Тарҷумаи СУРАИ ҲИҶР

тарҷума

СУРАИ ҲИҶР

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 99 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, ро. Ин оятҳои Китоб ва Қуръони равшангар аст.
  2. Чи басо касоне, ки куфр варзиданд, орзу мекунанд, эй кош мусулмон буданд.
  3. Онҳоро раҳо кун, то бихӯранд ва баҳраманд шаванд ва орзуҳо саргармашон созад; пас ба зудӣ хоҳанд донист.
  4. Ва [мардуми] ҳеҷ ободиро ҳалок накардем, магар дар ҳоле ки барои он [замони] навишташудаи муайяне буд.
  5. Ҳеҷ уммате аз аҷали хеш пешӣ намегирад ва ба таъхир намеафтанд.
  6. Ва [кофирон] гуфтанд: «эй касе, ки Қуръон бар ӯ нозил шудааст! Бешак, ту девонаӣ;
  7. Агар аз ростгӯён ҳастӣ, чаро фариштагонро назди мо намеоварӣ?»
  8. Фариштагонро ҷуз ба ҳақ намефиристем ва онгоҳ дигар мӯҳлат дода намешаванд.
  9. Ҳамоно Мо Худ Зикр (Қуръон)-ро нозил кардем ва қатъан Мо нигоҳдорандаи он ҳастем.
  10. Ва дар ҳақиқат пеш аз ту дар миёни фирқаҳои нахустин [паёмбароне] фиристодем;
  11. Ва ҳеҷ паёмбаре ба суроғи онҳо намеомад, магар ин ки ӯро масхара мекарданд.
  12. Ин гуна ин [Қуръон]-ро дар дилҳои гуноҳкорон ворид мекунем,
  13. Дар ҳоле ки ба он имон намеоваранд ва ба таҳқиқ равиши пешиниён [чунин] гузаштааст.
  14. Ва агар даре аз осмон барояшон мекушодем ва ҳамвора аз он боло мерафтанд,
  15. Қатъан мегуфтанд: «ҷуз ин нест, ки чашмбандӣ шудаем; балки мо гурӯҳе сеҳршуда ҳастем».
  16. Ва ба ростӣ, дар осмон бурҷҳое қарор додем ва онро барои тамошогарон зинат додем;
  17. Ва онро аз ҳар шайтони рондашудае ҳифз кардем;
  18. Магар касе, ки дуздида бишнавад, онгоҳ шаҳобе равшан ӯро дунбол кунад.
  19. Ва заминро густарондемаш ва дар он кӯҳҳои устувор афкандем ва дар он аз ҳар чизи муносибе, рӯёндем;
  20. Ва дар он барои шумо ва касе, ки рӯзидиҳандаи ӯ нестед, асбоби зиндагӣ қарор додем.
  21. Ва ҳеҷ чизе нест магар ин ки хазинаҳояш назди Мост ва ҷуз ба андозаи муайяне, онро фуруд намеоварем.
  22. Ва бодҳоро борваркунанда [-и абрҳо ва гиёҳон] фиристодем; онгоҳ аз осмон обе фурӯ фиристодем ва шуморо бо он сероб сохтем; дар ҳоле ки шумо захиракунандаи он нестед.
  23. Ва ба яқин Мо Худ зинда мекунем ва мемиронем ва Мо вориси [ҷаҳон] ҳастем.
  24. Ва қатъан пешиниёни шуморо шинохтем ва ба таҳқиқ бозмондагонро [ҳам] шинохтем.
  25. Ва дар ҳақиқат Парвардигорат Худ онҳоро маҳшур мекунад; ҳамоно Ӯ ҳакими доност.
  26. Ва ба таҳқиқ инсонро аз гили хушкидае ки аз гили сиёҳи бадбӯ аст, офаридем.
  27. Ва пеш аз он, ҷинро аз оташи шӯълавари сӯзон офаридем.
  28. Ва ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «ҳамоно Ман офаринандаи башаре аз гили хушкида ҳастам, ки аз гили сиёҳи бадбӯ аст;
  29. Ва ҳангоме ки ӯро оростам ва аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидам, пас барояш саҷдакунон дар афтед».
