Нақши модар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон 1

Модар боризтарин маншаи осоишу меҳр ва олитарин манбаи саодати хонаводагӣ аст. Комравоӣ дар хона эҳсоси амният ва оромиш дар он ва низ эҳсоси қудрат ва истиқлоли кӯдакон дар хонавода бастагӣ ба вуҷуди модар дорад.[1]

Муҳимтарин ва ҳассостарин вазифаи бонувон тарбияти фарзанд аст.

Тараққӣ ва таназзул ва пешрафт ва ақабмондагии иҷтимоъ дар дасти бонувон аст. Ин модарон ҳастанд, ки метавонанд бо донистани рамзҳои тарбият ва ба кор бастани он фарзандони саодатманд тарбият кунанд. Дили инсон дар даврони кӯдакӣ саҳнае аст, ки ҳар нақшеро мепазирад, ҳангоме ки дар ин робита аз тарафе иртиботеро, ки модар бо фарзанд дорад ва аз тарафе омодаги барои пазириши ҳар нақшро дар кӯдак дар назар бигирем мебинем, ки аҳамият ва арзиши гуфтори Паёмбари Акрам(с), ки фармуданд: Биҳишт зери пои модарон астро беҳтар дарк кунем. Яъне агар модарон кӯдакони худро имрӯз боимон, дуруст кор, шуҷоъ, хушахлоқ, хайрхоҳ, хидматгузор, ростгӯ ва ғайра тарбият кунанд, фардо бо ҳамин сифоти олӣ дар ҷомеа зоҳир хоҳанд шуд, ва ҷомеаи бо ин мазоё ба вуҷуд хоҳанд овард ва фазои ҷомеаро ба фазои биҳишт табдил хоҳанд сохт.[2]

Муҳимтарин нақши модар дар ин ҷо иборатанд аз:

    1.Муроқибат ва ҳимоят аз кӯдак:

Аввалин муҳит ва макони амне, ки кӯдак эҳсос мекунад, домони модар аст. Домони модар муҳитест, ки падар аз муҳаббат ва отифа ва ишқ ба фарзанд, ки муроқибати ҳамроҳ бо гузашт ва фидокории модарӣ, дар он дида мешавад. Ин дастҳои пурмеҳри модар аст, ки кӯдакро дар зиндагӣ ёрӣ мекунад. Кӯдак дар солҳои аввали зиндагӣ мавҷудест муттакӣ, ки дар ҳаёташ истиқлоле надорад. Ва дар ҳама ҷо вобаста ва тобеи модар аст ва ҳаёт ва камолаш ва бисёре аз хасоисаш, ки дар бузургсолӣ нишон медиҳад ба модар вобастагӣ дорад ва агар дар ин синин мавриди таваҷҷӯҳи модар қарор нагирад музтариб ва афсурда мешавад ва ҳатто бузург намешавад. Бештари он кӯдаконе, ки бемориҳо ва камбудҳо дар онҳо дида мешавад кӯдаконе мебошанд, ки аз муроқибатҳои модар маҳрум мондаанд. Таваҷҷӯҳ ва муроқибат аз кӯдаки худ, мавриди суфориши илму Ислом қарор гирифтааст, ки модар бештар ба кӯдаки худ таваҷҷӯҳ дошта бошад ва муроқибати ҳамаҷониба аз кӯдаки худ бипардозад. аммо ин муроқибат аз кӯдак ба андозае набошад, ки кӯдак шахси комилан вобаста ва муттакӣ ба бор ояд.[3]

[1]. Аалии Қоимӣ, Нақши мдар дар тарбият, суҳ 13.

[2]. Нурии Ҳамадонӣ, Ҷойгоҳи бонувон дар Ислом, саҳ 452.

[3]. Алии Қоимӣ, Нақши модар дар тарбият, суҳ 75.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.