Тарҷумаи Сураи Шуаро

Тамомии оёти ин сура – ҷуз 4 ояти охир – дар Макка нозил шуда ва 227 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               То, Син, Мим.

2               Ин оятҳои китоби равшангар аст.

3               Гўё мехоҳӣ ҷони худро аз шиддати андўҳ, аз даст диҳӣ, ба хотири ин ки онҳо имон намеоваранд!

4               Агар мо ирода кунем, аз осмон бар онон ояте нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он хозеъ гардад.

5               Ва ҳеҷ зикри наве аз сўи Худованди Раҳмон барои онҳо намеояд, магар ин ки аз он рўйгардон мешаванд.

6               Онон инкор карданд, аммо ба зудӣ ахбори (кайфари) он чиро масхара мекарданд, ба онон мерасад!

7               Оё онон ба замин нигоҳ накарданд, ки чӣ қадар аз анвои гиёҳони пурарзиш дар он рўёнидем?!

8               Дар ин, нишонаи равшане аст (бар вуҷуди Худо), вале бештарашон ҳаргиз мўъмин набудаанд.

9               Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

10           (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Парвардигорат Мўсоро нидо дод, ки ба суроғи қавми ситамгар бирав,

11           Қавми Фиръавн, оё онон (аз мухолифати фармони Парвардигор) парҳез намекунанд?!

12           (Мўсо) гуфт: «Парвардигоро! Аз он хавф дорам, ки маро инкор кунанд!

13           Ва синаам танг мешавад ва забонам ба қадри лозим гўё нест, (бародарам) Ҳорунро низ рисолат деҳ, (то маро ёрӣ кунад).

14           Ва онон (ба эътиқоди худашон) бар гардани ман гуноҳе доранд, метарсам маро бикушанд (ва ин рисолат ба поён нарасад!)».

15           Фармуд: «Чунин нест, (онон коре наметавонанд анҷом диҳанд). Шумо ҳар ду бо оятҳои мо (барои ҳидояташон) биравед, мо бо шумо ҳастем ва (суханонатонро) мешунавем.

16           Ба суроғи Фиръавн биравед ва бигўед: «Мо фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён ҳастем.

17           Банӣ Исроилро бо мо бифирист». (Онҳо ба суроғи Фиръавн омаданд).

18           (Фиръавн) гуфт: «Оё мо туро дар кўдакӣ дар миёни худ парвариш надодем ва солҳое аз зиндагиятро дар миёни мо набудӣ?!

19           Ва саранҷом, он коратро, (ки набояд анҷом диҳӣ), анҷом додӣ (ва як нафар аз моро куштӣ) ва ту аз носипосонӣ!».

20           (Мўсо) гуфт: «Ман он корро анҷом додам, дар ҳоле, ки аз бехабарон будам.

21           Пас ҳангоме, ки аз шумо тарсидам гурехтам ва Парвардигорам ба ман ҳикмату дониш бахшид ва маро аз пайғамбарон қарор дод.

22           Оё ин миннате аст, ки ту бар ман мегузорӣ, ки Банӣ Исроилро бардаи худ сохтаӣ?!».

23           Фиръавн гуфт: «Парвардигори оламиён чист?!».

24           (Мўсо) гуфт: «Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду аст, агар аҳли яқин ҳастед».

25           (Фиръавн) ба атрофиёнаш гуфт: «Оё намешунавед, (ин мард чӣ мегўяд?!)».

26           (Мўсо) гуфт: «Ў Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёкони шумост».

27           (Фиръавн) гуфт: «Пайғамбаре, ки ба сўи шумо фиристода шудааст, ҳатман девона аст».

28           (Мўсо) гуфт: «Ў Парвардигори машриқ ва мағриб ва он чӣ миёни он ду аст, мебошад, агар шумо ақлу андешаи худро ба кор мегирифтед».

29           (Фиръавн хашмгин шуд ва) гуфт: «Агар маъбуде ғайр аз ман баргузинӣ, туро аз зиндониён қарор хоҳам дод!».

