Таҷумаи Сураи Луқмон

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 34 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф, Лом, Мим.

2               Ин оятҳои китоби Ҳаким аст, (китобе пурмӯҳтаво ва устувор).

3               Сабаби ҳидояту раҳмат барои некӯкорон аст.

4               Ҳамонон, ки намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва онҳо ба охират яқин доранд.

5               Онон бар тариқи ҳидоят аз Парвардигорашонанд ва онон растагоронанд.

6               Ва баъзе аз мардум суханони беҳударо мехаранд, то мардумро аз рӯи нодонӣ, аз роҳи Худо гумроҳ созанд ва оятҳои илоҳиро ба масхара гиранд, барои онон азоби хоркунандае аст.

7               Ва ҳангоме, ки оятҳои мо бар ӯ хонда мешавад, мустакбирона рӯй бармегардонад, гӯё онро нашунидааст, гӯё аслан гӯшҳояш сангин аст, ӯро ба азоби дарднок башорат деҳ!

8               (Вале) касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, боғҳои пурнеъмати баҳишт аз они онҳост.

9               Ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ваъдаи ҳатмии илоҳӣ аст ва Ӯст Азиз ва Ҳаким (шикастнопазир ва Доно).

10           (Ӯ) осмонҳоро бе сутуне, ки онро бибинед, офарид ва дар замин кӯҳҳое афканд, то шуморо наларзонад (ва ҷойгоҳи шумо ором бошад) ва аз ҳар гуна ҷунбандае рӯи он мунташир сохт. Ва аз осмон обе нозил кардем ва ба василаи он дар рӯи замин анвои гуногуне аз ҷуфтҳои гиёҳони пурарзиш рӯёнидем.

11           Ин офариниши Худост, аммо ба Ман нишон диҳед (маъбудоне) ғайри Ӯ чӣ чизро офаридаанд?! Вале золимон дар гумроҳии ошкоранд.

12           Мо ба Луқмон ҳикмат додем. (Ва ба ӯ гуфтем:) Шукри Худоро ба ҷой овар. Ҳар кас шукргузорӣ кунад, танҳо ба суди худ шукр кардааст ва он кас, ки куфрон кунад, (зиёне ба Худо намерасонад), зеро Худованд бениёз ва сутуда аст.

13           (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Луқмон ба фарзандаш – дар ҳоле, ки ӯро мавъиза мекакрд – гуфт: «Писарам! Чизеро ҳамтои Худо қарор мадеҳ, ки ширк, зулми бузурге аст».

14           Ва мо ба инсон дар бораи падару модараш суфориш кардем, модараш ӯро бо нотавонӣ рӯи нотавонӣ ҳамл кард, (дар ҳангоми бордорӣ ҳар рӯз ранҷу нороҳатии наверо мутаҳаммил мешуд). Ва даврони ширхорагии ӯ дар ду сол поён меёбад. (Оре, ба ӯ тавсия кардам), ки барои Ман ва барои падару модарат шукр ба ҷо овар, ки бозгашт (-и ҳамаи шумо) ба сӯи Ман аст.

15           Ва ҳар гоҳ он ду, талош кунанд, ки ту чизеро ҳамтои Ман қарор диҳӣ, ки аз он огоҳӣ надорӣ, (балки медонӣ ботил аст), аз онҳо итоат макун, вале бо он ду, дар дунё ба тарзи шоистае рафтор кун ва аз роҳи касоне пайравӣ кун, ки тавбакунон ба сӯи Ман омадаанд. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман шуморо аз он чӣ амал мекардед, огоҳ мекунам.

16           Писарам! Агар ба андозаи вазнинии донаи хардале (кори нек ё бад) бошад ва дар дили санге ё дар (гӯшае аз) осмонҳо ва замин қарор гирад, Худованд онро (дар қиёмат барои ҳисоб) меоварад. Худовандбодиққат ва огоҳ аст.

17           Писарам! Намозро барпо дор ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кун ва дар баробари мусибатҳое, ки ба ту мерасад, шакебо бош, ки ин аз корҳои муҳим аст.

18           (Писарам!) Бо бе эътиноӣ аз мардум рӯй магардон ва мағрурона бар замин роҳ марав, ки Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дӯст надорад.

19           (Писарам!) Дар роҳ рафтан, эътидолро риоят кун. Аз садои худ бикоҳ (ва ҳаргиз фарёд мазан), ки нописандтарини садоҳо садои харон аст.

