Азизтар аз модар

Азизтар аз модар

Дар олами кӯдакӣ ба модарам қавл додам, ки ҳамеша ҳеҷ касро бештар аз ӯ дӯст надошта бошам. Модарам маро бӯсиду гуфт: “наметавонӣ азизам!.”

Гуфтам: метавонам, ман туро аз падару хоҳару бародарам бештар дӯст дорам.

Модар гуфт: Яке меояд, ки наметавонӣ маро бештар аз ӯдӯст дошта бошӣ.

Навҷавон ки шудам дӯсти азизе доштам, вале хуб, ки фикр мекардам модарамро бештар аз ӯ дӯст медоштам.

Муаллиме доштам, ки хеле меҳрубон буд ва хеле шефтааш будам, вале на ба андозаи модарам.

Бузургтар, ки шудам ошиқ шудам. Хиёл кардам наметавонам ба қавли кӯдакиам амал кунам, вале вақте пеши худам гуфтам: “кадом якро бештар дӯст дорӣ?” боз дар таги дилам ин модар буд, ки интихоб шуд. Солҳо гузашт ва яке омад. Яке буд, ки тамоми вуҷуди ман буд. Ҳамон рӯз модарам бо шодмонӣ хандиду гуфт: “дидӣ натавонистӣ?”.

Ман ҳарчи фикр кардам ӯро аз модарам ва аз тамоми дунё бештар мехостам.

Ӯ бо омаданаш султони қалби ман шуда буд. Ман намехостам ва наметавонистам ба қавли даврони кӯдакиам амал кунам.

Охир ман худам модар шуда будам!!!.

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *