Имом Ҳусайн(а) дар каломи андешмандони ғайри исломӣ

Сайид Муҳаммади Ғозӣ[1] Муқаддима

   Имом Ҳусайн(а) ва қиёми хунин ва ҳодисаи ғамнок, ҷонсӯзу ҷигарсӯзе, ки барпо намуд аз чунон азамат ва шукӯҳе дар таърих бархурдор аст, ки на фақат мусулмонон, балки таваҷҷӯҳи бисёре аз андешамандон ва шахсиятҳои ғайри исломиро ба худ ҷалб карда аст.

Шахсияти воло ва исору бузургӣ ва фидокорӣ ва аз худгузаштагии беназири он Ҳазрат(а), ононро чунон шефта ва маҷзуби худ карда, ки дар баробари азамат ва дурахшиши он Ҳазрат(а) сари таъзим фуруд оварда, хоста ва ё нахоста забон ба таҳсин гушуда ва дар мақоми волои он Ҳазрат(а) суханҳо дар осори худ гуфтаанд. Зикри он ҳама суханон дар васфи Имом Ҳусайн(а) аз назари андешмандони ғайри исломӣ китоби бузург мехоҳад. Дар ин мақола саъй шудааст ба чанд сухан аз он суханҳо ишора шавад.

 

1. Врис Ту Кабра: Ин донишманди масеҳӣ пас аз тамҷиду ситоиш аз шукӯҳу азамати Ошуро чунин мегӯяд: ”Ҳусайн барои шараф ва номус ва иҷрои аҳкоми Ислом ва аз байн бурдани зулму ситам ва ҳимоят аз мустазъафину бенавоён ва ба хотири Худо аз ҷон, мол ва фарзанд гузашт, аммо зери бори истеъмор нарафт, пас биёед мо низ шеваи Ӯро сармашқи худ қарор дода аз зери дасти истеъморгарон халосӣ ёбем ва марги бо иззатро бар зиндагии бо зиллат тарҷиҳ диҳем, зеро марги бо иззат беҳтар аз зиндагии ҳамроҳ бо зиллат аст”[2].

2. Мисю Марбин: Ин донишманд ва муҳаққиқи Олмонӣ дар бораи Имом Ҳусайн(а) ва қиёми инсонсозаш суханҳои зиёде гуфта аст, ки хулосаи он чунин аст: ”Ҳусайн ибни Алӣ набераи Муҳаммад, ки аз духтараш Фотима мутаваллид шуда танҳо касе аст, ки чаҳордаҳ аср пеш дар баробари ҳукумати ҷавр ва зулм ба по хест ва қиём кард. Дар фарзанди Алӣ, ҳамаи сифот ва ахлоқе, ки дар даврони ҳукумати араб писандида ва қобили эҳтиром буд, мушоҳида мешуд. Ҳусайн шуҷоат ва диловариро аз падари худ ба ирс бурда буд ва ба аҳком ва фаромини Ислом тасаллути комил дошт.

   Мавзӯеро наметавон нодида гирифт ин аст, ки Ҳусайн аввалин шахси сиёсатмадоре буд, ки то ба имрӯз, касе сиёсате муассире нисбат ба сиёсати Ӯ иттихоз нанамуда аст. Замоне ки Бани Умайя душмани кинатузи Ислом қасди беҳурматӣ ба Ислом карданд, Ҳусайн(а) сукӯтро ҷоиз надониста ба таври ҷиддӣ ва аланӣ зидди Бани Умайя ва ҳукумати вақт қиём кард ва Оли Абисуфён ва Язидиёнро расво ва нобуд кард. Ӯ ошкоро мегуфт: Ман дар роҳи ҳақ ва ҷиҳати амр ба маъруф қиём ҳоҳам кард ва камтарин шак ва тардиде надорам, ки дар ин роҳ кушта хоҳам шуд. Ман қиём хоҳам кард, агарчи ҷони худ ва азизонамро дар ин роҳ аз даст бидиҳам. Ӯ ба гуфтааш амал кард. Амале, ки ҳеҷ гоҳ дар дунё собиқа надошта ва нахоҳад дошт, ки шарҳаш аз ҳадди эҷози мо хориҷ аст”[3]

3. Вашингтон Айрвник: Ин муваррихи машҳури амрикоӣ дар тамҷид ва ситоиш аз шахсият ва қиёми Имом Ҳусайн(а) менависад: ”Барои Имом Ҳусайн(а) мумкин буд, ки зиндагии худро бо таслим шудан ба ирода ва хости Язид наҷот бахшад, лекин масъулияти пешвоӣ ва наҳзати наҷотбахши Ислом иҷоза намедод, ки Ӯ Язидро ба унвони халифа бишиносад, лизо худро барои ҳар нороҳатӣ ва фидокорӣ барои раҳо сохтани Ислом аз чанголи Бани Умайя омода сохт. Дар зери офтоби сӯзон ва рӯи регҳои тафтидаи Арабистон, рӯҳи Ҳусайн(а) фанонопазир аст. Эй раҳбари намунаи шуҷоат ва эй шаҳсавори ман, эй Ҳусайн!”[4]

