Ҳаҷ ва ботил дар ҷомеа ва таърих
Қисмати дуюми баҳси Ҳақ ва Ботил ба худи башар марбут мешавад. Яъне сарфи назар аз тамоми олами табиат оё худи башарият, мавҷудот табиатан ё зотан ҳақҷӯ ҳастанд ё ин ки шарур (бадкор) ва муфсид (вайронкор).
Дар ҷавоби ин саволҳо ҳам чанд назария вуҷуд дорад.
А. Асолати шар (бадӣ)
Файласуфони материалист мӯътақиданд, ки инсон зотан мавҷуди шарур ва золим мебошад. Агарчи дар таърих башари бо ахлоқ ва дорои арзишҳои инсонӣ дида мешавад, ки аз ҷабри дар табиат ва зиндагии иҷтимоӣ сарчашма мегирад. Инсонҳо дидаанд, ки агар бо ҳам қарордоди сулҳро ба таври маҷбурӣ набанданд наметавонанд дар муқобили мушкилоти табиӣ аз худ ҳимоят кунанд. Ҷабри берӯнӣ инсонро водор кардааст, ки хуб бошад. Ин ҳамон назарияи дарвинизми иҷтимоӣ аст, ки мегӯяд: Иттиҳод ба хотири вуҷуди душмани муштарак аст ва агар он душман аз байн биравад, худи иттиҳодкунандагон ба ҷанги ҳам бармехезанд. Касоне, ки ин назарияро пазируфтаанд ба иллати ҳамин табиӣ ва зотӣ будани шарорат, башарро қобили ислоҳ намешуморанд ва ҳамчунин назарияҳоеро, ки барои ислоҳи башар гуфта шудааст, қабул надоранд. Аз ин рӯ умуман худкуширо ҷоиз медонанд, ва мегӯянд: «Вуҷуди инсон шар аст ва аз байн бурдани шар, кори хайр аст», пас бояд худкушӣ ва дигаркушӣ кард.
Қуръони Карим дар мавриди ибтидои офариниши одам (а) баён мекунад, ки малоика бо ҳамин назари бадбинӣ ба сиришти инсон гуфтаанд:
أَََََ تَجْعَل فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَ يَسْفِكُ الدِّمَاءَ [1]
(Оё дар замин касеро меофаринӣ, ки дар он фасод ангезад ва хунҳо бирезад).
Ва Худо ҳам ба онҳо нагуфт, ки шумо хато мекунед, балки фармуд:
إِنىِّ أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُون[2]
«Ман чизеро медонам, ки шумо намедонед».
Яъне шумо дуруст мегӯед, аммо тарафи дигари ин махлуқро надидаед. (Худованд дар ин оят мехоҳад бигӯяд: Бо ин ки инсон дар замин хунҳо мерезад, аммо ҳамин инсон агар бихоҳад метавонад ҷонишин ва халифаи ман дар рӯи замин бошад.)
Б. Асолати хайр
Гурӯҳи дигаре мегӯянд: Табиати инсон бар хайрхоҳию адолатхоҳӣ ва дурустӣ устувор мебошад. Аммо иллатҳои хориҷ аз зоташ ӯро фосид мекунад. Жан-жак Руссо эътиқод дорад, ки инҳироф ва нодурустиҳо аз ҷомеа ба башар бор карда мешавад. Ба хотири ҳамин инсон ба ҷомеа бадбин мебошад. Боз мегӯяд: Барои наҷоти башар бояд то он ҷо ки имкон дорад ба табиат баргашт. Ба ҳамин хотир ӯ (Жан- жак) ба тамаддуни ҷадид хушбин намебошад.
Назари ӯ то ҳадде шабоҳат бо назарияи Ислом дар мавриди фитрати инсон дорад, ки Паёмбари Аъзам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармудаанд:
« كُلُّ مَوْلُودٍ يُولَدُ عَلَى اْلفِطْرَةِ حَتَّى يَكُونَ أَبَوَاهُ يُهَوِّدَانِهِ وَ يُنَصِّرَانِهِ وَ يُمَجِّسَانِهِ»[3]
«Ҳар инсоне бо фитрати худопарастӣ мутаваллид мешавад, пас ин волидайни ӯ ҳастанд, ки ӯро яҳӯдӣ ё масеҳӣ ё маҷусӣ мекунанд».
Дар инҷо инҳирофи яҳудӣ ё насронӣ ва маҷусишудан мисоле барои намунаҳое аз инҳирофҳои иҷтимоӣ мебошад.
Падару модар низ ба унвони намунаи иллатҳои иҷтимоӣ зикр шудаанд. Пас ин назария ба сиришти башар хушбин мебошад ва ҳақро дар олами ҳастӣ ҳақиқию асил мешуморад ва каҷравию инҳирофи инсонро натиҷаи иллатҳои хориҷ аз зоти ӯ медонад… .
НАБАРДИ ҲАҚ ВА БОТИЛ, УСТОДИ ШАҲИД, МУТАФАККИРИ РАВШАНГАР М. МУТАҲҲАРӢ
[1]-Сураи Бақара ояти 30.
[2]- Сураи Бақара ояти 30.
[3]-Аволи-ул-лаолӣ ҷ. 1, с. 35