  30. Пас фариштагон ҳамаашон дастаҷамъӣ саҷда карданд;
  31. Магар Иблис, ки худдорӣ кард, аз ин ки бо саҷдакунандагон бошад.
  32. [Худо] фармуд: «эй Иблис! Туро чӣ шудааст, ки бо саҷдакунандагон нестӣ?»
  33. Гуфт: «ҳаргиз саҷдакунанда барои башаре, ки ӯро аз гили хушкидае ки аз гили сиёҳи бадбӯ офаридаӣ, нестам».
  34. Фармуд: «пас, аз он ҷо берун шав, ки бешак, ту рондашудаӣ;
  35. Ва ҳамоно то рӯзи қиёмат бар ту лаънат аст».
  36. Гуфт: «Парвардигоро! Пас маро то рӯзе, ки [мардум] барангехта шаванд, мӯҳлат деҳ».
  37. Фармуд: «пас ҳамоно ту аз мӯҳлатдодашудагонӣ;
  38. То рӯзи вақти муайян».
  39. Гуфт: «Парвардигоро! Ба сабаби онки маро гумроҳ кардӣ, ҳатман [бадиҳоро] барояшон дар замин зинат медиҳам ва қатъан ҳамаи онҳоро гумроҳ мекунам;
  40. Магар аз миёни онҳо, бандагони холисшудаи Туро».
  41. [Худо] фармуд: «ин роҳи рост аст, ки бар ӯҳдаи Ман аст;
  42. Ба яқин бандагонам, туро бар онҳо тасаллуте нест, магар касоне аз гумроҳон, ки туро пайравӣ кунанд;
  43. Ва қатъан ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳамаи онҳост;
  44. Он [ҷаҳаннам]-ро ҳафт дар аст, ки барои ҳар даре гурӯҳе аз онҳо ҷудо шудааст».
  45. Дар ҳақиқат парҳезгорон дар боғҳо ва чашмасорон ҳастанд.
  46. [Ба онҳо гуфта мешавад] ба саломатӣ дар ҳоли амният вориди он шавед;
  47. Ва он чи аз кина дар дилҳояшон аст, барканем; бародарона бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳам нишастаанд;
  48. Дар он ранҷе ба онҳо намерасад ва онҳо аз он ҷо берун ронда намешаванд.
  49. Ба бандагонам хабар деҳ, ки Ман Худ омурзандаи меҳрубон ҳастам.
  50. Ва ин ки азобам ҳамон азоби дарднок аст.
  51. Ва онҳоро аз меҳмонони Иброҳим хабар деҳ;
  52. Ҳангоме ки бар Ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд [Иброҳим] гуфт: «ҳамоно мо аз шумо бимнокем».
  53. Гуфтанд: «натарс! Дар ҳақиқат мо туро ба писари доное мужда медиҳем».
  54. [Иброҳим] гуфт: «оё дар ҳоле маро мужда медиҳед, ки пирӣ ба ман расидааст? Пас ба чӣ чиз мужда медиҳед?»
  55. Гуфтанд: «туро ба ҳақ мужда додем; пас аз ноумедон мабош».
  56. Гуфт: «ва ҷуз гумроҳон кист, ки аз раҳмати Парвардигори хеш ноумед шавад?»
  57. Гуфт: «пас эй фиристодагон! Хости шумо чист?»
  58. Гуфтанд: «ҳамоно мо ба сӯи гурӯҳе гуноҳкор фиристода шудаем;
  59. Магар хонадони Лут, ки қатъан мо наҷотдиҳандаи ҳамаи онҳо ҳастем;
  60. Ғайр аз занаш, ки муқаддар намудаем; қатъан ӯ аз бозмондагон [дар азоб] аст».
  61. Пас замоне ки фиристодагон ба суроғи хонадони Лут омаданд,
  62. [Лут] гуфт: «дар воқеъ шумо гурӯҳе ноошно ҳастед».
