Тарҷумаи Сураи Муъминун

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 118 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Мўъминон растагор шуданд.

2               Онҳо, ки дар намозашон хушўъ доранд.

3               Ва онҳо, ки аз лағву беҳудагӣ рўйгардонанд.

4               Ва онҳо, ки закотро медиҳанд.

5               Ва онҳо, ки доманҳои худро (аз олуда шудан ба беиффатӣ) ҳифз мекунанд.

6               Танҳо омезиши ҷинсӣ бо ҳамсрон ва канизонашон доранд, ки дар баҳрагирӣ аз онон маломат намешаванд.

7               Ва касоне, ки ғайр аз ин тариқро талаб кунанд, таҷовузгаранд.

8               Ва онҳо, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд.

9               Ва онҳо, ки бар намозҳояшон эҳтиёт менамоянд.

10           (Оре), онҳо ворисонанд.

11           (Ворисоне), ки Биҳишти Баринро ирс мебаранд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

12           Ва мо инсонро аз фушурдае аз гил офаридем,

13           Сипас ўро нутфае дар қароргоҳи мутмаин (раҳим) қарор додем.

14           Сипас нутфаро ба сурати алақа (хуни баста) ва алақаро ба сураи музға (чизе монанди гўшти ҷавидашуда) ва музғаро ба сурати устухонҳое даровардем. Ва бар устухонҳо гўшт пўшондем, сипас онро офариниши наве додем. Пас бузург аст Худое, ки беҳтарин офаринандагон аст!

15           Сипас шумо баъд аз он мемиред,

16           Сипас дар рўзи қиёмат барангехта мешавед.

17           Мо бар болои сари шумо ҳафт роҳ (табақаҳои ҳафтгонаи осмон) қарор додем. Ва мо (ҳаргиз) аз халқ (-и худ) ғофил набудаем.

18           Ва аз осмон, обе ба андозаи муайян нозил кардем ва онро дар замин (дар ҷойгоҳи махсусе) сокин намудем. Ва мо барои аз байн бурдани он комилан қодирем.

19           Сипас ба василаи он боғҳое аз дарахтони нахлу ангур барои шумо эҷод кардем, боғҳое, ки дар он меваҳои бисёр аст ва аз он мехўред.

20           Ва (низ) дарахтеро, ки аз Тури Сино мерўяд (дарахти зайтун) ва аз он равған ва «нонхуриш» барои хўрандагон фароҳам мегардад, (офаридем).

21           Ва барои шумо дар чаҳорпоён ибрате аст, аз он чӣ дар даруни онҳост (аз шир), шуморо сероб мекунем ва барои шумо дар онҳо манофеи бисёре аст ва аз гўшти онҳо мехўред,

22           Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.

23           Ва мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем, ў ба онҳо гуфт: «Эй қавми ман! Худованди Якторо бипарастед, ки ҷуз Ў маъбуде барои шумо нест. Оё (аз парастиши бутҳо) парҳез намекунед?!

24           Ҷамъияти ашрофӣ (ва мағрур) аз қавми Нўҳ, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард ҷуз башаре ҳмчун шумо нест, ки мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷўяд, агар Худо мехост (пайғамбаре бифиристад), фариштагоне нозил мекард. Мо чунин чизеро ҳаргиз дар ниёкони худ нашунидаем!

25           Ў фақат марде аст, ки ба гунае девонагӣ мубталост, пас муддате дар бораи ў сабр кунед, (то маргаш фаро расад ё аз ин беморӣ раҳоӣ ёбад)».

26           (Нўҳ) гуфт: «Парвардигоро! Маро дар баробари инкорҳои онон ёрӣ кун!».

27           Мо ба Нўҳ ваҳй кардем, ки: «Киштиро дар ҳузури мо ва мутобиқи ваҳйи мо бисоз. Ва ҳангоме, ки фармони мо (барои ғарқи онон) фаро расад ва об аз танўр биҷўшад, (ки нишонаи фаро расидани тўфон аст), аз ҳар як аз анвои ҳайвонот як ҷуфт дар киштӣ савор кун. Ва ҳамчунин хонаводаатро, магар ононе, ки пеш аз он ваъдаи ҳалокаташон дода шуда (ҳамсар ва фарзанди кофират). Ва дигар дар бораи ситамгарон бо ман сухан магў, ки онон ҳамагӣ ҳалок хоҳанд шуд.

