Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а)

Абдулҳошими Мирзо[1] Муқаддима:

   Имом Ҳусайн(а), набераи гиромии Паёмбари Ислом(с) ва фарзанди бузургвори ҳазрати Алии Муртазо(а) ва Фотимаи Заҳро(с) аст. Имом Ҳусайн(а), бар зидди ҳукумати Язиди ситамгар, шаробхор, мунҳариф ва бидъатгузор, ки бар сарнавишти уммати исломӣ мусаллат шуда буд, бо ҳадафи эҳёи дини ҷаддаш ва ислоҳи уммати Ислом

ва бо тафаккур ва андешаҳои бархоста аз омӯзаҳои асили қуръонӣ қиём намуд, то нагузорад бидъатҳо ва инҳирофот ва таҳрифот аз сӯи Язид бар дини Ислом ворид шавад.

   Манзур аз мабонии қиёми Имом Ҳусайн(а), маҷмӯае аз қавоид, усул, заминаҳо ва умуре аст, ки дар шаклгирии ҳодисаи Ошуро ва қиёми он Ҳазрат муассир буда аст. Умуре сабаб шуд, то дар соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ имом Ҳусайн(а) дар муқобили Язид қиём кунад, ки маъмулан ингуна баён мекунанд; байъатхоҳии Язид, даъвати мардуми Кӯфа аз имом Ҳусайн(а) ва иҷрои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар тавассути имом Ҳусайн(а). Дар ҳоле ки усул ва мабонии қиём, нигоҳи амиқтар, куллитар ва мантиқитар дорад ва бояд онҳоро баррасӣ намоем, то битавон барои наслҳо ва замонҳои дигар аз он баҳра бурд ва улгӯсозӣ кард. Бинобар ин дар ин мақола мабонӣ ва қавоиди қуръонии имом Ҳусайн(а) таҳлил ва баррасӣ хоҳад шуд.

1. Мубориза ва ситез бо золим ва ситамгар

   Аз манзари Қуръони карим, тамоми Анбиё(а) омадаанд, то инсонҳо бандаи Худо бошанд ва аз туғёнгарӣ ва ситамгарӣ бираҳанд ва дар сояи он аз тамомии палидиҳои фикрӣ ва амалӣ наҷот ёбанд.

   Худованд дар Қуръони маҷид аз ҷумла ояи 41 сураи Наҳл, шикасти мазлумонро дар мубориза бо золимон, айни пирӯзӣ мешуморад ва барои онон подоши музоаф дар охират қарор медиҳад, ҳарчанд ки дар оёте аз ҷумла оёти 103, 129, ва 137 сураи Аъроф бар пирӯзии ниҳоии мазлумон дар набарди ҷаҳонӣ алайҳи зулм ва золимон таъкид меварзад, вале агар дар ҳамин миён пеш аз дастёбӣ ба пирӯзӣ дар ин набарди ниҳоӣ алайҳи золим, мазлумоне кушта шаванд дар ҳақиқат пирӯзи ниҳоӣ ҳастанд ва подоши хоссеро назди Худованд доранд.

   Лозимаи зулм ва ситам он аст, ки дар тамомии арсаҳо, убудияти ҳоким ва туғёнгарӣ дар муқобили Худованд ва дастурҳои Ӯ аз байн меравад. Яке аз мабонии аслӣ ва қуръонии қиёми Имом Ҳусайн(а) низ амал намудан ба ҳамин асл ва мабнои қуръонӣ буда аст. Он Ҳазрат дар муқобили зулм ва ситамгарии Язид қиём намуд, то пеши зулму ситамгарии Язидро дар ҷомеаи исломӣ бигирад. Бинобар ин он Ҳазарт(а) бо таъкид бар мубориза бо золимон ва ситамгарон чунин мефармоянд:

“ Эй мардум! Паёмбари Худо фармуд: Ҳар мусулмоне бо ҳукумати ситамгаре рӯ ба рӯ шавад, ки ҳароми Худоро ҳалол шуморида ва паймони илоҳиро мешиканад, бо суннат ва қонуни Паёмбар(с) мухолифат карда ва дар миёни бандагони Худо равиши гуноҳ, таҷовузгарӣ ва душманиро пеш мегирад, бо ин ҳол ӯ дар муқобили чунин ҳукумате бо амал ё гуфтор мухолифат наварзад, бар Худованд аст, ки он фарди сокитро ба кайфари ҳамон ситамгар маҳкум созад”. (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.403.)

  Дар оёти Қуръони карим, аз такя ва эътимод бар золимон ва ситамгарон наҳй шуда аст, он ҷо ки мефармояд: ”Ва бар золимон такя нанамоед, ки сабаб мешавад оташ шуморо фаро гирад ва дар он ҳол ҳеҷ сарпарасте ба ҷуз Худованд нахоҳед дошт ва ёрӣ намешавед” (Ҳуд, ояи 113).

   Бар асоси омӯзаҳои илоҳӣ, инсонҳо, ҳамон гуна ки бояд адолатхоҳ ва ситамситез бошанд, бояд дар шароите, ки ба ишон ситам мешавад, сокит нашаванд, балки дар муқобили ситам ва ситамгарон бархезанд. Ба ин маъно, ки ситамситезӣ ба унвони амри воҷиб бар шахси ситамшуда ва афроди ҷомеа аст. Ҳеҷ кас наметавонад, ба сабаби ин ки дар маърази ситам аст ва ё ба вай ситам мешавад, нисбат ба ситам ва ситамгарон вокуниш нишон надиҳад ва ситампазир бошад, чунки ситампазирӣ, худ гуноҳи нобахшиданӣ аст.

   Чуноне ки имом Ҳусайн(а) ва ёрони мазлуми вай дар Карбало чунин карданд ва алайҳи зулм ва ситам қиём карда ва решаҳои зулм ва ситами язидиро  сӯзониданд ва ситамситезӣ ва ситамсӯзиро на фақат дар ҷомеаи исломӣ, балки дар ҷомеаи инсонӣ наҳодина карданд, ба гунае, ки Маҳатма Гондӣ, меъмори истиқлоли Ҳиндустон, ки як ҳиндӣ ва ғайри мусулмон буд аз он Ҳазрат(а) барои муборизоти хеш улгӯ гирифт ва вайро сармашқи муборизоти худ қарор дод. Дар ин бора мегӯяд:” Ман барои мардуми Ҳинд чизи тозае наёвардам, фақат натиҷаеро, ки аз матолиб ва таҳқиқотам дар бораи таърихи қаҳрамони Карбало (Имом Ҳусайн) ба даст оварда будам, армағони миллати Ҳинд кардам. Агар бихоҳам мардуми Ҳиндро (аз дасти истеъмори Бритониё) наҷот диҳам воҷиб аст ҳамон роҳеро бипаймоям, ки Ҳусайн ибни Алӣ паймуд” (Ҳусайн пешвои инсонҳо, саҳ. 30).

2. Бидъатситезӣ

   Яке аз натоиҷи шинохти дақиқи Ислом ва Қуръон, дарки суннати Паёмбар(с) ва низ шинохти мавориди бидъат аст, ки дар марҳалаи баъд ва тибқи ончи дар худи Қуръон ва суннат вуҷуд дорад, муқобилаи шадид бо бидъатҳо ҳамроҳ бо дифоъ аз суннат қарор дорад. Он чи ба унвони суннати Паёмбар(с) собит шуда, пазириш ва амал ба он бар ҳамаи афрод лозим буда ва ончи, ки бидъат шуморида мешавад, бояд аз тарафи тамоми мӯъминон тард шавад, чунки бидъат дар ниҳоят кулли динро хароб мекунад, зеро бидъатгузорон чизеро динӣ гумон мекунанд, ки бо дин робитае надорад ва низоми онро барҳам мезанад.

   Дар Қуръони карим шадидтарин таъбирҳо марбут ба амалкарди бидъатгузорони яҳуд ва ҷоҳилият аст, ки бар Худованд дурӯғ ва ифтиро мебастанд  ва бархе аз чизҳоеро, ки Худованд ҳалол карда, онон ба унвони дин бар худ ҳаром мекарданд.

   Чунон ки дар сураи Тавба мефармояд: ”Бо касоне аз аҳли китоб, ки ба Худо, ва ба рӯзи ҷазо имон надоранд ва ончиро Худо ва Расулаш таҳрим карда ҳаром намешуморанд ва оини ҳақро намепазиранд, пайкор кунед, то замоне ки бо хузӯъ ва хушӯъ, ҷизяро бо дасти худ бипардозанд!”.(Тавба, ояти 29).

   Аз тарафи дигар, Қуръони карим пайравӣ аз суннати Паёмбар(с)-ро лозим мешуморад ва гуфтори ӯро барои тамомии мусулмонон ҳуҷҷат медонад ва дар ояти ҳафтуми сураи Ҳашр мефармояд: ”وَ مَا ءَاتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَ مَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا”

Ҳар ончиро Паёмбар(с) ба шумо медиҳад бигиред ва аз ончи шуморо боз медорад худдорӣ кунед”.