30           (Мўсо) гуфт: «Ҳатто агар нишонаи ошкоре барои ту биёварам, (боз имон намеоварӣ?!)».

31           Гуфт: «Агар рост мегўӣ, онро биёвар!».

32           Дар ин ҳангом Мўсо асои худро афканд ва ногаҳон мори бузург ва ошкоре шуд,

33           Ва дасти худро (дар гиребон фурў бурд ва) берун овард ва дар баробари бинандагон сафеду равшан буд.

34           (Фиръавн) ба гурўҳе, ки атрофи ў буданд, гуфт: «Ин соҳири огоҳ ва моҳире аст!

35           Ў мехоҳад бо сеҳраш шуморо аз сарзаминатон берун кунад, шумо чӣ назар медиҳед?».

36           Гуфтанд: «Ў ва бародарашро мўҳлат деҳ ва маъмуронро барои ҷамъ кардан ба тамоми шаҳрҳо равона кун,

37           То ҳар соҳири моҳир ва доноеро назди ту оваранд».

38           Саранҷом соҳирон барои ваъдагоҳи рўзи муайяне ҷамъоварӣ шуданд.

39           Ва ба мардум гуфтан шуд: «Оё шумо низ ( дар ин саҳна) иҷтимоъ мекунед,

40           То агар соҳирон пирўз шаванд, аз онон пайравӣ кунем?!».

41           Ҳангоме, ки соҳирон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирўз шавем, подоши муҳимме хоҳем дошт?».

42           Гуфт: «(Оре) ва дар он сурат шумо аз муқаррабон хоҳед буд».

43           (Рўзи мавъуд фаро расид ва ҳамагӣ ҷамъ шуданд). Мўсо ба соҳирон гуфт: «Он чиро мехоҳед бияфканед, бияфканед!».

44           Онҳо танобҳо ва асоҳои худро афканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, мо ҳатман пирўзем!».

45           Сипас Мўсо асояшро афканд, ногаҳон тамоми василаҳои дурўғини онҳоро фурў бурд.

46           Фавран ҳамаи соҳирон ба саҷда афтоданд.

47           Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори оламиён имон овардем,

48           Парвардигори Мўсо ва Ҳорун».

49           (Фиръавн) гуфт: «Оё пеш аз ин ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ў имон овардед?! Ҳатман ў бузург ва устоди шумост, ки ба шумо сеҳр омўхта (ва ин як тавтиа аст). Аммо ба зудӣ хоҳед донист! Дастҳо ва поҳои шуморо ба акси якдигар қатъ мекунам ва ҳамаи шуморо ба дор меовезам!».

50           Гуфтанд: «Муҳим нест, (ҳар коре аз дастат сохтааст, бикун). Мо ба сўи Парвардигорамон бозмегардем.

51           Мо умедворем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бибахшад,зеро мо нахустин имон оварандагон будем».

52           Ва ба Мўсо ваҳй кардем, ки шабона бандагонамро (аз Миср) кўч деҳ, зер шумо мавриди таъқиб ҳастед.

53           Фиръавн (аз ин ҳодиса огоҳ шуд ва) маъмурони басиҷи нерўро ба шаҳрҳо фиристод,

54           (Ва гуфт:) Инҳо ҳатман гурўҳи андаканд.

55           Ва инҳо моро ба хашм оварданд.

56           Ва мо ҳамагӣ омодаи пайкорем.

57           (Саранҷом фиръавниён мағлуб шуданд) ва мо онҳоро аз боғҳо ва чашмаҳо берун рондем,

58           Ва аз ганҷҳо ва қасрҳои муҷаллал.

59           (Оре), ин чунин кардем ва Банӣ Исроилро вориси онҳо сохтем.

60           Онон ба таъқиби Банӣ Исроил пардохтанд ва дар ҳангоми тулўи офтоб ба онҳо расиданд.

61           Ҳангоме, ки ду гурўҳ якдигарро диданд, ёрони Мўсо гуфтанд: «Мо дар чанголи фиръавниён гирифтор шудем!».

62           (Мўсо) гуфт: «Чунин нест! Яқинан Парвардигорам бо ман аст, ба зудӣ маро ҳидоят хоҳад кард».

