Асбоби нузул

Асбоби нузул

Ҳамон тавр ки ишора шуд оёти Қуръон дар тули беъсат ва дар муносибатҳои мухталифе нозил шудааст. Бархе аз оёт дар посухи саволе ё дар ҳангоми пеш омадани мушкиле ва бархе дигар ба ҳангоми вуқуи ҳодиса ё … нозил гашта аст. Албата қисмати дигари оёт бидуни сабаби хос ва танҳо ба хотири ҳидоят ва иршоди мардум нозил шудааст.

Заминаҳо ва шароитеро, ки боиси нузули оят ё оёте шуда бошад “асбоби нузул” ё “шаъни нузул” меноманд.[1]

Дар инҷо ба як намуна аз шаъни нузул, ки дар фаҳми оят таъсир дорад ишора мешавад. Ҳокими Нишобурӣ бо санади саҳеҳ аз Ибни Аббос ривоят мекунад:

Валид ибни Муғира хидмати Расули Худо (с) расид ва он бузургвор барои ӯ Қуръони маҷидро тиловат кард, мисли ин ки нидои рӯҳпарвари Қуръон дили ӯро нарм кард. Ин хабар ба Абуҷаҳл расид. Ба назди ӯ омад ва гуфт: Эй аму, қавмат мехоҳанд, ки барои ту молу сарват ҷамъ кунанд. Гуфт: барои чи? Абуҷаҳл гуфт: барои ин ки ба ту бибахшанд чун ту назди Муҳаммад рафтаи, то аз дороии ӯ истифода кунӣ. Гуфт: Қурайш хуб медонад, ки ман сарватмандтарини онҳо ҳастам. Абуҷаҳл гуфт: пас дар ин сурат дар бораи Муҳаммад сухане бигӯ, то қавмат мутмаин шавад, ки суханони ӯро напазируфтаӣ ва аз ӯ мутанафир ҳастӣ. Валид гуфт: чи бигӯям ба Худо савганд, дар байни шумо касе пайдо намешавад, ки ба фунуни шеър аз ман бештар огоҳ бошад. Суханони ӯ ба ҳеҷ як аз анвои каломи инсонҳо шабоҳат надорад, на ба раҷаз (ашъоре, ки рӯзи набард дар мақоми муфохират гуфта мешвад) на ба қасида ва на ба ашъори ҷин. Савганд ба Худо суханони Муҳаммад ба ҳеҷ кадом аз анвои шеър шабоҳат надорад. Ба Худо қасам гуфтори ӯ аз ширинӣ ва ҳаловати хоссе бархурдор аст, каломаш баҳҷатофарин ва зебост, аввалаш дурахшон ва охираш фурӯзон аст, мадориҷи суханаш рафеъ ва болотар аз он сухане нест ва ғайри худро шикаст медиҳад. Абуҷаҳл гуфт: то айби ӯро нагӯӣ қабилаат аз ту рози ва хушнуд намешаванд. Гуфт: маро бигзор, то дар ин маврид бияндешам. Баъд аз муддате тафаккур гуфт: Суханони Муҳаммад (с), сеҳр ва ҷодуе аст, ки бар дигарон асар мегузорад ва худи ӯ низ ҷодуро аз дигарӣ меомӯзад. Пас Худои мутаол дар ин хусус ояти ﴿ ذَرْنِي وَمَنْ خَلَقْتُ وَحِيدًا﴾ –ро нозил кард.[2]

Ҳамчунин дар посухи саволи масеҳиёни Наҷрон, ки дар бораи Худованд аз Расули Акрам (с) пурсида буданд, сураи Ихлос нозил шуд, ки саволи онҳо сабаб ва иллати нузули ин сура будааст.[3]

Рӯшан аст, ки оёти нозилшуда дар ҳар муносибате ба ҳамон ҳодиса ва муносибат назар дорад ва фаҳми саҳеҳи он оят машрут ба донистани асли ҳодиса ё савол аст. Бинобарин барои донистани тафсири комили ҳар оят бояд ба шаън ва сабаби нузули он руҷуъ кард.