   Дар ҷои дигар мефармояд:

”وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ. ”

Ҳаргоҳ Худо ва Расули Ӯ дар мавриди коре ҳукм карданд, дигар барои мардон ва занони боимон ихтиёре  нест”. (Аҳзоб:36)

   Имом Ҳусайн(а), ки набераи гиромии Паёмбари Ислом(с) буд, ҳам суннатгаро ва ҳам бидъатситез буд. Ҳазрат мефармояд:

 ”Мардум! Шуморо ба китоби Худо ва суннати Паёмбар даъват мекунам, зеро дар шароите қарор гирифтаем, ки суннати Паёмбар(с) ба куллӣ аз байн рафта ва бидъатҳо зинда шуда аст” (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ. 357; Таърихи Ибни Халдун, ҷ.3, саҳ. 28; Албидоя ванниҳоя, ҷ.8, саҳ. 28; Ансобул ашроф, ҷ.2, саҳ. 78 ).

3. Эҳёи дини Ислом

   Эҳёгарӣ чист? Эҳёи дин яъне чӣ? Оё дин мемирад то зинда шавад? Ва ҳаёти дин ба чист? Касе, ки динро эҳё мекунад чӣ коре анҷом медиҳад, ки ба амалаш ”эҳёи дин” мегӯем? Қуръони карим ҳамвора дар ҷой-ҷои сураҳо ва оёт таъкид мекунад, ки Ислом айни ҳаёт аст.

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва Паёмбарро иҷобат кунед, ҳангоме ки шуморо ба сӯи чизе мехонад, ки шуморо ҳаёт мебахшад!”. (Анфол, ояти 24).

Расули Акрам(с) инсонҳоро ба чӣ чизе фаро мехонданд? Ба дини Ислом. Пас Ислом, мояти ҳаёт, балки айни ҳаёт аст ва ончи моя ва маншаи ҳаёт ва айни ҳаёт аст намемирад, пас онро наметавон эҳё кард.

   Пас мурод аз эҳё чист?  Бо тасомуҳ бояд гуфт, ки эҳёи дин иборат аст аз фаол кардани дин дар қаламрави ҳаёти инсонӣ (чи дар ҳавзаи фардӣ ва чи дар ҳавзаи иҷтимоӣ), нақшофаринии дин дар фикр ва феъли инсон мешавад, ҳаёти дин ва эҳёи дин ба ислоҳи диндорӣ ва эҳёи диндор таҳлил мешавад. Эҳёи дин, яъне тасҳеҳи фаҳми динӣ, тасҳеҳи сайр ва масири диндорӣ ва рафтори диндорон вагарна дин ҳаргиз намемирад ба таъбири яке аз донишмандон ”хуршеди дин ҳаргиз ғуруб намекунад”, ки аз нав тулӯъ кунад. (Маҷмуаи осор, Мутаҳҳарӣ, ҷ.3, саҳ. 383).

   Бинобар ин таҳаққуқи эҳёи тафаккури диниро бояд дар вуҷуди диндорон ва ҳузури дин дар арсаи ҳаёт ҷустуҷӯ кард. Калимаи эҳё ва эҳёгарии динӣ дар суханони имом Ҳусайн(а) ба маънои бедор кардан, бозгардондани арзишҳо, зинда кардани инсонҳо ва ҷомеаи исломӣ аз хоби ғафлату бехабарӣ ба кор рафта аст. Имом Ҳусайн(а) дар номае ба бузургони Басра аз онҳо мехоҳад, ки ба китоби илоҳӣ ва суннати набавӣ биандешанд ва аз воқеиятҳои ҷомеа ғофил набошанд; суннатҳо ва равишҳои писандида, мурда ва аз миён рафта ва бидъатҳо ва арзишҳои ҷоҳилӣ зинда ва ҷои онҳоро гирифта аст:

   «و انا ادعوكم‌ الي‌ كتاب‌ الله و سنة‌ نبيه‌(ص) فان‌ّ السُّنَة‌ قَدْ اُميتَت‌ْ و ان‌ّ الْبدعة‌ قداُحييَت‌ْ و اَن‌ْ تسمعوا قولي‌ و تطيعوا امري‌ اهدكم‌ سبيل‌ الرشاد»

Ман шуморо ба пайравӣ аз китоби Худо ва роҳ ва равиши Паёмбар(с) фаро мехонам, зеро ҳамакнун суннати Паёмбар аз миён рафта ва бидъатҳо ва аҳкоми нораво зинда шуда аст, пас агар ба ин паёми ман гӯш фаро диҳед ва онро бипазиред, шуморо ба роҳи саодат раҳбарӣ хоҳам кард. (Таърихи Табарӣ, ҷ.3, саҳ. 28; Албидояту ван ниҳоя ҷ.8,саҳ. 28; Ансобул ашроф, ҷ.2, саҳ. 78).