20           Оё надидед Худованд он чиро дар осмонҳо ва замин аст, мусаххари шумо карда ва неъматҳои ошкор ва пинҳони худро ба таври фаровон бар шумо арзонӣ доштааст?! Вале баъзе аз мардум бе ҳеҷ донишу ҳидоят ва китоби равшангаре дар бораи Худо муҷодила мекунанд.

21           Ва ҳангоме, ки ба онон гуфта шавад: «Аз он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», мегӯянд: «На, балки мо аз чизе пайравӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтем». Оё ҳатто агар шайтон ононро даъват ба азоби оташи фурӯзон кунад, (боз ҳам пайравӣ мекунанд?!).

22           Касе, ки рӯи худро таслими Худо кунад, дар ҳоле, ки некӯкор бошад, ба дастгираи маҳкаме чанг зада (ва ба такягоҳи мутмаинне такя кардааст). Ва оқибати ҳамаи корҳо ба сӯи Худост.

23           Ва касе, ки кофир шавад, куфри ӯ туро ғамгин насозад, бозгашти ҳамаи онон ба сӯи мост ва мо онҳоро аз аъмоле, ки анҷом додаанд (ва натоиҷи шуми он) огоҳ хоҳем сохт. Худовандба он чӣ даруни синаҳост, огоҳ аст.

24           Мо андаке онҳоро аз матои дунё баҳраманд мекунем, сипас онҳоро ба таҳаммули азоби шадиде водор месозем!

25           Ва ҳар гоҳ аз онон савол кунӣ: «Чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст?», ҳатман мегӯянд: «Аллоҳ». Бигӯ: «Алҳамду лиллоҳ, (ки худи шумо эътироф мекунед)». Вале бештари онон намедонанд.

26           Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост, зеро Худованд бениёз ва шоистаи ситоиш аст.

27           Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шавад ва дарё барои он мураккаб гардад ва ҳафт дарёча ба он афзуда шавад, (инҳо ҳама тамом мешавад, вале) калимоти Худо поён намегирад. ХудовандАзиз ва Ҳаким аст.

28           Офариниш ва барангехтан (ва зиндагии ду бораи) ҳамаи шумо (дар қиёмат) монанди як шахс беш нест. ХудовандШунаво ва Биност.

29           Оё надидӣ, ки Худованд шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мекунад ва хуршеду моҳро мусаххар сохта ва ҳар кадом то саромади муайяне, ба ҳаракати худ идома медиҳанд?! Худовандба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

30           Инҳо ҳама далел бар он аст, ки Худован ҳақ аст ва он чӣ ғайр аз Ӯ мехонанд, ботил аст. Ва Худованд боломақом ва бузургмартаба аст.

31           Оё надидӣ киштиҳо бар (сафҳаи) дарёҳо ба (фармони Худо ва ба баракати) неъмати Ӯ ҳаракат мекунанд, то бахше аз оятҳояшро ба шумо нишон диҳад?! Дар инҳо нишонаҳое аст, барои касоне, ки шакебо ва шукргузоранд.

32           Ва ҳангоме, ки (дар сафари дарё) мавҷе ҳамчун абрҳо ононро бипӯшонад (ва боло равад ва болои сарашон қарор гирад), Худоро бо ихлос мехонанд, аммо вақте онҳоро ба хушкӣ расонд ва наҷот дод, баъзе роҳи эътидолро пеш мегиранд (ва ба имони худ вафодор мемонанд, дар ҳоле, ки баъзе дигар фаромӯш карда, роҳи куфрро пеш мегиранд), вале оятҳои моро ҳеҷ кас ҷуз паймоншиканони носипос, инкор намекунанд.

33           Эй мардум! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва битарсед аз рӯзе, ки на падар кайфари аъмоли фарзандашро таҳаммул мекунад ва на фарзанд чизе аз кайфари (аъмоли) падарашро. Ба яқин ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст, пас мабодо зиндагонии дунё шуморо бифиребад ва мабодо (шайтони) фиребкор шуморо (ба карами) Худо мағрур созад!

34           Огоҳӣ аз замони қиёми қиёмат махсуси Худост ва Ӯст, ки боронро нозил мекунад ва он чиро, ки дар раҳимҳо (-и модарон) аст, медонад. Ва ҳеҷ кас намедонад фардо чӣ ба даст меоварад ва ҳеҷ кас намедонад дар чӣ сарзамине мемирад? Худованд Олим ва Огоҳ аст.

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...