Таҳаддӣ ва муборизаталабии Қуръон 2

Мароҳили таҳаддӣ

Қуръон дар чанд марҳала, таҳаддӣ ва ҳамовард хостани худро матраҳ кардааст:

  1. Дар марҳалаи нахуст мегӯяд ба таври мутлақ сухане ҳамонанди Қуръон биёваранд:

﴿فَلْيَأْتُوا بِحَدِيثٍ مِّثْلِهِ إِن كَانُوا صَادِقِينَ﴾[1]

“Пас сухане ҳамонанди он биёваранд, агар рост мегӯянд”.

  1. Дар марҳалаи баъд матраҳ месозад, ки агар метавонед, даҳ сура- ҳарчанд кучак- монанди Қуръон биёваред:

﴿أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ قُلْ فَأْتُوا بِعَشْرِ سُوَرٍ مِّثْلِهِ مُفْتَرَيَاتٍ وَادْعُوا مَنِ اسْتَطَعْتُم مِّن دُونِ اللَّهِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ﴾[2]

“Оё мегӯянд, ки: онро ба дуруғ ба мо нисбат додааст? Бигӯ: пас ҳамонанди даҳ сураи он (ҳатто агар ифтирогуна бошад) биёваред ва ҳар касро, ки хоҳед (ба шаҳодат ва доварӣ) бихонед, агар рост мегӯед.”

  1. Онгоҳ барои онки аз эътибори муддаиён бикоҳад, пешниҳод мекунад, ки як сура ҳамонанди Қуръон биёваранд:

﴿أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِّثْلِهِ وَادْعُوا مَنِ اسْتَطَعْتُم مِّن دُونِ اللَّهِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ﴾[3]

“… агар рост мегӯед ҳамонанди як сураи он биёваред…”.

  1. Саранҷом барои охирин бор бо қотеияти ҳарчи тамомтар, аҷз ва нотавонии ниҳоии онҳоро эълом менамояд:

﴿وَإِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِّن مِّثْلِهِ وَادْعُوا شُهَدَاءَكُم مِّن دُونِ اللَّهِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَفَإِن لَّمْ تَفْعَلُوا وَلَن تَفْعَلُوا فَاتَّقُوا النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ﴾[4]

“Агар дар бораи ончи бар бандаи худ (паёмбар) нозил кардаем, шак ва тардид доред, (дасти кам) як сура ҳамонанди он биёваред ва гувоҳони худро (ғайри Худо) барои ин кор фаро хонед, агар рост мегӯед. Пас агар чунин накунед, ки ҳаргиз нахоҳед кард, аз оташе битарсед, ки ҳезуми он баданҳои мардум (гунаҳкор) ва сангҳост ва барои кофирон омода шудааст”.

Дар ин оят, зикри одамиён дар канори санг, киноя аз он аст, ки одамиён фоқиди шуур ва холи аз хирад ва андеша, ҳамчун санг буда ва дар канори он қарор доранд ва дар оташи сарсахте месӯзанд.

  1. Дар марҳалаи охар, барои ҳамеша эъҷоз ва таҳаддиро эълом мекунад:

﴿قُل لَّئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنسُ وَالْجِنُّ عَلَىٰ أَن يَأْتُوا بِمِثْلِ هَٰذَا الْقُرْآنِ لَا يَأْتُونَ بِمِثْلِهِ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا﴾[5]

“Бигӯ агар тамоми инсу ҷин гирди ҳам оянд ва бихоҳанд ҳамонанди ин Қуръон биёваранд, ҳаргиз натавонанд, гарчи ҳамагӣ пушт дар пушти якдигар қарор гиранд”.

Дар оёти фавқ ба вижа ду ояти охир нуктаи ҷолибе вуҷуд дорад, ки сирри эъҷозро беш аз ҳар чиз рӯшан ва мубарҳан месозад; дар ояти 24 сураи Бақара ба сурати мутлақ хабар аз оянда додааст:وَ لَن تَفعَلُو; бадин маъно, ки ҳаргиз ва то абад ҳамоварде бо Қуръон имкон надорад. Дар сураи Исроъ ояти 88 низ ҳамаи ҷаҳониёнро аз ҳамовардӣ бо Қуръон нотавон донистааст. Ин як ихбори ғайбӣ аст, ки ҷуз аз забон ﴿عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ﴾ имкони судур надорад, зеро ҳар нерӯманд ва соҳибҳунаре, ки дар мақоми таҳаддӣ ва ҳамовардӣ барояд, ҳадди аксар метавонад ҳамовардони муосир ва муҷовири хешро то ҳудуде бишносад ва бо шинохти андозаи тавоноии онҳо ва муқойисаи он бо тавоноии хеш, худро бартар бидонад, вале ҳаргиз касе ҷуръат надорад, ки худро аз ояндагон ва ҳамаи ҷаҳониён бартар шуморад, зеро аз онҳо шинохте надорад.

Аммо Қуръон ин шаҳоматро нишон дода ва бо камоли ҷуръат, нотавонии башариятро барои ҳамеша дар муқобила бо Қуръон эълом намудааст, ки ин ҷуръат ва шаҳомат, худ бузургтарин далели эъҷози Қуръон аст.

Мо ҳаргиз мункири он нестем, ки сухани ҳар кас зойидаи ниҳод ва сохтори дарунии ӯст ва касеро ёрои он нест, ки бо дигарӣ дар ончи сохтори зеҳнияти ӯ бар ӯ илқо мекунад ҳамсон бошад, балки ончи дар таҳаддӣ матраҳ аст ҳамсон будан дар дараҷа ва рутбаи фазилати калом аст.

Дар таҳаддӣ (ҳамовард хостан) низ манзур ин нест, ки сухане ҳамонанди сухани Худо биёварад, ба гунае ки дар шеваи баён ва наҳваи таъбир, комилан ҳамонанди Қуръон бошад, (зеро ин гуна ҳамонанди ҷуз бо тақлид имконпазир нест).[6] Балки мақсуд аз “таҳаддӣ” овардани сухане аст, ки ҳамчун Қуръон аз назари маънавият воло буда ва дар дараҷаи аълои балоғат ва фасоҳат қарор гирифта бошад ва ин нуктаи латифе аст, ки Худованд дар оёти таҳаддӣ бо вожаи “мислиҳи” бадон ишора дорад.        

 


[1]. Сураи Тур, ояти 34.

[2]. Сураи Ҳуд, ояти 13.

[3]. Сураи Юнус, ояти 38.

[4]. Сураи Бақара, ояти 23-24.

[5] . Сураи Исроъ, ояти 88.

[6] . Чуончи Мусайламаи Каззоб ва бархеи дигар ҳамин кори тақлидиро анҷом дода, худро расво сохтанд. (Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.4, саҳ.257 ва 288).

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...