ЗИНДАГОНИИ ИМОМ САҶҶОД (а)

Имом Саҷҷод(а), фарзанди баруманди Ҳусайн ибни Алӣ ибни Аби Толиб, бино ба қавли машҳур дар нимаи ҷамодил охири соли 38 ҳ.қ. дида ба ҷаҳон гушуд.[1] Номаш «Алӣ», куняи машҳураш «Абулҳасан»[2]  ва лақабҳои машҳураш «Зайнулобидин» ва «Саҷҷод» аст .[3] Он ҳазрат ду сол аз даврони пешвоии имом Алӣ(а), даҳ сол аз даврони пешвоии имом Ҳасан Муҷтабо(а) ва даҳ сол аз пешвоии падари бузургвораш имом Ҳусайн(а)ро дарк карданд. Худашон ба муддати 35 сол вазифаи пешвоӣ ва ҳидояти ҷомеаи исломиро бар ӯҳда доштанд .[4]

Имом дар синни 57 солагӣ дар ҳудуди соли 95ҳ.қ.  вафот ёфтааст.[5] 

Ибодати холисона

Имом Зайнулобидин(а) дар ибодат ва бандагии Худованд, аз ҳамагон пешқадам буданд то онҷо, ки ҳама муътарифанд, ки ӯ зинати ибодаткунандагон буданд.»كانَ عَليُِ بنُ الحُسَين شَديدُالاِجتِهادِ في العِبادَةِ» –

Алӣ ибни Ҳусайн дар ибодат бисёр кушиш мекарданд.

«نَهارُهُ صائمٌ وليلُهُ قا ئمٌ- Рӯз дар рӯза ва шаб ба ибодати Худо машғул буд. 

— Ва ин амр то ҳадде буд, ки мояи садама бар ҷисми ӯ ба ҳисоб меомад.

[6]«فَآضرَّ ذالكَ بِجِسمِه»    

«كانَ عليّ بنُ الحُسَين غاية في العبادَةِмунтаҳои талошро дар ибодат дошт.[7]   «

Имом Саҷҷод(а) он қадар ба ибодат ва розу ниёзи бо Худо унс доштанд, ки ҳатто афроде чун Зуҳарӣ, ки аз уламои дарборӣ буд, нисбат ба ибодат ва ихлоси он ҳазрат ишқ меварзид. Чунон ки нақл шудааст: «Ҳар гоҳ номи Алӣ ибни Ҳусайн бурда мешуд, Зуҳрӣ гиря мекард ва мегӯфт: Зайнулобидин!» .[8]

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар шарҳи ҳоли эмом Саҷҷод мегӯяд: Ӯ шахси сиқа ва обиде фақеҳ ва фозиле машҳур аст.[9] 

Шамсуддин Заҳабӣ дар бораи ӯ ба нақл аз Саъид ибни Мусайяб менависад: Ҳаргиз бовараътар аз Алӣ ибни Ҳусейн надидам.[10]   Ҳамчунин аз Зуҳарӣ менависад: Ҳаргиз донотар аз Зайнулобидин надидам.[11]

Ин гузоришҳо, танҳо бозгӯкунандаи гӯшаи ночизе аз ибодатҳо ва ниёишҳои имом Саҷҷод(а) аст. Бе  тардид, ҳеҷ қаламе тавони навиштан ва ҳеҷ забоне тавони тавсифи воқеии ин вижагиҳои барҷастаи ҳазратро надорад.

Бузургворӣ ва гӯзашт аз хатои дигарон

Аз ахлоқи бузургворон, дафъи бадӣ ба некӣ аст. Имом Саҷҷод(а) дар ин майдон низ пештоз буданд; чи бисёр касоне, ки нисбат ба ҳазрат бадрафторӣ мекарданд, вале он ҳазрат бузургворона гӯзашт мекард.

