Дин ва посухгӯӣ ба ниёзҳои инсон

islomu garb

islomu garbИнсон, мавҷуди ноши-нохтае аст, ки аз ӯ бо таъбири «ҷаҳони бузургтар аз ҷаҳони табиат» ёд кардаанд.

Аз оғози пайдоиши инсон, яке аз масоиле, ки сахт мавриди таваҷҷӯҳи ӯ буда, масъалаи ниёзҳои инсон ва талош барои бартараф кардани онҳост. Бо таваҷҷӯҳ ба инки имрӯза мактабҳо (низомҳо, сохторҳо)-и гуногуни башарӣ, ҳар як иддаои раҳбарии башариятро доранд, равшан аст агар мактабе натавонад ба саволҳо ва ниёзҳои фикрӣ ва руҳию ҷисмии башар посухи муносиб диҳад, умеди чандоне барои бақо нахоҳад дошт. Ба ин хотир талоши ҳар мактабе бар ин аст, ки ба беҳтарин шакли мумкин, ба ниёзҳои инсони муосир посух диҳад; аммо чун шарти посухи муносиб  шинохти дуруст ва дақиқи инсон  ва ниёзҳои ӯст ва ин шинохт, аз ӯҳдаи макатабҳое, ки зоидаи фикри башарӣ ҳастанд хориҷ аст, лизо бисёре аз таълимоти пешниҳод кардаашон ба шикаст меанҷомад.

Дар ин миён, нақши дин дар посухгуӣ ба ниёзҳои инсон, бисёр ҳам боаҳамият аст, зеро инсон, махлуқи Ҳақ Таоло аст ва Худованди Мутаол беҳтар аз ҳар мавҷуде, ба сохтори ҷисму ҷони махлуқи худ огоҳӣ дорад ва ниёзҳои ӯро медонад ва роҳи дурусти посухгуӣ ба ин ниёзҳоро баён мефармояд. Бинобар ин, мо мусалмонҳо бовар дорем, ки дини Ислом:

А) ба ниёзҳои башар (чӣ фардӣ ва чӣ иҷтимоӣ) таваҷҷӯҳ дорад; Б) ба ин ниёзҳо посух додааст; В) беҳтарин посух ва дар воқеъ танҳо посухи дуруст ва дақиқро ба ниёзҳои инсон додааст.

Ниёзҳои инсон

Ниёзҳои инсонро ба чанд дастаи зер метавон тақсим намуд:

А) Ниёзҳои фикрӣ-ақлонӣ

Яке аз бӯъдҳо ва гӯшаҳои вуҷуди инсон, бӯъди тафаккур ва тааққул аст, ки инсонро аз дигар чизҳо ҷудо месозад. Бартарии инсон нисбат ба ҷамоду набот ба ин аст, ки инсон, дорои қувваи тафаккур ва тааққул аст ва ба ҳамин сабаб, майл ба андешидан ва тафаккур дорад. Ин бӯъди инсон, аз дер боз мавриди таваҷҷӯҳи андешамандон ва файласуфон буда, то онҷо, ки касоне монанди Афлотун, танҳо ҳамин бӯъди инсонро, ки бӯъди рӯҳӣ ба ҳисоб меояд, пас аз марг боқӣ медонист ва эътиқод доштанд, бақия бӯъдҳои  инсон, пас аз марги бадан нобуд мешаванд.(1)

Бинобар ин, яке аз ниёзҳои рӯҳии инсон, тааққул ва тафаккур аст. Аз ин рӯ, илмдӯстӣ, огоҳиталабӣ ва ҳақиқатҷӯӣ дар инсон, зотӣ ва решаи фитрӣ дорад. Ҳоло, ки яке аз ниёзҳои асосии инсон, ҳақиқатталабӣ аст, чигуна дин (ва махсусан Ислом), инсонро барои бартараф кардани ин ниёз ёрӣ мерасонад?

Ислом бо роҳҳои мухталиф, инсонро ба кашфи розу асрори олам, ташвиқу тарғиб мекунад. Масалан Қуръони  Маҷид дар бораи талаби маърифат ва илм мефармояд: «Бигӯ (эй Муҳаммад), оё доноён бо нодонон баробар ҳастанд? Танҳо хирадмандон ёдовар мешаванд».(2) Дар ривоятҳо низ Набии Мукаррами Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), талаби илму донишро фарз донистаанд:  «Таҳсили илм бар ҳар мусалмоне чӣ зан ва  чӣ мард, воҷиб аст».(3)

Илова бар ин, Қуръони Карим аз як тараф чигунигии офариниши осмонҳо ва замин ва падидаҳои гуногуни оламро баён кардааст ва аз тарафи дигар, инсонро ба мутолиаю тадаббуру тафаккур дар маънои ин оятҳо, фаро хондааст.

