ШЕЪР ДАР ХИДМАТИ ИСЛОМ

Шоир андар синаи миллат чудил

Миллати  бе  шоире  анбори  гил

  Ҳамвора дар миёни ҳар миллате касоне ҳастанд, ки аз табъи латиф ва завқи саршор бархурдоранд ва падидаҳои атрофи худро ба алфози мавзун ва шево баён мекунанд. Инҳо шоиронанд. Агар ин афрод табъи латифи худро бо фаро гирифтани маориф ва ҳақоиқи олам парвариш диҳанд, метавонанд маонии баландеро дар қолабҳои зебо ба дигарон ироа диҳанд. Шоирони ҳақҷўву ҳақбин дар тули таърих бо баёни зебои худ марзҳои ҳақ ва ботилро аз ҳам ҷудо намуда, мардумро ба пайравӣ аз ҳақ ва дурӣ аз ботил даъват намудаанд. Аз онҷо ки шеър дар миёни навъи мардум аз ҷаззобияти хоссе бархурдор аст, ҳар матлабе, ки аз ин тариқ ба онон ироа дода шавад, дар дилҳои онон ба хубӣ  ҷо хоҳад гирифт. Ба хотири ҳамин ҷаззобият ва дилнишинии шеър аст, ки хутабои муваффақ аз ин санъат зиёд истифода мекунанд ва нависандагон дар осори худ ҳатман чанд намуна аз онро меоваранд.

  Мо низ дар ин бахш аз фаслнома талош хоҳем дошт то шоҳкорҳое аз ин санъатро ба унвони намуна биёварем ва аз бузургони шеъру сухан ёде хоҳем кард, то сабаби ошноии бештари донишпажўҳон аз ин василаи таблиғӣ гардад. Дар ибтидо чанд нукта дар мавриди шеър хоҳем овард ва чанд намунаро аз сурудаҳои ҳаким Фирдавсии Тўсӣ дарҷ хоҳем намуд.

Шеър дар луғат:

Шеър дар луғат ба чанд маъно зикр шудааст, аз ҷумла ба маънои “донистан ва дарёфтани чизе, донистан, неку гуфтан, чира шудан бар касе, хуб гуфтан ё бад гуфтан…”

Шеър дар истилоҳ:

  Шеър дар истилоҳ низ ба чанд маъно омадааст. Арабҳо гуфтаанд сухане, ки вазн ва қофия дошта бошад ё баъзеҳо гуфтаанд: сухани мавзуни қофиядор, ки далолат бар маъонӣ кунад. 

Назди уламои Араб каломеро шеър гуянд, ки гуяндаи он пеш аз адои сухан қасд карда бошад, каломи хешро мавзун ва қофиядор адо кунад ва чунин гуяндаро шоир номанд, вале касе, ки қасд кунад сухане гуяд ва бидуни иродаи вазн ва қофия сухани ў мавзун ва қофиядор адо шавад ўро шоир натавон гуфт.

 Фарқ байни оётиҚуръон ва шеър

Бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки дар каломи Маҷид оёте вуҷуд дорад, ки муто-биқат бо баҳр ва авзони арузӣ доранд, монанди:

اذا الشّمسُ کوّرَتْ واذاالنُّجُومُ انکَدَرَتْ

 вале аз онҷо ки мавзун ва муқаффо будани он мақ- суди мутакаллим набудааст онҳоро шеър натавон гуфт. Аз ин рўст, ки дар бораи  Паёмбар (с) омадааст:

 ( وَ ما عَلَّمناهُ الشّعرَ وَ ما يَنبَغى لَهُ ان هُوَ الاّ ذکرٌ وَ قُرآنٌ مُبينٌ )

 Фарқ байни каломи Паёмбарон (а) ва ҳукамо бо шуъаро

Фарқ байни каломи Паёмбарон ва ҳукамо бо шуаро ин аст, ки шуаро нахуст вазн ва буҳур ва қофияе дар назар мегиранд ва онгоҳ маъноро дар қолаби он баён мекунанд дар сурате, ки анбиё ва ҳукамо нахуст маъноро дар назар мегиранд ва сипас барои баёни он, аз алфозе истифода мекунанд.

