ТАРҶУМАИ СУРАИ МАРЯМ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 98 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Коф, Ҳо, Ё, Айн, Сод.

2               (Ин) ёде аст аз раҳмати Парвардигори ту нисбат ба бандааш Закариё,

3               Дар он ҳангом, ки Парвардигорашро дар хилватгоҳ (-и ибодат) пинҳон хонд.

4               Гуфт: «Парвардигоро! Устухонам суст шуда ва шўълаи пирӣ тамоми сарамро фаро гирифта ва ман ҳаргиз дар дуои ту, аз иҷобат маҳрум набудаам.

5               Ва ман аз бастагонам баъд аз худам бимнокам, (ки ҳаққи посдории аз оини туро нигоҳ надоранд) ва (аз тарафе) ҳамсарам нозо ва ақим аст, ту аз назди худ ҷонишине ба ман бубахш,

6               Ки вориси ман ва насли Яъқуб бошад ва ўро мавриди ризоятат қарор деҳ».

7               Эй Закарё! Мо туро ба фарзанде башорат медиҳем, ки номаш «Яҳё» аст ва пеш аз ин ҳамноме барои ў қарор надодаем.

8               Гуфт: «Парвардигоро! Чӣ гуна барои ман фарзанде хоҳад буд?! Дар ҳоле, ки ҳамсарам нозо ва ақим аст ва ман низ аз шиддати пирӣ афтода шудаам!».

9               Фармуд: «Ин гуна аст, Парвардигорат гуфта ин бар ман осон аст ва пеш аз он туро офаридам, дар ҳоле, ки чизе набудӣ».

10           Гуфт: «Парвардигоро! Нишонае барои ман қарор деҳ». Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки се шабона рўз қудрати такаллум (бо мардум) нахоҳӣ дошт, дар ҳоле, ки забонат солим аст».

11           Ў аз меҳроби ибодаташ ба сўи мардум берун омад ва бо ишора ба онҳо гуфт: «(Ба шукронаи ин неъмат), субҳу шом Худоро тасбеҳ гўед».

12           Эй Яҳё! Китоб (-и Худо)-ро бо қувват бигир! Ва мо фармони нубувват (ва ақли бо кифоят) дар кўдакӣ ба ў додем.

13           Ва раҳмату муҳаббате аз ноҳияи худ ба ў бахшидем ва покӣ (-и дилу ҷон) ва ў парҳезгор буд.

14           Ў нисбат ба падару модараш некўкор буд ва ҷаббор (ва мутакаббир) ва исёнгар набуд.

15           Салом бар ў, он рўз, ки таваллуд ёфт ва он рўз, ки мемирад ва он рўз, ки зинда барангехта мешавад!

16           Ва дар ин китоб (-и осмонӣ) Марямро ёд кун, он ҳангом, ки аз хонаводааш ҷудо шуд ва дар ноҳияи шарқӣ (-и Байт-ул-муқаддас) қарор гирифт.

17           Ва миёни худ ва онон ҳиҷобе афканд, (то хилватгоҳаш аз ҳар назар барои ибодат омода бошад). Дар ин ҳангом мо Рўҳи худро ба сўи ў фиристодем ва ў дар шакли инсони беайбу нуқсон ба Марям зоҳир шуд.

18           Ў (сахт тарсид ва) гуфт: «Ман аз шарри ту ба Худои Раҳмон паноҳ мебарам, агар парҳезгорӣ!».

19           Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, (омадаам), то писари покизае ба ту бибахшам».

20           Гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст фарзанде барои ман бошад?! Дар ҳоле, ки инсоне то кунун бо ман тамос надошта ва зани олудае ҳам набудаам!».

21           Гуфт: «Матлаб ҳамин аст. Парвардигорат фармудааст: Ин кор бар ман осон аст. (Мо ўро меофаринем, то қудрати худро ошкор созем) ва ўро барои мардум нишонае қарор диҳем ва раҳмате бошад аз сўи мо. Ва ин амре аст поёнёфта (ва ҷои гуфтугў надорад)».

22           Саранҷом (Марям) ба ў бордор шуд ва ўро ба нуқтаи дурдасте бурд (ва хилват гузид).

23           Дарди зоймон ўро ба канори танаи дарахти хурмое кашонд, (он қадар нороҳат шуд, ки) гуфт: «Эй кош пеш аз ин мурда будам ва аслан фаромўш мешудам!».

24           Ногаҳон аз тарафи поини пояш ўро садо зад, ки: «Ғамгин мабош! Парвардигорат зери пои ту чашмаи об (-и гуворое) қарор додааст.

