ҲИҶОБ ДАР ЛУҒАТ ВА ИСТИЛОҲ

 Ҳиҷоб дар луғат

Барои калимаи ҳиҷоб дар кутуби луғат маъноҳои гуногуне зикр кардаанд, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мешавад.

1. Ҳиҷоб дар луғат: парда, сатр, ниқобе, ки занон чеҳраи худ бадон пушонанд.[1]

2. Ҳиҷоб ҳам ба маънои пӯшидан аст ва ҳам ба маънои парда, чунки парда василае барои пӯшиш аст.[2]

Он пӯшише ҳиҷоб номида мешавад, ки аз тариқи пушти парда воқеъ шудан сурат гирад.

3. Турайҳӣ дар Маҷмаъулбаҳрайн менависад:

“Асли ҳиҷоб, пӯшише аст, ки байни бинанда ва шахсе, ки дида мешавад(الرائی و المرئی ( ҳоил мешавад”.

4. Ибни Манзур дар Лисонулараб чунин менависад:

“Ҳиҷоб ба маънои пӯшидан..( ва низ) номи чизе аст, ки ба василаи он худро мепӯшонанд ва ҳар чизе,  ки миёни ду чиз ҷудоӣ бияндозад, ҳиҷоб аст”.[3]

Ӯ барои таъбири ҳиҷоб таъбирҳои дигаре низ дорад:

“Фарзандони Қуссай мегуфтанд:( (فیناالحجابة “Ҳиҷоб яъне пардадории хонаи Худо махсуси мо аст”. Яъне пардаи Каъба ва пардадорӣ аз он ва мутаваллии ҳифзи он буданд ва калиддории Каъба махсуси фарзандони Қуссай аст.[4]

Аз ин таъбир метавон истифода кард, ки ҳиҷоб ҳамеша бо ҳифз ва муроқибат мебошад.

“Дар Қуръони Карим низ вожаи ҳиҷоб ҳафт бор омадааст, ки маъно ва мафҳуми куллии он чизе аст, ки монеи дида шудани чизи дигар мешавад. Албатта мурод аз монеъ дар баъзе оёт монеъи моддӣ ва дар баъзе оёти дигар монеъи маънавӣ аст “.[5]

   Ҳиҷоб дар истилоҳ

Маънои истилоҳии ин вожа мутаносиб бо маънои луғавии он аст. Ҳамон тавр ки дар китоби “Ҳиҷоб дар Ислом” омадааст: “Маънои истилоҳии ҳиҷоб ҳамон пӯшиши махсуси занон аст, ки гоҳе ҳам ба маънои парда ва ҳоҷиз  меояд”.[6]

Дар шариат низ барои ҳиҷоб се корбурд вуҷуд дорад:

1. Ин ки зан тамоми аъзои баданашро (магар он миқдор, ки иҷоза додашудааст) аз ҳар нозире, ки нигоҳ кардан бадон зан ҷоиз нест, бипӯшонад.

2. Ин ки дар хонаи хеш бимонад ва ҷуз ҳангоми зарурат, аз он хориҷ нашавад.

3. Чизе, ки байни зан ва мардони номаҳрам монеъ мешавад.[7]

Ҳамонтавр, ки мулоҳиза шуд бардоштҳое, ки аз маънои истилоҳии ин вожа вуҷуд дорад  бо якдигар мутафовит аст. Ба назар мерасад, ки решаи ин ихтилоф, аз маънои луғавии ҳиҷоб бошад. Шояд

каломи устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ баёнгари сабаби ин ихтилоф бошад. Эшон дар зайли унвони  вожаи “ҳиҷоб”  овардааст, ки: “калимаи ҳиҷоб ҳам ба маънои пӯшидан аст ва ҳам ба маънои парда ва ҳиҷоб, бештар истеъмолаш ба маънои сатр аст. Ин аз он ҷиҳат мафҳуми пӯшиш дорад, ки парда, василаи пӯшиш аст ва шояд битавон гуфт, ки ба ҳасаби асли луғат, ҳар пӯшише ҳиҷоб нест, он пӯшише ҳиҷоб номида мешавад, ки аз тариқи пушти парда воқеъ шудан сурат гирад.”

