Дар ақвол ва суханони Паёмбар(с) ва хонадонаш ба ҳиҷоб хеле аҳаммият дода шудааст, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем:
1) Аҳаммияти ҳиҷоб
Расули Худо ба Ҳавла ҳамсари Аттора, мефармояд:
«يا حَولاءُ لا تبدي زينتک لِِغيرِ زوجِکَ، يا حَولاء، لا تَحلُّ لامرأةٍ ان تَظهَرَ مِغصَمِها و قَدَمَها لرجُلٍ غير بَعلِها…»
“Эй Ҳавла! Зинати худро барои ғайри шавҳарат ошкор накун ва зан иҷоза надорад банди даст ва пояшро барои марди номаҳрам ошкор созад ва агар чунин амалеро анҷом диҳад, аввал инки Худованди Субҳон ҳамеша ӯро лаънат мекунад. Дуввум инки дучори хашм ва ғазаби Худованди бузург мешавад. Севвум инки фариштагони илоҳӣ ҳам ӯро лаънат мекунанд. Чоҳорум азоби дардноке барои ӯ дар рӯзи қиёмат омода шудааст.”[1]
«يا حَولاء، من کانت مِنکُنَّ تَوُمنُ باللهِ و اليومِ الاخِرِ، لا تجعَلُ زينتَها لِغيرِ زَوجِها و لا تُبديءُ خِمِارَها و َ مِعصَمَها، …» [2]
“Эй Ҳавла! Ҳар зане, ки ба Худованди Субҳон ва рӯзи қиёмат имон дорад зинаташро барои ғайри шавҳараш ошкор намекунад ва ҳамчунин мӯи сар ва банди дасти худро намоён намесозад ва ҳар зане, ки ин корҳоро барои ғайри шавҳараш анҷом диҳад дини Худоро фосид карда ва Худовандро нисбат ба худ хашмгин кардааст.”
Имом Алӣ(а) ба Имом Ҳасан(а) дар бораи ҳиҷоб чунин тавсия намуд:
«وَ اكْفُفْ عَلَيْهِنَّ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ بِحِجَابِكَ إِيَّاهُنَّ فَإِنَّ شِدَّةَ الْحِجَابِ أَبْقَى عَلَيْهِنَّ وَ لَيْسَ خُرُوجُهُنَّ بِأَشَدَّ مِنْ إِدْخَالِكَ مَنْ لَا يُوثَقُ بِهِ عَلَيْهِنَّ وَ إِنِ اسْتَطَعْتَ أَلَّا يَعْرِفْنَ غَيْرَكَ فَافْعَل»[3]
“Дар пардаи ҳиҷоб (занонро) нигоҳашон дор, то номаҳрамонро нанигаранд, зеро ки сахтгирӣ дар пӯшиш, омил ва сабаби саломат ва устувории онҳо аст….., ва агар битавонӣ ба гунае зиндагӣ намоӣ, ки ғайр туро нашиносад.”
Имом Содиқ(а) мефармояд: Нигоҳ яке аз тирҳои заҳролуди шайтон аст ва чи басо як нигоҳе, ки ҳасрати тулониро дар пай дорад.
Дар сухани Имом ду нукта ҷалби назар мекунад:
Нуктаи аввал: Нигоҳ тири заҳролуд аст, ки аз дасти шайтон, партоб мешавад, ки асари он танҳо ба он ҷо ки мерасад маҳдуд намешавад, балки заҳри он, дар тамоми бадан ҷараён пайдо мекунад ва нигоҳ инчунин аст. Вақте чашм манзараеро мебинад, асари он ба мағз ва қалби он асар ва сироят карда ва аз онҷо ба тамоми бадан, ки ба навъе бо шаҳвати ҷинсӣ сару кор дорад, ҷорӣ мешавад. Ба дунболи ин таҳрикот, шахс ба фикри гуноҳони дигар меафтад. Ҳамон гуна ки Имом дар ҳадиси дигаре фармудааст:
Нигоҳи пас аз нигоҳ, базр ва тухми шаҳватро дар қалб меафшонад. Ва ҳамин барои ба фитна дар афтадани бинанда кофӣ ва басанда аст.