63           Ва дар пайи он ба Мўсо ваҳй кардем: «Асоятро ба дарё бизан». (Асояшро ба дарё зад) ва дарё аз ҳам шикофта шуд ва ҳар бахше ҳамчун кўҳи бузурге буд!

64           Ва дар он ҷо дигарон (лашкари Фиръавн)-ро низ (ба дарё) наздик сохтем.

65           Ва Мўсо ва тамои касонеро, ки бо ў буданд, наҷот додем.

66           Сипас дигаронро ғарқ кардем.

67           Дар ин ҳодиса, нишонаи равшане аст, вале бештарашон имон наоварданд, (чаро, ки толиби ҳақ набуданд).

68           Ва Парвардигорат шикаснопазир ва Меҳрубон аст.

69           Ва бар онон хабари Иброҳимро бихон,

70           Ҳангоме, ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чӣ чизро мепарастед?!».

71           Гуфтанд: «Бутҳоеро мепарастем ва ҳама рўз пойбанди ибодати онҳоем».

72           Гуфт: «Оё ҳангоме, ки онҳоро мехонед, садои шуморо мешунаванд?!

73           Ё суду зиёне ба шумо мерасонанд?!».

74           Гуфтанд: «Мо фақат ниёкони худро ёфтем, ки чунин мекунанд».

75           Гуфт: «Оё дидед (ин) чизҳоеро, ки пайваста парастиш мекардед,

76           Шумо ва падарони пешини шумо,

77           Ҳамаи онҳо душмани ман ҳастанд (ва ман душмани онҳо), магар Парвардигори оламиён.

78           Ҳамон касе, ки маро офарид ва пайваст роҳнамоиям мекунад,

79           Ва касе, ки маро таом медиҳад ва сероб менамояд,

80           Ва ҳангоме, ки бемор шавам, маро шифо медиҳад,

81           Ва касе, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад,

82           Ва касе, ки умед дорам гуноҳамро дар рўзи ҷазо бибахшад.

83           Парвардигоро! Ба ман илму дониш бибахш ва маро ба солеҳон мулҳақ кун!

84           Ва барои ман дар миёни умматҳои оянда, забони сидқ (ва зикри хайре) қарор деҳ!

85           Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат гардон!

86           Ва падарам (амакам)-ро биёмурз, ки ў аз гумроҳон буд.

87           Ва дар он рўз, ки мардум барангехта мешаванд, маро шармандаву расво маукн!

88           Дар он рўз, ки молу фарзандон суде намебахшад,

89           Магар касе, ки бо қалби салим ба пешгоҳи Худо ояд».

90           (Дар он рўз), биҳишт барои парҳезкорон наздик мешавад,

91           Ва дўзах барои гумроҳон ошкор мегардад,

92           Ва ба онон гуфта мешавад: «Куҷо ҳастанд маъбудоне, ки онҳоро парастиш мекардед,

93           (Маъбудҳое) ғайр аз Худо?! Оё онҳо шуморо ёрӣ мекунанд ё касе ба ёрии онҳо меояд?!».

94           Дар он ҳангом ҳамаи он маъбудон бо обидони гумроҳ ба дўзах афканда мешаванд.

95           Ва ҳамчунин ҳамагии лашкариёни Иблис.

96           Онҳо дар он ҷо дар ҳоле, ки ба мухосима бархостаанд, мегўянд:

97           «Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкоре будем,

98           Чун шуморо бо Парвардигори оламиён баробар мушумурдем!

99           Аммо касе ҷуз муҷримон моро гумроҳ накард.

100       (Афсўс, ки имрўз) шафоаткунандагоне барои мо вуҷуд надорад,

101       Ва на дўсти гарму пурмуҳаббате.

102       Эй кош бори дигар (ба дунё) бозгардем ва аз мўъминон бошем!».

103       Дар ин ҳодиса, нишона (ва ибрате) аст, вале бештари онон мўъмин набуданд.

104       Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

105       Қавми Нўҳ расулонро инкор карданд,

106       Ҳангоме, ки бародарашон Нўҳ ба онон гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

107       Ҳатман ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам.