28           Ва ҳангоме, ки ту ва ҳамаи касоне ки бо ту ҳастанд, бар киштӣ савор шудед, бигў: «Ситоиш барои Худое аст, ки моро аз қавми ситамгар наҷот бахшид».

29           Ва бигў: «Парвардигоро! Моро дар манзилгоҳи пурбаракате фуруд ор ва ту беҳтарин фурудоварандагонӣ».

30           (Оре), дар ин ҳодиса (барои соҳибони ақлу андеша), оятҳо ва нишонаҳое аст ва мо ҳатман (ҳамагонро) имтиҳон мекунем.

31           Сипас ҷамъияти дигареро баъд аз онҳо ба вуҷуд овардем.

32           Ва дар миёни онон расуле аз худашон фиристодем, ки: «Худоро бипарастед, ҷуз Ў маъбуде барои шумо нест, оё (бо ин ҳама, аз ширку бутпарастӣ) парҳез намекунед?!».

33           Вале ашрофиён (-и худхоҳ) аз қавми ў, ки кофир буданд ва дидори охиратро инкор мекарданд ва дар зиндагии дунё ба онон нозу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин башаре аст мисли шумо. Аз он чӣ мехўред, мехўрад ва аз он чӣ менўшед, менўшад! (Пас чӣ гуна метавонад пайғамбар бошад?!).

34           Ва агар аз башаре монанди худатон итоат кунед, ҳатман зиёнкоред.

35           Оё ў ба шумо ваъда медиҳад, ҳангоме, ки мурдед ва хок ва устухонҳо (-и пўсидае) шудед, бори дигар (аз қаброҳо) берун оварда мешавед?!

36           Ҳайҳот, ҳайҳот аз ин ваъдаҳое, ки ба шумо дода мешавад!

37           Ҳатман ғайр аз ин зиндагии дунёи мо, чизи дигар дар кор нест. Пайваста гурўҳе аз мо мемирем ва насли дигаре ҷои моро мегирад ва мо ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд!

38           Ў фақат марди дурўғгўе аст, ки бар Худо тўҳмат бастааст. Ва мо ҳаргиз ба ў имон нахоҳем овард!».

39           (Пайғамбарашон) гуфт: «Парвардигоро! Маро дар баробари инкорҳои онон ёрӣ кун».

40           (Худованд) фармуд: «Ба зудӣ аз кори худ пушаймон хоҳанд шуд, (аммо замоне, ки бигар суде ба ҳолашон надорад)».

41           Саранҷом сайҳаи осмонӣ, онҳоро ба ҳақ фурў гирифт ва мо онҳоро ҳамчун хошоке бар селоб қарор додем. Дур бод қавми ситамгар (аз раҳмати Худо!).

42           Сипас ақвоми дигареро пас аз онҳо падид овардем.

43           Ҳеҷ уммате бар аҷал ва саррасиди ҳатмии худ пешӣ намегирад ва аз он таъхир низ намекунад.

44           Сипас расулони худро яке пас аз дигарӣ фиристодем. Ҳар замон расуле барои (ҳидояти) қавме меомад, ўро инкор мекарданд, вале мо ин умматҳои саркашро яке пас аз дигарӣ ҳалок намудем ва онҳоро аҳодисе қарор додем, (чунон маҳв шуданд, ки танҳо ному гуфтугўе аз онон боқӣ монд). Дур бод (аз раҳмати Худо) қавме, ки имон намеоваранд!

45           Сипас Мўсо ва бародараш Ҳорунро бо оятҳои худ ва далели равшане фиристодем,

46           Ба сўи Фиръавн ва атрофиёни ашрофии ў, аммо онҳо такаббур карданд ва онҳо мардуми бартариҷўе буданд.

47           Онҳо гуфтанд: «Оё мо ба ду инсони монанди худамон имон биёварем, дар ҳоле, ки қавми онҳо бардагони мо ҳастанд?!».

48           (Оре), онҳо ин дуро инкор карданд ва саранҷом ҳамагӣ ҳалок шуданд.

