Сухане дар бораи Бисмиллоҳ

bes

  besСухане дар бораи Бисмиллоҳ[1]

Дар миёни қавмҳо ва миллатҳои гуногун одат ин аст, ки корҳои муҳим ва боарзишро ба номи бузурге аз бузургони худ, ки мавриди эҳтиром ва алоқаи онҳост шурӯъ мекунанд, то он кор муборак гардад ва ба анҷом расад.

Албатта онҳо бар асоси эътиқоди дуруст ё нодурусти хеш амал мекунанд. Гоҳе ба номи бутҳо ва тоғутҳо (ҳокимони золим) ва гоҳе ба номи Худо ва ба дасти авлиёи Худо корро шурӯъ мекунанд. Чунончи дар ҷанги Хандақ аввалин кулангро Расули Худо(с) бар замин зад.[2]

بسم الله الرّحمن الرّحيم Бисмилоҳир-Раҳмонир-Раҳим сароғози китоби илоҳӣ аст. بسم الله на танҳо дар аввали Қуръон, балки дар аввали тамоми китобҳои осмонӣ будааст ва дар сарлавҳаи кор ва амали ҳамаи анбиё(а) қарор дошт. Вақте ки киштии ҳазрати Нӯҳ(а) дар миёни мавҷҳои тӯфон ҳаракат кард, Нӯҳ(а) ба ёрони худ гуфт: Дар киштӣ савор шавед, ки ҳаракат ва истодани ин киштӣ ба номи Худо аст. [3](بسم الله مجريها و مرسيها) Ҳазрати Сулаймон(а) низ вақте маликаи Сабаъро ба имон овардан даъват кард, номаи худро ба ҷумлаи

بسم الله الرّحمن الرّحيم[4] оғоз кард.

  Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Бисмиллоҳ сабаби баракати корҳо ва тарки он сабаби нофарҷомӣ аст. Ҳамчунин он ҳазрат ба шахсе, ки ҷумлаи Бисмиллоҳро менавишт фармуд: Онро некӯ бинавис.[5]

Ба забон овардани Бисмиллоҳ дар оғози ҳар коре супориш шудааст; дар хӯрдан, хобидан, нӯшидан, савор шудан бар маркаби мусофират ва корҳои дигар. Ҳатто агар ҳайвоне бе зикри номи Худо кушта шавад, истифодаи гӯшти он ҳаром аст. Ва ин рамзи он аст, ки хӯрок хӯрдани инсонҳои ҳадафдор ва ягонапараст низ ба хотири Худо бошад.

Дар ҳадисе мехонем: Бисмиллоҳро фаромӯш накун ҳатто дар навиштани як байт шеър. Ҳамчунин ривоёте дар бораи аҷри касе, ки аввалин бор “Бисмиллоҳ”-ро ба кӯдак ёд диҳад ворид шудааст.[6]

Савол: Чаро дар шурӯи ҳар коре Бисмиллоҳ супориш шудааст?

Ҷавоб: Бисмиллоҳ нишонаи мусулмонӣ аст ва бояд ҳамаи корҳои шахси мусулмон ранги илоҳӣ дошта бошад. Ҳамон гуна ки маҳсулот ва молҳои сохти як корхона хоҳ ба сурати ҷузъӣ бошад ё куллӣ, аломати он корхонаро дорад. Масалан як корхонаи зарфсозӣ нишонаи худро рӯи тамоми зарфҳо мезанад, хоҳ зарфҳои калон бошад ё зарфҳои хурд. Ё ин ки байрақи ҳар кишваре ҳам дар идораҳо, мактабҳои он кишвар ва ҳам дар киштиҳои он кишвар дар дарёҳо овезон аст ва ҳам бар рӯи мизи идораи кормандон гузошта шудааст.

   Дар тафсири Қуртубӣ аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст: Бисмиллоҳ тоҷи сураҳост”.