   Ҳамчунин он Ҳазрат(а) сабаби пазириши даъвати Куфиёнро, ҳувияти эҳёгарони он медонад ва мефармоянд:

«ان‌ّ اَهْل‌ الكوفة‌ كَتَبوُا اِلَي‌َّ يَسْألونني‌ ان‌ اقدم‌ عليهم‌ لما ارجوا من‌ احياء معالم‌الحق‌ و اماته‌ البدع»

 Куфиён ба ман нома навишта ва аз ман хостаанд, ки назди онон равам, зеро умедворам нишонаҳои ҳақ зинда гардад ва бидъатҳо бимиранд(Алфутуҳ, ҷ.5 саҳ. 37; Алахборут тивол, саҳ. 231).

   Аз ин рӯ дар ин роҳ, қотеъ ва бетардид гом бардошт, зеро қиём барои эҳёи ҳақ ва мирондани ботилро вазифаи динии худ медонист:

«ما اهون‌ الموت‌ علي‌ سبيل‌ العزّ و احياء الحق‌، ليس‌ الموت‌ في‌ سبيل‌ العزّ الاّ حياة‌خالدة‌، ليست‌ الحياة‌ مع‌ الذّل‌ الاّ الموت‌ الذي‌لا حياة‌ معه»

“Чи осон аст марг дар роҳи расидан ба иззат ва зинда кардани ҳақ. Марг дар роҳи иззат чизе ҷуз ҳаёти ҷовидона нест ва зиндагии бо зиллат ва хорӣ ба ҷуз марги пасте, ки зиндагӣ ба ҳамроҳ надорад, нест”. (Вижагии имом Ҳусайн, саҳ. 17). 

   Аммо ба ростӣ ин эҳёи ҳақ ва зинда кардани суннатҳо ва равишҳои дуруст чӣ буд, ки Ҳусайн ибни Алӣ(а) бар он исрор дошт ва ҷони худ ва ёронашро дар пои он гузошт? Шаке нест, ки эҳёи суннатҳо ва арзишҳои мавриди писанди Худованд ва аз миён бурдани шеваҳо ва равишҳои ғалат буд. Аз ин рӯ, Ҳусайн ибни Алӣ(а) ”эҳёи суннатҳо” ва “аз миён бурдани бидъатҳо”-ро шиори худ қарор медиҳад ва дар суханони нуронии худ онҳоро ба хубӣ баён мекунад.

   4. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Асли амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар як асл ва мабнои қуръонӣ аст. Асле, ки Паёмбари Ислом(с) таъкиди зиёде бар он карда аст. Асле, ки агар танҳо ба Қуръон муроҷеа кунем мефаҳмем, ки ин мавзӯъ дар ин китоби муқаддаси осмонӣ чи қадар такрор шуда аст ва чи андоза бадбахтии милали гузаштаро мустанад мекунад ба ин ки “амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар” надоштаанд:

«فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُولُوا بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ»

”Чаро дар қурун (ва ақвом)-и қабл аз шумо, донишмандони соҳибқудрате набуданд, ки аз фасод ҷилавгирӣ кунанд”.(Ҳуд, ояти 116)

   Яъне чаро дар наслҳои гузашта як идда мардуми соҳибмоя (мояти ақлӣ, фикрӣ, рӯҳӣ) набуданд, ки бо фасодҳо мубориза кунанд, то дар натиҷа миллатҳо дар асари фасодҳо табоҳ нашаванд, мунқариз ва ҳалок нашаванд?

Дар бораи қавми дигаре мефармояд:

«كَانُوا لَا يَتَنَاهَوْنَ عَنْ مُنْكَرٍ فَعَلُوهُ لَبِئْسَ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ »

 “Онҳо аз аъмоли зиште, ки анҷом медоданд, якдигарро наҳй наменамуданд чи бад коре анҷом медоданд”. (Моида, ояти 79).

   Яъне инҳо бадбахт ва бечора шуданд, ба ҳалокат расиданд, аз миён рафтанд, чаро? Чун наҳйи аз мункар намекарданд, бо фасод мубориза намекарданд ва бисёр бад мекарданд. Дар ояти дигар хитоб ба муслимин мефармояд:

«وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ»

“Бояд аз миёни шумо, ҷамъе даъват ба некӣ ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунанд! Ва онҳо ҳамон растагоронанд”. (Оли Имрон, ояти 104).