Аммо нуктаи дуввум: Дар ҳадиси боло, таъсироти руҳии гуноҳ ва инфиолҳои равонӣ ва ҳасратҳои ранҷдиҳанда баён шудааст. Чун, ки қатъи назар аз асари нигоҳ, ба унвони як гуноҳ, ки азоби охиратро дар пай дорад, шахси чашмчарон, доиман дар як ҳолати бехудӣ ва заъфи рӯҳӣ ва ҳасрат ва ранҷҳо аст, ки ба хотири нарасидан ба мавориди дилхоҳ, ношӣ мегардад. Ва ин ҳолат, гоҳ ба навъи девонаги кашида мешавад. Бешак, ишқҳои шикастхӯрда ва иқдомоти хатарнок монанди худкушӣ ва дигар аворизи ношӣ аз онҳо, нуқтаи оғозаш, як нигоҳ будааст. Ба қавли ҳаким Бобо Тоҳир:
Зи дасти дидаву дил ҳарду фарёд
Ки ҳар чи дида бинад дил кунад ёд
Бисозам ханҷаре нешаш зи фулод
Занам бар дида, то дил гардад озод
Дар ҳар ҳол, ҳеҷ кас наметавонад шак ва тардид кунад, ки дар талоқ ду унсури мухолифи ҷинсӣ, нигоҳ аввалин ҷарақае аст, ки зада мешавад. Ва ба дунболи он оташи сӯзон ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ Ислом баъзе аз нигоҳро ҳаром ва мамнӯъ сохтааст, то аз падид омадани таҳрикот ва оқибати номатлуби он пешгирӣ кунад.
Дар заминаи ҳиҷоб ва пӯшиш, таваҷҷӯҳи чанд нукта лозим аст:
А): Зан бояд бадан ва зеваролот ва ороиши худ ва ҳар ончиро, ки назди урф ва мардум зинат маҳсуб мешавад, дар баробари марди номаҳрам бипӯшонад ва танҳо даст ва рӯй аз он истисно шудааст.
Б): Ҳарчанд дини Ислом нисбат ба навъу ранг ва ҳатто духти либос таъкиди чандоне надорад ва танҳо ба асли пӯшиш такя кардааст, вале равшан аст, ки либос набояд муҳаррик, нозук, баданнамо ва боиси ҷалби таваҷҷӯҳ гардад.
В): Парҳез аз нозу карашма дар сухан, ки боиси тамаъ ва таҳрики номаҳрам мешавад ва матонат дар роҳ рафтан ва истифода накардан аз кафшҳое, ки боиси таваҷҷӯҳи номаҳрам мегардад, бахше аз ҳиҷоби занро ташкил медиҳад.
Г): Гарчи пӯшиши комил барои мард воҷиб нест, вале нигоҳи зан ба бадани ӯ ҳаром аст, ҳамонгуна ки пӯшиши сурат ва дастҳо, то муч бар зан воҷиб нест, вале нигоҳи мард ба он аз рӯи шаҳват ҳаром аст.
2) Андозаи ҳиҷоб
Асмо духтари ҳазрати Абӯбакр(р) ва хоҳари ҳазрати Оиша(р) ба хонаи Пайғамбари Акрам(с) омад, дар ҳоле ки ҷомаҳои нозук ва баданнамо пӯшида буд. Расули Акрам(с) рӯи хешро аз ӯ баргардонданд ва фармуданд:
«يا اَسماءُ، اِنّ المرأَةَ اذا بَلَغَتِ المَحيضَ لَم تصلِح اَن يري مِنها اِلاّ هذا وَ هذا، و اَشارِ اِلي کَفِّهِ وَ وَجهِهِ.» [4]
“Эй Асмо! Ҳамин ки зан ба ҳадди булуғ расид, сазовор нест чизе аз бадани ӯ дида шавад, магар аз банди даст ба поин ва сураташ.”
Имом Содиқ(а) мефармояд:
«لا يصلح للمرأة المسلمة ان تلبس من الخمر و الدروع التي مالا يواري شيئاً.» [5]
“Барои зани мусалмон шоиста нест, ки рӯсариҳо ва либосҳое бипӯшад, ки сар ва бадани ӯро напӯшонад.”