4. Вашингтон Л. Буйд: Ин донишманд дар ситоиш ва тамҷиди ҳазрати Имом Ҳусайн(а) ва қиёми хунину ҷонсӯзу ҷонгудозаш мегӯяд: ”Дар тӯли асрҳо, афроди башар ҳамеша ҷуръат, пурдилӣ, азамати рӯҳ, бузургии қалб ва шаҳомати равониро дӯст доштаанд ва дар асари ҳамин сифот аст, ки озодӣ ва адолат ҳаргиз ба нерӯи зулму фасод таслим намешавад. Ин аст шаҳомат ва ин аст азамати Имом Ҳусайн. Ман масрурам, ки дар чунин рӯзе бо касоне, ки ин фидокории азимро аз дилу ҷон ситоиш мекунанд, ширкат кардаам ҳарчанд ҳазору сесад сол аз он таърих гузашта бошад”[5]

5. Профессор Эдвард Бравн: Пизишк ва мусташриқи бузурги англисӣ ва устоди забони форсӣ дар донишгоҳи Камбриҷ аз қиёми Карбало чунин ёд мекунад: ”Оё ақаллияте пайдо мешавад, ки ҳадиси Карбалоро бишнавад, аммо ошуфта ва маҳзун нагардад, ҳатто ғайри мусулмонон низ наметавонанд покии рӯҳеро, ки ин ҷанги исломӣ дар таҳти ливои он анҷом гирифт, инкор кунанд”[6].

6. Гиббун: Ин муваррихи машҳӯр низ менависад: ”Дар тайи қарнҳои гузашта ва дар сарзаминҳои мухталиф, башарият саҳнаҳои ҳузноваре ба азамати қиёми ҳусайнӣ, ки сабаби бедории қалби хунсардтарин хонандагон хоҳад шуд, ба худ надида аст”[7].

7. Пварвш Тамдас: Ин донишманди ҳиндӣ дар тавсифи Имом Ҳусайн(а) ва қиёми шуҷоъонааш чунин мегӯяд: ”Шаҳодати Имом Ҳусайн, аз ҳамон замоне ки тифле беш набудам, дар ман таъсири амиқ ва ҳузноваре дошт. Фидокориҳое монанди шаҳодати Имом Ҳусайн, сатҳи фарҳанги башарро иртиқо мебахшад ва хотираи он шоиста аст бимонад ва ёдоварӣ гардад”[8].

8. Маҳатма Гондӣ: Маҳатма Гондӣ раҳбари бузурги мардуми Ҳиндустон дар тавсифи азамат ва шукӯҳи шахсият ва қиёми Имом Ҳусайн(а) чунин сухан ба миён оварда аст: ”Ман зиндагии Имом Ҳусайн, он шаҳиди бузурги Исломро ба диққат хондаам ва ба сафаҳоти Карбало таваҷҷӯҳи кофӣ намудаам ва бар ман равшан шудааст, ки агар Ҳиндустон бихоҳад як кишвари пирӯз гардад, бояд аз сармашқи Имом Ҳусайн пайравӣ кунад”[9].

9. Чарлез Дикенз: Нависандаи машҳӯри англисӣ мегӯяд: ”Агар манзур ва мақсуди Имом Ҳусайн ҷанг дар роҳи хостаҳои дунёии худ буд, ман намефаҳмам чаро Ӯ хоҳарон,  занон ва атфолашро ба ҳамроҳ бурда буд, пас ақл чунин ҳукм мекунад, ки Ӯ фақат ба хотири Ислом фидокориҳои хешро анҷом дод”[10].

10. Томас Масарик: Ӯ пас аз зикри масоиб ва мусибатҳои Имом Ҳусайн(а) ва ҳазрати Исо(а) ба муқоисаи мусибатҳои ин ду бузургвор пардохта, баъд менависад: ”Масоибе, ки бар Масиҳ(а) ворид шуд нисбат ба масоибе, ки бар Ҳусайн(а) ворид шуд монанди пари коҳест дар баробари кӯҳи бузург”[11].

 

Манобеъ

1.    Ҳошиминажод Абдулкарим, Дарсе, ки Ҳусайн(а) ба инсонҳо омӯхт, интишороти Фароҳонӣ, чопи аввал, соли 1968.

2.    Тақии Таботабоии Қумӣ, Шаҳиди Карбало аз вилодат то баъд аз шаҳодат, интишороти Муфид, соли 1990.

3.    Ҳусайни Неъматуллоҳ, Сайидушшуҳадо(а) парчамдори пирӯзии хун бар шамшер, интишороти Асри инқилоб, соли 2001.

Ёсин



[1]. Донишпажӯҳи фалсафа

[2]. Абдулкарими Ҳошиминажод, Дарсе, ки Ҳусайн(а) барои мо омӯхт, саҳ.444.

[3]. Дарсе, ки Ҳусайн(а) барои мо омӯхт, саҳ.442-443. Шаҳиди Карбало аз вилодат то баъд аз шаҳодат, саҳ.469.

[4]. Ҳамон, саҳ.442; ва Шаҳиди Карбало… саҳ.469.

[5]. Ҳамон, саҳ. 441- 442; ва Шаҳиди Карбало… саҳ. 467- 468.

[6]. Ҳамон, саҳ. 442.

[7]. Ҳамон, саҳ. 441-442

[8]. Ҳусайнии Неъматуллоҳ, Сайидуш шуҳадо(а) парчамдори пирӯзии хун бар шамшер, саҳ. 346.

[9] Дарсе, ки Ҳусайн(а) барои мо омӯхт, саҳ. 442.

[10] Ҳамон, саҳ 441.

[11] Шаҳиди Карбало аз вилодат то баъд аз шаҳодат, саҳ. 468.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...