ҲУҚУҚИ ПАДАРУ МОДАР(1)

Даромад

   Падару модар дарахти сабзи низоми хилқатанд, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Онон замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳри онон, заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон, бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон мебошад.

   Дар Қуръони Маҷид, ҳудуди нуздаҳ бор аз эҳсон ва некӣ ба падару модар сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то  ҷое аст, ки пас аз тавҳид ва парастиши Парвардигор, некӣ ба падару модар аз муҳимтарин супоришҳои Худованди Мутаол аст.  Шукргузорӣ аз падару модар дар канори шукргузории Худованди Мутаол ёд шудааст.

  Ошноӣ бо мақом ва каромати падару модар ва фарогирии равиши эҳсон ва некӣ ба онон, дар ҳақиқат нишондиҳандаи каромат ва бузургвории инсон ва дастёби ба рамзи мувафаққият дар дунё ва охират мебошад, ки қасд дорем бо истифода аз оёти Қуръони Маҷид ва ривоёт дар ин маврид баҳс кунем.

Ин эҳсос дар вуҷуди тамоми одамиён нуҳуфтааст. Эҳсон ба падару модар посухи ночиз дар баробари заҳамоти тоқатфарсои  онҳо қабл аз таваллуд то ҳангоми рушду булуғ ва пас аз он аст. Қуръон мефармояд: «Мо ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад. Модараш ӯро  бо сахтӣ ва нороҳатӣ бор мекашад ва бо нороҳатӣ ӯро вониҳодааст ва даврони ҳамл ва аз шир гирифтанаш сӣ моҳ аст, то замоне, ки ба камоли қудрат ва рушд бирасад».[1] 

Аз ин ояи шарифа ба хубӣ ошкор мешавад, ки виҷдони тамоми инсонҳо, дар ҳамаи давронҳо пазирои супориши Худованд дар бораи эҳсон ба падару модар мебошад. Аз ин рӯ падару модар дар гардани мо ҳаққу ҳуқуқе доранд, ки ба бархе аз онҳо ишора хоҳем намуд.

Ҳуқуқи падару модар

Шукргузорӣ,  дӯст доштан, бо эҳтиром садо задан, бо нармӣ ва  некӯ сухан гуфтан, хашмгин нашудан, хушнуд намудан, итоат кардан, адами ҷудоӣ, дуо ва талаби мағфират намудан, ба зиёраташон рафтан, кӯмак намудан ба он чизе, ки эҳтиёҷ доранд, тавозӯъ ва фурӯтанӣ намудан дар баробари онҳо ва ғайра бахше аз ҳаққи онҳост. Бо тавфиқи Илоҳӣ қасд дорем намунаҳое аз ҳуқуқи волидайнро пешкаши шумо гардонем.

Муоширати писандида

Доштани рафтори шоиста ва писандида бо дигарон мавриди ситоиш ва нишонаи каромат ва адаби одамӣ аст. Аммо дар мавриди падару модар чунин муносибат аҳамияти махсус дорад ва бояд бо меҳрубонӣ ва дилсӯзии бештаре анҷом гирад ба гунае, ки нигоҳи мо бояд ба онон бо чашме пур аз раҳмату муҳаббат бошад. Сухани мо бо онон бо забони саршор аз латофату адаб ва рафтори мо бо онон, бояд саросар хузӯъ ва тавозӯъ бошад. Худованд мефармояд: ”Ва болҳои тавозӯи хешро аз муҳаббату лутф, дар баробари онон фуруд ор!”[2]

Ҳатто агар падару модар мушрик бошанд, вазифаи фарзанд рафтори писандида  бо онон мебошад. Дар Қуръон мехонем: ”Ва ҳаргоҳ он ду (падару модар) талош карданд, ки ту (бар асоси) он чӣ огоҳӣ ба он надорӣ, ба ман ширк биварзӣ, аз эшон итоат макун, вале бо он ду бо шоистагӣ рафтор кун”.[3]

Аз сӯи дигар, дар ҳангоми пирӣ, ниёзи падару модар ба фарзандон бештар аст ва дархостҳо ва интизороти фаровоне доранд, аз инрӯ Худованди Мутаол супориши махсусе дар бораи ин даврон кардааст ва фарзандонро аз камтарин изҳори  нороҳатию хашму тундӣ, барҳазар доштааст: ”Ҳар гоҳ яке аз он ду  ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беэҳтиромӣ ба онҳо раво мадор ва ба сари онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу  бузургворона ба онҳо дошта бош”.[4] 

Некӣ ва расидагии фарзандон ба падару модар, нишонаи қадршиносии онон ва бозтоби хидматҳои падару модар дар даврони кӯдакии фарзандон мебошад.

Дар мавриди чигунагии эҳсон ва инфоқ ба падару модар, ду нуктаи муҳим қобили таваҷҷӯҳ аст:

Нахуст он ки фарзандон қабл аз дархости падару модар, ниёзҳои ононро бароварда кунанд то эҳтироми онон ба таври комил ҳифз шавад.

Дуввум он ки ҳамон гуна, ки падару модар дар оғӯши худ фарзандонро парвариш доданд ва бевосита тарбият ва рушду назофати кӯдаконро ба ӯҳда доштанд, фарзандон низ шоиста аст аз наздик ва ба дасти худ эҳсон ва инфоқ ба падару модарро анҷом диҳанд. Худованд бо ибораи гуё ва бе қайду шарт мефармояд: ”Ва ба падару модар некӣ кунед”,[5]  ки чунин рафтори писандидае баракоти фаровоне дар дунё ва охират барои фарзанд хоҳад дошт, махсусан ҳангоме ки фарзанд ба қудрат расида бошад.

Идома дорад.



[1] .Аҳқоф\15.

[2] .Исро\24.

[3] .Луқмон\15.

[4] .Исро\23.

[5] .Исро\23.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...