Б)Ниёз ба парастиш

Яке дигар аз ниёзҳои инсон ки дар воқеъ майлу кашише аст, ки дасти офариниш дар вуҷуди ӯ қарор дода, «майл ба парастиш» аст. Аз онҷо, ки «майл ба парастиш» реша дар чигунагии хилқати инсон дорад, дар тамоми инсонҳо мавҷуд аст; аз ин рӯ мебинем, ки ба шаҳодати бостоншиносон ва деринашиносон, «парастиш» дар миёни инсонҳои аввалия ҳам буда аст, ҳар чанд мумкин аст дар ташхиси мисдоқи воқеии маъбуд, ба хато рафта бошанд, вале як ҳолати беқарорӣ ва эҳсоси ниёзмандӣ ба мавҷуди мутаолӣ (воломақом, бартар) дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад.

Дар андаруни мани хастадил  надонам кист,

Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.

Майл ба  парастиш ва розу  ниёз   дар баробари мавҷуди мутаолӣ, ки вуҷуди инсон ва ҳар мавҷуди дигаре аз ӯст ва дар воқеъ, махлуқот, айни вобастагӣ ба ӯ ҳастанд, дар сиришти инсон қарор дода шудааст. Ва агар ба ин майл ва ниёз, дар вақт-вақташ ва дуруст таваҷҷӯҳ нашавад, як ҳолати  нороҳатӣ, изтиробу нигаронӣ ва беҳуввиятӣ ба инсон даст медиҳад ва ӯро беқарор месозад. Танҳо дармони ин изтироб ва нороҳатӣ низ сар ниҳодан бар саҷдаи ниёз ба даргоҳи бениёзи мутлақ аст, ки Қуръони Маҷид ва мутуни динии мо ба зебоӣ, ин масъаларо нишон додаанд:

«Ҳамоно дил, бо ному ёди Худо ором мегирад».(4)

В) Ниёз ба бақо

Ҳисси ҳамеша зинда мондан, яке аз майлҳо ва ниёзҳои муҳимми инсон аст. «Марг» яке аз хобҳои ваҳшатноке аст, ки ҳамеша таърихи башар, онро медида ва пешрафти илму технология низ натавонистааст роҳи ҳалле барои ин масъала пешниҳод кунад. Сабаби асосии тарс аз марг ин аст, ки ҳамаи инсонҳо «ҳубби бақо» ( ва ё худ ҳисси ҳамеша зинда мондан) доранд. Инсон аз тасаввури нобуд шудан ва нест гаштан, ба худ меларзад. Касоне, ки ҳақиқати вуҷуди одамиро фақат ҳамин бӯъди моддӣ (бадани инсон) медонанд ва мӯътақиданд, ки зиндагии инсон дар ҳамин ҳаёти дунявии ӯ хулоса мешавад ва пас аз марги инсон ва муталошӣ шудани бадани ӯ дигар ҳеч гуна ҳаёте боқӣ намемонад, аз ин ру маргро нест шудан мепиндоранд ва сахт аз он метарсанд, ва роҳи наҷотро дар ҷовидона сохтани зиндагии дунё мепиндоранд, ки он ҳам даст наёфтанӣ аст.

Дар ҳоле, ки дин ба ин майли фитрии инсон, беҳтарин посухро додааст ва ба инсон, оромиши хотир медиҳад, ки нестии ҳамешагӣ вуҷуд надорад ва марг, танҳо пуле аст, ки инсонҳоро ба олами бартар ва бузургтар мунтақил мекунад. Инсон барои охират офарида шудааст ва барои бақои дар  ин дунё офарида нашудааст;(5) балки бо марг аз ин саро ба сарои абадӣ, ки дар онҷо дигар марге нест, интиқол меёбад.

Г)Ниёз ба фазилати ахлоқӣ

Яке дигар аз ниёзҳои одамӣ, ниёзҳои ахлоқӣ монанди адолат, ростгӯӣ, вафои ба аҳд, адои амонат ва ғ. аст, ки макотиб (низомҳо)-и гуногуни ахлоқӣ, назариёти гуногун ва гоҳ зидди ҳам пешниҳод дадаанд, аммо дар андак замоне ҳамагӣ ба шикаст анҷомиданд ва башарият аз онҳо руй баргардонид. Аммо аз онҷо, ки тавсияҳо ва қонунҳои ахлоқии дин, вобаста ба воқеиятҳо ва ҳақиқатҳо буда ва бар фитрати илоҳии башар устувор аст, аз ин рӯ доимию ҳамешагӣ мебошад ва ҳамчун доруи шифобахше аст, ки рӯҳи башарро таскин мебахшад. Дин наҷоти инсонҳо ва ҷомеаҳои башариро дар садоқату ростӣ ва амонату вафодорӣ мебинад ва ҳалокату нобудии онро дар дурӯягию дурӯғгӯию хиёнат  медонад ва ба дигар масоили ахлоқӣ низ ба таври пурра пардохтааст.

