ТО ҶАВОНӢ, ЧОРАИ КОРАТ БИСОЗ

Марди нодон ва бадсирате хор дар роҳи мардум мекошт ва боиси озору азияти мардум мешуд ва ҳар рӯз бар сафи шикояткунандагон меафзуд.

Мардум ба пеши қозӣ рафтанд ва аз ӯ шикоят нумуда ва чораи кори хешро аз қозӣ ҷӯё гаштанд.

Қозӣ ӯро ба назди худ хонд ва фармон дод то ҳамаи хорҳои коштаашро аз сари роҳи мардум ва пиёдаравон бардорад. Мард аз анҷоми фармони қозӣ сарпечӣ намуда ва ҳар рӯз баҳонае метарошид ва имрӯзу фардо мекард.

Чун ба ҷидд қозӣ ба ӯ гуфт: ин бикан,

Гуфт: оре барканам рӯзеш[1] ман.

Муддате фардову фардо ваъда дод,

Шуд дарахти хори ӯ маҳкамниҳод[2].

Хулоса марди нодон он қадар имрӯзу фардо кард, ки худаш ҳам пиру нотавон шуд ва қудрати ҷавониро аз даст дод. Мард ҳар рӯз пиртару пиртар мешуд ва хори коштааш низ дар замин маҳкам ва устувортар мегашт. Кор ба онҷо расид, ки кандани хор барои пиру нотавоне чун ӯ муяссар набуд.

Ту, ки мегӯӣ, ки фардо!, ин бидон,

Ки ба ҳар рӯзе, ки меояд замон.

Он дарахти бад ҷавонтар мешавад,

Вин[3] кананда пиру музтар[4] мешавад.

Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), дар ин замина мефармоянд:

“مَن تَعَلَّمَ فى شَبابِهِ كانَ بِمَنزِلَةِ الوَشمِ فِى الحَجَرِ وَ مَن تَعَلَّمَ وَ هُوَ كَبيرٌ كانَ بِمَنزِلَةِ الكِتابِ عَلى وَجهِ الماءِ”

Ҳар кас дар ҷавониаш биёмӯзад, омӯхтааш монанди нақши бар санг аст ва ҳар кас дар бузургсолӣ биёмӯзад, омӯхтааш монанди навиштан бар рӯи об аст.[5]

Натиҷа:

          Эй бародар! Сифоти зишту нописанд, ҳар як дар даруни мо ҳамчун хорест, ки рӯз ба рӯз бештар реша медавонанд ва кандану дур андохтанашон низ ба таври қатъу яқин, душвортару душвортар хоҳад шуд ва мо ҳам рӯз то рӯз заифтару нотавонтар хоҳем гардид. Пас ақли салим ҳукм мекунад, ки кори имрӯзро ба фардо ҳавола накунем. Сабр ҷоиз нест ва бояд ҳар чи зудтар ин хорҳоро, ки дар ҳар дақиқа дар вуҷуди мо реша давонда ва рӯҳи моро таҳти тасаллути хеш дар меоваранд, решакан намоем.

Хори бун[6] дон ҳар яке хӯи[7] бадат,

Борҳо дар пои хор, охир задат.

Борҳо аз хӯи худ, хаста шудӣ,

Ҳисс[8] надорӣ, сахт беҳисс омадӣ.

Ё табар баргиру мардона бизан,

Ту Аливор ин дари Хайбар бикан.

Ё ба гулбун васл кун ин хорро,

Васл кун бо нор нури ёрро.

То ки нури ӯ кушад нори туро,

Васли ӯ гулшан кунад хори туро.

Ҳину ҳин, эй роҳрав бегоҳ шуд,

Офтоби умр сӯи чоҳ шуд.

Ин ду рӯзакро, ки зурат ҳаст зуд,

Пирафшонӣ бикун аз роҳи ҷуд[9].

Ҳин магӯ фардо, ки фардоҳо гузашт,

То ба куллӣ нагзарад айёми кишт.[10]

Мавлавӣ Ҷалолиддини Рӯмӣ

Таҳияи Сайидолими СИРОҶ

Ёсин



[1] Рӯзе аз рӯзҳо

[2] Реша давонду мустаҳкам шуд

[3] Ва ин

[4] Нотавон

[5] Наводири Ровандӣ, саҳ 18

[6] Бад, паст, нописанд

[7] Ахлоқ, сифат

[8] Тавон

[9] Саховат, бахшиш

[10] Баргирифта аз “Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз Маснавии Мавлавӣ Ҷалолиддини Рӯмӣ”

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...