   Ин оят ду гуна тафсир шуда аст;

1. Бояд дар миёни шумо як уммат, як ҷамъият кораш амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бошад. Ин маъно дар сурате аст, ки калимаи “мин”-ро “мини” табъизия бигирем.

2. Агар таври дигар тафсир кунем маънояш ин аст; аз шумо уммат чунин уммате бояд сохта шавад, яъне ҳамаи шумо бояд чунин уммате бошед (амри маъруф ва наҳйи аз мункар кунед). Ҳарду тафсир дуруст аст ва бо ҳам мунофоте надоранд, чун амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар як вазифаи умумӣ аст, барои ҳамаи мардум ва вазифаи хоссе аст барои як табақаи муайян, ки аз ҳадди оммаи мардум берун аст. Бояд аз миёни шумо чунин ҷамъияте бошад ё бояд шумо чунин уммате бошед, ки коратон даъват ба хайр, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бошад.

   Дар идомаи оя мефармояд, ки танҳо чунин уммате, ки дар миёни онҳо даъват ба хайр, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар вуҷуд дошта бошад метавонад растагор, сарфароз, саодатманду мустақил бошад ва салоҳу растагорӣ дошта бошад.

      Яке аз усули қуръонии имом Ҳусайн(а), амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аст, ки Имом (а) ба сароҳат ин аслро дар суханонашон баён намуданд. Имом Ҳусайн(а) дар васиятномае ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанифия чунин менависад: ”Ин васияти Ҳусайн ибни Алист ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанифия. Ҳусайн ба ягонагии Худо ва рисолати Паёмбар шаҳодат медиҳад. (чун имом Ҳусайн(а) медонист, ки баъд иддае хоҳанд гуфт, ки Ҳусайн аз дини ҷаддаш хориҷ шуда аст)”.(Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ. 21).

   То онҷо, ки рози қиёми худро баён мекунад:

” انّى ما خَرَجْتُ اشِراً وَ لا بَطِراً وَ لا مُفْسِداً وَ لا ظالِماً، انَّما خَرَجْتُ لِطَلَبِ الْاصْلاحِ فى امَّةِ جَدّى، اريدُ انْ آمُرَ بِالْمَعْرُوفِ وَ انْهى‏ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ اسيرَ بِسيرَةِ جَدّى وَ ابىعَلِىِّ بْنِ ابى طالِبٍ عَلَيْهِ السَّلام.

“Ман на аз рӯи худхоҳӣ ва ё барои хушгузаронӣ ва на барои фасод ва ситамгарӣ аз Мадина хориҷ мегардам, балки ҳадафи ман аз ин сафар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва хостаам аз ин ҳаракат, ислоҳи мафосиди уммат ва эҳё ва зинда кардани суннат ва қонуни ҷаддам Расули Худо(с) ва роҳу расми падарам Алӣ ибни Абитолиб(а) аст”. (Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ. 21 ва Мақтали Хоразмӣ, ҷ.1, саҳ. 188).

   Имом Ҳусайн(а) мансабталаб набуд, толиби мақом ва сарват набуд, марди муфсид ва ихлолгаре набуд, золим ва ситамгор набуд. Ӯ як инсони муслеҳ буд. Бинобар асл ва мабнои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, Имом Ҳусайн(а) як инсони муътариз ва мунтақид аст, марде аст инқилобӣ ва қиёмкунанда. Як марди мусбат аст. Ангезаи дигаре лозим нест. Ҳама ҷоро фасод гирифта, ҳалоли Худо ҳаром шуда ва ҳароми Худо ҳалол шуда, байтулмоли муслимин дар ихтиёри афроди нолоиқ қарор гирифта ва дар ғайри роҳи ризои Худо масраф мешавад.

   Паёмбари Акрам(с) фармуданд: ”Ҳар кас чунин вазъ ва аҳволеро бибинад ва дар садади дигаргунии он набошад, дар мақоми эътироз набарояд, шоиста аст (собит аст дар қонуни илоҳӣ), ки Худо чунин касеро ба онҷо бибарад, ки золимон, ҷобирон, ситамгарон ва тағйирдиҳандагони дини Худо мераванд ва сарнавишти муштарак бо онҳо дорад. (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.403).

   Имом Ҳусайн(а) ба ин гуфтаи ҷадди бузургворашон истинод мекунад, ки дар чунин шароите касе, ки медонад ва мефаҳмад ва эътироз намекунад, бо ҷомеаи гунаҳкори худ сарнавишти муштарак дорад.