Мо дар ин навиштор дар бораи ибратгирӣ, панд- омўзӣ ва маодандешӣ ба ашъори устоди Тўс Абул- қосим Фирдавсӣ назар хоҳем кард.

Қабл аз инки ба ин мавзўъ бипардозем лозим аст аввалан  дидгоҳи Қуръон ва аҳодиси Паёмбар(с) ва маъсуминро  дар ин росто мушаххас намуда,  баъдан ба ашъори устоди бузургвор дар робита бо ин мавзўъ бипардозем.

Худованд дар Қуръон мефармояд:

( لَقَد کانَ فى قَصَصهمْ عبرةٌ لاوْلى الالباب/  يوسف 111 )

Ё ба Паёмбар барои гўшзади мардум мефармояд:

(فَاقْصُص القَصَصَ لَعَلَّهُمْ يَتَفَکَّرُونَ :7/174)

Ҳадисе дар ин бора аз мавлои муттақиён Алӣ (а):

( اَغْفَلُ النّاس مَنْ لَمْ يَتَّعظْ بالتَّغَيُّر الدُّنْيا من حالٍ الى حالٍ / معانى الاخبار  ص: 195 )

Фирдавсӣ низ бо таассӣ аз мавлои худ  мефармояд:

Ҷаҳон сар ба сар ибрату ҳикмат аст,

Чаро зў ҳама баҳри ман ғафлат аст.

  Аз мутолиаи ашъори ин ҳакими суханвар чунин бадаст меояд, ки яке аз хусусиёти Фирдавсӣ ва Шоҳномаи вай маргогоҳӣ, маодандешӣ ва ибратгирии вай аз ҳаводиси рўзгор аст, ки ин амрро бояд аз ҷилваҳои боризи тобиши Қуръон ва аҳодиси пеш-воёни маъсум (а) бар зеҳн ва дили устоди Тўс ва бозтобии он аз равзани Шоҳнома шуморид.

Ҳамакнун нигоҳи мухта- саре дар робита бо ин мавзуъ ба Шоҳнома меафканем.

  Шоҳнома дар ҳавзаи таъсири ҳамин фарҳанг чашм ба ҷаҳон кушода ва сарояндаи донишвари он бо абёти ибратангезаш дар фарозу фуруди достонҳо бар ҳамин шева сайр кардааст. Устоди Тўс ба ростӣ ҳакими ибратбин, маргогоҳ ва маод- андеше аст:

Кунун эй хирадманди равшанравон,  

Ба ҷуз номи Яздон магардонзабон.

Ки уяст бар неку бад раҳнамо,

Вазуяст гардуни гардон ба ҷой.

Ҳаме бигзарад бар ту айёми ту,                    

Сарое  ҷуз ин бошад ороми ту.

Зи рузи гузар кардан андеша кун,                  

Парастидани додгар пеша кун.

Битарс аз Худову маёзор кас,

Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.

  Аз равзанаи Шоҳнома, ки бигзарем устодро мебинем, ки бар қуллаи рафее аз фикру зикру назар истода, дурбини таърих дар даст гирифта ва нозири “суннати устувор ва фарогири ҳастӣ”, яъне омаду рафти одамиён ва заволи тадриҷӣ ё дафъии қудратҳо ва меҳнатҳо аст.

   Шоҳнома сар то по нафаси гарми ҳакимро бо худ ва дар худ дорад, ки аз манзари таърих, шоҳон ва шоҳакони бисёреро дида ва нигариста аст, ки нахуст чун ғунчае шукуфта ва боз шудаанд ва сипас чун гуле, ки боди хазон дида бошад, пажмурда ва пар-пар гаштаанд ва дар авҷи шукўҳ ва нозу неъмат, ногаҳон манзил ба дигарон супурда ва рахт ба сарои хомўшон бурдаанд.

