Шубҳаҳо нисбат ба ҳиҷоб ва посухи онҳо 1

Ишколоте, ки бар пӯшиши исломӣ ворид шудааст, усулан аз тарафи касоне аст, ки муътақид ба Ислом нестанд. Зеро ҳифзи ҳиҷоб аз дидагони номаҳрам ҷузъи эътиқодоти яқинии мусалмонон аст, ки ҳеҷгуна шаку тардид дар он роҳ надорад, чун дар оёти зиёде, Қуръон ба таври равшан ва ошкор баён кардааст.

Бинобар ин касоне, ки бар ҳукми муқаддаси исломӣ дар мавриди ҳифзи ҳиҷоби занон эрод ва ишкол мегиранд, дар воқеъ бар корҳои Худованди Ҳаким эътироз мекунанд бадин сурат, ки Худованди Ҳаким шинохти том ва куллӣ нисбат ба зан дорад ва нисбат ба хубиҳо ва бадиҳои ӯ огоҳ аст ва бо чунин илм ва ҳикмат ҳиҷобро бар зан воҷиб кардааст. Ҳол агар касе нисбат ба вуҷуби ҳиҷоб эътироз кунад дар воқеъ бо илми ноқиси худ ба Худои доно ва тавоно эътироз кардааст, ки ин амр сабаби хориҷ шудани ӯ аз дин хоҳад шуд.

Эродҳое, ки аз ҷониби ғайри мусалмонон шудааст умуман дар се меҳвар аст:
1- Пӯшиши ҳиҷоб сабаби рукуд ва тақлили истеъдодҳо

Шубҳае, ки бар ҳиҷоб ворид намудаанд ин аст, ки пӯшиши ҳиҷоб сабаби кам шудани истеъдодҳо ва тавониҳои зан мегардад ва бо вуҷуди он зан қодир нест тамоми тавоноии хешро ба кор гирад. Зан низ, мисли мардон дорои завқу фикр ва ҳушу истеъдод аст. Асосан ҳар мавҷуде, ки дорои истеъдод аст ҳаққи табии ӯ аст, ки онро ба кор гирад. Зеро доштани истеъдод ба монанди санад ва мадрак аст, ки ӯ ҳақ дорад истеъдоди хешро ба кор гирад. Ва монеъ шудан аз он дар воқеъ ситамест, ки бар ӯ раво мешавад. Ва сабаби беасар шудани қувваҳои табии ниме аз ҷамъияти инсонӣ мегардад, ки ин амр гузашта аз он ки аз байн бурдани ҳуқуқи занон аст, ки сабаби зиёд буданашон дар ҷомеа мегардад.

Дар ҷавоб бояд гуфт: Ҳиҷобе, ки дар Ислом таъриф шудааст бадин маъно набуда, ки занро дар хона ҳабс намояд, то сабаби пешгирӣ аз рушд ва истеъдоди зан гардад. Балки ҳадаф аз ҳиҷоб, ҷилавгирӣ аз лаззатҳои ғайри шаръӣ аст. Аз назари Ислом лаззатҳои ҷинсӣ фақат дар муҳити хонавода он ҳам байни зан ва шавҳари шаръӣ ва никоҳӣ хулоса мешавад. Ва ба зан иҷоза дода намешавад дар муҳити ҷомеа хешро пешкаш намуда ва сабаби ба гуноҳ афтодани мардон гардад. Чунончи ба мардон низ шариат иҷозаи нигоҳ кардан ба занони номаҳрамро намедиҳад.

Агар инсон чашмҳои хешро бар рӯи воқеиятҳо набандад ва бе таассуб ва душманӣ қазоват ва доварӣ намояд ба хубӣ меёбад, ки ин ҳиҷоб нест, ки сабаби кам шудани фаъолиятҳои зан мегардад, балки беҳиҷобӣ сабаби чунин гирифторӣ ва мушкиле шудааст. Зеро сохтан ва оростан вақтҳои зиёде аз занонро дар бар мегирад. Ва гоҳан соатҳо тӯл мекашад, то як хонум ороишро тамом намояд барои онки таваҷҷӯҳи мардонро ба худ ҷалб намояд ва чунин зане тамоми фаъолиятҳояш дар худороӣ хулоса мегардад. Аз тарафи дигар пӯшиши номуносиб ва сару сурати таҳриккунандаи зан сабаб мешавад, ки мардон низ таҳрик шуда ва даст аз кору фаъолиятҳои хеш бардошта барои ҷалби ризояти чунин зан бароянд. Дар натиҷа ҷомеаи инсонӣ дучори фалаҷ гардида, қобилият ва короии хешро аз даст медиҳад. Дар ҳоле ки ҳиҷоб дар байни ҷомеаҳо ҳифз шавад ишвагариҳо ва лаззот дар хонаводаҳо хулоса шавад, қатъан зану мард беҳтар ва роҳаттар метавонанд фаъолият намоянд. Ислом барои онки бунёни хонавода устувор бимонад ва ҳар мард фақат ба зани хеш таваҷҷӯҳ намояд на бар дигарон ва ҷомеа дучори фасоди ахлоқӣ нагардад, дастур бар ҳифзи ҳиҷоб додааст. На онки бо фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва фарҳангии занон мухолиф бошад.[1]

Аз тарафи дигар зан, дар ҳоле ки муҳаҷҷаба аст, метавонад кору фаъолият дошта бошад, ҳамчуноне ки дар баъзе кишварҳо дида мешавад, ки занҳо дар ҳоле, ки ҳиҷоб бар сар доранд, фаъолияти иҷтимоӣ доранд. Ин кор далолат бар он дорад, ки хонумҳо дар айни он ки ҳиҷоб доранд, метавонанд фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва … дошта бошанд.

идома дорад.

[1]. Масалаи Ҳиҷоб, Муртазо Мутаҳҳарӣ, саҳ. 104 то 109

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.