ИНГУНА БОШЕД(2)

 

 

 

 

 

… Подоши рафтори некӯ бо духтар

Расули Худо(с) фармуданд: «Ҳар мусулмоне, ки ду духтар дошта бошад ва ба онҳо некӣ кунад, аҳли биҳишт хоҳад буд”.

Ва низ фармуданд: «Касе, ки ятимеро (аз хешони худ ё аз ғайри хешон) сарпарастӣ ва нигаҳдорӣ кунад, ҳамон гуна ки ду ангушт ба ҳам наздик аст, бо ман дар биҳишт наздик хоҳад буд.

Ва касе, ки се духтарро нигаҳдорӣ ва сарпарастӣ кунад дар биҳишт аст ва монанди аҷри муҷоҳиде, ки рӯзҳою шабҳо ба шабзиндадорӣ машғул бошад, ба ӯ медиҳанд».

Ва фармуданд: «Касе, ки ду духтарро тарбият кунад то онҳо бузург шаванд, дар рӯзи қиёмат ба монанди ин ду ангушт бо ман наздик хоҳад буд (ва ангуштони худро ба ҳам часпонд)».

Ва низ фармуданд: «Касе, ки ду ё се духтараш ва ё ду ё се хоҳари худро нигаҳдорӣ кунад то он ки шавҳар кунанд ва ё то замоне ки он мард аз дунё меравад, ману ӯ дар биҳишт ин гуна дар канори ҳам хоҳем буд (ва сипас ангушти ишоратро ба ангушти канории он часпонд)».

Ва низ фармуданд: «Касе, ки ба се духтар ё хоҳари худ некӣ кунад дохили биҳишт мешавад».

Ва фармуданд: «Касе, ки писарашро бар духтараш муқаддам (беҳтар) надонад ва ба духтараш беэҳтиромӣ накунад, дохили биҳишт мешавад».

Занони бараҳна

Паёмбар(с) фармуданд: «Ду гурӯҳ аз аҳли оташ ҳастанд. Яке гурӯҳе, ки дар ин дунё тозиёна дар даст гирифта ва мардумро мезананд ва ба онҳо зулм мекунанд. Гурӯҳи дуввум заноне, ки либосҳои нозук мепӯшанд ва бо сару бадани намоён дар байни мардум ҳозир мешаванд, бар сарҳояшон баромадагӣ (барои ҷалби назари дигарон) эҷод мекунанд ва фитнаангез ҳастанд. Инҳо дохили биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯи биҳиштро, ки аз фосилаҳои дур ба машом мерасад, ҳис намекунанд».

Танҳо сафар кардани зан

Паёмбар(с) фармуданд: «Бар ҳеҷ зани мӯъминае шоиста нест, ки ба танҳоӣ ба сафарҳои се рӯза ва бештар аз он биравад ва падар ё бародар ё писар ва ё яке аз маҳоримаш ӯро ҳамроҳӣ накунанд».

Ва дар ҳадисе дигар фармуданд: «Бар зан ҷоиз нест, ки мусофирати як шабонарӯзиро бе ҳамроҳӣ бо маҳраме биравад».

Шакли пушиши исломӣ

1. Худованд мефармояд: «Эй Паёмбар! Ба занон бигӯ: Чашмҳои худро фурӯ банданд ва иффати худро ҳифз кунанд ва зебоиҳои худро (ҷуз дар мавориди ошкор) зоҳир накунанд ва гарданҳои худро бипӯшонанд ва зинату зебоии худро ҷуз барои шавҳаронашон ошкор нанамоянд…»

Ва низ фармудааст: «Занҳо пои худро бар замин накӯбанд то он чӣ аз зару зевар бар худ доранд ошкор шавад ва дар ҳар сурат мӯъминин тавба кунанд то растгор шаванд».

Он чӣ аз ин каломи Худованд дар бораи пушиш маълум мешавад, лузуми пӯшондани рӯсарӣ бар гулӯ ва ибтидои сина мебошад. Пас ҳадди пушиш аз боло ба он миқдор аст ва аз поин пинҳон сохтани халхол ва зинате аст, ки ба по мебанданд. Пас бояд ду соқ то маҳалли насби халхол, ки буҷулаки ду тарафи пой мебошад, пӯшида гардад.

2. Вақте Асмо духтари ҳазрати Абӯбакр(рз) бо либосҳои нозук назди Худо(с) омад, ҳазрат ба ӯ фармуданд: «Эй Асмо! Вақте зан ба синни булуғ расид набояд ҷуз рӯй ва ду дасташро касе бибинад».

Уммулмӯъминин Оиша(рз) гуфт, ки занони мӯъмина ба сурати бисёр маҳфузу пинҳон дар чодар ба намози ҷамоати субҳи Паёмбар(с) ҳозир мешуданд ва зуд пас аз намоз ба хонаҳояшон бармегаштанд то касе онҳоро нашиносад.

Дар инҷо шартҳои дигаре барои пушиш вуҷуд дорад:

1. Либоси зан ба худии худ зинат набошад, ҳамон гуна ки Худованд фармуд: «Дар хона бимонанд ва ба монанди замони ҷоҳилият нанамоянд (ва дар байни мардум зоҳир нашаванд».

2. Либоси зоҳир ё чодари занон бисёр нозук ва баданнамо набошад, зеро Паёмбар фармуданд: «Дар охир-уз-замон заноне аз уммати ман бараҳна ва урён дар ҷомеа (дар миёни ҷамоат) зоҳир мешаванд, ки бар сари худ баландие эҷод мекунанд ва шавҳаронашон аҳли намозу масҷид ҳастанд, онҳоро лаънат кунед, ки онҳо лаънатшудагон ҳастанд».

3. Либоси рӯ ва ё чодар дорои аксу нақш (нақшу гулкорӣ) ва низ хушбӯй ва муаттар бо атр ва ё чизи дигар набошад, чун Расули Худо(с) фармуданд: «Зане, ки атр бизанад ва аз канори гурӯҳе бигзарад ва онҳо бӯи атри ӯро ҳис кунанд, он зан ҳукми зинокорро дорад ва гуноҳи зинокор ба ӯ дода мешавад».

4. Либоси зан монанди либоси мардҳо набошад, зеро Худо(с) фармуданд: «Зане, ки худро монанди мардон кунад ва марде, ки худро шабеҳи занон намояд аз мо нест».

5. Либосаш шабеҳи кофирон набошад, зеро Қуръони Маҷид муслиминро аз пайравии куффор манъ кардааст.

6. Либоси зан либоси шаҳватангез набошад, зеро Худо(с) фармуданд: «Касе, ки дар дунё либоси шаҳватангез бипӯшад Худованд дар рӯзи қиёмат либоси зиллату хорӣ бар танаш мекунад ва сипас ӯро ба оташ меандозад».

7. Дар баъзе ривоёт аз пӯшидани либоси ҳарир (шолк) наҳй шудааст (ва албатта либоси ҳарире, ки рӯпӯш надошта бошад).

идома дорад…

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...