   Ҳадиси дигаре аз Паёмбари Акрам(с) аст, ки онро уламо дар кутуби муътабари худ ривоят кардаанд. Ҳамон гуна ки имом Ғаззолӣ ин ҳадисро дар Эҳёул-улум нақл мекунад:

«لَتَأْمُرُنَّ بِالْمَعْروفِ وَ لَتَنْهُنَّ عَنِ الْمُنْكَرِ اوْيُسَلِّطَنَّ اللَّهُ عَلَيْكُمْ شِرارَكُمْ فَيَدْعوا خِيارُكُمْ فَلا يُسْتَجابُ لَهُم»

  Яъне бояд амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро дошта бошед, ин ду бояд вуҷуд дошта бошанд вагарна бадони шумо бар шумо мусаллат мешаванд, баъд хубони шумо мехонанд ва ба онҳо ҷавобе дода намешавад. (Канзул-уммол, ҳ.5520).

Аксар ин тавр маъно мекунанд, ки баъд аз онки бадони шумо бар шумо мусаллат шуданд, некони шумо ба даргоҳи илоҳӣ меноланд ва Худованд дуои онҳоро мустаҷоб намекунад.

  Вале Ғаззолӣ маънои латифе барои ин ҳадис карда аст. Ӯ мегӯяд: Маънои ин ҷумла «فَيَدْعوا خِيارُكُمْ فَلا يُسْتَجابُ لَهُم»ин нест, ки Худоро мехонанд вале Худо дуои инҳоро мустаҷоб намекунад балки  маънояш ин аст, ки вақте амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро тарк кунанд он қадар паст мешаванд, он қадар руъбашон, иззаташон ва кароматашон аз байн меравад, ки вақте ба даргоҳи ҳамон ситамгарон мераванд, ҳарчи садо мезананд ба онҳо эътино ва таваҷҷӯҳ намешавад. (Эҳёул-улумид-дин, ҷ.3, саҳ. 308).

Яъне маънои ин ҳадис ин аст, ки агар мехоҳед иззат дошта бошед ва дигарон ба шумо эътимод кунанд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро тарк накунед. Агар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар надошта бошед аввалин хосияти он заъфи шумост, пастӣ ва зиллати шумост ва душман ҳам ба шумо эътимод ва рӯи шумо ҳисоб намекунад.

      Он вақт мисли як барда, ҳарчи илтимос кунед касе ҷавобатонро нахоҳад дод. Маънии бисёр латифе аст. Мо чунин асли қатъӣ дар Ислом дорем ва вуҷуди бобаракати имом Ҳусайн(а) ба ин асли қуръонӣ истинод карда аст ва чунин мефаҳмонад, ки бар фарз, мардуми Куфа ӯро даъват намекарданд ва бар фарз, агар ҳукумати Язид аз ман байъат намехост, ман ба сабаби асли амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар сокит наменишастам.

    Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар сабабе аст, ки дар ҳар ҳол ҳар миқдоре ҳам пешгирӣ бишавад, мумкин аст афрод ба фасод гароиш пайдо кунанд ё ҷомеа аз масири адолат мунҳариф шавад. Ҳамчунин мумкин аст тафарруқ ва ташаттут ба сабабҳое дар ҷомеаи исломӣ рух бидиҳад. Пас як ҷараёне лозим аст, ки биёяд то ислоҳ кунад.

   Агар ахлоқ фосид шуд, бояд барои ислоҳи ахлоқ ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бишитобем. Агар адолат ва мусовот аз байн рафт, бояд барои ислоҳи мафосиде, ки аз ин роҳ пайдо шуда, ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бишитобем. Агар тафарруқ ва ташаттут пайдо шуд, боз ҳам ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бишитобем.

5. Ҷиҳод ва шаҳодат дар роҳи Худо

   Масъалаи ҷиҳод ва дифоъ дар Қуръони Карим ду асли мусаллами динианд, ки зомини бақои шариати қуръонӣ ва аҳкоми нуронии исломӣ дар тамомии арсаҳо мебошанд. Агар рӯҳияи шаҳодатталабӣ барои таҳаққуқи маорифи динӣ дар ҷавомеи башарӣ набуд, ҳамакнун асаре аз Қуръон ва пайравони он ба чашм намехурад.