108       Тақвои илоҳӣпеша кунед ва маро итоат намоед.

109       Ман барои ин (даъват) ҳеҷ музде аз шумо наметалабам, аҷри ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст.

110       Пас,тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед».

111       Гуфтанд: «Оё мо ба ту имон биёварем, дар ҳоле, ки ашхоси пасту беарзиш аз ту пайравӣ кардаанд?!».

112       (Нўҳ) гуфт: «Ман чӣ медонам онҳо чӣ коре доштаанд!

113       Ҳисоби онҳо танҳо бо Парвардигори ман аст, агар шумо мефаҳмидед.

114       Ва ман ҳаргиз мўъминонро дур нахоҳам кард.

115       Ман танҳо инзоркунандаи ошкореам».

116       Гуфтанд: «Эй Нўҳ! Агар (аз суханонат) даст барнадорӣ, сангборон хоҳӣ шуд».

117       Гуфт: «Парвардигоро! Қавми ман маро инкор карданд.

118       Акнун миёни ман ва онҳо ҷудоӣ бияфкан ва маро ва мўъминонеро, ки бо ман ҳастанд, раҳоӣ бахш».

119       Мо, ў ва касонеро, ки бо ў буданд, дар он киштӣ, ки пур (аз инсон ва анвои ҳайвонот) буд, раҳоӣ бахшидем.

120       Сипас бақияро ғарқ кардем.

121       Дар ин ҳодиса нишонаи равшане аст, аммо бештари онон мўъмин набуданд.

122       Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

123       Қавми Од (низ) расулон (-и Худо)-ро инкор карданд,

124       Ҳангоме, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё тақвои пеша намекунед?!

125       Ҳатман ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам.

126       Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед.

127       Ман дар баробари ин даъват, ҳеҷ аҷру подоше аз шумо наметалабам, аҷру подоши ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст.

128       Оё шумо бар ҳар макони муртафае нишонае аз рўи ҳавою ҳавас месозед?!

129       Ва қасрҳо ва қалъаҳои зебо ва маҳкам бино мекунед, шояд дар дунё ҷовидона бимонед?!

130       Ва ҳангоме, ки касеро муҷозот мекунед, ҳамчун ҷабборон кайфар медиҳед!

131       Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед.

132       Ва аз (нофармонии) Худое бипарҳезед, ки шуморо ба неъматҳое, ки медонед, ёрӣ карда аст.

133       Шуморо ба чаҳорпоён ва низ писарон (-и лоиқ ва барўманд) ёрӣ намудааст.

134       Ҳамчунин ба боғҳо ва чашмаҳо.

135       (Агар куфрон кунед), ман бар шумо аз азоби рўзи бузурге метарсам!».

136       Онҳо (қавми Од) гуфтанд: «Барои мо фарқ намекунад, чӣ моро инзор кунӣ ё накунӣ, (беҳуда худро хаста макун).

137       Ин ҳамон равиш (ва афсонаҳои) пешиниён аст.

138       Ва мо ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд».

139       Онон Ҳудро инкор карданд, мо ҳам нобудашон кардем. Ва дар ин, оят ва нишонае аст (барои огоҳон), вале бештари онон мўъмин набуданд.

140       Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

141       Қавми Самуд расулон (-и Худо)-ро инкор карданд,

142       Ҳангоме, ки бародарашон Солеҳ ба онон гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

143       Ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам.

144       Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед.

145       Ман дар баробари ин (даъват), аҷру подоше аз шумо наметалабам, аҷри ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст.

146       Оё шумо тасаввур мекунед, ҳамеша дар ниҳояти амният дар неъматҳое, ки ин ҷост, мемонед,

147       Дар ин боғҳо ва чашмаҳо,

148       Дар ин зироатҳо ва нахлҳое, ки меваҳояш ширин ва расида аст?!

149       Ва аз кўҳҳо хонаҳое метарошед ва дар он ба айшу нўш мепардозед.

150       Пас аз Худо битарсед ва маро итоат кунед.

151       Ва фармони мусрифонро итоат накунед.