Бинобарин огоҳӣ аз шаъни нузули оёт дар тафсири дурусти Қуръони карим нақши муҳимме дорад ва аз ин рӯ донишмандони улулми Қуръон ва муҳаддисон саъйи фаровоне дар ҷамъоварии “асбоби нузул” доштаанд. Дар манобеи аввалияи ҳадисӣ,[4] дар зимни дигар мабоҳис ба шаъни нузули бархе оёт ишора шуда ва дар ин мавзӯъ таснифоти мустақиле низ сурат гирифтааст. Ҷалолиддин Суюти қадимитарин таълиф дар ин заминаро аз Ал-итқон фи улумил Қуръон ибни Мадини устоди Бухорӣ медонад.[5] Худи Ҷалолиддин Суютӣ (849-911) ва қабл аз ӯ Воҳиди Нишобурӣ (м.468) низ таълифи мустақиле дар ин боб анҷом додаанд ва адар миёни муосирин низ талошҳое дар ин мавзӯъ анҷом шудааст.

Фавоиди шинохти асбоби нузул

Шинохти асбоби нузули оёт фавоиде дорад, ки муҳимтарин онҳо иборат аст аз:

Аввал: Ба даст овардани ҳикмат ва фалсафае, ки сабаби ташреи ҳукме дар Қуръон шудааст.

Дуввум: Ҳар сухан дар мавоқеи мухталифе маонии мухталиф медиҳад ва барои дарки дурусти сухан, фаҳми ҷиҳоти хориҷӣ ва қароини дигар низ лозим аст. Ташхиси ин ки мурод аз сухан, истифҳом, тавбех, сарзаниш, таъкид ва ё аҳёнан истеҳзо аст, бастагӣ ба чигунагии баёни он ва қароин ва имороти дигар дорад. Шиносоии сабаби нузул низ монанди дигар қароин ва иморот барои дарки маонӣ ва каломи Худованд зарурӣ аст.[6]

Ба ҳар ҳол фаҳми саҳеҳ ва комили тафсири бархе аз оёти Қуръони маҷид бидуни илм ба заминаҳои нузул номумкин аст.

Ба унвони намуна, Худованд дар сураи Бақара мефармояд:

[7]﴿وَلِلَّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ﴾

“Машриқ ва мағриб аз они Худост! Ва ба ҳар сӯ рӯ кунед, Худо онҷост! Худованд бениёз ва доност.”

Ин оят дар зоҳир бо оёте, ки далолати сареҳ доранд, ки ҳатман рӯ ба Каъба намоз бихонед[8] мунофот дорад.

Зоҳири ояти шарифа далолат бар ин амр дорад, ки ҷиҳати хоссе надорад ва ҳар самт, ки намоз бихонед мавриди қабули Худованд аст. Аммо шаъни нузули оят дар фаҳми дурусти муроди он ба мо кӯмак мекунад.

Сабаби нузули оят чунин аст, ки баъд аз тағйири қибла аз ҷониби Байтулмуқаддас ба сӯи Каъба яҳудиён ба муслимин эътироз мекарданд, ки агар намоз гузоридан ба сӯи Байтулмуқаддас ҳақ аст, он гуна ки то кунун амал мекардед, пас таҳвили он ба сӯи Каъба ботил аст ва намозҳои шумо аз ин ба баъд нодуруст аст; ва агар рӯ ба сӯи Каъба намоз хондан ҳақ аст, пас тамоми намозҳое, ки то кунун хондаед ботил аст. Худованд ин оятро нозил кард ва фармуд, ки ҳар ду кор дар замони худаш ҳақ буда ва ҳаст, зеро асли намоз як ҳақиқати собит, вале рӯ ба сӯи Каъба ё Байтулмуқаддас як амри эътиборӣ аст, ки барои эҷоди ваҳдат дар суфуфи намозгузорон ва таваҷҷӯҳ ба нуқтаи воҳид, дастур дода шудааст. Ба ҳар ҷо ки рӯ куни Худо ҳаст ва рӯ ба Худо истодаӣ, пас рӯ ба машриқ намоз гузоридан ба ҷиҳати қарор доштани Каъба (Макка) дар шарқи Мадина ва рӯ ба Мағриб намоз хондан ба делели қарор доштани Байтулмуқаддас дар ғарби Мадина ҳамагӣ аз они Худост ва рӯ ба Худост. Худованд дар тангнои ҷиҳати хос қарор нагирифта аст: ﴿ إِنَّ اللَّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ﴾[9]

Ал-ибрат би умумил лафз

Фуқаҳо ва уламои исломӣ муътақиданд, ки агар оят маънои оме дошт, ҳарчанд сабаби хоссе боиси нузули он шуда бошад, танҳо ба афроди марбут ба он сабаб маҳдуд намегардад, балки шомили он афрод ва дигар низ хоҳа шуд. Ин мавзӯъ ба сурати як қоидаи куллӣ таҳти унвони:

“Ал-ибрату би умумил лафзи ло би хусусил маврид”; (эътибор ба густардагии лафз аст, на хусусияти маврид) даромада аст, ки бо тамассук ба он аҳкоме аз оёт истинбот мешавад. Як муфассири тавоно бояд ин қудрати илмиро дошта бошад, ки хусусиёти мавриди нузули оятро канор бигзорад ва аз ҷанбаҳои умумии лафз баҳра бигирад.[10] Албата ҷанбаҳои хусусӣ ва мавриди нузул барои фаҳми калом муфид ва зарурӣ аст, вале инҳисорро намерасонад[11], зеро аҳкоми илоҳӣ фарозамонӣ ва забармаконӣ ва ҷовидонӣ аст.

Суютӣ дар мавриди умумияти лафз мегӯяд:

Умуми лафз муътабар аст, чаро ки оёте дар асбоби хос нозил шудаанд, вале дар умумияти мафоди он оёт иттифоқи назар вуҷуд дорад; мисли нузули ояти зиҳор дар шаъни Салама ибни Сахр ва ояти лиъон дар шаъни Ҳилол ибни Умая.[12]

Асосан агар муфоди оётро мухтас ба мавриди нузулаш бидонем, бисёре аз оёти Қуръони карим, корбурди хешро аз даст медиҳанд ва Қуръон марбут ба гузаштаҳо буда ва паёме барои ояндагон нахоҳад дошт, ки қатъан ҳеҷ мусалмоне наметавонад чунин эътиқоде дошта бошад. Фил масал агар ҳадди сирқат дар оят,[13] қатъи даст таъйин шуда, танҳо дар мавриди воқеае, ки сабаби нузули ин оят шуда иҷро намегардад, балки як ҳукми илоҳӣ барои ҳамагон аст, ки ба мавориди мушобеҳ бо он сабаби хос сироят мекунад.

Чи қадар зебо фармуда аст Имом Муҳаммади Боқир (рз) ки: вақте ояте роҷеъ ба қавме нозил шуда агар пас аз он ки он қавм мурданд, он оят низ бимирад, аз Қуръон чизе боқӣ нахоҳад монд, вале ҳамаи Қуръон, то осмонҳо ва замин ҳаст, ҷорӣ аст.[14]

Дастёби ба асбоби нузул

Даст ёфтан ба асбоби нузул танҳо аз роҳи нақли ривоёт муяссар аст. Воҳидӣ гуфтааст: сухан дар заминаи асбоби нузул, ҷуз ба ривоят ва шунидан аз ононе, ки шоҳид ва воқиф бар нузули оёт будаанд маҷоз нест, на онки аз рӯи ҳадс ва гуфтаҳои беасос, сухане гуфта бошанд[15] аз тарафе пешиниён ва аслофи мо дар ин замина ҷуз ривоёти маъдуд ва андак сабту забт накардаанд. Шояд яке аз авомили адами ҷамъоварии ривоёти ин мавзӯъ дар садри Ислом ошно будани худи онҳо ба мавориди нузул ва адами ниёз буда ва аҳёнан дар тӯли таърих дар мавориде аъмоли ғараз низ дар кор будааст. Лизо Имом Аҳмад ибин Ҳанбал мегӯяд:

ثلاثة لا اصل لها: المغازی یب الفتن یب التفسیر” Се чиз асл ва пояи дурусте надорад: ривоёте, ки дар бораи ҷангҳои садри Ислом сабт шуда, ривоёте, ки дар бораи фитнаҳои охаруззамон гуфта шуда ва ривоёте, ки дар бораи тафсир ва таъвили Қуръон овардаанд. Имом Бадриддин Закркашӣ баъд аз нақли ин сухан аз бархе муҳаққиқин нақл мекунад, ки:

Мақсуди эшон ин аст, ки аксари ривоёт дар ин замина қобили эътимод нест, на инки ҳамаи онҳо қобили эътимод набошанд.[16]

Ба ҳар ҳол барои ба даст овардани сабаби нузули оёт, манобее, ки имрӯз дар ихтиёр дорем аам аз ҷавомеи ҳадисӣ ва тафсирӣ мавриди истифода воқеъ мешавад ва албата бояд ҷониби эҳтиёт ва камоли диққат ва риоят шавад, зеро дар ин мавзӯъ саҳеҳ ва суқм дар ҳам омехта шудааст.