49           Ва мо ба Мўсо китоб (-и осмонӣ) додем, шояд онон (Банӣ Исроил) ҳидоят шаванд.

50           Ва мо фарзанди Марям (Исо) ва модарашро оят ва нишонае қарор додем ва онҳоро дар сарзамини муртафае, ки дар он амният ва оби ҷорӣ буд, ҷой додем.

51           Эй пайғамбарон! Аз хўрданиҳо покиза бихўред ва амали солеҳ анҷом диҳед, ки Ман ба он чӣ анҷом медиҳед, Огоҳам.

52           Ва ин уммати шумо уммати воҳиде аст ва Ман Парвардигори шумо ҳастам, пас, аз мухолифати фармони Ман бипарҳезед!

53           Аммо онҳо корҳои худро дар миёни худ ба парокандагӣ кашонданд ва ҳар гурўҳе ба роҳе рафтанд, (ва ҳайратовар ин ки) ҳар гурўҳ ба он чӣ назди худ доранд, хушҳоланд!

54           Онҳоро дар ҷаҳлу ғафлаташон бугзор, то замоне, (ки маргашон фаро расад ё гирифтори азоби илоҳӣ шаванд).

55           Онҳо гумон мекунанд амвол ва фарзандоне, ки ба унвони ёрӣ ба онон медиҳем,

56           Барои ин аст, ки дарҳои хайротро бо шитоб ба рўи онҳо бикушоем!! (Чунин нест), балки онҳо намефаҳманд, (ки ин василаи имтиҳонашон аст).

57           Ҳатман касоне, ки аз хавфи Парвардигорашон бимноканд,

58           Ва онҳо, ки ба оятҳои Парвардигорашон имон меоваранд,

59           Ва онҳо, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд,

60           Ва онҳо, ки ниҳояти кўшишро дар анҷоми тоот ба харҷ медиҳанд ва бо ин ҳол дилҳояшон ҳароснок аст аз ин ки саранҷом ба сўи Парвардигорашон боз мегарданд,

61           (Оре), чунин касоне дар хайрот шитоб мекунанд ва аз дигарон пешӣ мегиранд (ва машмули иноятҳои мо ҳастанд).

62           Ва мо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунем. Ва назди мо китобе аст, ки (тамоми аъмоли бандагонро сабт карда ва) ба ҳақ сухан мегўяд. Ва ба онон ҳеҷ ситаме намешавад.

63           Вале дилҳои онҳо аз ин номаи аъмол (ва рўзи ҳисоб ва оятҳои Қуръон) дар бехабарӣ фурў рафта ва аъмоли (зишти) дигаре ҷуз ин доранд, ки пайваста онро анҷом медиҳанд.

64           То замоне, ки мутанаъимони мағрури онҳоро дар чанголи азоб гирифтор созем, дар ин ҳангом, нолаҳои дарднок ва истиғосаомез сармедиҳанд.

65           (Аммо ба онҳо гуфта мешавад:) Имрўз фарёд накунед, зеро аз сўи мо ёрӣ нахоҳед шуд.

66           (Оё фаромўш кардаед, ки) дар гузашта оятҳои Ман пайваста бар шумо хонда мешуд, аммо шумо пушт карда ба ақиб боз мегаштед?!

67           Дар ҳоле, ки дар баробари ў (Пайғамбар) истикбор мекардед ва шабҳо дар ҷаласоти худ ба бадгўӣ мепардохтед!

68           Оё онҳо дар ин гуфтор наандешиданд ё ин ки чизе барои онон омада, ки барои ниёконашон наомад аст?!

69           Ё ин ки Пайғамбарашонро нашинохтанд (ва аз собиқаҳои ў огоҳ нестанд), бинобар ин ўро инкор мекунанд?!

70           Ё мегўянд ў девона аст?! Вале ў ҳақро барои онон овардааст, аммо бештарашон аз ҳақ кароҳат доранд (ва гурезонанд).

71           Ва агар ҳақ аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад, осмонҳо ва замин ва ҳамаи касоне, ки дар онҳо ҳастанд, табоҳ мешаванд. Вале мо Қуръоне ба онҳо додем, ки сабаби ёдоварӣ (ва иззат ва шараф) барои онҳост, аммо онон аз (аз он чӣ сабаби) ёдоварияшон (аст) рўйгардонанд.