Д)Ниёз ба лаззат ва ризоят

Аз ҷумла майл-ҳое, ки дар вуҷуди инсон қарор дода шуда ва инсон, худ ба худ ба он таваҷҷӯҳ мекунад, гароиши фитрии ӯ ба лаззат ва роҳат- талабӣ аст; яъне сохтмони рӯҳу равони инсон ба гӯнае офарида шуда аст, ки қодир нест аз лаззат гурезон буда ба ҷои он, толиби ранҷу машаққат бошад. Аз ин ру Қуръони Карим низ на танҳо вуҷуди чунин гароишро инкор ва ё маҳкум намекунад, балки як силсила аз таълимоти худро бар асоси ин майли табиӣ поягузорӣ  кардааст. Қуръон ба инсонҳо ваъда медиҳад, ки агар дар роҳи Илоҳӣ қадам бардоранд, ба лаззат ва саодати абадӣ ва ҷовидон мерасанд ва онҳоро таҳдид мекунад, ки агар аз ин роҳ мунҳариф шаванд, гирифтори азобҳо, ранҷҳо ва бадбахтиҳо мегарданд.(6)

Бинобар ин Қуръон лаззатталабиро ба расмият мешиносад, вале ҳеҷгоҳ онро ба шакли афсоргусехта, раҳо намесозад. Ба таъбири дигар, аз назари Қуръон, саодати инсон дар ин аст, ки лаззати тулонитар, бодавом ва амиқтарро интихоб кунад ва гоҳе инсон дар шинохтани ин масъала дучори хатогӣ мешавад ва гумон мнкунад, ки лаззатҳои моддӣ ва дунявӣ аст, ки чунин хусусияте доранд. Аз инрӯ Қуръон тазаккур медиҳад, ки:

«Балки зиндагии дунёро бар мегузинанд дар ҳоле, ки зиндагии охират, беҳтар ва бодавамтар аст».(7)

Е) Ниёзҳои табиӣ ва ғаризӣ

Ниёзҳои табиӣ ва ғаризии инсон аз қабили хӯрок ва пӯшок ва ғ. низ шинохташудаанд.

Оятҳои Қуръон бо таъбирҳо ва баёноти мухталиф ба ин масъала ишора карда ва ҳадду марзи хӯрдан ва ошомиданро ин гуна баён мефармояд, ки:

«Андозаро дар хурдан ва нӯшидан риоят кунед ва исроф накунед».(8)

Ва агар бархе хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо мамнӯъ аст, ба ин ҷиҳат аст, ки бо камолу мақоми рӯҳи инсон зиддият доранд. Дар натиҷа, хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо мамнӯъ шудаанд, то зиёни ҷисмӣ ё руҳӣ ё ақлӣ барои инсон ё фасоде барои ҷомеаи инсонӣ ва ё зарари маънавӣ ва ухравӣ ба дунбол надошта бошанд. Ҳамчунин аст масъалаи либосу маскани инсон, ки Қуръон ба он ишора фармудааст; барои инсон он андоза аз либос ва маскан, ки  ниёзашро бартараф созад мубоҳ ва ҷоиз аст, вале агар бихоҳанд буте барои инсон шаванд, ба гунае, ки дилбастагӣ ба ин чизҳо, инсонро аз дигар камолот боз дорад, дар ин сурат, мамнӯъ ва мазмум аст. Ҳамчунин аст гароиш ва ниёз ба мошин, гароиш ва ниёз ба издивоҷ ва бароварда кардани ғаризаи ҷинсӣ, гироиш ва майл ба зинат ва ҷамол, ниёз ба мол ва фарзанд, ниёзҳои отифӣ ва эҳсосӣ аз қабили унсу улфат, муҳабат ва дӯстӣ ва ғ. ки ҳамаи инҳо аз тарафи дин ба расмият шинохта шудааст; бо ин шарт ки дар ҳамаи ин умур, ҷиҳатгириҳо Илоҳӣ ва маънавӣ бошанд ва аз ифроту тафрит, ки бо камоли рӯҳи инсон мунофот дорад ва ба такомули башар зарар мезанад, иҷтиноб намояд.

Ёсин

—————————————

Таърихи фалсафа, Фридрих Коплстон, тарҷума: Саид Ҷалолиддини Муҷтабавӣ, Теҳрон: интишороти Суруш, ҷилди1(Юнон ва Рум), с. 241-242.

Сураи Зумар, ояти9.

Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 80; Даҳ гуфтор, Муртазо Мутаҳҳарӣ, с. 154-189.

Сураи Раъд, ояти 28.

Наҳҷ-ул-балоға, номаи 31.

Сураи Зухруф, ояти 71; Сураи Муҳаммад(с),ояти 15; Сураи Саҷда, ояти 16-17; Сураи Ҳуд, ояти105-106-108.

Сураи Аъло, ояти 16-17.

Сураи Аъроф, ояти 31.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,