Дар сохтори тарбияти афрод авомили бешуморе таъсир доранд.
Бадеҳӣ аст, ки ҳамаи авомил дар як дараҷа ва сатҳ нестанд. Бархе аз онҳо таъсироташон амиқтар ва баъзе дигар сатҳӣ аст. Дар инҷо ба зикри бархе аз авомиле, ки таъсиргузории онҳо амиқтар аст ишора менамоем:
1.Виросат:
Виросат иборат аст аз интиқоли бисёре аз сифоти ҷисмонӣ ва равонӣ ва маҷмӯае аз ҳолоти ахлоқӣ ва амалӣ, аз падар ва модар ва ё хешовандон, ба наслҳои баъдӣ аст.
Манзури ирс бурдани кӯдак аз сифот ва вижагиҳои падару модар ва аҷдод аст, ки аз роҳи нутфа ба фарзандон интиқол дода мешавад. Агар падар мутадайин ва хушхулқ бошад, рӯҳияи хушхулқӣ ва диндориро ба фарзандони худ интиқол медиҳад.
Ба хотири ҳамин Ислом барои издивоҷ таъкид кардааст, ки муроқиб бошед, ки нутфаҳои худро дар куҷо қарор медиҳед? Ва модаре, ки фарзанди шуморо шир медиҳад чигуна модаре аст? Ислом қарнҳо пеш падидаи виросатро матраҳ карда, ки виросат аз ҳамон оғоз дар раҳими модар аст, дар тифл асар дорад ва заминаи некбахтӣ ва ё бадбахтии кӯдак дар даврони ҷанинии ӯ рақам мехӯрад чунонки Расули Акрам(с) фармуданд: «السَّعيدُ مَنْ سَعِدَ فى بَطْنِ امِّهِ وَالشَّقىُّ مَنْ شَقِىَ فى بَطْنِ امِّهِ».
Хушбахт касе аст, ки дар шиками модараш хушбахт шуда ва бадбахт касе аст, ки дар шиками модараш бадбахт шудааст.[1]
Шиками модар заминасози саодат ё шақовати тифл аст.
Пас аз ин ҳадис мефаҳмем, ки нақши виросат дар шаклгирии заминаҳои шахсии кӯдак дахолат дорад. Ва барои ин ки насли ахлоқӣ ва шоиста ба ҷомеа арза шавад, Ислом дар интихоб кардани ҳамсари хуб таъкид мекунад. Паёмбари Акрам(с) дар мавриди интихоби ҳамсар мефармоянд:
“ایاکم و خضراء الدمن قیل یا رسول الله و ما خضراء الدمن؟ قال: المرأة الحسناء فی منبت سوء”
Яъне бипарҳезед аз “сабзаи мазбала” ба ҳазрат гуфтанд мазбала чист? Фармуданд: Зани зеборӯе, ки дар хонаводаи разл ва паст ба дунё омада бошад.
Пешвоёни Ислом ҳам нақши мусбат ва манфии варосат дар сохтани шахсияти кӯдакро баён кардаанд, ки кӯдак танҳо мерос дар хусусиёти зоҳирӣ ва ҷисмии падару модар нест, балки вижагиҳои рӯҳӣ ва ботинии онон (монанди шуҷоат ва саховат ва ғайра) ба фарзанд мунтақил мегардад. Ва нақши виросатии модар беш аз падар аст ва касоне, ки мехоҳанд фарзанди солим ва солеҳ дошта бошанд бояд дар интихоби ҳамсар диққат кунанд. Чунки Паёмбар(с) фармуданд: “Бо хонаводаҳои шоиста издивоҷ кунед, чаро ки ба раг ва реша таъсиргузор аст.” Ва варосат сабаб мешавад, ки инсон бидуни талош баъзе аз вижагиҳоро аз падару модари худ ба ирс бибарад. Монанди ранги пӯст, баландӣ, кутоҳӣ ва ғайра ва бархе аз вижагиҳои ахлоқӣ низ варосатианд, ки ҳазрати Алӣ(а) тарсуии Муҳаммади Ҳанафияро (яке аз фарзандонаш)-ро ба ирс расида аз модари вай медонист. Ва аз лиҳози варосат нақши модар дар кӯдак муҳим аст, чун кӯдак бахше аз сифоти ирсии худро аз тариқи женҳои ӯ ба даст меоварад. Ва ҳам дар муддати ҳаёти худ дар раҳими ӯ ва бад аз даврони ширхорагӣ ва вижагиҳои модар ба кӯдак мунтақил мегардад.[2]
идома дорад.
[1] Канз-ул-уммол, Муттақии Ҳиндӣ, ҳ.491; Исмоил ибни Муҳаммад Алҷароҳӣ, ҳ.1475; Наҳҷ-ул-фасоҳа, Абулқосими Поянда, саҳ.529.
[2]. Устодони тарҳи ҷомеи омӯзиши хонавода, Хонавода ва фарзандон, саҳ 74.