҳе мебошад, ки меҳвари хостаҳояш моддӣ ва манфиатталабона нест. Ормонҳое, ки танҳо ба худаш ва ҳадди аксар ҳамсар ва фарзандонаш ихтисос надорад, балки фарогирандаи ҳамаи башарият аст ва ба муҳиту минтақа ё замони хоссе маҳдуд намегардад.

Инсон ончунон ормонпараст аст, ки аҳёнан арзиши ақида ва ормонаш болотар аз ҳамаи арзишҳои дигар қарор мегирад. Осоиш ва хидмат ба инсонҳо аз осоиши худаш муҳимтар мегардад. Хоре, ки дар пои дигарон фуру биравад мисли ин аст, ки дар пои ӯ, балки дар чашмаш фуру рафта бошад. Бо дигарон ҳамдард мешавад ва аз шодии дигарон шод ва аз андуҳи онон андуҳгин мегардад. Ба ақида ва ормони муқаддаси худ чунон дилбаста мешавад, ки манофеи худ, балки ҳаёт ва ҳастии худро ба осонӣ фидои он менамояд.

Меъёри бартарии инсон

Маҷмӯи тафаккуроти башарӣ дар бораи ҷаҳон -, ки маҳсули кӯшиши ҳамаи башар буда дар тайи қарнҳо рӯи ҳам анбошта ва назми хоссе ёфтааст- илм номида мешавад.

Гароишҳои маънавӣ ва волои башар, зодаи имону эътиқод ва дилбастагиҳои ӯ ба бархе ҳақоиқ дар ин ҷаҳон аст.Он ҳақоиқ фаротар аз масоили фардӣ ва моддӣ, ом ва шомил аст. Ин гуна имонҳо ва дилбастагиҳо аз ҷаҳонбиниҳо ва ҷаҳоншиносиҳое, ки аз тарафи пайғамбарони илоҳӣ(а) ё бархе файласуфон ба башар арза шудааст сарчашма мегирад.

Ба ҳар ҳол гароишҳои воло ва маънавӣ ва фавқи ҳайвонии инсон онгоҳ, ки поя ва зербинои эътиқодӣ ва фикрӣ пайдо кунад номи “имон” ба худ мегирад.

Пас илму имон сабаби бартарӣ ва имтиёзи инсон бар дигар ҷондорон ва меъёри инсонияти ӯст.

Дар бораи имтиёзи инсон аз ҷондорони дигар, сухан фаровон гуфта шудааст.

  1. Бархе мункири имтиёзи асосӣ миёни ӯ ва дигар ҷондорон ҳастанд. Ба назари онҳо тафовути огоҳӣ ва шинохти инсон бо ҳайвон аз қабили тафовути каммӣ ва ҳадди аксар тафовути кайфӣ аст на тафовути моҳувӣ. Шигифтиҳо, аҳамиятҳо ва азаматҳое, ки назари фалосифаи бузурги шарқу ғарбро дар масъалаи шинохти инсон ба худ ҷалб кардааст, чандон мавриди таваҷҷӯҳи ин гурӯҳ воқеъ нашудааст.

Ин гурӯҳ инсонро аз назари хостаҳо низ комилан як ҳайвон медонанд.[1]

  1. Гурӯҳи дигар мӯътақиданд, ки фақат инсон ҷон ва ҳаёт дорад ва ҳайвоноти дигар эҳсос, майл, дард ва лаззат надоранд, балки мошинҳои беҷоне монанди ҷондор ҳастанд. Пас таърифи ҳақиқии инсон ин аст, ки ӯ мавҷуди ҷондор аст.[2]
  2. Донишмандоне, ки инсонро танҳо ҷондори ҷаҳон намедонанд, вале дар муқоиса бо ҷондорони дигар ӯро дорои имтиёзоти асосӣ медонанд.

Ҳар гурӯҳе ба яке аз мухтассот ва имтиёзоти инсон таваҷҷӯҳ кардаанд. Аз ин рӯ инсон бо таъбирҳои мухталиф ва мутафовите таъриф шуда аст, монанди ҳайвони нотиқ (оқил), номаҳдудхоҳ, ормонгаро, арзишҷӯ, ҳайвони моварои табиӣ, серинопазир, мутааҳҳид ва масъул, оянданигар, озод ва мухтор, исёнгар, иҷтимоӣ, назмгаро, зебоиталаб, адолатхоҳ, ошиқ, мукаллаф, бовиҷдон, халлоқ, танҳо, музтариб, ақидапараст, абзорсоз, мовароҷӯ, тахайюлофарин, маънавӣ, дарвозаи маънавият, ва ғ.

