Ислом, дини ҳамагонӣ ва ҳамешагӣ

Ҳар инсоне бояд дине интихоб намояд, ки аз ҷониби парвардигор бошад ва дини илоҳӣ ба ҷуз дини мубини Ислом, вуҷуд надорад.

“إِنَّ الدِّينَ عِندَ اللّهِ الإِسْلاَمُ”

Дар ҳақиқат дин назди Худованд ҳамон Ислом аст.[1]

Танҳо дине, ки дар пешгоҳи Худованд мавриди пазириш ва қабули даргоҳаш аст, фақат ва фақат Ислом аст ва ҳеҷ дине ба ҷуз дини Ислом пазируфта нест.

“وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الإِسْلاَمِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ”

Ва ҳар кӣ ҷуз Ислом дини дигаре интихоб кунад, ҳаргиз аз вай пазируфта нашавад ва вай дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд[2]

Дини Ислом, танҳо дини ҷомеъ ва комиле аст, ки аз тарафи Парвардигори олам нозил шуда ва дарбардораднда ва ҳовии ҳамаи камолоти инсонӣ аст ва бар ҳама адёни ботил пирӯз гашта ва дар сар то сари ин замини паҳновар қобили иҷро ва мавриди истифода мебошад. Ба хамин хотир бояд дорои барномаҳое бошад, ки дар тӯли торих мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва дар ростои рушду таолии инсоният зуҳури комил дошта бошад.

Аз бузургтарин ва муҳимтарин авсофи Ислом, “куллият” ва “давом” аст. Ин сухан ба ин маъност, ки ҳамаи афроди инсон, аз сиёҳу сафед ва сурху дигар нажодҳоро дар домани хеш ҷой медиҳад ва ҳамчунин тамоми хатти замон, аз гузаштаву оянда то рӯзи Қиёматро дар бар мегирад.

Ислом, ки амрест илоҳӣ ва бар замону ҳаракату модда ғолиб буда ва дур аз заволу нобудӣ мебошад, ҳамчун дигар мумкинот иллати томмае дорад. Ин иллати томма, аз ду иллати фоилӣ ва қоблӣ ба вуҷуд омада аст.

Иллати қобилии Ислом, инсон аст ва инсон бо он хислату фитрати хоссае, ки бар он сиришта ва офарида шуда аст, ҳамеша инсон аст ва ӯро тағйиру табдиле нест.

“فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ”

Пас рӯи худро бо гиройиши тамом ба ҳақ, бо ҳамон сириште, ки Худованд мардумро бар он сиришта ва халқ карда аст ба сӯи ин дин кун. Офариниши Худованд тағйирпазир нест. ин аст ҳамон дини пойдор, вале бештари мардум намедонанд.[3]

Иллати фоилии Ислом низ Худост, ки ҳаргиз дигаргуниро бар каромати вай дастрас нест, зеро зоти Ӯ чашмаи ҳаёт ва нуру илму қудрат аст, ки марг ва торикиву ҷаҳлу нодониву дармондагӣ дар он роҳ надорад. Бинобар ин Ӯ ба масолеҳу мафосиди инсон огоҳ ва бар таълиму ҳидояти ӯ ба дараҷоти боло ва мутаолӣ ва ба ҳушдору инзор ба ӯ аз суқут ва ошкор сохтани дараҷот ва эъломи идрокоти вай тавонотар аст.

Бар ин асос рамзу рози ин сухан, ки Ислом бояд шомили кулли ҷаҳони ҳастӣ бошад, аввалан он аст, ки барои шукуфоии фитрати инсонӣ нозил шуда, ки дар ҳеҷ сарзамине маҳкум нашуда аст ва дар раҳну ихтиёр ва иҷораи торих ва сайри замонӣ набуда ва таъсироти нажодӣ ва қавмӣ ва падидаҳои ҷуғрофиёиро бар он роҳ нест ва аз ҳамин рӯ зербинои собити тарбиятӣ ва асли устувори таълим ва иршод аст.

Сониян муаллими инсон ва парварандаи башарият, Худованде аст, ки на ҷаҳлу нодониро бар ба ҳарими илми номаҳдуди Ӯ роҳест ва на саҳву нисёнро ба ҳарами амни ҳузур ва шуҳуди доимиаш маҷоле. Аз ин рӯ дини марзии Ӯ асле аст, ки ҳамеша собит аст ва бунёне дорорад, ки дар ҳидояти ҳамаи ҷомеаҳои инсонӣ заволнопазир  мебошад.

Натиҷа

Пас то инҷо натиҷа мегирем, ки барои таваҳҳум ва фикри тағйиру таҳаввул дар Ислом аз ноҳияи қобил ва фоил ҳаргиз маҷоле нест ва гувоҳи ин муддао ояи 13 сураи муборакаи Шуро аст, ки мефармояд:

“شَرَعَ لَكُم مِّنَ الدِّينِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ”

Аз (аҳком) дин, ончиро ки ба Нӯҳ (а) дар бораи он суфориш кард, барои шумо ташреъ намуд ва ҳамчунин ончиро ба ту ваҳкардем … [4]

Аммо ихтилофи шариатҳо ва маносик ва маноҳиҷе, ки аз ҷониби Худованд тавассути Паёмбарони илоҳӣ алайҳимус салом ба сӯи мардуми рӯи замин оварда мешаванд, ки зоти поки Илоҳ инз дар ин бора фармуда аст:

“لِكُلٍّ جَعَلْنَا مِنكُمْ شِرْعَةً وَمِنْهَاجًا”

Барои ҳар яке аз шумо (умматҳо) шариат ва роҳи равшане қарор додаем.[5]

ба тахсис боз мегардад на ба насх. Ин сухан ба ин маъно аст, ки шароити вижжа ва хоссе, ки барои ҷомеаи инсонӣ пешомад мекунад, ҳукми фаръӣ ва қонуни ҷузӣ металабад, ки ихтисос ба ҳамон шароит дорад ва бо итмоми муддати он шароит, умри ин қонун ва ҳукм низ ба поён мерасад.

Ҳаҷҷ, он тавре ки дар идомаи ин мухтасар иншоаллоҳ ба тавзеҳи ин фаризаи илоҳӣ хоҳем пардохт, ба унвони яке аз муҳимтарин мазоҳири Ислом, мазҳари томми ду асле, ки дар боло зикр кардем, яъне куллият ва давом мебошад.

 


[1] Сураи Оли Имрон, ояи 19

[2] Сураи Оли Имрон, ояи 85

[3] Сураи Рум, ояи 30

[4] Сураи Шуро, ояи 13

[5] Сураи Моида, ояи 48

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...