Шинохти пояҳои имон

Аз Алӣ(к) дар бораи имон пурсида шуд, фармуд:

Имон бар чаҳор поя устувор аст; бар шикебоӣ, яқин, адолат ва ҷиҳод.

(1) Шикебоӣ чаҳор шоха дорад: иштиёқ, тарс, зуҳд ва интизор. Он ки муштоқи биҳишт бошад, дил аз шаҳват мешӯяд. Он ки аз оташ тарс дорад, аз ҳаромҳо дурӣ меҷӯяд. Он ки ба дунё рағбат надорад, мусибатҳоро осон мешуморад ва он ки маргро интизор кашад, ба сӯи корҳои хайр бишитобад.

(2) Яқин чаҳор шоха дорад; биноии зиракона, дарёфти олимона, панд гирифтан аз гузари замон [ёаз ҳаводиси ибратомӯз] ва пайравӣ аз сираи пешиниён. Касе, ки зиракона дид, ҳикмат барояш ошкор шуд.

Ва ҳар кас ҳикмат барои вай ошкор шуд, ибрат омӯхт.

Ва ҳар кас ибрат омӯхт ту гӯӣ дар миёни пешиниён зиста [ва дар таҷрубаҳои онон ширкат ҷуста] аст.

(3) Адолат чаҳор шоха дорад; фаҳми амиқ, ғаввосӣ дар дарёи дониш, доварии некӯ ва равшан, шикебоии устувор. Касе, ки хуб фаҳмид, ба умқи дониш расид ва ҳар ки ба умқи дониш расид, аз сарчашмаи аҳкоми шариат сероб гашт. Ҳар кас шикебоӣ варзид, дар кори хеш кутоҳӣ накард ва дар миёни мардум писандида зиндагӣ намуд.

(4) Ҷиҳод чаҳор шоха дорад; амр ба маъруф, наҳй аз мункар, садоқат ва пойдорӣ дар майдонҳои набард ва душманӣ бо фосиқон. Касе, ки амри ба маъруф кард, мӯъминонро неруманд сохт. Касе, ки наҳй аз мункар намуд, бинии кофиронро бар хок молид. Касе, ки дар миёни набард пойдорӣ кард, вазифаашро ба анҷом расонд. Касе, ки бо фосиқон душманӣ варзид ва барои Худо хашм варзид, Худованд ба хотири ӯ хашм гирифт ва рӯзи қиёмат ӯро хушнуд гардонд.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 31 бахши аввал)

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...