  63. Гуфтанд: «балки он чиро, ки дар он шубҳа мекарданд, пеши ту овардаем;
  64. Ва ҳақро барои ту овардаем ва қатъан мо ростгӯем;
  65. Пас дар посе аз шаб хонаводаатро бибар ва [худ] аз пайи онҳо бирав ва касе аз шумо набояд рӯй баргардонад ва ба ҳамонҷо, ки дастур меёбед, биравед».
  66. Ва ин амрро ба ӯ ваҳй кардем, ки субҳгоҳон решаи онҳо қатъ хоҳад шуд.
  67. Ва аҳли шаҳр шодикунон омаданд.
  68. [Лут] гуфт: «ҳамоно онҳо меҳмони ман ҳастанд, пас маро расво накунед;
  69. Ва аз Худо битарсед ва маро хор насозед».
  70. Гуфтанд: «оё туро аз [ҳимояти] мардумон наҳй накарда будем?»
  71. [Лут] гуфт: «агар коре мекунед, инҳо духтарони ман ҳастанд [пас бо онҳо издивоҷ намоед]».
  72. Қасам ба ҷони ту, ки қатъан онҳо дар мастии худ саргардонанд.
  73. Пас садои маргбор ба ҳангоми тулӯи офтоб, онҳоро фаро гирифт.
  74. Ва он [шаҳр]-ро зеру забар гардонидем ва бар онҳо сангҳое аз гил борондем.
  75. Ба яқин дар ин [саргузашт] нишонаҳое барои ибратгирандагон аст.
  76. Ва қатъан он [шаҳрҳо] бар сари роҳ собит ҳастанд.
  77. Ба яқин дар ин [саргузашт] нишонае барои мӯъминон аст.
  78. Ва бешак, аҳли Айка (қавми Шуайб) ситамгар буданд.
  79. Пас, аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамоно он ду [шаҳр] бар сари роҳи ошкор аст.
  80. Ва ба таҳқиқ аҳли Ҳиҷр (қавми Самуд) паёмбаронро такзиб карданд;
  81. Ва оятҳои Худро ба онҳо додем, онгоҳ аз он рӯйгардон шуданд.
  82. Ва барои амният [-и худ] аз кӯҳҳо хонаҳое метарошиданд.
  83. Пас субҳгоҳон садои маргбор онҳоро фаро гирифт.
  84. Ва он чи ба даст меоварданд [азобро] аз онҳо дур накард.
  85. Ва осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни он ду аст, ҷуз ба ҳақ наёфаридем ва қиёмат, қатъан омаданӣ аст; пас бо шеваи некӯ гузашт кун.
  86. Дар ҳақиқат Парвардигори ту ҳамон офаридгори доност.
  87. Ва ба таҳқиқ, ҳафт [ояти] мукаррар (сураи Ҳамд) ва Қуръони бузургро ба ту додем.
  88. Ҳаргиз ба он чи ки гурӯҳҳое аз онҳоро ба он баҳраманд кардем, чашмонатро хира макун ва бар онҳо ғам махӯр ва боли [меҳрубонии] худро барои мӯъминон бигустарон;
  89. Ва бигӯ: «ҳамоно ман фақат ҳушдордиҳандаи равшангарам».
  90. [Бар кофирон азобе мефиристем] ҳамон тавр, ки бар бахшкунандагон фиристодем;
  91. Касоне, ки Қуръонро бахш-бахш карданд.
  92. Пас қасам ба Парвардигорат, ки ҳатман аз ҳамаи онҳо савол хоҳем кард;
  93. Аз он чи анҷом медоданд.
  94. Пас ошкор кун он чиро, ки фармон меёбӣ ва аз мушрикон рӯй гардон;
  95. Қатъан Мо туро аз [шарри] масхаракунандагон ҳифз мекунем.
  96. Касоне, ки бо Худо маъбуди дигареро қарор медиҳанд; пас ба зудӣ хоҳанд донист.
  97. Ва ба таҳқиқ медонем, ки ту ба хотири он чи мегӯянд, дилат танг мешавад;
  98. Пас бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва аз саҷдакунандагон бош;
  99. Ва Парвардигоратро парастиш кун, то ин ки яқин (марг) туро фаро расад.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...