Замоне марде беруни хона ӯро диду носазо гӯфт. Ходимони ҳазрат ба он мард ҳамла карданд, аммо имом Саҷҷод(а) фармуд: «Ӯро раҳо кунед». Сипас ба ӯ гуфтанд: «Ончи аз мо бар ту пушида мондааст беш аз он аст, ки медонӣ. Оё ҳоҷате дорӣ?» Мард шарманда шуд ва Имом(а) гилемеро, ки бар дӯш доштанд ба ӯ доданд ва фармуданд то миқдоре дирҳам ба ӯ бидиҳанд. Он мард аз он пас мегӯфт: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ту фарзанди Паёмбар ҳастӣ».[12]

Сираи он бузургвор бо ғуломон ва канизонашон низ ӯз аст. Рӯзе яке аз ғуломони худро барои коре хостанд, вале ӯ посух надод. Бори  дуввум ва саввум низ ҳамин ин кор такрор шуд. Саранҷом аз ӯ пурсиданд: «Писарам, садои маро нашунидӣ?» гуфт: «Бале шунидам». Фармуд: «Чаро посух надодӣ?». Гуфт: «Чун аз ту наметарсам». Имом (а) фармуд: «Сипос Худоро, ки ғуломи ман аз ман наметарсад!».[13]

Осори мансуб ба ӯ

Осоре дар қолиби дуо ва муноҷот ва баёни мабони ҳуқуқи инсони аз эшон бар ҷой монда, ки ҳар кадом аз онҳо дунёе аз андешаҳо ва маориферо арза карда ва дар арзёбӣ аз ҷалолу ҷамолу шукуҳи бисёре бархурдоранд.

1. Дуоҳои ӯ

Дуоҳои ӯ ба Забури оли Муҳаммад(с) маъруф аст, ки дар  он ҷилваҳое аз шуҳрат ва азамат ва ҷумалоти зебо вуҷуд дорад, ки ҳар хонандаро ба шуур ва ҳаракат водор мекунад.

2. Саҳифаи Саҷҷодия

Маҷмуае аз дуоҳояшон дар он ҳудуди 50 дуо дар китобе бо номи Саҳифаи Саҷҷодия гирдоварӣ шудааст. Ин Саҳифа муҳимтарин ёдгори имом аст ва аз беҳтарин ҳидоятҳо барои такомули одамӣ  ва ҳақиқатан чароғи роҳи башар аст, ки ҳудуди сад шарҳу тарҷума бар он нигошта шудааст.

3. Суханони имом

Аз имом Саҷҷод(а) суханони ҳакимонаи бисёре боқӣ монда, ки бахше аз онҳо дар китоби Туҳафул-уқул гирд омада ва қисматҳои муҳимтари дигареро дар китобҳои дигар ва дар миёни аҳодис ва осори фиқҳӣ,  ахлоқӣ,  иҷтимоӣ ва ғайра бояд ҷустуҷӯ кард.

4. Рисолаи ҳуқуқ

Яке осори муҳимми дигари боқимонда аз он ҳазрат рисолаи ҳуқуқ, ки дар он аз 51 ҳақ сухан ба миён омадааст, ки одамӣ бояд дар тули муддати ҳаёт онҳоро риоят кунад. Ин ҳуқуқ шомили ҳаққи Худо, ҳаққи худ, ҳуқуқи аъзои бадан аз чашму гӯшу забону шикам ва… аст, ки дар бораи ҳар кадом мухтасар сухан гуфта ва дар воқеъ мабонии онро арза кардааст.

Мо ҳам қасд дорем барои ошноӣ бо ҳуқуқҳое, ки имом дар ин рисола баён намудаанд ин рисоларо дар чанд навбат пешкаши шумо намоем. Инак қисмати аввали ин рисоларо бо ҳам мурур менамоем.

 



[1] . Шайхи Табарси, эъломул варо, ҷ.1, с.480.  Шайхи муфид, ал-иршод, ҷ2, с137.

[2] . Арбилӣ, кашфул ғимма, ҷ2, с260. [2].

[3] . Шайхи табарси, эъломул варо, ҷ1, с480.

[4] . Шайхи муфид, ал-иршод, ҷ2, с137. 

[5] . Мисбоҳ, Билозари, ибни Қатия ва шайхи Муфид. [5].

[6] . Маноқиби оли Аби Толиб, ҷ2.

[7] . Ибни Абил Ҳадид, ҷ1, с27.

[8] . Маноқиби оли Аби Толиб, с180.   

[9] . Тақрибут таҳзиб, ҷ.1, с.692.

[10] . Сияри аъломи нубало, ҷ. 4, с.391.

[11] . Ҳамон, с.386.

[12] . Арбилӣ, Кашфул ғумма, ҷ.3, с.296.   

[13] . Шайхи Табарсӣ, Аъломул варо, ҷ.1, с.491.

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...