25           Ва ин танаи (дарахти) нахлро ба тарафи худ ларзон, рутаби (хурмои) наврасида бар ту фурў мерезад.

26           (Аз ин ғизои лазиз) бихўр ва (аз он оби гуворо) бинўш ва чашматро (ба ин мавлуди нав) равшан дор! Ва ҳар гоҳ касе аз инсонҳоро дидӣ, (бо ишора) бигў: Ман барои Худованди Раҳмон рўзае назр кардаам, бинобар ин имрўз бо ҳеҷ инсоне ҳеҷ сухан намегўям. (Ва бидон, ки ин навзод, худаш аз ту дифоъ хоҳад кард)».

27           (Марям) дар ҳоле, ки ўро дар оғўш гирифта буд, назди қавмаш овард, гуфтанд: «Эй Марям! Кори бисёр ҳайратовару баде анҷом додӣ!

28           Эй хоҳари Ҳорун! На падарат марди баде буд ва на модарат зани бадкорае!».

29           (Марям) ба ў ишора кард, гуфтанд: «Чӣ гуна бо кўдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигўем?!».

30           (Ногаҳон Исо забон ба сухан кушод ва) гуфт: «Ман бандаи Худоям, Ў китоб (-и осмонӣ) ба ман дода ва маро Пайғамбар қарор додааст.

31           Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – вуҷуди пурбаракате қарор дода ва то замоне, ки зиндаам, маро ба намозу закот тавсия кардааст.

32           Ва маро нисбат ба модарам некўкор қарор дода ва ҷаббору шақӣ қарор надодааст.

33           Ва салом (-и Худо) бар ман дар он рўз, ки таваллуд шудам ва дар он рўз, ки мемирам ва он рўз, ки зинда барангехта хоҳам шуд!».

34           Ин аст Исо писари Марям, гуфтори ҳаққе, ки дар он тардид мекунанд.

35           Ҳаргиз барои Худо шоиста набуд, ки фарзанде ихтиёр кунад, муназзаҳ аст Ў! Ҳар гоҳ чизеро фармон диҳад, мегўяд: «Мавҷуд бош!», ҳамон дам мавҷуд мешавад.

36           «Ва Худованд Парвардигори ман ва шумо аст, Ўро парастиш кунед, ин аст роҳи рост».

37           Вале (баъд аз ў), гурўҳҳое аз миёни пайравонаш ихтилоф карданд, вой ба ҳоли кофирон аз мушоҳидаи рўзи бузург (-и растохез!).

38           Дар он рўз, ки назди мо меоянд, чӣ гўшҳои шунаво ва чӣ чашмҳои биное пайдо мекунанд! Вале ин ситамгарон дар гумроҳии ошкоранд.

39           Ононро аз рўзи ҳасрат (рўзи растохез, ки барои ҳама сабаби таассуф аст), битарсон, дар он ҳангом ки ҳама чиз поён меёбад ва онҳо дар ғафлатанд ва имон намеоваранд.

40           Мо замин ва тамоми касонеро, ки бар он ҳастанд, ба ирс мебарем ва ҳамагӣ ба сўи мо бозгардонда мешаванд.

41           Дар ин китоб, Иброҳимро ёд кун, ки ў бисёр ростгў ва Пайғамбар (-и Худо) буд.

42           Ҳангоме, ки ба падараш гуфт: «Эй падар! Чаро чизеро мепарастӣ, ки на мешунавад ва на мебинад ва на ҳеҷ мушкилеро аз ту ҳал мекунад?!

43           Эй падар! Донише барои ман омада, ки барои ту наомадааст, бинобар ин аз ман пайравӣ кун, то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам.

44           Эй падар! Шайтонро парастиш макун, ки шайтон нисбат ба Худованди Раҳмон, исёнгар буд.

45           Эй падар! Ман аз ин метарсам, ки аз сўи Худованди Раҳмон азобе ба ту расад, дар натиҷа аз дўстони шайтон бошӣ!».

46           Гуфт: «Эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудҳои ман рўй гардондӣ?! Агар (аз ин кор) даст барнадорӣ туро сангсор мекунам ва барои муддати дароз аз ман дур шав!».

47           (Иброҳим) гуфт: «Салом бар ту! Ман ба зудӣ аз Парвардигорам бароят дархости афв мекунам, зеро Ў ҳамвора нисбат ба ман меҳрубон будааст.

48           Ва аз шумо ва он чӣ ғайри Худо мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам ва умедворам дар хондани Парвардигорам беҷавоб намонам».

