ҲАҚИҚАТИ ТАВБА ВА ТАРКИ ГУНОҲ(2)

Ҳаромхӯрӣ ибодатро месӯзонад

1-Рӯзи қиёмат ақвоме ҳастанд, ки ҳасаноте монанди кӯҳҳои Макка  доранд, вале амр мешавад, ки  онҳоро ба тарафи  оташ бибаранд. Гуфта шуд: Ё Расулаллоҳ(с) оё намозгузор будаанд? Фармуд: Оре, намоз мехонданд ва рӯза мегирифтанд ва порае аз шабро ибодат мекарданд, лекин ҳар гоҳ чизе аз дунё пайдо мекарданд худро бар он меафканданд, яъне ҳалол ва ҳаромро риоят намекарданд.

Ҳаққи мардум монеи қабулии амал аст

2-Расули Худо(с) фармуд: Ба ман амр шуд, ки қавми худро битарсон ва бигӯ: Дохил нашавед дар хонае аз хонаҳои ман, (яъне масоҷид) ва ҳол он ки барои бандае аз бандагони ман ҳаққе назди шумо бошад, ки ба ӯ зулм намудаед. Ба дурустӣ, ки то дар назди ман ба намоз истода, ӯро лаънат мекунам, то он ҳақро ба соҳибаш баргардонад.[1]

3-Ва низ Пайғамбар(с) фармуд: Малаке ҳар шаб аз тарафи Худо бар Байтулмуқаддас садо мезанад: Ҳар касе ҳаром бихӯрад Худо ҳеҷ амалеро аз ӯ намепазирад, хоҳ воҷиб бошад  хоҳ мустаҳаб.[2]

Амал, танҳо бо парҳезгорӣ пазируфта мешавад

4- Қуръон мефармояд: Худованд фақат амали  парҳезгоронро мепазирад.[3]

5- Агар он қадар намоз бихонед ва барпо истед, ки мисли мехҳои кӯбида дар замин бишавед ва он қадар рӯза бигиред, ки аз заъф монанди чӯбҳои тарошида шавед ё ин ки монанди камонҳо хамида гардед, Худо ин корҳоро аз шумо намепазирад, магар бо вараъ ва тақвое, ки шуморо аз гуноҳ боз дорад.[4]

Гуноҳ монеи истиҷобати дуо аст

6- Гузари Мӯсо(а) ба марде аз асҳобаш афтод, ки дар саҷда буд. Ҳангоме ки баргашт боз ҳамон шахсро дар саҷда дид. Фармуд: Агар ҳоҷатат ба дасти ман буд, ҳар оина бароварда будам. Худованд ба ӯ чунин ваҳй фармуд, ки агар он қадар барои ман саҷда кунад, ки гарданаш хурд шавад аз ӯ намепазирам то ин ки аз он чи нохушоянди ман аст рӯй гардонад ва ба он чӣ матлуби ман аст рӯй оварад,[5]  яъне аз гуноҳ парҳез кунад ва ибодатро ба ҷо оварад, вагарна гуноҳон монеи қабул шудани дуо мегарданд.

Ибодати ҳақиқӣ тарки гуноҳ аст

7- Асли дин парҳез аз гуноҳ аст. Аз гуноҳ парҳез намо, обидтарини мардуми ботақво бош ва дар амал намудан ба тақво ҳиммат дошта бош ва аз ғайри он парҳез кун, ба дурустӣ амале, ки пазируфта шавад кам нест.[6]

Яъне агар аз гуноҳ  дурӣ кардӣ амалат ҳарчанд  кам бошад қабул аст ва амале ҳам, ки қабул шуд

аз ин назар, ки пазируфташудаи Раббулоламин    аст   кам нест.