Равшан аст, ки ҳар як аз ин имтиёзот дар ҷои худ дуруст аст, аммо агар бихоҳем таъбире биёварем, ки ҳамаи тафовутҳои асосиро дошта бошад, ҳамон беҳ, ки бигӯем инсон ҳайвоне аст, ки бо “илму имон” аз дигар ҷондорон имтиёз ва бартарӣ ёфтааст.

Оё инсоният рӯбиност?

Масоили муштараки инсон бо ҳайвон ва масоили имтиёзи ӯ аз ҳайвон сабаб шудааст, ки ӯ зиндагии ҳайвонӣ ва инсонӣ ё ба ибораи дигар зиндагии моддӣ ва маънавӣ дошта бошад.

Инҷо масъалае матраҳ мешавад, ки чи робитае миёни ҳайвонияти инсон ва инсонияти ӯ ва миёни зиндагии ҳайвонӣ ё моддӣ ва зиндагии инсонӣ ё маънавии ӯ вуҷуд дорад? Оё яке аз ин ду асл ва дигари фаръ аст? Яке асосӣ ва дигари инъикосе аз ӯ аст? Яке зербино ва дигарӣ рӯбино аст?

Ончи имрӯз матраҳ аст аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ аст на аз дидгоҳи равоншиносӣ. Аз ин рӯ баҳс ин аст, ки дар миёни ниҳодҳои иҷтимоӣ оё ниҳоди иқтисодӣ асл ва зербино ва дигар ниҳодҳо (ба хусус ниҳодҳое, ки бо маънавияти инсон сару кор доранд) ҳамааш фаръӣ ва рӯбино ва инъикосе аз ниҳоди иқтисодӣ аст? Оё илм, фалсафа, адаб, ҳуқуқ, ахлоқ ва ҳунар дар ҳар даврае мазоҳире аз воқеиятҳои иқтисодӣ буда ва аз худ асосан асолате надоранд?

Масъала аз назари ҷомеашиносӣ оғоз мешавад, вале натиҷаи равоншиносона пайдо мекунад ва ба баҳси фалсафӣ дар бораи асолати инсон ё гуманизм кашида мешавад.

Тибқи ин назария гароишҳои маънавии инсонӣ монанди ҳақиқатгароӣ, хирадгароӣ, зебоигароӣ ва худогароӣ асолат надорад. Ҳамчунин асолати воқеиятгароии диди инсон дар бораи ҷаҳон ва воқеиятҳо низ рад мешавад, зеро ҳеҷ диде наметавонад “диди дуруст” ва бетарафона бошад. Ҳар диде як гароиши хосси моддиро мунъакис мекунад ва ғайр аз ин наметавонад бошад.

Аҷаб ин аст, ки бархе аз ин гурӯҳҳо дар ҳамон ҳол аз инсоният ва инсонгароӣ дам мезананд!

Ҳақиқат ин аст, ки сайри такомули инсон аз ҳайвоният оғоз мешавад ва ба сӯи инсоният камол меёбад. Ин асл ҳам дар бораи фард ва ҳам дар бораи ҷомеа ҷорӣ аст. Инсон дар ибтидо ҷисми моддӣ аст, ки бо ҳаракати такомули ҷавҳарӣ табдил ба рӯҳ ё ҷавҳари рӯҳонӣ мешавад. “Рӯҳи инсон” дар домани ҷисми ӯ зоида мешавад ва такомул меёбад ва ба истиқлол мерасад. Ҳайвонияти инсон низ ба манзилаи лона ва ошёнае аст, ки инсонияти ӯ дар он рушд меёбаду комил мешавад. Ҳамон тавре, ки хосияти такомул аст, ки мавҷуди мутакомил ба ҳар нисбат, ки такомул пайдо мекунад мустақил ва қоим ба зот ва ҳоким ва муассир бар муҳити худ мешавад, инсонияти инсон чи дар фард ва чи дар ҷомеа ба ҳар нисбате, ки такомул пайдо кунад ба сӯи истиқлоли ҳокимият бар дигар ҷанбаҳо қадам мебардорад. Инсони комил фарде аст, ки бар муҳити берунӣ ва дарунии худ тасаллути нисбӣ дорад ва аз маҳкумияти муҳити берунӣ ва дарунӣ раҳо ва ба ақидаву имон вобаста шудааст.

Ҷомеа низ айнан монанди фард комил мешавад.

