Дуои Осия ҳамсари Фиръавн

                             بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ ابْنِ لِي عِندَكَ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ و نجنی من فرعون و عمله و نجنی من القوم الظالمین[1]

Раббибнӣ лӣ индака байтан фил ҷаннатӣ ва наҷҷинӣ мин Фиръавна ва амалиҳи ва наҷҷинӣ минал қавмиз золимин 

Парвардигоро!Барои ман дар пеши худат дар биҳишт хонае бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдори ӯ наҷот деҳ ва маро аз (дасти)гуруҳи ситамгар раҳоӣ бахш.

Ба Яздон чунин гуфт он нек пай

Гузаштам зи Фиръавну аз кохи вай

Бароям яке хона андар биҳишт

Бисозу бикун дурам аз кори зишт

Раҳо соз манро зи фиръавни паст

К-аз аъмоли зишташ диламро бихаст

Наҷотам бибахшо аз ин қавму кеш

Ки роҳи таадӣ гирифтанд пеш

Паёмҳо

  1. Яке аз роҳҳои мубориза бо тоғут дуо аст.
  2. Барои наҷот аз тоғут такягоҳи маънавӣ лозим аст.
  3. Муҳимтар аз биҳишт қурби маънавӣ ба Худо аст.
  4. Имон сабаби нафрат аз ситамгарон аст. Зани Фиръавн аз рафторҳои фиръавнӣ нафрат дошт.
  5. Итоати зан аз мард дар ақида лозим нест, балки гоҳе бояд мавзеъ бигирад.
  6. Робитаи хонаводагӣ ҳад дорад вақте ба гумроҳӣ ва куфр расид бояд иваз шавад.
  7. Безорӣ аз куфр шарти имон аст.
  8. Ибрози нафрат ва безорӣ аз дигарон бояд меъёри ақлӣ ва шаръӣ дошта бошад.


[1]Таҳрим 11

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.