72           Ё ин ки ту аз онҳо музду ҳазинае (дар баробари даъватат) мехоҳӣ? Бо ин ки музди Парвардигорат беҳтар ва Ў беҳтарин рўзидиҳандагон аст.

73           Ба таври қатъ ва яқин, ту ононро ба роҳи рост даъват мекунӣ.

74           Аммо касоне, ки ба охират имон надоранд, аз ин роҳ мунҳарифанд.

75           Ва агар ба онон раҳм кунем ва гирифториҳо ва мушкилоташонро бартараф созем, (на танҳо бедор намешаванд, балки) дар туғёнашон саркашӣ меварзанд ва (дар ин водӣ) саргардон мемонанд.

76           Мо ононро ба азобу бало гирифтор сохтем, (то бедор шаванд), аммо онон на дар баробари Парвардигорашон тавозўъ кардан ва на ба даргоҳаш тазаррўъ мекунанд.

77           (Ин вазъият ҳамчунон идома меёбад), то замоне, ки даре аз азоби шадид ба рўи онон бикушоем (ва чунон гирифтор мешаванд, ки) ногаҳон ба куллӣ маъюс гарданд.

78           Ва Ў касе аст, ки барои шумо гўш ва чашм ва қалб (ақл) эҷод кард, аммо камтар шукри Ўро ба ҷо меоваред.

79           Ва Ў касе аст, ки шуморо дар замин офарид ва ба сўи Ў маҳшур мешавед.

80           Ва Ў касе аст, ки зинда мекунад ва мемироанд. Ва рафту омади шабу рўз аз они Ўст, оё андеша намекунед?!

81           (На), балки онон низ мисли он чӣ пешиниён гуфта буданд, гуфтанд.

82           Онҳо гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мурдем ва хок ва устухонҳо (-и пўсидае) шудем, оё бори дигар барангехта хоҳем шуд?!

83           Ин ваъда ба мо ва падаронамон аз пеш дода шудааст, ин фақат афсонаҳои пешиниён аст».

84           Бигў: «Замин ва касоне, ки дар он ҳастанд аз они кист, агар шумо медонед?!».

85           Ба зудӣ (дар ҷавоби ту) мегўянд: «Ҳама аз они Худост». Бигў: «Оё мутазаккир намешавед?!».

86           Бигў: «Чӣ касе Парвардигори осмонҳо ва заминҳои ҳафтгона ва Парвардигори арши азим аст?».

87           Ба зудӣ хоҳанд гуфт: «Ҳамаи инҳо аз они Худост!». Бигў: «Оё тақво пеша намекунед (ва аз Худо наметарсед ва даст аз ширк барнамедоред?!)».

88           Бигў: «Агар медонед, чӣ касе ҳукумати ҳамаи мавҷудотро дар даст дорад ва ба бепаноҳон паноҳ медиҳад ва ниёз ба паноҳдодан надорад?!».

89           Хоҳанд гуфт: «(Ҳамаи инҳо) аз они Худост!». Бигў: «Бо ин ҳол чӣ гуна мегўед сеҳр шудаед (ва ин суханон сеҳр ва афсун аст?!)».

90           На, (ҳақиқат ин аст, ки) мо ҳақро барои онҳо овардем ва онон дурўғ мегўянд.

91           Худо ҳаргиз фарзанде барои худ интихоб накарда ва маъбуди дигаре бо Ў нест, ки агар чунин мешуд, ҳар як аз худоён махлуқоти худро тадбир ва идора мекарданд ва баъзе бар баъзеи дигар бартарӣ меҷустанд (ва ҷаҳони ҳастӣ ба табоҳӣ кашида мешуд). Муназзаҳ аст Худо аз он чӣ онон сифат мекунанд!

92           Ў донои пинҳону ошкор аст, пас бартар аст аз он чӣ барои Ў ҳамто қарор медиҳанд!

93           Бигў: «Парвардигори ман! Агар азобҳоеро, ки ба онон ваъда дода мешавад ба ман нишон диҳӣ (ва дар зиндагиям онро бубинам),

94           Парвардигори ман! Маро (дар ин азобҳо) бо гурўҳи ситамгарон қарор мадеҳ».