152       Ҳамонҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд».

153       Гуфтанд: «(Эй Солеҳ!) Ту аз афсуншудагонӣ (ва ақли худро аз даст додаӣ).

154       Ту фақат башаре ҳамчун мо ҳастӣ, агар рост мегўӣ, оят ва нишонае биёвар!».

155       Гуфт: «Ин ноқае аст, (ки нишонаи Худо аст). Барои ў саҳме (аз оби қаря) ва барои шумо саҳми рўзи муайяне аст.

156       Камтарин озоре ба он нарасонед, ки азоби рўзи бузурге шуморо фаро хоҳад гирифт!».

157       Саранҷом бар он (ноқа) ҳамла намуда, онро «пай» карданд (ва ҳалок намуданд), сипас аз кардаи худ пушаймон шуданд.

158       Ва азоби илоҳӣ ононро фаро гирифт, дар ин, оят ва нишнае аст, вале бештари онон мўъмин набуданд.

159       Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

160       Қавми Лут фиристодагон (-и Худо)-ро инкор карданд,

161       Ҳангоме, ки бародарашон Лут ба онон гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

162       Ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам.

163       Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед.

164       Ман дар баробари ин (даъват), аҷре аз шумо наметалабам, аҷри ман фақат бар Парвардигори оламиён аст.

165       Оё дар миёни ҷаҳониён, шумо ба суроғи ҷинси зукур (нар) меравед (ва ҳамҷинсбозӣ мекунед, оё ин палид ва нангин нест?!).

166       Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон барои шумо офаридааст, раҳо мекунед?! (Ҳаққо) шумо қавми таҷовузгаре ҳастед!».

167       Гуфтанд: «Эй Лут! Агар (аз ин суханон) даст барнадорӣ ба яқин аз беруншудагон хоҳӣ буд».

168       Гуфт: «Ман душмани сарсахти аъмоли шумо ҳастам.

169       Парвардигоро! Ман ва хонадонамро аз он чӣ инҳо анҷом медиҳанд, раҳоӣ бахш».

170       Мо ў ва тамомии хонадонашро наҷот додем,

171       Ҷуз пиразане, ки дар миёни бозмондагон буд.

172       Сипас дигаронро ҳалок кардем.

173       Ва бороне (аз санг) бар онҳо фиристодем, чӣ борони баде буд, борони инзоршудагон!

174       Дар ин (ҳодисаи қавми Лут ва сарнавишти шуми онҳо), нишонае аст, аммо бештарашон мўъмин набуданд.

175       Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

176       Асҳоби Айка (шаҳре наздики Мадян) расулон (-и Худо)-ро инкор карданд,

177       Ҳангоме, ки Шуайб ба онҳо гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

178       Ҳатман ман барои шумо пайғамбари амине ҳастам.

179       Пас тақвои илоҳӣ пеша кунед ва маро итоат намоед.

180       Ман дар баробари ин (даъват), подоше аз шумо наметалабам, аҷри ман танҳо бар Парвардигори оламиён аст.

181       Ҳаққи паймонаро адо кунед (ва камфурўшӣ накунед) ва дигаронро ба зиён наафканед.

182       Ва бо тарозуи саҳеҳ вазн кунед.

183       Ва ҳаққи мардумро кам нагузоред ва дар замин барои фасод талош накунед.

184       Ва аз (нофармонии) касе, ки шумо ва ақвоми пешинро офарид бипарҳезед!».

185       Онҳо гуфтанд: «Ту фақат аз афсуншудагонӣ.

186       Ту башаре ҳамчун мо ҳастӣ, танҳо гумоне, ки дар бораи ту дорем, ин аст, ки аз дурўғгўёнӣ.

187       Агар рост мегўӣ, сангҳое аз осмон бар сари мо биборон!».

188       (Шуайб) гуфт: «Парвардигори ман ба аъмоле, ки шумо анҷом медиҳед, донотар аст».

189       Саранҷом ўро инкор карданд ва азоби рўзи соябон (соябоне аз абри соиқахез), онҳоро фаро гирифт, яқинан он азоби рўзи бузурге буд!