   Дар Қуръони Карим ба ин асл бо сароҳат ва ишора, матолиби фаровоне вуҷуд дорад. Онҷо, ки мефармояд:

«وَ لَئِنْ قُتِلْتُمْ فِي‏ سَبِيلِ اللَّهِ أَوْ مُتُّمْ لَمَغْفِرَةٌ مِنَ اللَّهِ وَ رَحْمَةٌ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ‏َُُُِ»

“Агар ҳам дар роҳи Худо кушта шавед ё бимиред, зиён накардаед, зеро омӯрзиш ва раҳмати Худо аз тамоми ончи онҳо (дар тӯли умри худ) ҷамъоварӣ мекунанд, беҳтар аст!” (Оли Имрон, ояти 157).

   Таҳаққуқи иҷрои аҳкоми дини Ислом дар ҷомеа, бо манофеи туғёнгарон носозгор аст, бинобар ин берӯҳияи шаҳодатталабӣ, васл ба он имкон надорад. Аз ин рӯ яке аз мабонии қиёми имом Ҳусайн(а) амал ба ин асли қуръонӣ буда аст. Имом Ҳусайн(а) ҷону мол ва ҳамаи чизи худро дар роҳи Худо дод, то бандагони Худовандро аз ҷаҳолату гумроҳӣ ва саргардонӣ наҷот бахшад.

6. Худотарсӣ ва тарснопазирӣ аз ғайри Худо

   Усулан агар касе Худоро бо азамате, ки дорад бишиносад, имкон надорад барои махлуқи ночизи Ӯ, дар муқобили Худованд арзише қоил шавад чунончи дар Қуръони Карим дар мавриди паёмбарон мефармояд:

”Паёмбарони пешин касоне буданд, ки таблиғи рисолатҳои илоҳӣ мекарданд ва танҳо аз Ӯ метарсиданд, ва аз ҳеҷ кас ба ҷуз Худо бим надоштанд ва ҳамин бас, ки Худованд ҳисобгар ва подошдиҳандаи аъмоли онҳо аст” (Аҳзоб, ояти 39).

   Ҳолати худотарсӣ ду натиҷаи муҳим дорад; яке натарсидан аз ғайри Худо ва дигарӣ эҳсоси вуҷуди амни илоҳӣ ҳангоми анҷоми таколиф. Бинобар ин Худованд ба ҳазрати Мусо(а), ки дорои ҳаракати илоҳӣ аст, мефармояд:

«…يَا مُوسَى أَقْبِلْ وَ لَا تَخَفْ إِنَّكَ مِنَ الْآمِنِينَ»

 “Эй Мусо баргард ва натарс, ки ту аз амнёфтагонӣ” (Қасас, ояти 28).

  Замоне ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, имом Ҳусайн(а)-ро барои ҳаракат ба Ироқ метарсонад ва амоннамое барои ӯ мефиристад, Имом Ҳусайн(а) дар ҷавоби писари амаки худ, менависад:

 ”Касе, ки ба сӯи Худованд даъват кунад ва худ амали солеҳ анҷом диҳад ва бигӯяд ман аз таслимшудагони дар муқобили Худованд ҳастам, бо Худованд ва Расули Ӯ мухолифат нанамуда аст; ин ки ба ман ваъдаи амон ва некӣ ва подош додаӣ бояд бидонӣ, ки беҳтарин амонҳо амони Худост” (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ. 388; Албидоя ванниҳоя, ҷ.8, саҳ. 164; Табақоти Ибни Саъд, ҷ.5, саҳ. 448).

 

Натиҷа

   Бо таваҷҷӯҳ ба матолибе, ки гузашт дар бисёре аз наҳзатҳо, пас аз муддате, ки аз даврони оғозини он мегузарад ва касоне, ки ба нораво ба маснади қудрат ва раёсат такя мезананд, ҳадафҳои нахустин ва арзишҳои мутаолие, ки дар шиорҳои наҳзат матраҳ мешуда, камранг мешавад ё фаромӯш мегардад. Ончи аз дин нест (бидъат) вориди дин мешавад ва ончи аз пояҳои аслӣ ва аввалияи инқилоби динӣ ва мактабӣ аст, аз ёд меравад ва равияҳои мутафовит бо суннатҳои нахустин ривоҷ меёбад ва қонун ва ҳукми илоҳӣ нақз мешавад. Мардум низ ба таърих ба ин инҳирофҳо ва бидъатҳо одат мекунанд ва аксулъамали чандоне аз худ нишон намедиҳанд. Гоҳе аз шаоир ва барномаҳо ва суннатҳо, қолаби берӯҳ ва ташрифоти зоҳирӣ бар ҷой мемонад, ки чандон асаргузор ҳам нест.