Шаҳид Мутаҳҳарӣ баъд аз зикри мавориде аз оёт ва ривоёт ва нақли суханони ибни Халдун, ки дар он вожаи ҳиҷоб ба маънои “парда” ба кор рафтааст мефармояд: “Истеъмоли калимаи ҳиҷоб дар мавриди пӯшиши зан як истилоҳи нисбатан ҷадид аст. Дар қадим ва махсусан дар истилоҳи фуқаҳо калимаи сатр,  ки ба маънои пӯшиш аст, ба кор рафтааст. Фуқаҳо дар китоби намоз ва  дар китоби никоҳ, ин матлабро бо калимаи«تَسَتُّر» , (Тасаттур) сатр ба кор бурдаанд, на калимаи “ҳиҷоб”.

Беҳтар ин буд, ки ин калима иваз намешуд ва мо ҳамеша ҳамон калимаи “пӯшишро” ба кор мебурдем. Зеро чунон ки гуфтем маънои роиҷи луғати ҳиҷоб парда аст ва агар дар мавриди пӯшиш ба кор бурда мешавад, ба эътибори пушти парда воқеъ шудани зан аст[8] ва ҳамин амр сабаб шудааст, ки иддаи зиёде гумон кунанд, ки Ислом хостааст зан ҳамеша пушти парда ва дар хона маҳбус бошад ва берун наравад.

Вазифаи пӯшише, ки Ислом барои занон муқаррар кардааст бадин маъно нест, ки занон аз хона берун нараванд. Зиндонӣ кардани зан ва ҳабси зан дар Ислом матраҳ нест.

Дар бархе аз кишварҳои қадим мисли Эрони бостон ва Ҳинд чизҳое аз қабили сахтгириҳои бемаврид ва беҷо вуҷуд доштааст, вале дар Ислом сахтгириҳои бемаврид вуҷуд надорад.

Ислом мехоҳад, ки зан дар муоширати бо мардони бегона бадани худро бипӯшонад ва ҷилвагарӣ ва худнамоӣ накунад.[9]

“Аммо имрӯза вақте, ки зан аъзои худро ба ҷуз он қисматҳое, ки дар шариат иҷоза дода шуда аз номаҳрам бипӯшонад ва он ҳудуди шаръиеро, ки миёни зану мард лозим аст риоят намояд, ҳиҷоб меноманд.”[10]

Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он

 



[1].  Фарҳанги форсӣ, Доктор Муин, ҷ 1, саҳ. 1340

[2] .  Муассисаи луғатномаи Деҳхудо, Доктор Сайдҷаъфари Шаҳидӣ, ҷ.6 саҳ 8701

[3]. Лисонулараб, Ибни Манзур, Аҳмад, ҷ.4, саҳ. 36

[4].  Ҳамон, саҳ. 37

[5] . Пурсумони ҳиҷоб, Маҳдизода, Ҳусейни, саҳ. 48

[6] . Ҳиҷоб дар Ислом, Вишнавӣ Қумӣ, Шайх Қавом, тарҷумаи Аҳмад Ҳусеинии Гургонӣ, саҳ. 141

[7]  .  Алмироту фил Ислом, Даволибӣ  Муҳаммад, саҳ. 21

[8]. Масъалаи ҳиҷоб, Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ, саҳ. 62-79

[9]. Нашрияи Анҷумани исломии пизишкон

[10]. Осори суӣ фардӣ ва иҷтимоии бадҳиҷобӣ ва беҳиҷобӣ, Наврузӣ, Озода, коди поённома 474, таърихи дифоъ 2.6.1384, саҳ. 2

 

 

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...