Қуръон бихон!

 

Қуръон бихон! Тамоми ҷаҳон гӯш мешавад

Ғайр аз ту ҳар чӣ ҳаст фаромӯш мешавад

Эй шуълаи шигифти ҳақиқат! Чароғи дарк

Пеши ташаъшуъоти ту хомӯш мешавад

Маҳви Ҳирои замзамаи осмоният

Довуд ҳам ба маҳзи ту мадҳӯш мешавад

Қуръон бихон сароҳати ҷорӣ, ки нои ту

Ҷуръа ба ҷуръа дар нафасам нӯш мешавад

Боғест самти равшани андешаҳои бикр

Боғе, ки аз шамими ту гулпӯш мешавад

Лаб боз кун ба замзама дар ин сукути маҳз

Қуръон бихон! Тамоми ҷаҳон гӯш мешавад.

Мустафо Малик Обидӣ

Охирин матолиб

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...