Шинохти ақсоми куфр ва шак

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

(1) Куфр чаҳор шоха дорад; кунҷковии нобаҷо [ё дар паи ваҳм рафтан, ба гумони дарёфтани асрор], кашмакаш бо мардум, инҳироф аз ҳақ ва душманӣ.

1. Касе, ки кунҷковии нобаҷо кард, ба сӯи ҳақ бознагашт.

2. Касе, ки аз рӯи нодонӣ ба кашмакаш бо мардум пардохт, кӯрияш аз дидани ҳақ давом ёфт.

3. Касе, ки аз ҳақ мунҳариф гашт, назди ӯ хубӣ бад ва бадӣ намоён шуд ва ба мастии гумроҳӣ мубтало гашт.

4. Касе, ки душманӣ варзид, роҳҳо бар ӯ сахт ва кораш душвор ва роҳи раҳоияш тангу борик шуд.

(2) Шак чаҳор шоха дорад; ҷидол дар гуфтор, тарс, дудилӣ ва дар баробари ҳодисаҳо таслим шудан [ва худро бохтан].

1. Касе, ки равиши ҷидолро пеша сохт, шаби гумроҳияш ба сапедадам нарасид.

2. Касе, ки дар дудилӣ мураддад монад, шайтонҳо лагадмолаш мекунанд.

3. Касе, ки аз ҳар чизе тарсид, ҳамеша дар ҳоли ақибнишинӣ аст.

4. Ва касе, ки худро таслими ҳалокати дунё ва охират намуд, дар ҳарду ҷаҳон ба ҳалокат расид.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 31 бахши дуввум)

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...