Тарҷумаи тафсири сураи Саҷда(2)

اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ مَا لَكُم مِّن دُونِهِ مِن وَلِيٍّ وَلَا شَفِيعٍ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ<

«Худованд касест, ки осмонҳо ва замин ва ончиро миёни он ду аст, дар шаш рӯз офарид. Сипас бар арш истило ёфт. Барои шумо ҷуз ӯ ҳеҷ ёвар ва шафоаткунандае нест. Оё мутаззакир намешавед (ва панд намегиред?).»

Нуктаҳо:

v  Дар забони арабӣ барои «рӯз» ду вожа ба кор меравад: яке «наҳор» ва яке «явм». Аввалӣ ба маънои рӯз дар муқобили шаб аст ва дуввумӣ ба маҷмӯи рӯз ва шаб ва даврае аз шабҳо ва рӯзҳо низ гуфта мешавад.

v  Бо он ки Худованд метавонист осмон ва заминро дар як лаҳза биёфаринад, аммо Ӯ ирода кардааст, ки офариниши мавҷудот ба шакли тадриҷӣ сӯрат гирад. Ин оя мефармояд: Офариниши осмонҳо ва замин дар тайи шаш давра сӯрат гирифтааст.

Паёмҳо:

1.       Барои маҳви ширк, бояд аз қудрати Илоҳӣ ва офариниши осмонҳо ва замин сухан гуфт.

2.         Офариниш ва мудирияти ҳастӣ, аз якдигар ҷудо нест.

3.       Арш, маркази тадбир ва идораи ҷаҳон аст.

4.       Яке аз роҳҳои инзор ин аст, ки такягоҳҳо ва дилбастагиҳои моддӣ ва ғайри илоҳӣ, пуч ва беасар муаррифӣ шаванд.

5.       Яке аз роҳҳои инзор, ёдоварии неъматҳост.

    Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд

                 Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор

6.       Инсон дар фитрати худ ҳақоиқеро меёбад, лекин бояд бо тазаккур ва ёдоварӣ, ӯро ғафлатзудоӣ намуд.

 

<يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ أَلْفَ سَنَةٍ مِّمَّا تَعُدُّونَ>

«(Худованд) амри (ин ҷаҳон)‑ро аз осмон ба сӯи замин тадбир мекунад, сипас дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аз солҳоест, ки мешуморед, (низоми ин олам барчида мешавад ва) ба сӯи Ӯ боло меравед.»

Нуктаҳо

Суол: Дар ояти 4 сураи Маориҷ мехонем: Малоика ва рӯҳ дар рӯзе, ки миқдори он панҷоҳ ҳазор сол аст, ба сӯи Ӯ уруҷ мекунанд ва брор мераванд. Ин оя мефармояд: Миқдори он рӯз, ҳазор сол аст? Ин ду чигуна бо ҳам ҷамъ мешаванд?

Посух:

А: Дар ҳадис мехонем: Қиёмат панҷоҳ мавқиф ва истгоҳ дорад ва ҳар мавқифе баробари ҳазор соли дунявӣ аст ва ин ояи сураи саҷда танҳо ба як мавқиф ишора дорад.[1]

Б: Ин оя, дар мавриди уруҷи амр аст ва он оя, уруҷи малоикаро мегӯяд. Шояд уруҷи амр дар рӯзе бошад, ки ҳазор сол аст ва қиёмат нест, вале уруҷи фариштагон дар рӯзи қиёмате бошад, ки панҷоҳ ҳазор сол аст.

Паёмҳо

  1. Маркази мудирияти замин, осмон аст, барномаҳо аз он ҷо нозил мешавад ва ба он ҷо уруҷ мекунад.
  2. Тавҳид дар рубубияят, аз тавҳид дар холиқият ҷудо нест.      
  3. Тадбири илоҳӣ, доимист, на мақтаӣ.
  4. Ҳамон гуна ки дар офариниш, ҳама чиз аз Ӯ ва ба сӯи Ӯст,   тадбири умур низ аз Ӯ ва ба сӯи Ӯст.


[1]. Тафсири Намуна.

Таҳияи Ҳ. Ҳакимҷон

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.