Фақат дар оғози сураи Бароат (ё Тавба) Бисмиллоҳ наёмадааст ва ин ба фармудаи ҳазрати Алӣ(к) ба хотири он аст, ки Бисмиллоҳ калимаи амон ва раҳмат аст ва эълони дурӣ ҷустан аз куффор ва мушрикин бо ошкор кардани муҳаббат ва раҳмат созгор нест.

Имом Ризо(а) мефармояд: “Бисмиллоҳ” яъне нишони бандагии Худоро ба худ мегузорам.

Симои “Бисмиллоҳ”

Бисмиллоҳ;

1.Нишонаи ранги илоҳӣ ва ҷиҳатгирии тавҳидӣ аст.[7]

2.Рамзи тавҳид аст ва ба ёд овардани  номи дигарон ба ҷои он рамзи куфр аст ва наздик кардани номи Худо ба номи дигарон нишонаи ширк. (На дар канори номи Худо номи дигареро бибарем ва на ба ҷои номи ӯ номи дигареро ба ёд биёварем)[8].

3.Рамзи боқӣ мондан ва давом аст, зеро ҳарчи ранги худоӣ надошта бошад фонист.[9]

4.Рамзи ишқ ба Худо ва таваккул ба ӯст. Ба касе, ки Раҳмон ва Раҳим аст, ишқ меварзем ва корамонро бо таваккул ба ӯ оғоз мекунем, чунки бурдани номи ӯ сабаби ҷалби раҳмат аст.

5.Рамзи хориҷ шудан аз такаббур ва ошкор намудани нотавонии худ ба даргоҳи илоҳӣ аст.

6.Қадами аввал дар роҳи бандагӣ аст.

7.Сабаби дур кардани шайтон аст. Касе, ки Худоро ҳамроҳ дорад, шайтон наметавонад дар ӯ таъсир гузорад.

8. Сабаби муқаддас шудани корҳо ва суғурта кардани онҳост.

9. Зикри Худост, яъне Худоё! Ман туро фаромӯш накардаам.

10. Баёнгари ангеза ва майли мост, яъне Худоё! Мақсадам ту ҳастӣ, на мардум, на золимон ва на ҷилваҳову ҳавасҳо.

11. Дар аввали сура рамзи он аст, ки матолиби сура аз ҷойгоҳи ҳақ ва мазҳари раҳмат нозил шудааст.

12. Дар аввали китоб, яъне ҳидоят танҳо бо кӯмаки ӯ таҳаққуқ пайдо мекунад.

13. Каломе, ки сухани Худо бо мардум ва сухани мардум бо Худо бо он оғоз мешавад.

14. Раҳмати илоҳӣ ҳамчун зоти ӯ абадӣ ва ҳамешагӣ аст, ки дар қолибҳои Раҳмон (раҳмати ом ва фарогир) ва Раҳим (раҳмати махсус) омадааст.

Шояд овардани калимаи Раҳмон ва Раҳим дар оғози китоб нишонаи ин бошад, ки Қуръон ҷилвае аз раҳмати илоҳӣ аст. Ҳамон гуна ки асли офариниш ҷилваи лутф ва раҳмати ӯст.



[1] Гузиниш аз тафсири сураи Ёсин аз устод Қироатӣ

[2]. Биҳор, ҷ.20, саҳ.218.                                              

[3]. Сураи Ҳуд, ояти 41.

[4]. Сураи Намл, ояти 30.

[5] Канзулуммол, ҳадиси 29558

[6] Тафсири Бурҳон, ҷ.1, саҳ.43.

[7] Тафсири “Нуруссақалайн”.

[8] На фақат зоти ӯ,  балки  номи ӯ аз ҳар ширке пок аст.

«سبح اسم ربّک الأعلی» ҳатто шурӯи кор ба номи Худо ва Муҳаммад(с) мамнӯъ аст. Исботулҳудо, ҷ.7, саҳ.482.

[9] Сураи Қасас, ояти 88.

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...