  Ҳакими Тўс, ҳамчун дидбони дақиқ бар фарози куҳсор ин ҳамаро бо диққат мебинад ва ба шевоӣ гузориш медиҳад ва гоҳ-гоҳ низ ҳушдор медиҳад, ки:

Эй мардум аз ҳирсу озор бикоҳед  ва умр ба ғафлат магузаронед, ки навбати шумоён низ дер ё зуд фаро хоҳад расид.

 Аё донишмарди бисёр ҳуш, 

Ҳама чодари озмандӣ мапўш.

Ки тахту кулаҳ чун ту бисёр дид, 

Чунин достон чанд хоҳӣ шунид.

Чи ҷуйӣ  аз ин тира хоки нажанд, 

Ки ҳам боз гардонадатмустаманд.

Ки гар чархи  гардон кашадзиниту, 

 Саранҷом, хок аст болини ту.

Куҷо он бузургони бо тоҷутахт,

Куҷо он саворони пирузбахт.

Куҷо он хирадманду кандоварон, 

 Куҷо он сарафрозу ҷангӣ сарон.

Куҷо он гузиданиёкони мо, 

 Куҷо он далеронупокони мо.

Ҳама хок доранд болину хишт, 

Хунак онки тухми некӣбикишт.

  Аз манзари нигоҳи Фирдавсӣ ва «усулан дар биниши ислом» чунин нест, ки чун ба воқеияти ин ҷаҳони фонӣ ва нопойдор пай барем қатъи умед кунем ва биандешем: Ҳол, ки чунин аст, пас бояд ҳарчи зудтар аз ин ҷаҳон рахт баст ва дар сурати имкон бо интиҳор ва худкушӣ ба саҳнаи ханда-овари он хотима дод. Бадбинии Фирдавсӣ нисбат ба дунё ноумедӣ ва яъси руҳу нотавонӣ нест, ки дар хафақони банди ҳастӣ маҳсур монда ва ҳеҷ равзанаи умеде набинад ва оромишро дар инҳидоми комили худ бинад. Бадбинии Фирдавсӣ на “яъси” монеъи ҳидоят аст ва на фарзияи “беҳудагии маҳз”,  балки дар биниши исломии Фирдавсӣ, марг сирфан нардбони интиқоли одамӣ аз ҷаҳонест ба ҷаҳони боқӣ ва бартар ва онон, ки дар тўли умр тўшаи некӣ андухтаанд, дар он ҷаҳон ҷое дар биҳишти ҷовидонӣ доранд:

Ба рафтани марг беҳтар оядаш ҷой 

Чу  ором  бояд  ба  дигар  сарой

  Марг дар андешаи устоди Тўс, айни кадхудоӣ ва ҳадафмандӣ аст. Фасона ва сароб будани гетӣ низ аз он назар аст, ки дунё аслу асос
қарор гирифта ва часпидан ба он мояи эъроз аз ухро ва уқбо гардад.  Вагарна аз зовияи дигар, ҷаҳон ҷилва- гоҳи ҷалол ва ҷамоли ҳақ ва киштзори охират аст ва лизо шоистаи сад тамҷиду таҳсин:

Бар он офарин к-офарин офарид,    

Макону  замону  замин офарид .

Ҳам ором аз ўст ҳам ком аз ўй, 

Ҳам анҷом аз ўсту  фарҷом аз ўй .

 Сипеҳру замону замин кардааст, 

 Каму беши гетӣ баровардааст .

Зи хошоки ночиз то арши рост, 

 Саросар ба ҳастии яздон гувост .

Ҷуз ўро махон кирдгори ҷаҳон,  

 Шиносандаи ошкору ниҳон .  

Билоли Аҳмадӣ        

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...