Дар ин ривоят андоза ва марзҳои пӯшиш мушаххас шуда ва он пӯшондани сар ва тамоми бадан аст.
عَن الفضيل بن يسارِ قال: سألتُ اباعبداللهِ (ع) عنِ الذَّاعينِ مِنَ المَرأةِ أَهُمَا منَ الزّينةِ الّتي قال الله تبارک و تعالي: >ولا يُبدِينَ زِينَتَهُنَّ اِلاَّ لِبَعُولَتِهِنَّ<؟
قال: نعم، و مادونَ الخمارِ مِنَ الزِّينَةِ و مادونَ السَّوارَينِ.»
“Фузайл ибни Ясор мегӯяд: Аз Имом Содиқ(а) пурсидам: Оё оринҷи зан то муч аз қисматҳое аст, ки бояд аз ғайри маҳорим бипӯшонад? Имом фармуд: Бале, ончи зери рӯсарӣ қарор мегирад ва ҳамчунин аз маҳали дастмона ба боло, бояд пӯшида шавад.”
Ҳиҷоб аз дидгоҳи Пайғамбар(с) ва Аҳли байташ
1): Дар ривояте аз Имом Ризо(а) нақл шудааст, ки фармуд:
«حرم النطر الی شعور النساء المحجوبات بالاء زدواج و الا غیر هن من النساء لما فیه من الفساد»[6]
“Худованд нигоҳ кардан ба мӯйҳои занони издивоҷ кардаи муҳаҷҷаба ва ғайри онҳоро ҳаром кардааст, зеро нигоҳи шаҳватомези мардон боиси таҳайюҷ ва таҳрики ҷинсӣ шуда ва он муҷиби фасод аст.”
2): Дар асри Расули Худо(с) марди ҷавоне аз қабилаи Ансор дар яке аз кучаҳои Мадина мегузашт, дар он ҳол чашмаш ба зани зебое афтод. Ҷамоли он зан таваҷҷӯҳ ва диққати онро ба худ ҷалб кард, онгоҳ ба дунболи вай равона шуд ва миқдоре роҳ паймуд. Замоне ки чашмаш ба тарафи он зан буд санг ё шишае, ки дар девор буд ба рӯяш бархурд ва хун ҷорӣ шуд ва бар либосҳояш рехт, бо ҳамон вазъ ба ҳузури Паёмбар Акрам(с) омад ва қиссаро ба арз расонид. Дар ин ҳол Ҷабраил(а) нозил шуд ва ин оятро (قل للمؤمنین یغضوامن ابصارهم و…)
бар ҳазраташ нозил кард, ки дар он аз нигоҳи мардон ба занони номаҳрам манъ гардидааст.[7]
3): Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст:
«النظرة سهم من سهام ابلیس،و کم من نظرة أورثت حسرة طویلة «[8]
“Нигоҳ ба зани номаҳрам яке аз тирҳои заҳрогини шайтон аст. Ва чи басо як нигоҳ, ки ҳасрати тулониро дар бар дорад.”
Ва маълум аст, ки агар нигоҳ кардани мард ба зан ҳаром аст, бар зан низ лозим аст, то худро пӯшонад, то сабаби таҳрики мард нисбат ба ӯ нагардад, вагарна мисдоқи кӯмак бар гуноҳ хоҳад шуд.
4): Фазл ибни Аббос ҷавони хушсимо буд. Рӯзе ҳамроҳи Расули Худо(с) бар маркабе савор буд ва ҳаракат мекарданд. Зане аз қабилаи Хасъамия назди он ҳазрат омад ва аз ӯ як савол намуд. Он зан ба чеҳраи Фазл нигоҳ кард ва Фазл низ ба чеҳраи он зан менигарист. Паёмбар(с) ки мутаваҷҷеҳи ин ҷараён ва кор буд, бо дасти худ рӯи Фазлро баргардонд ва амалан аз нигоҳи ду номаҳрам ба якдигар мухолифат намуданд.[9]
5): Дар ривояте омадааст, ки ибни умми Макнум аз Паёмбар(с) иҷозат хост, ки вориди хонаи ӯ шавад. Оиша ва Ҳафса назди ӯ буданд. Ҳазрат ба онҳо фармуд: Бархезед ва дохили утоқ шавед. Гуфтанд: Ӯ нобиност? Ҳазрат фармуд: Агар ӯ шуморо намебинад шумо, ки ӯро мебинед.