49           Ҳангоме, ки аз онон ва он чӣ ғайри Худо мепарастиданд, канорагирӣ кард, мо Исҳоқ ва Яъқубро ба ў бахшидем ва ҳар якро пайғамбари (бузурге) қарор додем.

50           Ва аз раҳмати худ ба онон ато кардем ва барои онҳо номи нек ва мақоми барҷастае (дар миёни ҳамаи уматҳо), қарор додем.

51           Ва дар ин китоб (-и осмонӣ) аз Мўсо ёд кун, ки ў мухлас буд ва расул ва пайғамбари воломақом.

52           Мо ўро аз тарафи рост (-и кўҳи) Тур фаро хондем ва наҷвокунон ўро (ба худ) наздик сохтем.

53           Ва мо аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро — ки пайғамбар буд — ба ў бахшидем.

54           Ва дар ин китоб (-и осмонӣ) аз Исмоил (низ) ёд кун, ки ў дар ваъдаҳояш содиқ ва расул ва пайғамбари (бузурге) буд.

55           Ў ҳамвора хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва ҳамвора мавриди ризояти Парвардигораш буд.

56           Ва дар ин китоб, аз Идрис (низ) ёд кун, ў бисёр ростгў ва пайғамбар (-и бузурге) буд.

57           Ва мо ўро ба мақоми волое расондем.

58           Онҳо пайғамбароне буданд, ки Худованд машмули неъматашон қарор дода буд, аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки бо Нўҳ (бар киштӣ) савор кардем ва аз насли Иброҳим ва Яъқуб ва аз касоне ки ҳидоят кардем ва баргузидем. Онҳо касоне буданд, ки вақте оёти Худованди Раҳмон бар онон хонда мешуд, ба хок меафтиданд, дар ҳоле, ки саҷда мекарданд ва гирён буданд.

59           Аммо пас аз онон, фарзандони ношоистае рўи кор омаданд, ки намозро табоҳ карданд ва аз шаҳватҳо пайравӣ намуданд ва ба зудӣ (муҷозоти) гумроҳии худро хоҳанд дид!

60           Магар онон, ки тавба кунанд ва имон биёваранд ва кори шоиста анҷом диҳанд, чунин касоне дохили биҳишт мешаванд ва камтарин ситаме ба онон нахоҳад шуд.

61           Вориди боғҳои ҷовидоне мешаванд, ки Худованди Раҳмон бандагонашро ба он ваъда додааст, ҳар чанд онро надидаанд. Ҳатман ваъдаи Худо таҳаққуқёфтанӣ аст.

62           Дар он ҷо ҳаргиз гуфтори лағву беҳудае намешунаванд ва ҷуз салом он ҷо сухане нест ва ҳар субҳу шом, рўзии онон дар биҳишт муқаррар аст.

63           Ин ҳамон биҳиште аст, ки ба бандагони парҳезгори худ, ба ирс медиҳем.

64           (Пас аз таъхири ваҳй, Ҷабраил ба Пайғамбар гуфт:) Мо ҷуз ба фармони Парвардигори ту, нозил намешавем, он чӣ пеши рўи мо ва пушти сари мо ва он чӣ миёни ин ду мебошад, ҳама аз они Ўст. Ва Парвардигорат ҳаргиз фаромўшкор набуда (ва нест).

65           Ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду қарор дорад. Ўро парастиш кун ва дар роҳи ибодаташ шакебо бош. Оё мислу монанде барои ў меёбӣ?!

66           Инсон мегўяд: «Оё пас аз мурдан, зинда (аз қабр) берун оварда мешавам?!».

67           Оё инсон ба хотир намеовард, ки мо пеш аз ин ўро офаридем, дар ҳоле, ки чизе набуд?!

68           Савганд ба Парвардигорат, ки ҳамаи онҳоро ҳамроҳ бо шаётин, дар қиёмат ҷамъ мекунем, сипас ҳамаро — дар ҳоле, ки ба зону даромаданд — гирдогирди ҷаҳаннам ҳозир месозем.

69           Сипас аз ҳар гурўҳу ҷамъияте, касонеро, ки дар баробари Худованди Раҳмон, аз ҳама саркаштар будаанд, ҷудо мекунем.

70           Баъд аз он, мо ба хубӣ аз касоне, ки барои сўхтан дар оташ сазовортаранд, огоҳтарем.

71           Ва ҳамаи шумо (беистисно) дохили ҷаҳаннам мешавед, ин амре аст ҳатмӣ ва қатъӣ бар Парвардигорат.