95           Ва мо Тавоноем, ки он чиро ба онҳо ваъда медиҳем ба ту нишон диҳем.

96           Бадиро ба беҳтарин роҳу равиш дафъ кун (ва ҷавоби бадиро ба некӣ деҳ). Мо ба он чӣ сифат мекунанд огоҳтарем.

97           Ва бигў: «Парвардигоро! Аз васвасаҳои шаётин ба ту паноҳ мебарам,

98           Ва аз ин ки онон назди ман ҳозир шаванд (низ), – эй Парвардигори ман – ба ту паноҳ мебарам».

99           (Онҳо ҳамчунон ба роҳи ғалати худ идома медиҳанд), то замоне, ки марги яке аз онон фаро расад, мегўяд: «Парвардигори ман! Маро боз гардонед,

100       Шояд дар он чӣ тарк кардам (ва кўтоҳӣ намудам) амали солеҳе анҷом диҳам». (Вале ба ў мегўянд:) Чунин нест! Ин сухане аст, ки ў ба забон мегўяд (ва агар бозгардад, кораш ҳамчун гузашта аст). Вапушти сари онон барзахе аст, то рўзе, ки барангехта шаванд.

101       Ҳангоме, ки дар «сур» дамида шавад, ҳеҷ як аз пайвандҳои хешовандӣ миёни онҳо дар он рўз нахоҳад буд ва аз якдигар дархости кўмак намекунанд, (чун коре аз касе сохта нест).

102       Касоне, ки вазнаи аъмолашон сангин аст, ҳамон растагоронанд.

103       Ва онон, ки вазнаи аъмолашон сабук бошад, касоне ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро аз даст дода, дар ҷаҳаннам ҷовидона хоҳанд монд.

104       Шўълаҳои сўзони оташ (ҳамчун шамшер) ба чеҳраҳояшон навохта мешавад ва дар дўзах чеҳраи абусе доранд.

105       (Ба онҳо гуфта мешавад:) Оё оятҳои Ман бар шумо хонда намешуд, пас онро инкор мекардед?!

106       Мегўянд: «Парвардигоро! Бадбахтии мо бар мо чира шуд ва мо қавми гумроҳе будем.

107       Парвардигоро! Моро аз ин (дўзах) берун ор, агар бори дигар такрор кардем ҳатман ситамгарем (ва мустаҳиққи азоб)».

108       (Худованд) мегўяд: «Дур шавед дар дўзах ва бо Ман сухан магўед!

109       (Фаромўш кардаед) гурўҳе аз бандагонам мегуфтанд: Парвардигоро! Мо имон овардем, моро бубахш ва бар мо раҳм кун ва ту беҳтарин раҳмкунандагонӣ.

110       Аммо шумо онҳоро ба боди масхара гирифтед, то шуморо аз ёди Ман ғофил карданд ва шумо ба онон механдидед!

111       Вале ман имрўз онҳоро ба хотири сабру истиқоматашон подош додам, онҳо пирўз ва растагоранд».

112       (Худованд) мегўяд: «Чанд сол дар рўи замин таваққуф кардед?».

113       (Дар ҷавоб) мегўянд: «Танҳо ба андозаи як рўз ё қисмате аз як рўз! Аз онҳо, ки метавонанд бишуморанд бипурс».

114       Мегўяд: «(Оре), шумо миқдори каме таваққуф намудед, агар медонистед!».

115       Оё гумон кардед шуморо беҳуда офаридаем ва ба сўи мо бозгардонида намешавед?!

116       Пас бартар аст Худованде, ки фармонравои ҳақ аст, (аз ин ки шуморо бемақсад офарида бошад!). Маъбуде ҷуз Ў нест ва Ў Парвардигори Арши Карим аст.

117       Ва ҳар кас маъбуди дигареро бо Худо бихонад – ва ҳатман ҳеҷ далел бар он нахоҳад дошт – ҳисоби ў назди Парвардигораш хоҳад буд, яқинан кофирион растагор нахоҳанд шуд.

118       Ва бигў: «Парвардигоро! Маро бубахш ва раҳмат кун ва ту беҳтарин раҳмкунандагон ҳастӣ».

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.