Фоидаи беморӣ

Ҳазрати Алӣ(к) ба яке аз ёрони худ, ки дар бистари беморӣ буд, фармуд:

Худованд бемории туро сабаби резиши гуноҳонат қарор дод, зеро беморӣ [подош ва] аҷре надорад, аммо гуноҳонро мерезад, он гуна ки баргҳои дарахтон мерезанд. Подош, танҳо дар сухан гуфтан ба забон ва амал кардан бо дасту по аст. Худои Субҳон ҳар касе аз бандагонашро, ки бихоҳад дар асари дурустии ният ва ботини некӯяш вориди биҳишт мекунад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 42)

Охирин матолиб

Намоз

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,  Аввали пурсиш аз намоз бувад. Намоз робитаи мӯъминон бо Худо аст.  Намоз аввалин фармон аст.  Намоз маросими махсусе барои парастиши...

Тавсифи Худо аз забони ҳазрати Алӣ(к)

Он чи дар пеши рӯ доред, тарҷумаи калимоте аст гуҳарбор, аз пешвои яктопарастон, шогирди шоистаи Расули Аъзам(с) ҳазрати Алӣ(к), ки дар ҷавоби шахсе, ки аз...

АҲАММИЯТИ ТАВҲИД ВА ХУДОШИНОСӢ

Марде назди Расули Худо(с) омад ва ба ӯ арз кард: “Ба  ман  донишҳои ғариба ва навпайдоро биомӯз!” Пайғамбар(с) ба ӯ фармуданд: “Бо асоси дониш чӣ...