Масъулиятҳои сангини падару модар

Бархе аз падарону модарон тасаввур мекунанд, ки масъулияти онон фақат махсуси таъмини ниёзмандиҳои ҷисмонии кудак аст ва дигар вазифае надорад,

дар сурате, ки парваришҳои ахлоқӣ ва емонӣ, бузургтарин масъулияте аст, ки бар уҳдаи онҳо гузорида шуда аст ва анҷом додани ин масъулият, арзандатар аз таъмини ҳавоиҷи моддии онҳост.

Имом Алӣ(а)  мефармояд:

ما نَحَلَ وَالِدٌ ولَداً نُحلاً أفضَلَ من أَدبٍ حَسَنٍ.

«Беҳтарин ҳадяе ки падару модар метавонанд ба фарзанди худ бидиҳанд, ҳамон тарбияти писандида аст».

Масъулияти падарону модарон дар ин бора ба қадре сангин ва қобили таваҷҷуҳ аст, ки Имом Зайналобидин(а) (яке аз наберагони Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам)) дар анҷомдодани ин вазифаи хатарнок аз Худованд истимдод мекунад(кумак мегирад) ва дар зимни розу ниёзи худ чунин арз мекунад:

«وَ أعِنّي علَی تَربِیَتِهِم و تَأدِیبِهِم و بِرِّهِم»

«(Бор илоҳо) Маро дар тарбият ва таъдиби фарзандон ва некӣ ба онҳо ёри фармо».[1]

Агар падарону модарон ҳаққи итоат дар гардани фарзандон доранд, фарзандон низ ҳаққи бузургтаре бар уҳдаи падарону модарон доранд ва он ҳақ, тарбият аст, яъне омухтани роҳ ва расми зиндагӣ аз тариқи саҳеҳ ва парвариш додани саҷоёи инсонӣ аст, ки дар фитрати ӯ қарордода шуда аст.

Магар донишмандон, имруз ба аҳмияти тарбияти кӯдак ва роҳнамоии риҷоли ояндаи кишвар пай бурдаанд ва бо ташкили ҷаласот ва навиштани китобҳо ва нишон додани филмҳои ахлоқӣ ва илмӣ, гомҳои баланде дар ин роҳ бардоштаанд.

Агар донишмандон ва равоншиносон, устодони омузиш ва парвариш, барномаҳои тарбиятии худро аз давроне шуруъ мекунанд, ки кудак чашм ва гуши худро боз карда ва дар остонаи чизфаҳми қарор мегирад, вале Ислом барномаи васеи худро барои ба саодат расидани кудак, пеш аз инъиқоди нутфаи ӯ оғоз менамояд.

Ислом дар бораи пайванди заношуӣ дастуроти лозим ва кофӣ дорад ва дар ин бора ба тамоми ҷонибҳои он таваҷҷуҳ намуда ва дар интихоби ҳамсар ба решаи хонаводагӣ ва шарофати маврусӣ, аҳмияти зиёде дода аст.

Расули Акрам(с) фармуданд: аз

«خضراء الدمن»

(Гиёҳе ки дар нуқоти олуда меруянд) бипарҳезед! Арз карданд: Манзур чист? Фармуд: Зани зебое, ки дар хонадони бад ва палид бавуҷуд омада бошад.[2]

Ислом барои ҳолати омезиш, одоб ва вазоифе муаян намудааст, ки муроқибати ҳаркадом, дар саодат ва хушбахтии кӯдак таъсири зиёде дорад ва билъахас аз омезиш дар ҳолати мастӣ ба шиддат ҷулугири карда аст, зеро кудаконе, ки дар ин ҳол нутфаи онҳо баста мешавад, аз аворизи асабии дармоннопазир бенасиб нестанд.

Ислом, танҳо ба ин қисмат иктифо накарда, дар аёми бордорӣ ва пас аз вазъи ҳамл бо диққати зиёд тамоми равишҳои парвариши кудакро маддиназар қарор дода аст, то онҷо, ки ба падарон дастур додааст, ки барои фарзандон номи неку интихоб намоянд, зеро ном, хусусан номе, ки намоёнгари бандагии кудак нисбат ба Худои якто бошад, нишонаи шахсият ва аз назари равонӣ асари неке дар руҳи кудак дорад.

Ислом дастур медиҳад, ки кудакро пас аз таваллуд бо оби пок шустушу диҳанд ва дар гушҳои ӯ азон ва иқома бигуянд, то гушҳои ӯ аз рузи аввал бо ҷумлаҳое, ки намоёнгари ягонагии Худо ва рисолати набии Акрам(с) ва даъват ба корҳои нек аст, ошно гардад. Агар мардуми онруз, асрори ин таолими олиро дарнаёфтанд, имруз пешрафти дониш, парда аз рӯи ин матлаб бардошта аст.

Дастурҳои Ислом дарбораи тарбияти кӯдак ба қадре зиёд аст, ки нақли як садуми онҳо барои мо мақдур нест, вале хушбахтона имруз ин масоили зинда ва арзанда, мавриди таваҷҷуҳи донишмандон аст ва нависандагон ва гуяндагони мо бо равиши хубе назари Исломро дар бораи наҳваи тарбияти кудак баён мекунанд.[3]

Ёсин

 


 

[1] .Саҳифаи Саҷҷодия.

[2] .Канз-ул-Уммол, ҷ 16, саҳ 300, ҳ 44587.

[3] .Мураббии Намуна.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.