Роҳҳои ҳаққонияти ҳиҷоб 2

… 4- Фитрат ва шуури ботин

Инсон махлуқи хос ва махсусе аст,ки ба кӯмаки як силсила ҳақоиқи бадеҳӣ,фитрӣ ва арзишӣҳидояти таквинӣ ёфтааст, зеро вақте ба синни булуғ бирасад, худ ба худ онҳоро медонад ва ба самти он майл ва ҳаракат мекунад.

Инсон бо як навъе огоҳӣ ва биниш,кашиш ва гароиши тавҳидӣ ва зебоиҳои ақидатӣ,ахлоқӣ ва рафторӣ халқ шудааст. Ҳамонгунаки аз боварҳои ботил ва зиштиҳои ахлоқӣ ва рафторӣ безораст ва мутанаффир аст.

Пӯшиш ва ҳиҷоби дуруст,нидо ва даъвате аст,ки аз даруни худ ба самти он гароиш пайдо мекунад ва аз беҳиҷобӣ ва бараҳнагӣ ва худнамоӣ безор ва танаффур дорад.

Яке аз нишонаҳои фитрӣ будани ҳиҷоб он аст,ки китобҳои таърихӣ ва осори тамаддунҳои мухталиф гувоҳӣ медиҳад,ки фарҳанги ҳиҷоб ҳамеша дар миёни занон расм буда ва ихтисос ба мазҳаб ё миллати хоссе надоштааст.[1]

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар ин бора менависад:”Ба таври куллӣ баҳсе аст, дар бораи решаи ахлоқи ҷинсӣ,аз ҷумла ҳаё,ифоф ва аз он ҷумла, аст тамоюл ба сатр ва пӯшиши заназ мард. Дар инҷо назариётегуфта шудааст,ки дақиқтарин онҳо ин аст,ки ҳаё, иффат, сатр ва пӯшиш тадбире аст,ки худи зан бо як навъ илҳом барои бо арзиш кардани худ ва ҳифзи ҷойгоҳи худ дар баробари мард бакор бурдааст.Занбо гӯш додан ба садои даруниии худ ва бо ҳисси махсусаш дарёфтааст,ки аз назари ҷисмӣ наметавонад бо мард баробарӣ кунад. Агар бихоҳад дар майдони зиндагӣ бо мард баробари кунад аз ӯҳдаи қудрати мардонагии мард намебарояд.Аз тарафи дигар нуқтаи заъфи мардро дар ҳамон ниёзе ёфтааст,ки хилқат дар вуҷуди мард ниҳодааст. Ӯро мазҳари ишқу талаб ва занро мазҳари маъшуқияту матлубият қарор додааст…Вақте ки занмақом ва мавқеъи худро дар баробари мард ёфт ва нуқтаи заъфи мардро дар баробари худ донист,ҳамонтавре ки мутавассил ба зевар ва худороӣ ва таҷаммул шуд,ки аз ин роҳ,қалби мардро соҳиб шавад,мутавассил ба дур нигаҳдоштани худ аз дастраси мард низ шуд.Донист,ки набояд худро ройгон кунад,балки бояд оташи ишқ ва талаби ӯро низ кунд ва дар натиҷа мақом ва ҷойгоҳи худро боло барад.[2]

[1]. Ҳиҷоб чаро ва чигуна, Алӣасғари Ризвонӣ, саҳ .52

[2]. Масъалаи ҳиҷоб, Муртазо Мутаҳҳарӣ,саҳ. 62-63

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...