Ҷомеаи башарӣ бештар бо ниҳодҳои иқтисодӣ шакл мегирад. Ҷанбаҳои фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа ба манзалаи рӯҳи ҷомеа аст. Ҳамон тавре, ки миёни ҷисму рӯҳ таъсири мутақобил аст,[3] миёни рӯҳи ҷомеа ва андоми он (яъне миёни ниҳодҳои маънавӣ ва ниҳодҳои моддии он) чунин робитае барқарор аст. Ҳамонтавре, ки сайри такомули фард ба сӯи озодӣ ва истиқлол ва ҳокимияти бештари рӯҳ аст, сайри такомули ҷомеа низ чунин аст; яъне ҷомеаи инсонӣ ҳар андоза мутакомилтар шавад, ҳаёти фарҳангии он истиқлол ва ҳокимияти бештаре бар ҳаёти моддии он пайдо мекунад. Инсони оянда, ҳайвони фарҳангӣ аст на ҳайвони иқтисодӣ; инсони оянда, инсони ақидаву имону маслак аст на инсони шикаму доман.

Албатта ин ба он маъно нест, ки ҷомеаи башарӣ бо як ҷабру зарурат, қадам ба қадам ва рӯи хатти мустақим, ба сӯи камоли арзишҳои инсонӣ ҳаракат мекунад ва ҳамеша ҷомеаи инсон дар ҳар марҳила аз замон аз ин назар нисбат ба марҳилаи пешин як қадам пештар аст, балки мумкин аст башар, даврае аз зиндагии иҷтимоиро тай кунад, ки бо ҳамаи пешрафтҳои фаннӣ ва техникӣ, аз назари маънавиёти инсонӣ нисбат ба гузаштааш як марҳила ё мароҳиле ба инҳитот (ва ақаб) кашида шуда бошад ҳамчунон, ки имрӯз нисбат ба башари қарни мо гуфта мешавад, балки ба ин маъно аст, ки башар дар маҷмӯи ҳаракатҳои худ, ҳам аз назари моддӣ ва ҳам аз назари маънавӣ ру ба пеш аст. Ҳаракати такомулии башар аз назари маънавӣ як ҳаракати якнавохт рӯи хатти мустақим нест; ҳаракате аст, ки гоҳе инҳироф ба рост ё чап, таваққуф ва гоҳе бозгашт дорад, вале дар маҷмӯъ як ҳаракати пешрав ва такомулӣ аст. Аз ин рӯ мегӯем, ки инсони оянда ҳайвони фарҳангӣ аст на иқтисодӣ; инсони оянда инсони ақида ва имон аст на инсони шикам ва доман.

Тибқи ин назария, ҷанбаи инсонии инсон ба иллати асолаташ, ҳамроҳ ва балки муқаддам бар такомули абзорҳои тавлидиаш такомул ёфта ва бар асари такомул, тадриҷан инсонро ба ақида ва ормон ва маслак ва идеалогия вобаста мекунад ва бар таъсирбахшиаш бар рӯи муҳити табиӣ ва иҷтимоӣ меафзояд. Инсон дар гузашта аз неъматҳои табиӣ камтар баҳраманд ва бештар асири табиат ва ҳайвонияти худ буд, аммо дар оянда бо вуҷуди ин ки аз табиат ва истеъдодҳои худ бештар баҳрабардорӣ хоҳад кард, аз асорати табиат ва ҳайвонияти худ озодтар хоҳад шуд ва ҳокимияти рӯҳи худро бар хостаҳои ҳайвонӣ ва табиат афзоиш хоҳад дод.

Бино бар ин назария, такомули инсонӣ, ҳарчанд ҳамроҳ ва дар домани такомули ҳайвонӣ ва моддии ӯ рух менамояд, ба ҳеҷ ваҷҳ соя ва инъикос ва тобеи аз такомули моддӣ нест; худ воқеияте мустақил ва такомулёбанда аст. Ҳамон тавре, ки аз ҷанбаҳои моддӣ асар мепазирад, дар онҳо низ таъсир мегузорад. Ин воқеияти асили инсон ба ҳаракати худ идома медиҳад ва абзори тавлидро ҳамроҳи дигар умури зиндагӣ мутакомил мекунад. Бо такомули абзорҳои тавлидӣ шахсияти ҳақиқии инсон такомул намеёбад, аз ин рӯ пешрафти абзорҳои тавлидӣ нишонаи такомули инсоният нест.

Муртазо Мутаҳҳарӣ


[1] Ҳобз аз фалосифаи маъруфи Ингилистон чунин назаре дар бораи инсон дорад.

[2] Назарияи маъруфи Декорт.

[3] Ҳукамои исломӣ, асле дар робитаи мутақобили руҳу бадан доранд, ки бо ин иборат баён мешавад: “Аннафсу вал бадану ятаъокасони иҷобан ва иъдодан”.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...