   Дар чунин мавқеиятҳое дилсузони он наҳзат ё ворисони он мактаб ва дин, барои эҳёи муҷаддади паёмҳо, муҳтавоҳо, даъватҳо ва ҳадафҳои оғозин даст ба кор мешаванд, то ҷомеаи хуфтаро бедор кунанд ва ба усули мактаб ва боядҳо ва набоядҳои дин таваҷҷуҳ диҳанд. Ин кор, гоҳе бо фидо шудани молу ҷон ҳамроҳ аст ва эҳёгарони суннатҳои динӣ бояд худро фидо кунанд, то ҷомеа бедор ва дин эҳё шавад. Наҳзати Карбалои ҳусайнӣ ҳам як ҳаракати эҳёгарона нисбат ба асоси дин ва аҳкоми илоҳӣ буд.

   Дар мутолиаи суханони Имом Ҳусайн(а) такяи фаровоне рӯи эҳёи дин, иҷрои ҳудуи илоҳӣ, эҳёи суннат, мубориза бо бидъату фасод ва даъват ба ҳукми Худо ва Қуръон дида мешавад. Ҳамон гуна ки гузашт дар асри имом Ҳусайн(а) арзишҳои динӣ мутазалзил шуда ва офот ва осебҳои мухталифе андеша, ҷомеа ва фарҳанги динии мусулмононро дарбар гирифта буд. Ва Имом Ҳусайн(а) бо такя бар Қуръони Карим ва суннати набавӣ(с) дар садади эҳёи дин ва арзишҳои динӣ баромад ва бо ҷону дил ва бо тамоми вуҷуд ба қиёми алайҳи бидъатҳо ва беадолатиҳо ҳиммат гуморид.

   Дар байни осебҳои гуногуне, ки асри имом Ҳусайн(а) ба онҳо мубтало буд, осебшиносии боварҳо ва ақоиди динӣ ва офатзудоӣ аз онҳо нақши созандае дар қиёми ҳусайнӣ ифо кард ва муҳимтарини муаллифаҳое, ки имом Ҳусайн(а) дар қиёми илоҳии худ бар онҳо таъкид доштанд иборат буданд аз; эҳёи дин, мубориза бо бидъатҳо, ситез бо золимону ситамгарон, эҳёи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ҷиҳод дар роҳи Худо барои дифоъ аз дин.

 

Манобеъ

1. Эҳёу улумиддин, Муҳаммад ибни Муҳаммад Алғаззолӣ Абӯҳомид, Дорул маърифа, Бейрут.

2. Алахборуттивол, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуди Дейнаварӣ, (282м), таҳқиқи Абдулмунъим Омир муроҷиаи Ҷамолуддин Шиёл, Қум, маншуроти Арризо, 1989м.

3. Имом Ҳусайн ва Қуръон, Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, чопи чаҳорум, 2007м.

4. Албидоя ванниҳоя, Абулфидо Исмоил ибни Умар ибни Касири Дамишқӣ (774м), Бейрут, Дорулфикр,1986м.

5. Таърихи ибни Халдун, девони алмубтадаъ вал хабар фит таърихил араб вал барбар ва мин осириҳим мин завиш шаънил акбар, Абудрраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун(808м), таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорулфикр, чопи дуюм, 1988м.

6. Таърихул умами вал мулук, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (310м), таҳқиқ Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Доруттурос, чопи дуюм, 1967м.

7. Ҳусайн пешвои инсонҳо, Муҳаммад Акбарзода.

8. Мавсуаи калимоти имом Ҳусайн(а).

9. Вижагиҳои имом Ҳусайн(а), Алиризо Карамӣ.

10. Мақтали Хоразмӣ, ҷилди 1.

11. Аттабақотул кубро, Муҳаммад ибни Саъд ибни Мунии Ҳошимӣ Басрӣ (230м), таҳқиқ Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубил илмия, чопи аввал, 1990м.

12. Алфутуҳ, Абӯмуҳаммад Аҳмад ибни Аъсами Куфӣ(314м), таҳқиқ Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулазво, чопи аввал, 1991м.

13. Китоби ҷумал мин ансобил ашроф, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир Албилозарӣ (279м), таҳқиқ Суҳайли Закор ва Риёзи Заркалӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1996м.

14. Канзул-уммол фи сунанил ақволи вал афъол, Алӣ ибни Ҳисомиддин Алмуттақӣ Алҳиндӣ, Муассисаи аррисола, Бейрут, 1989м.

Ёсин


[1]. Донишпажӯҳи доктории мудирият.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...