Шеваҳои таълиму тарбияти волидайн 1

tarbbit

tarbbitАз вижагиҳои ин шеваи тарбиятӣ ин аст, ки ҳар як аз аъзои хонавода ба таносуб ва тавони худ дар таъйин ва интихоби аҳдоф ва талош барои дастёбӣ ба онҳо ширкат доранд. Аъзои хонаводаи муқтадир бо ҳамдигар ҳамкории самимона ва ҷиддӣ доранд. Вақте иддае дар интихоби ҳадафҳо мушорикат дошта бошанд ва ҳадафҳоро бо таваҷҷӯҳ ба масолеҳи хонавода таъйин кунанд, бо иштиёқ ва қудрати бештаре дар таҳаққуқи онҳо талош мекунанд.

 

Яке дигар аз вижагиҳои хонаводаи муқтадир инзиботи ҳамроҳ бо рафтори худмухторона аст. Волидайн ҳар гоҳ кӯдакро аз чизе манъ кунанд ё аз вай интизори хос дошта бошанд масъаларо барои ӯ ба хубӣ тавзеҳ дода далели онро баён мекунанд. Дар ин ҳол, агар фарзандон дар корҳои худ кӯтоҳи кунанд ва ё бар хилофи он чи ки аз сӯи хонавода таъйин шуда амале анҷом диҳанд, тамоми аъзои хонавода дар таъйини муҷозоти ӯ ширкат мекунанд. Барои таъйини муҷозот ба муқарароте истинод мешавад, ки афрод аз қабл дар ин бора таъйин кардаанд ва ҳол вақти он расидааст, ки он муқарарот ба кор гирифта шаванд. Барои пешгирӣ аз иртикоби рафторҳои нописанд ва нодуруст аз сӯи фарзандон, волидайн дар ҳар маврид мекӯшанд, ки фарзандонро ба осори аъмоли худ огоҳ созанд ва ба онҳо кӯмак кунанд, ки худашон аъмоли хешро идора намоянд, бинобарин барои иҷрои инзибот дар хона ва ҷомеа, худидорагӣ, ҷонишини идора шудан мешавад[1]

Вижагии муҳимми тарбияти муқтадирона, равиши зиндагист. Равиши зиндагии ин хонавода бар асоси машварат ва пайравӣ аз мабнои ақл ва маслиҳатандешона интихоб мешавад. Бар шеваи тарбияти волидайни муқтадир, на маҳдудияти мутлақ соя афкандааст, ва на ин шева дучори мӯъзали озодии мутлақ аст[2], балки меъёри робитаи волидайну фарзанд, озодии нисбӣ ва мутаодил ва ҳамчунин инзиботи ҳидоятшудае хоҳад буд, ки фурсати кофӣ барои изҳори назар ба бачаҳо медиҳад, то мушкилот ва хостаҳои худро бо волидайнашон дар миён гузоранд. Дар чунин фазое фарзандон метавонанд озодона ақидаи худро баён кунанд ва ҳунарҳо ва маҳоратҳои доштаи хешро ошкор намоянд ва дар натиҷа аз амнияти равонии кофӣ бархӯрдор шаванд. Ба таври хулоса метавон асоси омӯзиш ва парвариш дар хонаводаҳои муқтадирро ба тартиби зер баён кард:

    Тамоми афроди хонавода муҳтарам ҳастанд;
    Аъзои хонавода, салоҳияти изҳори назар дар бораи масоил ва мушкилоти марбут ба худро доранд;
    Ҳамаи афроди хонавода ҳақ доранд дар тасмимоте, ки дар бораи онон ё корашон гирифта мешавад, дахолат кунанд ва дар айни ҳол масъулият доранд, ки дар тасмимгириҳо ва анҷоми вазоиф, оқилона, мутобиқ бо масолеҳи хонавода ва тибқи қавонини пазируфта шуда амал кунанд;
    Равиши уқалоӣ дар тамоми ҷанбаҳо ва шууни зиндагии ин хонавода дида мешавад;
    Асоси ин навъ зиндагӣ бар ҳамкори ва ҳамёрист.

идома дорад.

Х. Раҳимӣ

[1]. Шариатмадорӣ, Алӣ, Равоншиносии тарбиятӣ, саҳ. 212 то 215.

[2] . Аҳмади, Муҳаммадризо, Равоншиносии тарбиятӣ, саҳ. 19. </p

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.