190       Дар ин ҳодиса, оят ва нишонае аст, вале бештари онҳо мўъмин набуданд.

191       Ва Парвардигори ту Азиз ва Раҳим аст.

192       Ҳатман ин (Қуръон) аз сўи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст.

193       Рўҳ-ул-Амин онро нозил кардааст,

194       Бар қалби (поки) ту, то аз инзоркунандагон бошӣ.

195       (Онро)ба забони арабии ошкор (нозил кард).

196       Ва тавсифи он дар китобҳои пешиниён низ омадааст.

197       Оё ҳамин нишона барои онҳо кифоят намекунад, ки уламои Банӣ Исроил ба хубӣ аз он огоҳанд?!

198       Ҳар гоҳ мо онро бар баъзе аз аҷам (ғайри араб)-ҳо нозил мекардем,

199       Ва ў онро бар онҳо мехонд, ба он имон намеоварданд.

200       (Оре), ин гуна (бо баёни расое) Қуръонро дар дилҳои муҷримон дохил мекунем.

201       (Аммо) ба он имон намеоваранд, то азоби дарднокро бо чашми худ бибинанд.

202       Ногаҳон ба суроғашон меояд, дар ҳоле, ки таваҷҷўҳ надоранд.

203       Ва (дар он ҳангом) мегўянд: «Оё ба мо мўлате дода хоҳад шуд?!».

204       Оё барои азоби мо шитоб мекунанд?!

205       Ба мо хабар деҳ, агар (боз ҳам) солиёне онҳоро аз ин зиндагӣ баҳраманд созем,

206       Сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода шудааст, ба суроғашон ояд,

207       Ин таматтўъ ва баҳрагирӣ аз дунё барои онҳо суде нахоҳад дошт.

208       Мо ҳеҷ шаҳру диёреро ҳалок накардем, магар ин ки инзоркунандагоне (аз пайғамбарони илоҳӣ) доштанд.

209       То мутазаккир шаванд. Ва мо ҳаргиз ситамкор набудем! (Ки бе итмоми ҳуҷҷат муҷозот кунем).

210       Шаётин ва ҷинниён (ҳаргиз) ин оятҳоро нозил накарданд.

211       Ва барои онҳо сазовор нест ва қудрат надоранд.

212       Онҳо аз истироқи самъ (ва шунидани ахбори осмонҳо) барканоранд.

213       (Эй пайғамбар!) Ҳеҷ маъбудеро бо Худованд махон, ки аз муаззабин хоҳӣ буд.

214       Ва хешовандони наздикатро инзор кун.

215       Ва болу пари худро барои мўъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд, бигустар.

216       Агар туро нофармонӣ кунанд, бигў: «Ман аз он чӣ шумо анҷом медиҳед безорам!».

217       Ва бар Худованди Азиз ва Раҳим таваккул кун.

218       Ҳамон касе, ки туро дар ҳангоме, ки (барои ибодат) бармехезӣ, мебинад.

219       Ва (низ) ҳаракати туро дар миёни саҷдакунандагон.

220       Ўст Худои Шунаво ва Доно.

221       Оё ба шумо хабар диҳам, ки шаётин бар чӣ касе нозил мешаванд?!

222       Онҳо бар ҳар дурўғгўи гунаҳкор нозил мегарданд.

223       Он чиро мешунаванд, (ба дигарон) илқо мекунанд ва бештарашон дурўғгў ҳастанд.

224       (Пайғамбари Ислом шоир нест). Шоирон касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз онон пайравӣ мекунанд.

225       Оё намебинӣ онҳо дар ҳар водие саргардонанд?

226       Ва суханоне мегўянд, ки (ба онҳо) амал намекунанд?!

227       Магар касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом медиҳанд ва Худоро бисёр ёд мекунанд ва дар ҳангоме, ки мавриди ситам қарор мегиранд, ба дифоъи аз худ (ва мўъминон) бармехезанд (ва аз шеър дар ин роҳ кўмак мегиранд), онҳо, ки ситам карданд, ба зудӣ медонанд, ки бозгашташон ба куҷост!

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...