Тарҷумаи тафсири сураи Саҷда (оёти 1 ва 2)

 

Оёти 1-2

بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

«Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон»

<الم><تَنزِيلُ الْكِتَابِلَا رَيْبَ فِيهِ مِن رَّبِّ الْعَالَمِينَ>

«Алиф, лом, мим. Нозил кардани ин китоб, ки шакке дар он нест, аз сӯи Парвардигори ҷаҳониён аст.»

Нуктаҳо

v   Тибқи баъзе аз ривоёт, ҳуруфи муқаттаа аз муташобиҳотест, ки илми он махсуси Худо ва авлиёи ӯст.[1]

Суол: Бо таваҷҷӯҳ ба шакку тардид ва нисбати дуруғу норавое, ки мухолифони Қуръон доштанд ва баъзе оёт низ ба он ишора мекунад, чигуна ин оя мефармояд: Ҳеҷ шакке дар он нест.  

Посух: Оя мефармояд: Дар ҳаққонияти Қуръон ва фармонҳо ва маорифи он ҳеҷ шакку шубҳае роҳ надорад, на он ки касе дар он шакку тардид накардааст. Аз ин рӯ дар ояи 23 сураи Бақара мефармояд:

 وَإِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَى عَبْدِنَا فَأْتُواْ بِسُورَةٍ مِّن مِّثْلِهِ

«Ҳаргоҳ дар шак ҳастед, сурае монанди яке аз сураҳои Қуръон биёваред».

Соҳиби тафсири Физилолил-қуръон мегӯяд: Гули маснуъӣ, гули табиӣ намешавад, зеро гули табиӣ ба худии худ гувоҳ аст, ки шакке дар табиӣ будани он нест.

Қуръон борҳо таъкид карда, ки аз тарафи Худованд аст, аз ҷумла:

>تَنزِيلُ الْكِتَابِ مِن رَّبِّ الْعَالَمِينَ          <

<إِنَّهُ لَتَنزِيلُ رَبِّ الْعَالَمِينَ>[2]

<تَنزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ>[3]

<تَنزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ>[4]

<تَنزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ>[5] 

<تَنزِيلٌ مِّنَ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ>[6]

<تَنزِيلٌ مِّنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ>[7]

<تَنزِيلًا مِّمَّنْ خَلَقَ الْأَرْضَ وَالسَّمَاوَاتِ الْعُلَى>[8]

Оре, касе Қуръонро нозил кард, ки тамоми ҳастӣ аз Ӯст, бар ҳама чиз султа дорад, Азиз, Раҳим, Ҳаким, Алим ва Ҳамид аст.

Паёмҳо

  1. Қуръон дар ҳамон асри нузул ба сурати китоб будааст.
  2. Дар ҳақ будани Қуръон шакке нест, зеро аз сӯи Парвардигори ҷаҳониён аст.
  3. Рубубияти Худованд, талаб мекунад, ки китоби мустаҳкам ва халалнопазир бифиристад.
  4. Китоби қонун, бо низоми ҳастӣ ҳамоҳанг аст. 
  5. Ин китоб барои рушду камоли ҳамаи ҳастӣ аст.

 

 



[1]. Тафосири Маҷмаулбаён ва Нуруссақалйн.

[2]. Сураи Шуаро, ояти 192.

[3]. Сураи Ёсин, ояти 5.

[4]. Сураи Зумар, ояти 1.

[5]. Сураи Ғофир, ояти 2.

[6]. Сураи Фуссилат, ояти 2.

[7]. Сураи Фуссилат, ояти 42.

[8]. Сураи Тоҳо, ояти 4.

 

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...