Аз гуноҳ бояд худдорӣ кард

Бинобар ин аҳли имон бояд хеле битарсанд ва хеле эҳтиёт кунанд то ҳар кори хайре, ки барои расидан ба дараҷаҳои олӣ ва мақоми қурб ва наздикӣ ба Парвардигор анҷом медиҳанд, мабодо ба воситаи гуноҳ кардан зоеъ шавад ва аз байн биравад. Чӣ зиёнкорие бузургтар аз ин  ки инсон ба дасти худаш сармояашро аз байн барад.

 Корҳои нек монанди ғубор пароканда мешавад. Аз ҳазрати Содиқ(а) пурсиданд, ки маънои ояти “Қасд наму –дем аз амале, ки дар сурат зебо аст. Пас он кирдорро монанди зарраҳои пароканда ё монанди хокистари барбод додашуда   гардонидем, яъне онро қабул накарда савобе барои он   надодем” чист? Ҳазрат фармуд: Огоҳ бош ба Худо қасам ҳарчанд аъмоли инҳо муфидтар ва боҷилотар аз порчаҳои сафеди мисрӣ буд, лекин ҳар гоҳ барояшон гуноҳе пеш меомад онро тарк намекарданд.[7] 

  Парҳезгорон беҳисоб ба биҳишт мераванд

Худованд ба Мӯсо(а) ваҳй фармуд: Ба дурустӣ, ки бандагон ба ман наздик намешаванд, ба чизе, ки писандидатар аз се чиз бошад. Мӯсо(а) арз кард: Парвардигоро он се чиз кадом аст? Фармуд: Зуҳд дар дунё ва парҳез аз гуноҳон ва гиря кардан аз тарси ман.

Мӯсо(а) гуфт: Парвардигоро подоши касе, ки инҳоро ба ҷо оварад чист? Фармуд: Аммо зоҳидини дар дунё, пас ҷои эшон дар биҳишт аст, аммо гирякунандагон аз тарси ман  ҷояшон дар маҳалли баланде аст, ки бо эшон касе дар он ҳаммақом нест ва аммо соҳибони вараъ ва парҳез аз маъсияти ман ба дурустӣ, ки аъмоли халоиқро бозрасӣ мекунанд, вале аъмоли эшонро тафтиш        намекунанд, яъне беҳисоб вориди биҳишт мешаванд.[8]

  Дарҳои биҳишт бар рӯи парҳезгорон боз аст

      Аз Расули Худо(с) ривоят  шудааст, ки фармуд: Қасам ба он   Худое, ки ҷони ман дар қабзаи қудрати ӯст ҳеҷ бандае нест, ки панҷ вақт намозҳои воҷибро баҷо оварад ва рӯзаи моҳи Рамазонро бигирад ва  аз  гуноҳони  кабира  дурӣ  кунад  магар  ин  ки дарҳои биҳиштро  ба  рӯи ӯ  бикушоянд.  Сипас  ояте,  ки  гузашт тиловат фармуд.[9]

Тақсими гуноҳон ба сағира ва кабира.

Агар касе аз гуноҳони кабира (бузург) парҳез намояд барои гуноҳони сағирааш бозхост нахоҳад шуд ва Худои Таоло бо фазлаш онҳоро меомурзад. Чунон ки дар сураи Нисо мефармояд: “Агар аз гуноҳони бузурге, ки наҳй шудаед дурӣ кунед гуноҳони шуморо дармегузарем ва дуриятонро аз гуноҳони кабира каффораи гуноҳони сағира қарор медиҳем ва шуморо дар ҷои бузург ва шарифе, ки биҳшт аст, дароварем”. [10]

Таҳияи Муҳаммадулло Ҳалимов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 



[1] . Уддат-уд-доӣ, саҳ. 236.

[2] . Уддат-уд-доӣ.

[3] . Сураи Моида , ояти 30.

[4] . Уддат-уд-доӣ.

[5] . Уддат-уд-доӣ, саҳ. 125.

[6] . Уддат-уд-доӣ.

[7] . Уддат-уд-доӣ, Кофӣ.

[8] . Уддат-уд-доӣ .

[9] . Тафсири Минҳоҷ-ус-содиқин.

[10] . Нисо. 35.

 

 

 

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...