72           Сипас онҳоро, ки тақво пеша карданд, аз он раҳоӣ мебахшем ва золимонро — дар ҳоле, ки (аз заъфу зиллат) ба зону даромадаанд — дар он раҳо месозем.

73           Ва ҳангоме, ки оёти равшани мо бар онон хонда мешавад, кофирон ба мўъминон мегўянд: «Кадом як аз ду гурўҳ (-и мо ва шумо) ҷойгоҳаш беҳтар ва ҷаласаҳои унсу машвараташ зеботар ва бахшиши ў бештар аст?!».

74           Чӣ бисёр ақвомеро пеш аз онон нобуд кардем, ки ҳам молу сарваташон аз онҳо беҳтар буд ва ҳам зоҳирашон оростатар.

75           Бигў: «Касе, ки дар гумроҳӣ аст, бояд Худованд ба ў мўҳлат диҳад, то замоне, ки ваъдаи илоҳиро бо чашми худ бибинад: Ё азоб (-и ин дунё) ё (азоби) қиёмат! (Он рўз) хоҳанд донист, чӣ касе ҷояш бадтар ва лашкараш нотавонтар аст!».

76           (Аммо) касоне, ки дар роҳи ҳидоят гом ниҳоданд, Худованд бар ҳидояташон меафзояд ва осори шоистае, ки (аз инсон) боқӣ мемонад, савобаш дар пешгоҳи Парвардигорат беҳтар ва оқибаташ хубтар аст.

77           Оё дидӣ касеро, ки ба оёти мо кофир шуд ва гуфт: «Амвол ва фарзандони фаровоне ба ман дода хоҳад шуд?!».

78           Оё ў аз ғайб огоҳ гаштааст ё назди Худо аҳду паймоне гирифтааст?!

79           Ҳаргиз чунин нест! Мо ба зудӣ он чиро мегўяд менависем ва азобро бар ў мустамир хоҳем дошт!

80           Он чиро ў мегўяд, (аз амволу фарзандон), аз ў ба ирс мебарем ва ба сурати танҳо назди мо хоҳад омад.

81           Ва онон ғайр аз Худо, маъбудонеро барои худ баргузиданд, то сабаби иззаташон бошад. (Чӣ пиндори хоме!).

82           Ҳаргиз (чунин нест!). Ба зудӣ (маъбудҳо) мункири ибодати онон хоҳанд шуд, (балки) бар зиддашон қиём мекунанд.

83           Оё надидӣ, ки мо шаётинро ба сўи кофирон фиристодем, то ононро шадидан таҳрик кунанд?!

84           Пас дар бораи онон шитоб макун, мо онҳо (ва аъмолашон)-ро ба диққат шумориш мекунем.

85           Дар он рўз, ки парҳезгоронро дастаҷамъӣ ба сўи Худованди Раҳмон (ва подошҳои Ў) маҳшур мекунем.

86           Ва муҷримонро (ҳамчун шутурони ташнакоме, ки ба сўи об мераванд), ба ҷаҳаннам меронем.

87           Онон ҳаргиз молики шафоат нестанд, магар касе, ки назди Худованди Раҳмон, аҳду паймоне дорад.

88           Ва гуфтанд: «Худованди Раҳмон фарзанде барои худ баргузидааст».

89           Ростӣ матлаби зишт ва занандае гуфтед!

90           Наздик аст ба хотири ин сухан осмонҳо аз ҳам муталошӣ гардад ва замин шикофта шавад ва кўҳҳо ба шиддат фурў резад.

91           Бинобар он ки барои Худованди Раҳмон фарзанде қоил шуданд!

92           Дар ҳоле, ки ҳаргиз барои Худованди Раҳмон сазовор нест, ки фарзанде баргузинад!

93           Тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, бандаи Ўяд.

94           Худованд ҳамаи онҳоро ҳисоб карда ва ба диққат шуморидааст.

95           Ва ҳамагӣ рўзи растохез, яккаву танҳо назди Ў ҳозир мешаванд.

96           Ҳатман касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованди Раҳмон муҳаббате барои онон дар дилҳо қарор медиҳад.

97           Ва мо фаққат он ( Қуръон)-ро бар забони ту осон сохтем, то парҳезгоронро ба василаи он башорат диҳӣ ва душманони сарсахтро бо он инзор кунӣ.

98           Чӣ бисёр ақвом (-и беимон ва гунаҳгоре)-ро, ки пеш аз онон ҳалок кардем, оё аҳаде аз онҳоро эҳсос мекунӣ?! Ё камтарин садое аз онон мешунавӣ?!

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.