6): Амирал мӯъминин Алӣ (а) ба занон салом мекард, вале дӯст надоштанд, ки бо занони ҷавон салом кунад ва дар ҷиҳати он мегуфт: Метарсам садои ӯ (духтарон) маро хуш ояд ва аз ин роҳ зиёне, ки ба ман мерасад, бештар аз подоше бошад, ки аз салом карданам интизор дорам.
Онгоҳ Имом Содиқ(а) фармуд: Албатта ҳазрат ин матлабро барои дигарон фармудааст, гарчи мисолро барои худ заданд. Ва низ фармудааст: Метарсам садои номаҳрам бар ман асар гузорад.
7): Аз Имом Ризо(а) нақл шудааст: Расули Худо(с) аз занон паймон гирифт, ки навҳасароӣ накарда ва сурат нахарошанд ва бо мардон хилват накунанд.[10]
8): Паёмбари Худо(с) савол кард: ایّ شیء خیر للمرئة؟ Чӣ чизе барои зан беҳтар аст? Ҳамаи асҳоб хомуш монданд. Фардо ҳазрати Алӣ(а) ба Паёмбар(с) фармуданд, ки ё Расулаллоҳ ин саволро аз Фотима пурсидам ва ӯ ҷавоб доданд: «ان لا تری رجلاً و لا راها رجل» Инки марди бегонаро набинад ва марди бегона низ ӯро набинад. Ҳазрат дар ин ҳангом фармуд:
بعضها من بعض انها منّی» ذریة”
Ин хонадон аз як дарахтанд, Фотима аз ман аст.[11]
9): Аз ҳазрати Алӣ(а) нақл шудааст, ки фармуд: ”Эй мардуми Ироқ! Шунидаам бадани занони шумо дар роҳ рафтан бо бадани мардон мерасад, оё шумо ҳаё намекунед ?[12]
Дар ривояте омадааст: Худо лаънат кунад касеро, ки ғайрат надорад.
Дар ҳадиси дигаре фармуд: Оё ҳаё намекунед ва ғайрат надоред! Занони шумо ба бозор рафта ва бо мардони бебандубор тамос доранд.
10): Аз умми Салама(р) нақл шудааст, ки чун ояти < یُد نِینَ عَلَیهِنً مِن جلبِیبِهِنً> нозил шуд, занони Ансор аз хона берун мешуданд, дар ҳоле ки ҷомаҳои комилан сиёҳ мепӯшиданд , гуё бар сари онҳо зоғҳое аст.[13]
11): Ҷамъе аз занони Бани Тамим бар Оиша(р) ворид шуданд, дар ҳоле ки либоси нозук бар тан доштанд. Оиша(р) ба онҳо гуфт: Агар шумо занони боимоне бошед ин либос, либоси занони мӯъмина нест ва агар имон надоред, ҳарчи мехоҳед бипӯшед.[14]
Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он, Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ.
[1]. Мустадракул васоил, Нурӣ Табарсӣ, ҷ.2, саҳ. 549
[2]. ҳамон, саҳ. 549
[3]. ҳамон
[4]. Сунани Абӯ довуд, ҷ.4, саҳ. 62
[5]. Маҷмаъул баён фи тафсирил Қуръон, Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, ҷ.7, саҳ. 281
[6]. Васоил, ҷ.14, саҳ. 140
[7]. Васоил, ҷ.7, саҳ. 139
[8]. Ҳамон, саҳ. 138
[9]. Саҳеҳ Бухорӣ.
[10]. Макоримул ахлоқ, саҳ. 223
[11]. Макоримул ахлоқ, саҳ. 223
[12]. Биҳорул анвор, ҷ.43, саҳ. 84
[13]. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ. 518
[14]. Тафсири Қуртубӣ, зайли ояти ҷилбоб.