ФАЙЛАСУФНАМОИ МАҒРУР

Қории Қуръон дар маҷлисе Қуръонро бо садои хушу дилнавоз қироат мекард, то ба ин ояи шарифа расид:

» قُل أَرَءَیتُم إِن اَصبَحَ ماؤُکُم غَوراً فَمَن یَأتِیکُم بِمآءٍ مَعِینِ «

Тарҷумаи оя: “(Эй Расули ман) Бигӯ: маро бигӯед, ки агар оби ( ки меошомед) шумо ба замин фурӯ равад,чӣ касе баҳри шумо оби равон меоварад?”[1]

Муқрие[2] мехонд аз рӯи китоб,

“Моукум ғавран”[3] зи чашма бандам об.

Обро дар ғаврҳо[4] пинҳон кунам,

Чашмаҳоро хушку хушкистон кунам.

Обро дар чашм кӣ орад дигар,

Ҷуз Мани бе мислу бо фазлу хатар[5].

Дар ҳамин замон файласуфнамое аз онҷо мегузашт ва ояи шарифаро аз забони қорӣ шунид ва гуфт: хоб ин коре надорад, обро бо белу куланг аз замин берун меоварем. Инро гуфту аз онҷо гузашт ва ба манзил рафт. Шабе дар хоб шермардеро дид, ки ба сӯяш омад ва силии маҳкаме ба сураташ зад, ки ҳар ду чашмашро кур сохт. Сипас бо асабоният ба ӯ гуфт: Эй бадбахт! Агар рост мегӯӣ бо кулангат аз ду чашмаи чашмат нуре баровар.

Шаб бихуфту дид ӯ як шермард,

Зад тапонча[6] ҳар ду чашмаш кур кард.

Гуфт: зин ду чашмаи чашм эй шақӣ,

Бо табар нуре барор ар[7] содиқӣ[8].

Он мағруру мутакаббир, вақте аз хоб бедор гашт, дид, ки чашмонаш бе фуруғ гашта ва ҳеҷ ҷоеро намебинад. Ӯ бо инки силии амали зишти хешро бо чашмони дил мушоҳида карда буд, боз ҳам аз тавбаву надомат икроҳ дошт ва дасти надомат ба домани Худованди маннон дароз накард. Чаро ки агар ӯ ин корро мекард, Худованд биноияшро ба ӯ боз мегардонид. Аммо чи кор мешавад кард, ки тавба ҳам тавфиқ мехоҳад ва зиштиву нописандии аъмол, дари тавбаро баста ва тавфиқи тавбаро меситонад.

Гар нанолидиву мустағфир шудӣ,

Нури рафта аз карам зоҳир шудӣ.

Лек истиғфор ҳам дар даст нест,

Завқи тавба нуқли ҳар сармаст нест.

Зиштии аъмолу шумии ҷуҳуд,

Роҳи тавба бар дили ӯ баста буд.

Дил ба сахтӣ ҳамчу рӯи санг гашт,

Чун шикофт тавба, онро баҳри кишт ?!

Тавба чӣ гуна метавонад дилеро, ки чун санг чахт гашта аст барои кишт бишкофад ?![9]

Сайидолими СИРОҶ



[1] Сураи Мулк, ояи 30

[2] Хонандае

[3] Қисмате аз ояи мазкур

[4] Аъмоқи замин, чуқуриҳо

[5] Боарзиш, Қаҳҳор, Қудратманд

[6] Силӣ, чапалоқ

[7] Агар

[8] Рост мегӯӣ

[9] Маснавии Мавлавӣ, Ҷалолиддини Рӯмӣ

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.