Ин ривоёт ҳамонанди соири ривоёт мебойист аввалан: аз ҷиҳати санадӣ ба худи Паёмбар (с) ё асҳоби он бузургвор ё тобеини хубра дар риштаи тафсир мунтаҳӣ шавад, сониян нуқтаи ибҳомро аз ояти мавриди баҳс бартараф намояд. Филҷумла ривоёти асбоби нузул мебойист санадан ва матнан мавриди арзёбӣ қарор бигирад.

 


[1] . Албата бархе миёни асбоби нузул ва шаъни нузул тафовут қоил шудаанд, ба назари онҳо шаъни нузул омтар аз сабаби нузул аст; зеро тамоми оёт дар бораи як мавзӯъ ё мавзӯоте мисли исмати анбиё, ташреи ҳукмӣ нозил шуда, ки ба он шаъни нузул гӯянд, аммо сабаби нузули ҳодиса ё пешомаде аст, ки ба дунболи он оят ё оёте нозил шудааст ва иллати нузули оят ҳамин пешомад будааст. Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.1.

[2] . Асноди ин ривоят ба шарти Бухорӣ саҳеҳ аст. Воҳидӣ дар “Асбоби нузул” 842, Ҳоким дар Алмустадрак 5\506 ва Байҳақӣ дар “Далоил” 2\198 ва 199 ба ҳамин маъно ривоят кардаанд. Ҳоким ва Заҳабӣ инро ба шарти Бухорӣ саҳеҳ медонанд, ҳарчанд бархе ишколоте дар ровиёни ин нақл зикр кардаанд, аммо асли хабар бо туруқ ва шавоҳидаш саҳеҳ аст. Ниг: “Кашшоф” 1250 ва “Фатҳул қадир” 2606 ва “Тафсири Бағавӣ” 2293.

[3] . Воҳиди Нишобурӣ, Асбобин нузул, зайли сураи Ихлос.

[4] . Ҳамонанди Бухорӣ ва Муслим.

[5] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ. 1, навъи 9.

[6] . Ҷавон Ороста, Ҳусайн, Дарсномаи улуми қуръонӣ, с. 96.

[7] . Бақара, ояти 115.

[8] . Монанди ояти (149 Бақара):

﴿وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَإِنَّهُ لَلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ﴾

“Аз ҳарҷо (ва аз ҳар шаҳр ва нуқтае) хориҷ шуди, (ба ҳангоми намоз) рӯи худро ба ҷониби Масҷидулҳаром кун! Ин дастури ҳаққе аз тарафи Парвардигори туст! Ва Худованд, аз ончи анҷом медиҳед, ғофил нест!” ва (150 Бақара):

﴿وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَحَيْثُ مَا كُنتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيْكُمْ حُجَّةٌ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِي وَلِأُتِمَّ نِعْمَتِي عَلَيْكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ﴾

“Ва аз ҳарҷо хориҷ шуди, рӯи худро ба ҷониби Масҷидулҳаром кун! Ва ҳарҷо будед, рӯи худро ба сӯи он кунед! То мардум ҷуз золимон (ки даст аз лаҷоҷат барнамедоранд) далеле бар зидди шумо надошта бошанд; (зеро аз нишонаҳои паёмбар, ки дар кутуби осмонии пешин омада, ин аст, ки ӯ, ба сӯи ду қибла намоз мехонад.) аз онҳо натарсед! Ва (танҳо) аз ман битарсед! (Ин тағйири қибла, ба хотири он буд , ки) неъмати худро бар шумо тамом кунам, шояд ҳидоят шавед!”.

[9] . Суюти, Ҷалолиддин, Асбобун нузул, ли бобин нақулу фи асбобин нузул.

[10] . Масалан Худованд дар ояти ҳафтуми сураи Анбиё мефармояд: ﴿فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾ “Агар чизеро намедонед, аз огоҳон бипурсед”. Яқинан ин оят мунҳасир дар мавриди нузул нахоҳад буд.

[11]. Магар ин ки бо насси қатъӣ инҳисори он собит шавад.

[12] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.96.

[13] . ﴿وَالسَّارِقُ وَالسَّارِقَةُ فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا جَزَاءً بِمَا كَسَبَا نَكَالًا مِّنَ اللَّهِ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾ “Дасти марди дузд ва зани дуздро, ба кефари амале, ки анҷом додаанд, ба унвони як муҷозоти илоҳӣ қатъ кунед! Ва Худованд тавоно ва ҳаким аст”. (Моида, ояти 38).

[14] . Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳорул анвор, ҷ23, с.197.

[15] . Воҳидӣ, Асбоби нузул, с. 12.

[16] . Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.2, с.156.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.